wrapper

  Баъд аз ба сари қудрат расидани гурӯҳи террористии "Толибон" дар Афғонистон онҳо борҳо эълон карданд, ки барои ягон кишваре хатар эҷод намекунанд ва иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад. Аммо дар амал мо шоҳиди он ҳастем, ки “Толибон” бар ваъдаҳои худ устувор нестанд ва симои “толибонии” худро дигар накардаанд. Як таҳқиқи мухтасари нашрияи "8 субҳ"-и чопи Кобул нишон додааст, ки неруҳои ин гурӯҳи террористӣ дар давоми 10 моҳи ҳукумати худ бо кишварҳои ҳамсоя аллакай 10 дафъа даст ба даргириҳои марзӣ задааст. Мо дар бораи ҳамаи ин даргириҳои марзии рух дода суханронӣ накарда таваҷҷӯҳи хонандагони муҳтарами худро мехоҳем танҳо ба он даргириҳое, ки дар сарҳадоти Афғонистону Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ сарзадаанд, ҷалб намоем.
   Даргирии нахустини “Толибон” бо нерӯҳои Туркманистон дар вулусволии (ноҳияи)  Хамоби вилояти Ҷузҷон рӯзи 2 феврали ҳамин сол ба вуқӯъ пайваст, ки дар бораи он “Толибон” изҳороти зиддунақизе матраҳ карданд. Ҳилол Балхӣ, сарпарасти риёсати иттилооту фарҳанги “Толибон” дар вилояти Ҷузҷон, гуфта буд, ки се рӯз пас аз куштани як ғайринизомӣ тавассути неруҳои низомии Туркманистон, “Толибон” барои баррасии ин мавзӯъ ба маҳалли ҳодиса рафтанд, ки оқибати он  бо даргирӣ  анҷом ёфт.  Инъомулло Самангонӣ, муовини сухангӯйи “Толибон”, ин даргириро такзиб намуд,  аммо баъди чанд рӯз Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои “Толибон”, ин даргириро таъйид кард. Тафсилоти ин даргирӣ на аз тарафи “Толибон” ва на аз тарафи Туркманистон шарҳу тафсири иловагӣ наёфтааст.   
18 апрели соли равон ба марзи Ӯзбекистон ҳафт мушак аз вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх андохт шуд, ки масъулияти онро Шохаи Хуросони ДИИШ ба дӯш гирифт. Шохаи Хуросони ДИИШ  эълон кард, ки аз шаҳри Ҳайратони вилояти Балхи Афғонистон шаҳри Термизи Ӯзбакистонро мавриди ҳамла қарор додааст. Гарчанде, ки ҳукумати Ӯзбекистон ин хабарро расман рад кард, вале гумонзаниҳои зиёде дар пайи он ба вуҷуд омад.  
  Телевизиони миллии Афғонистон хабар додааст, ки:  “Ҳайате аз Вазорати дифоъи миллӣ ба раҳбарии Мавлавӣ Ғавсуддин Ҳақбар, қумондони Ливои(бригадаи) шашуми сарҳадӣ ба манзури рафъи суъитафоҳум ва мушкилот дар нуқоти марзии Афғонистон ва Узбакистон бо ҳайати баланд рутбаи ин кишвар ба раҳбарии Хол Назаруф, қумандони сарҳади ҷануби Узбакистон, дар бандар Ҳайратон дидор карданд. Дар ин дидор, ду тараф илова бар ҳалли мушкилот ва суъитафоҳмҳои пешомада, бар ҳифзи хештандорӣ ва ҳамоҳангии бештар дар сурати бурузи мушкилоти марзӣ миёни ҳар ду кишвар дар оянда таъкид карданд”. Дидори мазкур далели он аст, ки ташаннуҷ дар сарҳад Тошкандро ҷиддан нигарон намудааст.
