wrapper

  Дар дипломатия ҷанбаҳои умумӣ хеле зиёданд, аммо дипломатияи ҳар як кишвар дорои моҳият ва хусусиятҳои ба худ хос буда, аз дипломатияи умумистандартӣ фарқ мекунад. Барои нишон додани ин фарқиятҳо истилоҳотҳои “дипломатияи давлатҳои Шарқ”, “дипломатияи давлатҳои Ғарб”, дипломатияи давлатҳои Африқо”, “дипломатияи давлатҳои Амрикои Лотинӣ”, “дипломатияи давлатҳои араб” ва ғайра ба кор бурда мешавад.
  Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё чунин шаклҳои дипломатия вуҷуд доранд? Агар вуҷуд дошта бошанд, онҳо аз дипломатияи умумӣ бо чӣ фарқ мекунанд? Ба андешаи мо агар алоқамандии дипломатияро ба таърих, фарҳанг, тамаддун ва расму оин эътироф намоем, пас истифодаи мафҳуми дипломатия бо номи миллат, давлат ва минтақа мумкин аст.[1]
  Хадамоти дипломатии ҳиндӣ - Хадамоти Марказии давлатии ҳокимияти иҷроияи ҳукумати Ҳиндустон ба шумор меравад.
  Хадамот ҳадафи пешбурди дипломатия ва идораи муносибатҳои байналхалқии Ҳиндустонро дорад. Ин сохтори дипломатҳои касбӣ ва мансабдорони намояндагӣ мебошад, ки дар 169 давлатҳои ҷаҳон намояндагиҳои дипломатии худро доранд. Ба ғайр аз ин, онҳо дар маркази асосии Вазорати алоқаҳои хориҷӣ дар шаҳри Деҳлӣ фаъолият мекунанд. Онҳо инчуниин шуъбаҳои шиносномадиҳии минтақавиро дар кишвар роҳбарӣ карда, дар вазоратҳои мухталиф мавқеи муайян доранд. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон - идоракунандаи Хадамоти дипломатии ҳиндӣ маҳсуб мегардад.
  Дипломатҳои ҳинд ба мактаби англисии дипломатия наздиканд, бисёрии онҳо донишгоҳҳои Британияи Кабирро хатм карда, дар Форин Офис такмили ихтисос ва бозомӯзӣ кардаанд. Баъзе дипломатҳои ҳиндӣ то хизмати дипломатии худ мансабдорони маъмурияти мустамликавии англисӣ буданд. Дипломатҳои ҳиндӣ бо касбияти олӣ, бо иртиботи ҳамаҷонибаи худ ба маҳорати ҳифзи манфиати давлати хеш фарқ мекунанд.
  Хадамоти дипломатии ҳиндӣ моҳи октябри соли 1946 таъсис ёфтааст, аммо решаҳои он ба давраи ҳокимияти британӣ мерасанд. Рӯзи хадамоти дипломатии ҳиндӣ хамасола 9 октябр аз соли 2011 инҷониб таҷлил мегардад, дар ин рӯз Девони вазирон Кабинети хадамоти дипломатии ҳиндиро таъсис дод.[2]
  Зимни иртибот бо намояндагони Ҷумҳурии Ҳиндустон, бояд нуқтаҳои зеринро дар назар дошт:
  • Дипломатҳои ҳинд нисбат ба вазифаҳои худ масъулияти баланд зоҳир менамоянд.
  • Дипломатҳои ҳинд ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳанд, ки онҳоро таҳқир намоянд. Ҳиндустон, ки дар солҳои тӯлонии ҳукмронии мустамликавии Британияи Кабир худро таҳқиршуда эҳсос намуда, баъд аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ дар соли 1947 қомат рост карда, бо сари баланд истиқлолияти худро ҳифз менамояд ва ба яке аз давлатҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон табдил ёфтааст.[3] Дипломатияи америкоӣ А.Уотсон дар китоби худ “Дипломатия” салоҳиятнокии баланди ҳамкорони ҳиндуро дар дипломатияи дуҷониба ва чандҷониба қайд кардааст[4].
  Дипломатияи Ҳинд вазифадор аст, ки манфиатҳои лоиҳаи Ҳиндустонро вобаста ба масоили мухталиф, чи дар дохил ва чи дар хориҷа ҳимоя намоянд. Он ҳамкории дуҷонибаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ, пешбурди алоқаҳои фарҳангӣ, матбуот ва суҳбатҳои хосса, инчунин маосили бисёрҷонибаро дар бар мегирад.
  Вазифаҳои дипломати ҳиндӣ чунин муайян шудаанд:
  Зимни намояндагии Ҳиндустон дар сафоратҳои он, комиссияҳои баланд, консулгариҳо ва намояндагиҳои доимӣ дар назди созмонҳои байналхалқӣ, аз қабили СММ иҷрои вазифаҳои зерин дар назар аст:
  • Ҳифзи манфиатҳои миллии Ҳиндустон дар кишвари мизбон;
  • Пешбурди муносибатҳои дӯстона;
  • Пешниҳоди маълумот ва ахбори дақиқ дар бораи ҳаводиси кишвари мизбон, ки метавонад ба шаклгирии сиёсати Ҳиндустон нисбати он таъсир расонад;
  • Пешбурди музокирот ва ақди созишномаҳо бо ҳукуматдорони кишвари мизбон;
  • Паҳни воситаҳои консулӣ ба хориҷиҳо ва шаҳрвандони ҳиндӣ дар хориҷа.
  Дар сафорат тартиби болоравии мансаб чунин муқаррар шудааст:
  Котиби сеюм
  Котиби дуюм
  Котиби якум
  Муовини сардори Комиссари олии намояндагӣ/ муовинон/ муовини Намояндаи доимӣ
  Муовини вазир
  Директор
  Котибони пайвастӣ
  Котиби иловагӣ
  Котиб
  Вазири корҳои хориҷӣ Ҳиндустон (пешбарандаи дипломатияи Ҳиндустон) аст.
 
