wrapper

  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) мавқеи муҳим ва калидӣ дорад. Яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи равиши хосаи геополитикии ҶМЧ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамсоягии он бо Афғонистон асос меёбад, зеро Тоҷикистон бо назардошти чунин марзи ҷуғрофӣ аз таҳдидҳои террористӣ холӣ буда наметавонад.
  Тоҷикистон барои таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ муносибатҳоро бо ҶМЧ муҳим ва афзалиятнок мешуморад. Барои ҶМЧ нигоҳ доштани таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон масъалаи муҳим аст. Масалан, ба назари коршиноси чинӣ Шенг Сию, Тоҷикистон яке аз нуктаҳои муҳимест, ки мустақиман ба амнияти миллии ҶМЧ таъсиррасон аст. Яъне ҳаммарзӣ бо ҶМЧ ин гуфтаҳоро метавонад асоснок намояд. Зеро Бадахшони Кӯҳистони Тоҷикистон роҳи мустақим ба Вилояти Мухтори Шинҷони Уйғури ҶМЧ аст” [7].
  Илова бар ин, Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби иҷрои ташаббуси байналмилалии “Як камарбанд-як роҳ”, бо истифода аз инфрасохтори нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба рушди соҳаи иқтисодиёт ва тиҷорат таваҷҷуҳи Пекинро бештар ҷалб менамояд. Барои ҶМЧ густариш бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти тарҳҳояш дар тамоми масири “Роҳи абрешим”аз ҷумла дар Тоҷикистон муҳим аст.
  Боиси таъкид аст, ки моҳи майи соли 2013 ба имзо расидани Эъломия оид ба шарикии стратегӣ, марҳалаи муҳим дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҶМЧ ва Тоҷикистон буд, ки натиҷаҳои он аллакай дар ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ гардида, вазифаҳои хеле мушаххаси робитаҳоро миёни ду кишвар барои солҳои оянда муайян намуд. Дар банди аввали санад консепсияи шарикии стратегии ду кишвар муфассал зикр гардидааст, ки аз самтҳои зерин иборат аст:
  - таъмини амнияти мутақобила;
  - муқовимат бо таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ;
  - таҳкими суботи минтақавӣ;
  - тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона.
  Дар чаҳорчӯбаи санади мазкур ҷонибҳо уҳдадор ҳастанд, ки «муқаррароти Созишномаи байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи сарҳади давлатии Чину Тоҷикистон аз 13 августи соли 1999, қатъиян риоя намоянд [9].
  Метавон қайд кард, ки тақвияти нуфузи ҶМЧ тавассути «қувваи нарм» низ назаррас мегардад. Ҳукумати ҶМЧ маблағгузори чандин курсҳои бозомӯзии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, донишҷӯён ва кормандони масъули соҳаҳои дахлдори кишварҳои минтақа гаштааст. Дар ин радиф масъалаи густариши фарҳанги чинӣ тавассути марказҳои Конфутсий ва омӯзиши ихтиёрии он аз ҷониби ҷавонони минтақа ба назар мерасад [11, c. 109].
  Аз ҷониби дигар, наздикии ҷуғрофии ду кишвар бартариҳое ба вуҷуд меорад, ки ба рушди устувор ва вусъатноки ҳамкориҳои дуҷониба тавассути пешбурди фаъол ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат намуда, афзалиятҳои соҳаи муносибатҳои иқтисодиро фаро мегирад. Аз ҷумла, як банди алоҳида ба рушди иртибототи нақлиётӣ миёни ду кишвар, хусусан бунёди роҳи оҳану мошингард ва соддагардонии расмиёти раводид бахшида шудааст. Дар ин эъломия таваҷҷуҳи ҷониби Чин ба рушди нерӯи Тоҷикистон, аз ҷумла манобеи энергетикии он сабт шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки ҶМЧ дар рушди инфрасохтори барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани имкониятҳо барои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои ғарбиаш таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
  Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин вусъат бахшидани самти хоҷагии қишлоқ мавқеи муҳим дорад. Дар баробари ин, ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ самти афзалиятнок дониста шуда, таҳкими табодули фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзиш дар рушди робитаҳои устувори ҷонибҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф низ яке аз бахшҳои муҳим ва манфиатнок дониста мешавад. Масалан, дар доираи сиёсати худ нисбат ба Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон Чин аз таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои худ истиқбол мекунад ва омодагии худро барои пардохти бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни муваффақи тоҷик пешбинӣ менамояд.