  Кадом суъитафоҳум ва мушкилот? Сарҳади ду кишварро комилан рӯди Ому аз ҳам ҷудо кардааст. Пас, решаҳои "суъитафоҳум" хеле амиқ аст. Узбекистон, ки худро "дӯсти дерина"- и “Толибон” мегуяд, чаро бо ин гурӯҳи тундрав ихтилоф дошта бошад? Нахустин бор аст, ки эътироф аз "суъитафоҳум" ва "мушкилот" садо медиҳад, ки ҷонибҳоро ба сари мизи музокира кашондааст. Инро ҳам танҳо “Толибон” хабар доданд, Ӯзбекистон бошад муҳри хомӯши ба лаб дорад. Ихтилофот, ки то эътироф расид, дақиқ аст, ки мушкилот аз ин ба баъд хоҳад буд. Ба музокира рафтани ҷониби узбекӣ баёнгари лабрез шудани сабри Ӯзбекистон аз намакношиносии “Толибон” аст. “Толибон” ҳам инро дарк карда, аз "ҳифзи хештандорӣ ва ҳамоҳангии бештар дар сурати бурузи мушкилоти марзӣ" мегӯянд. “Толибон” аз “толибонии” худ даст нахоҳанд кашид, аммо Ӯзбекистон бар ивази навозиш ва меҳрубониҳои худ то кай ва чи гуна хештандорӣ мекунад, номаълуму ҷолиб аст.
  Тоҷикистон кишварест, ки ҳамеша аз хатари гуруҳҳои террористӣ ва ҷамъ шудани онҳо дар марз ҳушдор додааст ва ҳамеша кишварҳои ҳампаймонашро дар минтақа даъват кардааст, ки ин хатарро ҷиддӣ бигиранд. Тоҷикистон, ки баъд аз Покистон дарозтарин марзи муштарак (1344 км) бо Афғонистонро дорад, бештарин нигарониҳоро матраҳ кардааст. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон, аз минбарҳои мухталифи минтақавӣ ва байналмилаллӣ дар бораи мавҷудияту фаолияти чандин маркази омӯзишӣ барои террористон дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ахтор додаааст ва пешниҳоди эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро матраҳ кардааст, ки аз тарафи ҳампаймонҳояш мавриди истиқбол қарор гирифтааст.
Бархӯрдҳои мусаллаҳонаи вақтҳои охир дар марзи Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ халадор намудааст. Дар пасманзари ҳаводиси Украина ва пойбанд гаштани Федератсияи Русия  дар ин самти барои ӯ тақдирсоз, ҳамлаи мушакии ахири “тасодуфӣ” ё барқасдона аз хоки Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон тобиши махусус  касб кардааст. Ин амали бадхоҳона вазъиятро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ тезу тунд намудааст. То ҳанӯз дақиқ маълум нест, ки кадом қувваҳо ба қаламрави Тоҷикистон – ба дидбонгоҳи сарҳадии № 12 – и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҳудуди вилояти Тахори Афғонистон тирандозӣ кардаанд.                 
 Мутобиқи ахбори расмии намояндаи Нерӯҳои марзбонии “Толибон” дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии «Панҷ», 7 майи соли 2022, миёни қувваҳои “Толибон” ва гурӯҳи мусаллаҳи ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, якуним соат идома ёфтааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд.  Назари коршиносон дар бораи ин ҳодиса гуногуну мухталиф мебошад.
 Тибқи ахбори як манбаъ аз фармондеҳии пулиси “Толибон” дар вилояти Тахор чаҳор террорист дар минтақаи Қафлотуни марбути вулусволии (ноҳияи) Хоҷаи Ғор, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт кардаанд. Ин мушакҳо ба қаламрави Тоҷикистон расидаанд ва марзбонони тоҷик ба ҷониби террористон тирандозӣ кардаанд ва мошини онҳо оташ гирифтааст, аммо худашон ҷон ба саломат бурданд. “Толибон” бар инанд, ки  ин кори ДИИШ аст, аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки кори дасти “Ҷамоати Ансоруллоҳ”- и марбути террористони тоҷикистонӣ мебошад. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати муваққати "Толибон" пас аз ин ҳодиса гуфта буд, ки онҳо талош мекунанд омилони ин ҳамла ба Тоҷикистонро пайдо ва ба муҷозот бикашанд. Пас аз ин даргирии рӯзи 7-уми май, дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён ва Шерхонбандари Афғонистон роҳҳои боркашонӣ ва равуои мошинҳои муваққат баста шуд.