  Рӯйхати Вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон (1946-2022)
 

Номи вазир

Омадан ба вазифа

Рафтан аз вазифа

Мансубияти ҳизбӣ

1

Ҷавоҳирлаъл Неҳру

2 сентябри 1946

27 майи 1964

Конгресси миллии Ҳиндустон

2

Гулзарилал Нанда

27 майи 1964

9 июни 1964

Конгресси миллии Ҳиндустон

3

Лал Баходур Шастри

9 июни 1964

17 июли 1964

Конгресси миллии Ҳиндустон

4

Сардар Сваран Сингҳ

18 июли 1964

14 ноябри 1966

Конгресси миллии Ҳиндустон

5

Махоммедали Куррим Чагла

14 ноябри 1966

5 сентябри 1967

Конгресси миллии Ҳиндустон

6

Индира Ганди

6 сентябри 1967

13 феврали 1969

Конгресси миллии Ҳиндустон

7

Динеш Сингҳ

14 феврали 1969

27 июни 1970

Конгресси миллии Ҳиндустон

8

Сардар Сваран Сингҳ

27 июни 1970

10 октябри 1974

Конгресси миллии Ҳиндустон

9

Яшвантрао Чаван

10 октябри 1974

24 марти 1977

Конгресси миллии Ҳиндустон

10

Атал Биҳари Ваҷпейи

26 марти 1977

28 июли 1979

Ҳизби миллии Ҳиндустон

11

Шям Нандан Прасад Мишра

28 июли 1979

13 января 1980

 

