wrapper

  Президентони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон азми устувори худро барои муқобила бо чолишҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ изҳор намуданд.
  21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қ.Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон, Президенти Туркманистон С.Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев иштирок намуданд.
  Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ки дар фазои анъанавии ҳусни тафоҳум, эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории созанда сурат гирифт, раванди пешрафти минбаъдаи наздикшавии кишварҳо ва амиқтар шудани ҳамкориҳои минтақавӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳамкорӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Қайди 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ,
  бо таъкид ба саҳми назаррасӣ онҳо дар таҳкими идеалҳои Созмони Милали Муттаҳид, нигоҳ доштани нақши марказии Созмон дар низоми байналмилалӣ, изҳори садоқат ба ҳадафҳо ва принсипҳои дар Оинномаи СММ зикршуда, таҷлили 30-солагии узвияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва иштирок дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла, ба принсипҳои эҳтироми мутақобила, истиқлолият, соҳибихтиёрии давлат ва тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ, баробарӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо,
  тасдиқ намудани кӯшиши давлатҳои Осиёи Марказиро ҷиҳати рушди муколамаи минтақавӣ, ки ба таҳкими боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ризоият, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамдигар,
  бо таъкид ба нақши аввалиндараҷа ва калидии худи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ,
  тасдиқ намудани содиқ будани худро ба ошкорбаёнӣ ва ҳамкории васеъ ба манфиати таъмини сулҳ, субот, амният ва рушди устувор ҳам дар минтақа ва ҳам дар тамоми ҷаҳон,
  мусоидат намудан, бо таъкид бар хоҳиши муштараки давлатҳои минтақа дар Осиёи Марказӣ минтақаи эътимод, сулҳ ва шукуфоӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ,  ноил шудан ба ин ҳадаф,
  нияти қатъӣ баён намуда, барои мубориза бо чолишҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ,
  бо зикри иқтидори бузурги ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ва ҳавасмандии истифодаи пурраи он барои таҳкими рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сифати зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа,
  таъкид намудани саъю талоши муштаракро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва молиявӣ, нақлиёту логистика, обу энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, экологӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн,
  баҳои баланд додани аҳамияти платформаи вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун механизми беназири панҷҷониба дар сатҳи олӣ барои нигоҳ доштани муколамаи сиёсӣ, баррасӣ ва муайян кардани дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ,
  Ҷонибҳо изҳор менамоянд, ки:
  1. Мулоқоти машваратӣ, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, бори дигар ҷонибдории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муколамаи созанда ва мутақобилан судманд ба манфиати халқҳои тамоми кишварҳои минтақа ва марҳилаи муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ гардид.
  2. Шартнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21 мувофиқа карда шуд ва тартиби имзои он оғоз ёфт.
  3. Сарони давлатҳо ба мунтазам табдил ёфтани вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, аҳамияти татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшударо таъкид карданд.
  Сарони давлатҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва идомаи мунтазами машваратҳои панҷҷониба дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, муассисаҳои дипломатӣ ва намояндагиҳо дар назди созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро қайд карданд.
  Сарони давлатҳо, инчунин, ба мақсад мувофиқ будани таҳияи механизмҳои ҳамкорӣ дар сатҳи вазорату идораҳои соҳавӣ, аз ҷумла, мутобиқи «Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» қайд намуданд.
  1. Ҷонибҳо тарафдори баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби форматҳои бисёрҷонибаи «Осиёи Марказӣ+», таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои шарики кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин истифодаи мутақобилан судманди таҷрибаи андӯхтаи дипломатияи бисёрҷониба мебошанд.
  2. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои муштаракро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи Рӯзномаи СММ барои рушди устувор то соли 2030 ва 17 ҳадафи онро қайд карданд.
  3. Ҷонибҳо бо таъкид бар зарурати таъмини иштироки васеи занон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, мунтазам баргузор намудани форумҳо, конгрессҳо ва вохӯриҳои занонро муҳим медонанд.
