wrapper

  Япония номи расмиаш Давлати Япония яп:日本国 мебошад. Япония давлати ҳуқуқбунёд демократӣ ва ягона ба ҳисоб меравад ва шакли идоракунии он монархияи конститутсионӣ мебошад[1]. Тибқи Конститутсияи 3 майи соли 1947 эътибор пайдо карда, императори Япония «рамзи давлат ва ягонагии халқ» мебошад. Император ба пешниҳоди Девони Вазирон таъйинот ва қарорҳои давлатиро қабул мекунад. Сарвазир сиёсати дохилию хориҷии кишварро бо машварати император пеш мебарад. Дар вохӯриҳои дипломатӣ нақши сарварро мебозад. Нарухито аз соли 2019 императори Япония аст ва валиаҳди ӯ шоҳзода Фумихито мебошад.
Хусусияти низоми давлатдории Японияро метавон ба чунин сохтор тақсимбандӣ кард:
  1. Ҳокимияти Қонунгузор
  Мақоми олии ҳокимияти давлатӣ парламент буда, салоҳияти ягонаи мақоми қонунбарори Японияро низ дорад. Он аз ду палата иборат аст, аз ҷумла Палатаи болоӣ - ин палатаи мушовирон ва палатаи поёнӣ - палатаи намояндагон. Палатаи болоӣ-Палатаи Мушовирон, ки аз 242 нафар иборат аст, ки ба муҳлати шаш сол интихоб карда мешавад; нисфи аъзоёни палата дар ҳар се сол баъд аз ба охир расидани ваколати депутатӣ аз нав интихоб карда мешаванд. Раиси палата аз ҷониби мушовирон интихоб карда мешавад ва вазифаи худро ба муҳлати 6 сол ишғол мекунад. Палатаи поёнӣ-Палатаи намояндагон, ки аз 480 вакил иборат аст, ки ба муҳлати чор сол интихоб мешаванд ва дар сурати пеш аз муҳлат пароканда шудани он интихоботи нав метавонад пештар эълон карда шавад. Тибқи конститутсия, парлумон дорои қудрати пурраи қонунгузорӣ буда, ҳуқуқи истисноии идоракунии молияи давлатро дорад. Япония барои ҳамаи шаҳрвандони аз 20-сола боло ҳуқуқи дар интихоботи умумӣ иштирок карданро додааст[2]. Интихобот дар ҳар ду палата тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Дар Япония ду ҳизби асосӣ вуҷуд доранд. Дар соли 2009 Ҳизби сотсиал-либералии демократии Япония курсиҳои аксариятро дар парлумон ба даст овард, [3] дар муносибат ба Ҳизби муҳофизакори либералии демократӣ, ки 54 сол ҳукмронӣ мекард. Дар соли 2012 Ҳизби либерал-демократӣ дар пайи натоиҷи интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ аксарияти курсиҳои парлумонро дубора ба даст овард.
  1. Ҳокимияти иҷроия
  Ҳукумат — мақоми олии ҳокимияти иҷроия буда, ба он сарвазири Япония сардорӣ мекунад. Сарвазир ба вазифаи худ аз ҷониби император бо пешниҳоди парлумон таъйин мешавад. Сарвазир сардори Девони Вазирон мебошад, ки ҳайати ҳукуматро таъйин менамояд[2]. Аз 4 октябри соли 2021 ин вазифаро Фумио Кисида бар уҳда дорад. Сарвазир вазирони давлатиро таъйин мекунад ва ҳақ дорад онҳоро аз вазифа озод кунад. Аксарияти аъзоёни девон бояд аз байни аъзоёни парламент интихоб карда шаванд.
  1. Ҳокимияти судӣ
  Низоми судии Япония аз чаҳор сатҳ иборат аст: Суди Олӣ, Суди Апеллятсионӣ, Суди асосӣ ва Суди интизомӣ. Суди Олӣ мисли судҳои конститутсионии дигар кишварҳо қудрат дорад, ки меъёрҳои ҳуқуқиро ба далели хилофи конститутсия будани онҳо бекор намояд. Аъзои Суди Олиро бо пешниҳоди ҳукумат император ва боқимондаи судяҳоро бо пешниҳоди Суди Олӣ Девони Вазирон таъйин мекунанд[2]. Судҳои марҳилаи апеллятсионӣ судҳои болоӣ, судҳои марҳилаи якум судҳои ноҳиявӣ ва поёнии низоми судӣ судҳои интизомӣ мебошанд. Мақоми назорати қонунҳо — Прокуратураи Олӣ мебошад.