 Бо гузашти чанд рӯзе расонаҳои Афғонистон боз аз як даргирии нави чорсоатаи "Толибон" бо марзбонони Тоҷикистон хабар дод.   Ин даргирӣ дар шимоли Афғонистон, дар марзи муштарак дар наздикиҳои Шерхонбандар сурат гирифтааст.  Бино ба иттилои расонаи “Афғонистон Интернейшнл” даргириро аввал "Толибон" оғоз кардаанд. Ин тирпаронӣ бар пайи як таниши лафзӣ, шаби шанбе ба якшанбеи 15-уми май оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ки нахуст неруҳои "Толибон" ба сӯйи Тоҷикистон тирандозӣ кардаанд ва сипас марзбонони Тоҷикистон ба нуқтаи сифри марзӣ ҳамла кардаанд. Ҳарчанд расман дар ин бора чизе гуфта намешавад, аммо пас аз даргирӣ "Толибон" ба марз неруҳои бештар овардаанд.
 То ин нирӯкашиҳо ба марз мутобиқи маълумотҳои расонаи гардида охирҳои моҳи феврал Вазорати дифоъи “Толибон” дар вилояти Бадахшони Афғонистон як фирқаи (дивизияи) нав таъсис дода фармондеҳу раиси ситодашро таъин кардааст. Ба иттилои манбаъ, Мулло Ҳофиз Муҷоҳид, зодаи деҳаи Баҳораки Бадахшон, яке аз саргурӯҳҳои Қорӣ Фасеҳуддин фармондеҳи фирқа (дивизия) таъин шудааст. Дар расми ифтитоҳи ин фирқа (дивизия) шахсан Қорӣ Фасеҳуддин, Сардори ситоди кулли вазорати дифоъи “Толибон”, ширкат варзидааст. Фирқаро (дивизияро) “Умари солис” ё “Умари севум” ба хотири эҳтироми Мулло Умар, асосгузори ҳаракати “Толибон” номгузорӣ кардаанд. Аммо ҷолиб ин аст, ки фирқа (дивизия) дар зодгоҳи Устод Раббонӣ, яке аз раҳбарони аъзами зиддитолиб ва бо номи рақиби ӯ Мулло Умар номгузорӣ гаштааст, ки ин дашномест ба унвони муҷоҳиддини Ҷамъияти исломи Афғонистон, муқовиматгарони кунунӣ ва умуман мардуми тоҷики Афғонистон, ки алайҳи”Толибон” ва ин қотили ваҳшӣ хун рехтаанд. Бадахшон бузургтарин вилояти Афғонистон аст, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз буда ҳудуди 90 дарсад тоҷикнишин мебошад. Дар замони муқовимати аввал (1996-2001) шаҳри Файзобод, маркази маъмурии ин вилоят муддате пойтахти сиёсии Давлати исломии таҳти раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ба ҳисоб мерафт.
 Қорӣ Фасеҳуддин, Сардори ситоди кулли Вазорати дифоъи Аморати Исломии Афғонистон ҳангоми суханронияш гуфтааст, ки дар наздиктарин муддат ба вилоёти шимоли кишвар иловатан 10 ҳазор ҷангҷӯёни сар то по мусаллаҳу муҷаҳҳаз фиристода хоҳад шуд. Бар иловаи суханҳои Қорӣ Фасеҳуддин сухангӯи расмии Вазорати дифоъи “Толибон” Иноятулло Хоразмӣ афзудааст, ки Аморати Исломии Афғонистон шумораи Урдуяшро ба 150 ҳазор нафар мерасонад. Дар сурати амалӣ гаштани ин нақша Урдуи “Толибон” аз теъдоди умумии Урдуҳои Тоҷикистон (9500 нафар), Ӯзбекистон (55000 нафар), Қазоқистон (45000 нафар) ва Қирғизистон (12000 нафар)  наздики 30 ҳазор нафар  зиёдтар хоҳад шуд. Мусаллам аст, ки ин Урдуи қавии толибонӣ на ба хотири мудофиаи аморати онҳо сохта мешавад.