  4. Сарони давлатҳо аҳамияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ барои таҳкими равобити дӯстона ва мутақобилан судманди давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, ҷонибдори густариши минбаъдаи муколама дар ин самт изҳори назар намуданд.
  5. Сарони давлатҳо ҷонибдории худро ба таҳкими сулҳу амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон изҳор намуда, зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои давлатҳои минтақаро дар доираи Шартнома дар бораи минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ аз 8 ноябри соли 2006 пешбурди муштараки лоиҳаҳо ва ташаббусҳои мавзӯъҳои халъи силоҳ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин аҳамияти ҳамкориҳои минбаъда бо дигар минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар масъалаи халъи силоҳи ҳастаӣ ва паҳн накардани он қайд карданд.
  6. Ҷонибҳо зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ қайд намуданд.
  7. Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки яке аз чолишҳои ҷаҳони муосир истифодаи фановариҳои иттилоотию иртиботӣ бо ҳадафҳои ҷиноӣ ва дигар ҳадафҳост, ки ба сулҳу амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунанд. Дар ин робита онҳо ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ изҳори назар карданд.
  8. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва дигар намудҳои ҷиноятро қайд намуда, аз зарурати фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ғайра барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин соҳа ибрози назар намуданд.
  Ҷонибҳо тарафдории худро ба низоми кунунии байналмилалии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин се конвенсияи дахлдори СММ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир тасдиқ намуданд. Тарафҳо аҳамияти конвенсияҳои байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар санадҳои ҳуқуқии дахлдорро қайд намуда, зарур донистанд, ки чораҳои мубориза бар зидди таҳдиди маводи мухаддир, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо пурзӯр карда шаванд.
  1. Сарони давлатҳо бори дигар таъкид карданд, ки яке аз муҳимтарин омилҳои ҳифз ва таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ҳалли зудтари вазъ дар Афғонистон боқӣ мемонад.
  Ҷонибҳо нияти густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби платформаҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба таъмини амнияту субот дар Афғонистон, беҳбуди вазъи башардӯстона, барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷалби ҳамаҷонибаи ин кишвар дар робитаҳои иқтисодии минтақавӣ барои ноил шудан ба сулҳу оромии шаҳрвандӣ дар ҷомеаи Афғонистон нигаронида шудаанд, иброз доштанд.
Сарони давлатҳо дар Афғонистон бо иштироки намояндагони ҳамаи гуруҳҳои этникию сиёсии аҳли ҷамъияти Афғонистон барпо намудани ҳукумати фарогирро ниҳоят муҳим мешуморанд.
  1. Ҷонибҳо аҳамияти ҳалли мушкилотеро, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва зиндагии мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, қайд карданд. Дар ин замина, сарони давлатҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, кам кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳояшон, инчунин табодули иттилоот ва таҷриба оид ба тадбирҳое, ки дар ин бобат дар сатҳи ҷумҳуриҳо андешида шудаанд, таъкид намуданд.
  2. Сарони давлатҳо тасдиқ карданд, ки яке аз муҳимтарин самтҳои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Дар робита ба ин, ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, инфрасохтори шаҳрсозӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, коркард ва истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тиҷорат, сайёҳӣ ва ғайра муҳим медонанд. Ҷонибҳо нияти худро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории давлатҳои худ тасдиқ карданд.
  Тарафҳо зарур мешуморанд, ки ҳамкории саноатӣ ва агросаноатии давлатҳои Осиёи Марказиро бо мақсади истеҳсоли махсулоти рақобатнок, аз ҷумла, барои содироти якҷоя ба бозорҳои мамлакатҳои сеюм минбаъд ҳам вусъат диҳанд.
  1. Ҷонибҳо нияти худро ҷиҳати фаъолияти пурраи занҷири ҷаҳонии таъминот ва таъмини фаъолияти устувори тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси шабакаи тақсимоти мол, марказҳои савдои наздисарҳадӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва логистикӣ изҳор намуданд.
