wrapper

  Нурҷаҳон яке аз бонуфузтарин занони замони худ буд. Ҳамчун ҳамсари маҳбуби императори тавонои муғулҳои бузург Ҷаҳонгир, вай дар мавқеи беҳамтое буд, ки дар асл кишварро идора мекард, менависад сомонаи “Women in History World».
  Дар таърихи Ҳиндустон занҳои зиёде ҳастанд, ки бо матонату ҷасурӣ ва зиндагиномаи нотакрору аҷиби худ дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур гардидаанд. Яке аз чунин занҳои қавииродаю шуҷоъ Нурҷаҳон мебошад. Нурҷаҳон дар оилаи аристократияи эронӣ ба дунё омадааст, ки ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардааст. Дар ҳабдаҳсолагӣ бо як марди низомии эронӣ издивоҷ кард. Баъдтар шавҳараш ба сӯи душманони император гузашт ва ба қатл расонида шуд ва Нурҷаҳон бо духтари хурдаш бо номи Ладлӣ танҳо монд. Соли 1607 Нурҷаҳонро ба дарбор оварданд ва дар он ҷо канизи фахрии яке аз хонумҳои дарборӣ шуд. Дар ҳамин ҷо, шояд дар иди баҳории Наврӯз соли 1611 Ҷаҳонгир ӯро бори аввал дидааст. Ҳама манбаъҳо мегӯянд, ки вай як зебоии ғайриоддӣ дошт. Эҳтимол ҳамин буд, ки Шоҳҷаҳон ба ӯ таваҷҷуҳ пайдо кард ва пас аз ду моҳ бо ӯ издивоҷ кард. Нахуст император ба ӯ унвони Нурмахал дод, ки соли 1616 онро ба Нурҷаҳон - "Нури ҷаҳон" иваз кард. Дар замони издивоҷаш Нурҷаҳон 34 сол дошт. Вай бевазани марде буд, ки илтифоти императорро аз даст дода буд, ба мисли занону канизони дигар. Бо вуҷуди ин, ба вай муяссар шуд, ки барои Ҷаҳонгир дар давоми нӯҳ сол маҳбубтарин шуда, тамоми ҳуқуқҳои аз дастрафтаашро аз император ба даст оварад ва дар асл сарвари тамоми императорӣ гардад. Азбаски занон набояд дар назди мардон ҳозир мешуданд, Нурҷаҳон тавассути мардони боэътимод ҳукмронӣ мекард. Ҳамин Нурҷаҳон буд, ки ҳамаи фармонҳо ва таъинотҳоро аз номи Ҷаҳонгир тасдиқ мекард ва ҳамаи рутбаҳои боло рафтану поин рафтанро назорат мекард. Вай ба корҳои занон мароқи махсус зохир намуда, ба онҳо замин ва барои духтарони ятим махр медод. Нурҷаҳон сикка бо номи худ баровард, аз тоҷирон, ки аз сарзаминҳои империя мегузаштанд, боҷ мегирифт ва бо аврупоиҳо савдо мекард. Вай инчунин дорои киштиҳое буд, ки ҳоҷиён ва лавозимотро ба Макка мебурд. Нурҷаҳон бар ҳарами фарохи император, ки дар он садҳо нафар, аз ҷумла занони Ҷаҳонгир, хонумҳо, канизаҳо, хизматгорон, ғуломон, занҳо-  посбонон, ҳофизаҳо, кӯдакон ва ғайра зиндагӣ мекарданд, ҳукмронӣ мекард. Вай ба ороишот, мӯд ва хӯрокворӣ сахт таъсир расонд, барои либосҳои зебо пули зиёд сарф кард, атрҳои нав, малҳамҳои мӯй, ҷавоҳирот, абрешим, зарфҳои сафолӣ ва таомҳои дигар кишварҳоро озмоиш мекард. Азбаски Нурҷаҳон аз хонаводаи шоирон буд, дар миёни занони дарбор шеър ҳам менавишт ва занҳои дарборро ба шоирӣ ташвиқ мекард. Дар қаср озмунҳои шеър баргузор мешуданд. Нурҷаҳон ҳатто барои шоираҳое, ки дар қасри ӯ зиндагӣ намекарданд, аз қабили Меҳрӣ, шоираи эронӣ сарпарастӣ мекард. Дар китобхонаи Рампур Разо дар Ҳиндустон як миниатюрае мавҷуд аст, ки дар он Нурҷаҳон бо либоси мардона ва силоҳ тасвир шудааст. Ин махзани тахайюли рассом нест. Тавре маълум аст, Нурҷаҳон воқеан тирандози аъло будааст ва ба шикор мерафтааст. Гуфта мешавад, ки боре вай дар болои фил нишаста бо 6 тир аз мушак 4 палангро куштааст. Чунин миниатюра дигар дар тамоми олами исломи он замон, дар тамоми императории муғулҳо, усмониён, ва сафавиён офарида нашудааст. Мавқеи Нурҷаҳон дар натиҷаи мубориза барои қудрат байни писарони Ҷаҳонгир заиф шуд. Ғолиби ниҳоӣ писари сеюми император Шоҳҷаҳон буд, ки баъдтар Тоҷмаҳали зеборо барои ҳамсари маҳбубаш Мумтозмаҳал сохт. Шоҳҷаҳон дар тӯли солҳои зиёди ҳукмронии падараш бо Нурҷаҳон дар иттифоқ буд, аммо вай аз таъсири ӯ ба падараш нигаронӣ мекашид. Генерали кухансол ва мӯътамад Маҳабатхон аз самти сиёсати дарборӣ ва бахусус нақши Нурҷаҳон дар ҳукмронии дарбор норозӣ буд ва ба шӯриш ҳамроҳ шуда, Ҷаҳонгирро асир гирифт. Аммо Нурҷаҳон тавонист шӯришро пахш карда, шавҳарашро наҷот диҳад. Гуфта мешавад, ки вай шахсан дар набард савори асп дар ин набард иштирок кардааст.
  Даргузашти Ҷаҳонгир дар соли 1627 ва ба тахт нишастани Шоҳҷаҳон нуфузи Нурҷаҳонро дар дарбор ба охир расонд ва ӯ солҳои охири умри худро дар ғурбат дар Лоҳур сипарӣ кард. Дар ин ҷо вай бо духтараш то соли 1645 яъне то охири ҳаёташ зиндагӣ кардааст. Мақбараи ӯ дар ин шаҳр дар паҳлӯи оромгоҳи Ҷаҳонгир ҷойгир буда, яке аз ҷойҳои диданибоби Лоҳур ба шумор меравад.

Душанбиева Нигина,
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
http://www.zoofirma.ru/