  Маврид ба зикр аст, ки Чин ва Тоҷикистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби СҲШ низ идома медиҳанд. Яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкориҳо ба муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ равона гардидааст.
  Аҳамияти таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дар геополитикаи ҶМЧ нисбат ба Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Зеро ҶМЧ яке аз муҳимтарин абрқудратҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҷонибдори нигоҳ доштани равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Бо ин назардошт, ҳамкориҳо бо ҶМЧ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Зеро ҶМЧ ҳамчун кишвари муваффақ дар арсаи сиёсӣ нисбат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ “сиёсати нарм” пеш гирифта, ҳадафҳои геополитикии худро дар минтақа амалӣ менамояд. Барои ҶМЧ ҳамсарҳадӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад. Чунки субот ва амнияти ҶМЧ аз оромӣ ва амнияти кишварҳои ҳаммарз низ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, бо назардошти вазъи муносибатҳои байналмилалӣ ва вуқӯъи хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳони муосир, ҳанӯз аз охири солҳои 1990-ум, ҶМЧ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) робитаҳои худро бо ҳамаи панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ хеле густариш дод [1].
  Чин таҳкими робитаҳои тиҷоратиро бо Тоҷикистон самти афзалиятнок меҳисобад ва кӯшиш менамояд, ки ба иқтисодиёти ин кишвар бештар сармоягузорӣ намояд, ки ин равиш яке аз ҳадафҳои ососии геополитикаи ҶМЧ дар Тоҷикистон аст [6, c. 84-87]. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ҶМЧ тавассути сармоягузорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла ба Тоҷикистон нуфузи худро дар минтақа ва дар ҳудуди кишварҳои ҳаммарз аз ҷумла Тоҷикистон устувор менамояд. Ҳамзамон, ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҶМЧ барои иҷрои вазифаҳои ҳаётан муҳим дар марзҳои ғарбиаш хело муҳим аст. ҶМЧ мехоҳад, ки амният ва суботро дар сарҳадҳои ғарбии худ ва дастрасии манбаъҳои энергетикиро барои саноати афзояндаи худаш таъмин намояд. Дигар муҳимият ва вижагии сиёсати ҶМЧ нисбат ба Тоҷикистон ба ташаккули робитаҳои боэътимоди гидроэнергетикӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ асос ёфтааст. Зеро ҶМЧ барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ манфиат дорад ва умедвор ҳам аст, ки ин нақшаи Пекинро дар робита бо нуфузи Русия дар минтақа ба таври густурда тақвият диҳад [8, c. 156-162].
  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҶМЧ муносибатҳои нисбатан устувор дорад. Дар муддати кутоҳи таърихӣ ҳарду ҷониб дар имкониятҳои худ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Масалан, тӯли панҷ соли ахир равобити Тоҷикистону ҶМЧ ба таври умум рушди босуръатро аз сар гузаронидааст, ки то имрӯз заминаи ҳуқуқии ин ҳамкориҳо беш аз 150 санади дуҷонибаро дар бар мегирад [5].
  ҶМЧ яке аз шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст, ки аз лиҳози ҷалби сармоя бузургтарин сармоягузор ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, миёни Душанбе ва Пекин гуфтушуниди доимии пурсамари сиёсӣ идома дорад, лоиҳаҳо тартиб дода мешаванд, ки ба тараққиёти иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ таъсир мерасонанд. Дар ин давраи таърихӣ миёни давлатҳо даҳҳо созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расидаанд, ки тамоми паҳлӯҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чинро танзим мекунанд. Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо мушоҳида мешавад. Масалан, дар давоми панч сол муомилоти молӣ байни ҷонибҳо 15 баробар афзудааст [2].
  Чунин ба назар мерасад, ки сиёсати Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нисбат ба Осиёи Марказӣ минбаъд низ бар асоси принсипи минтақагароии геополитикӣ, инчунин бо кӯшиши истифодаи бештари имкониятҳои дохилӣ ва берунии худ асос хоҳад ёфт. Масъала ин аст, ки ин кишварҳои абарқудрат ба интиқоли захираҳои энергетикии минтақа таваҷҷуҳи зиёд доранд. [4, c. 24-29]. Осиёи Марказӣ танҳо дар сурати нигоҳ доштани субот ва мувозинати геополитикӣ метавонад устуворона рушд кунад. Аз ин рӯ, безарар гардонидани хатари вориди мадори нуфузи қудратҳое, ки нақшаҳои мухталифи минтақавӣ ва глобалӣ доранд, безарар гардонидани хатари кишварҳои минтақа ва ҳамчунин рафъи хатари амнияти минтақавӣ афзалияти асосӣ дар соҳаи таъмини амният боқӣ мемонад.