  2. Тарафҳо аҳамияти истифодаи имкониятҳои потенсиалии ҳамкориро дар шароити инқилоби техникӣ, саноаткунонӣ ва пешрафти илмию техникӣ кайд намуданд. Дар робита ба ин, сарони давлатҳо фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, рақамисозӣ, таҳкими робитаи мутақобилаи инфрасохтори рақамӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои сабзро зарур мешуморанд.
  3. Ҷонибҳо қайд карданд, ки тиҷорати электронӣ яке аз самтҳои босуръат рушдёбанда ва ояндадори ҳамкориҳост ва омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ва саъй кардани кишварҳои минтақа ба платформаҳои ҷаҳонии тиҷорати электронӣ изҳори омодагӣ намуданд.
  4. Тарафҳо бо эътирофи аҳамияти таъсиси системаи ҳамгирошудаи идоракунии ҳамлу нақл дар қаламрави кишварҳои узви Осиёи Марказӣ, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки иқтидори транзитӣ саъй мекунанд.
  5. Сарони давлатҳо бори дигар таъкид карданд, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки минтақа ба як минтақаи муҳими транзитӣ барои ҳамлу нақли тиҷоратӣ ва тиҷорат байни Русия, Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна, Аврупо табдил ёбад ва бо назардошти он, ки давлатҳои минтақа мамлакатҳои тараққиёбандае мебошанд, ки ба баҳр роҳ надоранд, аҳамияти ба вуҷуд овардани занҷири хеле самарабахши логистикии минтакавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нав ва роҳҳои оҳан ва таъмини интеграцияи он ба системаи байналхалқии логистикиро қайд намуданд.
  Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо татбиқи иқтидори бузурги нақлиётию транзитӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар робита ба ин, муҳимияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳсозии фаъолияти гузаргоҳҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти тамоми намудҳои нақлиёт қайд шуд, ки ҳамлу нақл байни кишварҳои минтақа ва транзит тавассути қаламрави онҳо мегузарад.
  1. Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро дар соҳаи бозорҳои молиявӣ бо мақсади баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа тавассути рушди бозорҳои саҳҳомӣ қайд карданд.
  2. Ҷонибҳо бори дигар зарурати идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид карданд.
  3. Сарони давлатҳо аҳамияти хатару чолишҳои экологиро эътироф намуда, аҳамияти густариши ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти рӯзномаи иқлим, бунёди иқтисодиёти камкарбон, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва «сабз», аз ҷумла, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъкид намуданд.
  4. Сарони давлатҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавиро оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, мубориза бо биёбоншавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ, таъмини оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи муҳити зист, экология, ҳифзи гуногунии биологӣ, пиряхҳо ва коркарди партовҳои уран, пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳо дар ин соҳаҳо қайд намуданд.
  Ҷонибҳо аҳамияти иншооти мавҷуда ва сохташавандаи гидроэнергетикӣ барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар Осиёи Марказӣ, ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ дар минтақа бо назардошти манфиатҳои ҳамаи мамлакатҳои минтақа даъват карданд.
  Сарони давлатҳо аҳамияти корҳои ҷиддиро оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал таъкид намуда, зарурати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани онҳо бо дарназардошти манфиатҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро қайд карданд.
  Ҷонибҳо аҳамияти пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар платформаи СММ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини экологии минтақаро таъкид мекунанд.
  1. Ҷонибҳо аҳамият ва зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулоддаро эътироф намуда, ҷонибҳо зарурати муттаҳидсозии минбаъдаи талошҳоро дар чаҳорчӯби платформаи машваратии Форуми минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои изтирории кишварҳои Осиёи Марказӣ қайд карданд.
  2. Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдорро дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷирати байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла, ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғул, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ расониданро эътироф мекунанд.