Тавре ки огоҳ ҳастем Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори бешарафи моҷароҷӯи Афғонистон ва душмани ашаддии миллати тоҷик  дар як мавъизааш  иброз намуда буд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон роҳи душманиро пеша намудааст, чун ба мухолифини “Толибон” дар қаламраваш гӯё паноҳ медиҳад.  Ин террористӣ хуношом  мегӯяд, ки “...шумо амалан ба Афғонистон эълони ҷанг додед! Мухолифини мусаллаҳашро паноҳ додед, ҳимоят мекунед ва ҳатто пойгоҳҳо барояшон додеду таҳти омӯзиш гирифтаед онҳоро, мусаллаҳашон мекунед. Ва, муттаассифона, Душанбе мудофеи сарсахти инҳост, ки дар ҳукумати Афғонистон ҳам саҳми дастикам 40 дарсадро мехоҳанд.” Ин қассоби заҳҳокзода ба таҳдиди рӯйрост гузашта меафзояд, ки “... Афғонистон ҳам тасмим бигирад, ки ба мухолифини мусаллаҳи давлати Тоҷикистон паноҳ бидиҳад. Ва агар ин кор шуд, Тоҷикистони заифу кӯчак ва шикананда ба чӣ сарнавиште рӯбарӯ хоҳад шуд? Ду ило се ҳазор нафар ҳам кофист, ки агар дар Афғонистон паноҳгоҳ биёбанд, барои Душанбе душвор бошад, ки битавонад вазъиятро ором кунад”.
Ин таҳдидҳо дар ҳоле сару садо медиҳанд, ки барои касе пӯшида нест, ки мухолифини мусаллаҳи тоҷик дар Афғонистон кайҳост аз пуштибониву меҳмоннавозии “Толибон” бархурдоранд ва барои худ дар ин кишвар  солҳои тулонист, ки макони амн пайдо кардаанд. Маҳдӣ Арсалон (Муҳаммад Шарифов), як шаҳрванди Тоҷикистон, ки раҳбари гурӯҳи террористии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" аст, фармондеҳи “Толибон” дар панҷ вулусволии вилояти Бадахшон аст, хабар додааст расонаи амрикоии "Long War Journal", ки хабарҳои марбут ба ҷангу террорро инъикос мекунад. Ин хабар қабл аз ин ҳам, моҳи июли соли гузашта расонаӣ шуда буд, вале баъди нашри матлаби рӯзи 25-уми майи “Long War Journal” ин мавзӯъ дар расонаҳои Афғонистон дигарбора ба сархати хабарҳо баромадааст.
Расонаи мазкур Маҳди Арсалонро (Муҳаммад Шарифов) фармондеҳи гуруҳи "Ансоруллоҳ"-и марбут ба "Ал-Қоида" дониста ва навиштааст, ки ҳарчанд "Толибон" замонат медиҳанд, ки хоки Афғонистонро дар ихтиёри ҷангҷӯёни хориҷӣ қарор намедиҳанд, аммо фармондеҳии чанд вулусволии (ноҳияи) шимоли кишварро ба як террористи тоҷик супурдаанд.  Ӯро ба ин мақом Қорӣ Фасеҳуддин,   сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон,  ки худ тоҷики бумии Афғонистон аст, таъин кардааст. Маҳди Арсалон (Муҳаммад Шарифов)  чанде пештар дар саҳфаи фейсбукияш видеоҳоеро нашр кардааст, ки неруҳояшро дар марзи Тоҷикистон ҷо ба ҷо мекунад.
Тибқи маълумоти “Long War Journal “ "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ки бо "Ал-Қоида" робита дорад, гурӯҳи террористиест, ки соли 2006 ҳамчун шохаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) бо меҳварияти Тоҷикистон ташкил шудааст ва аз замони таъсиси худ дар шимоли Афғонистон фаъол аст ва аз ҳимояти “Толибон”  бархурдор мебошад.  Фаолияти ин гурӯҳ ҳамчун ташкилоти террористӣ – ифротгароӣ аз соли 2012 инҷониб дар Тоҷикистон  мамнӯъ мебошад. Дар пайи ин хабар расонаи "Афғонистон Интернейшнл" навиштааст, ки Маҳди Арсалон (Муҳаммад Шарифов) контроли вулусволиҳои(ноҳияҳои)  Кӯфоб, Хоҳон, Моймай, Нусай ва Шкайи вилояти Бадахшонро дар ихтиёр дорад. Ин вулусволиҳо (ноҳияҳо) марбути водии Дарвози Афғонистон мебошанд, ки дар марз бо ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон қарор доранд.                                                                                                         
Гузашта аз ин дасти кам чаҳор манбаъи мухталиф аз Бадахшони Афғонистон ва афроди наздик ба “Толибон” ба сомонаи мустақили “Сангар” иттилоъ додаанд, ки “Толибон” ва созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар  ҳодисаҳои ахири вилояти Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дахолати мустақим доштаанд. Ин мавзӯъи дигар аст ва атрофи он баъдан суҳбати алоҳида хоҳем дошт.
Таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки “Толибон” мехоҳад аз вазъияти душвори имрӯзаи Федератсияи Русия, ки машғулу побанди “амалиёти махсуси низомӣ” дар Украина мебошад, истифода намуда ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон таҳдиду фишор оварад. Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон аз аваллин рӯзи сари қудрат омадани “Толибон” қотеона изҳор намуд, ки ҳукумати онҳоро дар шакли ҳозирааш эътироф намекунад ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пуштибонӣ хоҳад намуд. Танҳо дар сурати ташкил гаштани ҳукумати фарогир бо намояндагии тамоми ақвому  аҳзоби сиёсиву мазҳабӣ  ва занон метавонад мавриди эътирофи Тоҷикистон гардад. “Толибон” ин амали Тоҷикистонро фаромуш накардаанду нахоҳанд кард ва нокомиҳои худро дар самти эътирофи байналмилаллӣ ва машруъияти дохилӣ аслан дар мавқеъгирии Тоҷикистон мебинад. Сабаби бадхоҳиву бадбинӣ ва хусумати беканори онҳо нисбати тоҷикони Афғонистону Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин аст,   чунки  Ҷабҳаи муқовимат ягона нерӯе мебошад, ки ба онҳо муқовимати ҳақиқӣ нишон медиҳад ва барои барқарории салтаи комили онҳо дар Афғонистон мамониат эҷод менамояд.
  Дар пасоманзари таҳдидҳои Гулбиддини Ҳикматёр ва ҳаводиси ахир дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Русия барои мустаҳкам намудани сарҳади кишварамон  бо харҷи миллионҳо доллари америкоӣ дидбонгоҳҳо ва отряди сарҳадӣ месозанд.  Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм 10 май дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ки Амрико ният дорад, дар оянда дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон постгоҳи сарҳадӣ ва дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистон барои 900 сарбоз ва оилаҳои онҳо отряди сарҳадӣ бунёд кунад. Ба гуфтаи Ҷон Марк Поммершайм харҷи сохтмони постгоҳи нави сарҳадӣ дар Чалдовар дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 3 млн доллар ва маблағи сохтмони отряди сарҳадӣ 30 млн долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Ҳукумати Федератсияи Русия низ, ҳамчун раҳбари Созмони Паймони Амниятии Дастаҷамӣ (СПАД), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узвияти ин паймони низомиро дорад,  тасмим гирифтааст, ки барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ кумаки бебозгашт намояд, ки саривақтӣ ва зарурӣ  буда  дар таҳкими мудофиавии кишвар нақши муассире хоҳад дошт.                                                                              
Тасаввури ботиле, ки гӯё “Толибон”  барои кишварҳои ҳамсоя таҳдиду хатар эҷод намекунанд ва ба гурӯҳҳои террористӣ дар ҳудуди хеш макон намедиҳанд, дар баробари ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мубориза мекунанд, дорад аз байн меравад.  “Толибон” бо ҷо додани даҳҳо гурӯҳи террористӣ дар хоки Афғонистон, монанди Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (IMU), “Ҷамоати Ансоруллоҳ” - и Тоҷикистон, ETIM ё Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Лашкари тайибаи Покистон, Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ва ҳоказо симои аслии зишти террористии худро бармало нишон додааст.
  Бо дарку эҳсоси таҳдиду хатарҳои воқеии зикргардида 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-и Отряди сарҳадии «Шамсиддин Шоҳин»  ва Отряди сарҳадии “Ёл” боздид ба амал оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид изҳор доштанд, ки вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд. Воқеан, имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, сарҳадбонон қодиранд дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намоянд.
Судуров С.А.
 – ходими калони илмии шӯъбаи Шарқи Миёна ва Наздики ИОМДОА АМИТ  
 
http://www.zoofirma.ru/