  1. Ҳизбҳои сиёсӣ
  Иштироккунандагони асосии ҳаёти сиёсии Япония, ки стратегия ва усулҳои тараққиёти мамлакатро муайян мекунанд, ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Онҳо ба шаҳрвандон барномаҳои рушди Японияро пешниҳод мекунанд, то ки дар интихобот дастгирӣ аз ҷониби аҳолиро пайдо намоянд ва барои татбиқи онҳо ва иштирок дар идоракунии давлат кӯшиш мекунанд. Дар парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ курсиҳои асосиро намояндагони ин ҳизбҳо ишғол мекунанд. Онҳо ҳукумати марказӣ ва маҳаллии Японияро ташкил медиҳанд.
  Ҳизбе, ки дар интихобот аксарияти курсиҳоро ба даст меорад ва ҳуқуқи ба Девони Вазирон роҳбарӣ карданро дорад. Дар натиҷаи он ҳизби ҳукмрон номида мешавад. Ҳизбҳое, ки дар парлумон курсҳои камро ба даст меоранд ба ҳизби ҳоким ҳуқуқӣ ҳамроҳшавӣ ва ё ин ки ҳамчун мухолиф дар парлумон баромад мекунанд. Бояд қайд кард, ки Рохбари ҳизби либерал-демократӣ Фумио Кисида сарвазири мамлакат мебошад. [4].
  Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар низоми сиёсии он тағйирот ба вуҷуд омад ва аз низоми якаҳизбӣ ба бисёрҳизбӣ гузашт. Имрӯз ду ҳизби асосие, ки идоракунии давлатро ба даст меоранд, дар сари ҳокимият мебошанд. Дар нимаи дуюми асри ХХ кишварро ҳизби либералӣ-демократӣ роҳбарӣ мекард, ки дар муқобили он Ҳизби сотсиал-либерал ва демократӣ буд. Дар ибтидои асри XXI бошад либерал-демократҳо бо демократҳо рақобат ба қудрат мекунанд. Инчунин дар умум чунин ҳизбҳо дар парламент нақши асосиро мебозанд: ҳизби сотсиал-демократӣ; ҳизби либерал-демократӣ; ҳизби “Сакигакэ”; ҳизби комунистӣ; ҳизби Комейто;
  Япония яке аз кишварҳои тараққиётёфтаи минтақаи Осиёи Шарқӣ ба шумор меравад ва кишвар дар иқтисодиёти байналмилалӣ нақши назаррас дорад. Кишвар новобаста аз бохт дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тавонист аз буҳрони ҷаҳонӣ барояд. Акнун Япония дар рушди тамоми самтҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки иҷтимоӣ, ки дар онҳо низоми давлатдорӣ нақши асосиро мебозад, муваффақ шудааст.

                                                                                                                       Адабиёт:
  1. Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 52. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
  2. Япония // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969—1978.
  3. Нака, Ксения: Демократическая партия Японии получила большинство мест в парламенте. РИА Новости https://ria.ru/20090830/182992220.html (санаи муроҷиат:26.08.2022
  4. Закон Японии № 100 от 15 апреля 1950 года "Об избрании на общественные должности" // Законы Японии Дата обращения: 28 октября 2011. Архивировано 29 июля 2016 года.
 
Нарзиев Ҷаҳонгир
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва
доктаранти курси дуюми PhD
 
http://www.zoofirma.ru/