  3. Сарони давлатҳо зарурати ҳамкории зичро дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, бо мақсади барқарор намудани табодули сайёҳӣ байни кишварҳои минтақа пас аз пандемия, инчунин ташкили экспедитсияҳои муштарак ҷиҳати омӯзиши дурнамои хатсайрҳои наздисарҳадӣ, такмили инфраструктураи роҳ, маршрутҳои автобусҳои туристӣ сертификатсияшуда ба роҳ мондан қайд карданд.
  Ҷонибҳо ба ҳамкории зич миёни мақомоти давлатии сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ, ки ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ва дохилӣ машғуланд, даъват намуданд.
  Ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат ба табодули иттилоот оид ба рушди фаъолияти сайёҳӣ, маводи чопӣ, филмҳо, ҳамкорӣ дар баргузории маъракаҳои таблиғотӣ, конфронсу семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва роуд-шоуҳо изҳор намуданд.
  1. Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои минтақа дар соҳаи маориф ва илм тавассути чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо, инчунин дар доираи форуми ректорони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, ки ба таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмию таълимӣ дар самтҳои афзалиятнок ва густариши ҳамкориҳо дар сатҳи минтақа мусоидат мекунанд.
  2. Ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат ба омӯзиши забонҳои миллӣ ва интишори адабиёт, инчунин густариши робитаҳои олимон, адабиёт ва санъат изҳор намуданд.
  Ҷонибҳо ният доранд, ки барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ саъй кунанд, инчунин ба иттиҳодияҳои миллӣ-фарҳангӣ, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият доранд, дастгирӣ намоянд
  1. Сарони давлатҳо аҳамияти истисноии ҳамоҳангсозии талошҳоро ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои халқҳои муқими минтақа, оммавӣ гардонидани ҷашни Наврӯз, ташаккули фазои ягонаи фарҳангию таърихӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин самтҳои арзишҳо ва ягонагии минтақавии халқҳо созанда қайд намуданд.
  2. Ҷонибҳо ба зарурати таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои ҷавонон ва қабули тадбиру барномаҳои муштарак ҷиҳати дастгирии ҷавонон, дарки иқтидори онҳо, инчунин рушди муколама ва ҳамкории созмонҳои ҷавонони давлатҳои минтақа дар соҳаҳои фарҳанг, илм, технология, соҳибкорӣ, аз ҷумла, дар доираи Форумҳои соҳибкорони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ, мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи пешқадами ҷавонон розӣ шуданд.
  3. Сарони давлатҳо бо назардошти оқибатҳои ҷиддии иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 ҷонибдори густариши ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани омодагӣ ба вокуниши фаврӣ ба мушкилиҳои вазъияти санитарӣ-эпидемиологии минтақа, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илми тиб мебошанд.
  4. Сарони давлатҳо иқтидори баланди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздимарзиро қайд намуда, ҷонибдори фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди робитаҳои минтақавӣ изҳори назар намуданд.
  5. Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки “Харитаи роҳи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024”, Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби форматҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавӣ “Рӯзномаи сабз” барои Осиёи Марказиро тасдиқ кунанд.
  6. Ҷонибҳо аз пешниҳоди баргузории Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд.
  Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон Ата дар фазои анъанавии дӯстона, гарм ва эътимодбахш гузашт.
  Ҷонибҳо ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Нургоҷоевич Ҷапаров барои меҳмоннавозӣ ва сатҳи баланди ташкили вохӯрии машваратӣ изҳори сипос намуданд.
  ш. Чолпон-Атай
  21 июли соли 2022
 
Сарчашма:
https://dunyo.info/ru/site/inner/prezidenti_uzbekistana_kazahstana_kirgizstana_tadzhikistana_i_turkmenistana_virazili_tviordoe_namerenie_soobshta_protivostoyaty_globalynim_i_regionalynim_vizovam-YXv
 
Тарҷума ва таҳияи Дороншоева Н.Ш. н.и.сиёсӣ
Мудири шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА
 
http://www.zoofirma.ru/