  Новобаста аз ин, доштани равобити ҳасана ва мутақобилан судманд бо ҶМЧ барои кишварҳои минтақа, ба хусус барои Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест. Нафъи мазкур дар омилҳои зерин инъикос мегар-дад:
  - ҳалли масъалаи сарҳадӣ бо ҳамсояи бузург;
  - ҷалби сармоя барои иқтисодиёти кишвар ва дурнамои ҷалби бештари он бинобар эъломи лоиҳаи «камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим»;
  - ташаккули зерсохторҳои иқтисодии кишварҳои минтақа (ба хусус низоми коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон) ва баланд гаштани иқтидори транзитии кишвар;
  - таъмини нисбии амният [11, c. 110].
  Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба бо тамоми шарикон, аз ҷумла бо ҶМЧ самти муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо бо ҶМЧ аз он ҷиҳат муҳиманд, ки ин кишвар бо назардошти мавқеи ҷаҳонияш ва доштани иқтисодиёти рушдёбанда, метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. Аммо ин сармоягузорӣ бештар ба худи манфиатҳои миллии ҶМЧ равона шудааст. Мусоидат ба таҳкими субот, амният ва пешгирии хатарҳои номатлуби муосир ба монанди терроризм ва эстремизм дар доираи ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон масъалаҳои муҳиманд. Зеро дар робита ба ин масоил, Чин ба он манфиатдор аст, ки дар қаламрави сарҳадиаш бо Тоҷикистон устувории амнияту суботро нигоҳ дорад.
                                                                 
                                                                              Адабиёт
  1. Алиева РР 2013. Республика Таджикистан в сфере влияния https://cyberleninka.ru› article › respublika-tadzhikista..
  2. Сяньжун Фань. 20 лет добрососедства и дружбы //Минбари халк.-29 декабря 2011.
  3. Ионова Е. Таджикистан в орбите интересов Китая и России
    // Россия и новые государства Евразии. 2019. № III (ХLIV). С. 107-12 Рубрика: АКТУАЛЬНАЯ ГЕОПОЛИТИКА. DOI: 10.20542/2073-4786-2019-3-107-120.
  4. Майтдинова Г.М. Национальные интересы Республики Таджикистан и геополитические процессы в Центральной Азии.// Таджикистан и современный мир: Вестник Центра стратегических исследований при Президенте РТ.-2004.-№ 1(4).-24-29.
  5. Мирзоев Н.М. Нақши Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳаввули Созмони Ҳамкории Шанхай// Захираи электронӣ/ Реҷаи дастрасӣ/ https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1038-na-shi-to-ikiston-dar-tashakkul-va-ta-avvuli-sozmoni-amkorii-shankhaj/
  6. Ниятбеков В.А. Национальные интересы Республики Таджикистан и новые геополитические ориентации Китая в Центральной Азии.// Таджикистан и современный мир.-2003.-№1(2).-С.84-87.
  7. Панфилова В. Китайцы вышли на охрану таджикскоафганской границы. – Независимая газета, 07.2019. URL: https://www.ng.ru/cis/2019-07-30/1_7636_border.html.
  8. Паромонов В. Формирование геополитической ситуации в Центральной Азии-внешние факторы. //Центральная Азия и Кавказ.-2000.-№1(7).-С.156 - 162.
  9. Чувакин O. Таджикистан и Китай – однобокое партнерство. 06.2013. URL: https://topwar.ru/28992-tadzhikustan-i-kitay-odnobokoepartnerstvo.html.
  10. Самади С. Стратегия и тактика Китая в отношении Таджикистана [Электронный ресурс]. URL: https://www.e-tadjikistan.org/analitika/ctrategiya-i-taktika-kitaya-v-otnoshenii-tadzhikistana.html.
  11. Шарипов А.Н. Осиёи Марказӣ дар низоми манфиатҳои геополитикии ҶМЧ. Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2018. № 1 С.105.
Ашуров Ардамеҳр
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 
 
 
http://www.zoofirma.ru/