12

Памулапарти Венката Нарасимҳа Рао

14 январи 1980

19 июли 1984

Конгресси миллии Ҳиндустон

13

Индира Гандӣ

19 июли 1984

31 октябри 1984

Конгресси миллии Ҳиндустон

14

Раҷив Гандӣ

31 октябри 1984

24 сентябри 1985

Конгресси миллии Ҳиндустон

15

Бали Рам Бхагат

25 сентябри 1985

12 майи 1986

Конгресси миллии Ҳиндустон

16

Пунҷала Шив Шанкар

12 майи 1986

22 октябри 1986

Конгресси миллии Ҳиндустон

17

Нарайян Датт Тивари

22 октябри 1986

25 июли 1987

Конгресси миллии Ҳиндустон

18

Раҷив Ганди

25 июли 1987

25 июни 1988

Конгресси миллии Ҳиндустон

19

Памулапарти Венката Нарасимҳа Рао

25 июни 1988

2 декабри 1989

Конгресси миллии Ҳиндустон

20

Вишванат Пратап Сингҳ

2 декабри 1989

5 декабри 1989

Ҳизби миллии Ҳиндустон

21

Индра Кумар Гуҷрал

5 декабри 1989

10 ноябри 1990

Ҳизби Халқии Ҳиндустон

22

Видья Чаран Шукла

21 ноябри 1990

20 феврали 1991

Ҳизби миллии Ҳиндустон

23

Мадхвасинх Соланки

21 июни 1991

31 марти 1992

Конгресси миллии Ҳиндустон

24

Памулапарти Венката Нарасимха Рао

31 марти 1992

18 январи 1993

Конгресси миллии Ҳиндустон

25

Динеш Сингҳ

18 январи 1993

10 феврали 1995

Конгресси миллии Ҳиндустон

26

Пранаб Кумар Мукерҷӣ

10 феврали 1995

16 майи 1996

Конгресси миллии Ҳиндустон

27

Сикандер Баҳт

21 майи 1996

1 июни 1996

Ҳизби миллии Ҳиндустон

28

Индра Кумар Гуҷрал

1 июни 1996

18 марти 1998

Ҳизби миллии Ҳиндустон

29

Атал Биҳари Ваҷпейи

19 марти 1998

5 декабри 1998

Ҳизби миллии Ҳиндустон

30

Ҷасвант Сингҳ

5 декабри 1998

23 июни 2002

Ҳизби миллии Ҳиндустон

31

Яшвант Синха

1 июли 2002

22 майи 2004

Ҳизби миллии Ҳиндустон

32

Кунвар Натвар Сингҳ

22 майи 2004

6 ноябри 2005

Конгресси миллии Ҳиндустон

33

Манмохан Сингҳ

6 ноябри 2005

24 октябри 2006

Конгресси миллии Ҳиндустон

34

Пранаб Кумар Мукерҷӣ

24 октябри 2006

22 майи 2009

Конгресси миллии Ҳиндустон

35

Соманахалли Маллайя Кришна

22 майи 2009

28 октябри 2012

Конгресси миллии Ҳиндустон

36

Салман Хуршид

28 октябри 2012

26 майи 2014

Конгресси миллии Ҳиндустон

37

Сушма Свараҷ

26 майи 2014

То имрӯз

Ҳизби миллии Ҳиндустон

 
  Ба ҳайси хулоса мебояд қайд намуд, ки дипломатҳои муосири ҳинд маълумоти хуб доранд, дорои маҳорати лозимаи кори дипломатӣ ҳастанд ва инчунин дорои ҷаҳонбинии васеъ мебошанд. Дипломатҳои ҳинд ҳангоми қабули қарор бениҳоят эҳтиёткорӣ нишон медиҳанд.
  Ҳамин тариқ, роҳбарияти Ҳиндустон бо зоҳир кардани фаъолияти рӯзафзуну фазоянда дар арсаи ҷаҳонӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо истифода аз роҳи ба қадри кифоя сахту қатъии сиёсати хориҷӣ нишон медиҳад, ки он барои таъмини манофеи миллӣ омода аст маҷмӯи методҳои дипломатиро ба кор барад.

Достиева Дилафруз
Лабаранти калони шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 
[1] Нуриддинов Р.Ш., Нуриддинов П.Р. Хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ. Китоби дарсӣ / Р.Ш. Нуриддинов, П.Р.Нуриддинов .- Душанбе: “ЭР-граф”, 2018. С.37.
[2] Маҳмадов П., Шарифов А. Хадамоти дипломатии кишварҳои хориҷӣ. Душанбе: “Тайрон-2014”, 2018.
[3] Нуриддинов Р.Ш., Нуриддинов П.Р. Хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ. Китоби дарсӣ / Р.Ш. Нуриддинов, П.Р.Нуриддинов .- Душанбе: “ЭР-граф”, 2018. С.47.
[4] Watson A. Diplomacy.The Dialogue between States. L.,1982. P.159.
 
http://www.zoofirma.ru/