wrapper

  8 июли соли 2022 собиқ сарвазири Япония Синдзо Абэ дар шаҳри ҷанубии Нара ҳангоми суханрониаш дар остонаи интихоботи парлумонӣ мавриди сӯиқасд қарор гирифт.
  Сарвазири собиқро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористони наздиктарин бурданд ва соати 17:03 ба вақти маҳаллии Япония Синдзо Абэ бар асари захмҳои бардоштааш дар бемористон даргузашт.
  Табиб, ки барои наҷоти Ҷаноби Абэ талош дошт, гуфт табибон барои боздошти хунравӣ чаҳоруним соат барои ҷони ӯ мубориза бурданд, вале бе натиҷа, мақомот таъйид карданд, ки яке аз тирҳо ба тарафи рости гардан задааст ва дар  зери  пӯст, дар минтақаи қафаси  сина хунравии зиёд дида шуд.
  Ҳангоми эълони марги Абэ дар беморхонаи Донишгоҳи тиббии Нара пизишк қайд кард, ки ягон тир пайдо нашудааст.
  Гумонбари ҳамла Тетсуя Ямагами 41-соларо миллитсия  дар ҷои ҳодиса боздошт намуда, силоҳашро мусодира кардааст. Ӯ ҳеҷ гуна муқовимат нишон надод. Вобаста ба силоҳи оташфишон эҳтимол меравад, ки силоҳ худсохт будааст. Аксҳое, ки ҳангоми боздошти гумонбар гирифта шудаанд, нишон медиҳанд, ки гӯё як туфангчаи тирпарронии дубараки худсохт аст.
  Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Тетсуя Ямагами  дар гузашта узви Нерӯҳои худмуҳофизатии баҳрии Япония  буд. Ҳангоми бозпурсӣ ин мард ба ҷиноят иқрор шуд. Тетсуя Ямагами ин амали худро ҳамчун эътироз ба як "гурӯҳ"-и муайяне шарҳ дод, ки гӯё ҷаноби  Синзо Абэ бо он робита дошт ва гӯё сабаби вазъи фалокати молии оилаи Ямагами шудааст.
  Тетсуя  Ямагами се сол, то соли 2005 дар неруҳои худмудофиаи баҳрии кишвар хидмат кардааст.
  Кормандони милитсия талош доранд, муайян намоянд, ки чаро Синдзо Абе ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
  Собиқ Сарвазир Синдзо Абэ, ки 67 сол дошт, соли 2020 аз мақоми нахуствазир ба далели вазъи саломатиаш истеъфо дод, аммо дар ҳизби ҳокими либерал-демократии Япония  як чеҳраи тавоно боқӣ монд.
  Вазири дифоъ Нобуо Киши ҳамла ба нахуствазири собиқро новобаста аз ангезаҳои тирпарронӣ нобахшиданӣ номид.
  Дабири кулли ҳукумати Ҷопон Хироказу Матсуно гуфт: "ин як амали ваҳшиёнаест, ки комилан қобили қабул нест". Инчунин хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Токио иброз медорад, ки: "Ин як зарбаи бузург барои мардуми Япония мебошад.
  Зӯроварӣ бо силоҳи оташфишон дар Япония  хеле кам ба назар мерасад, дар ин ҷо соҳибият ба он қариб ғайриимкон аст. Ҳамлаҳои сиёсӣ низ хеле каманд. Ҳамла ба як шахсияти воломақоми сиёсӣ бо силоҳи оташфишон барои кишваре, ки бо таъмини  амнияти худ маъруф аст, як зарбаи таъсиргузор ва баҳсангез аст.
  Синдзо Абэ солҳои 2006-2007 ва 2012-2020 дар мақоми нахуствазири Япония кор ва фаъолият кардааст. Ҳамчунин дар ин  давра вай раиси Партияи либералӣ-демократии Японияро бар уҳда  дошт.
  Вобаста ба ҳолати руйдода сарони давлатҳои  ҷаҳон изҳори ҳамдардии худро ба мардуми Япония пешниҳод карданд. Бояд таъкид намуд,ки Синзо Абе дар давоми сарвазирии худ бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои хуб ва ҳасанаеро ба роҳ монда буд ва дар сиёсати ҷаҳони низ обу рую иммиҷи хоссаеро касб карда буд.
 
 
Таҳияи Сурайёи Абдуқосим,
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
http://www.zoofirma.ru/