wrapper

  Ҳиндустон боз як бори дигар бо дастгирӣ ва пуштибонӣ аз занон ҷомеаи ҷаҳониро ба ваҷд овард.
  Бори дуюм дар таърихи Ҳиндустон як зан Президент ва бори аввал намоянда аз кастаи поёнӣ интихоб шуд. Ин зан Драупади Мурму буда, аъзои Ҳизби Халқии Ҳиндустон (BJP) мебошад. Дар Ҳиндустон президент дар асоси овоздиҳӣ дар парламент таъин мешавад. Дар овоздиҳии президентӣ, ки 18 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, интихобкунандагони хар ду палатаи парламент инчунин палатаҳои поёнии ассамблеяҳои қонунгузори штатҳо ва территорияҳо иштирок карданд. Имсол дар интихобот 4796 нафар интихобкунандагон овоз доданд. Мурму 64,03% овозҳоро ба даст оварда, аз рақиби мухолифини худ Яшвант Синҳа, ки 35,97% овоз гирифт, хеле пеш гузашт. Ин ғолибияти дувумин Президент - зан дар таърихи Ҳиндустон пас аз Пратибҳа Патил аст.
  Драупади Мурму аз санталҳо, бузургтарин қабилаи мардуми мунда мебошад, ки дар иёлоти Одиша (қаблан Орисса номида мешуд) дар шарқи кишвар зиндагӣ мекунанд. Вай аввалин президенти Ҳиндустон аз миёни намояндагони қабилаҳое, ки ба феҳристи расмии кастаҳо ва қабилаҳои Ҳиндустон дохил карда шудаанд, мебошад. Дар ин феҳрист намояндагони мардуми бумӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ шомил шудаанд, ки дар тӯли таърих мавриди дискриминатсия қарор гирифтаанд. Дар нашри охирини ин феҳрист - 744 қабила аз 22 штати Ҳиндустон ҷой гирифтаанд.
  То имрӯз шумораи аҳолии қабилавии Ҳиндустон 104 миллион нафар мебошанд, ки тақрибан 8,6 фоизи шумораи умумии аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Мардуми қабилавӣ аксаран дар деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд ва ба тибу маориф дастрасӣ надоранд. Ҳукумати Ҳиндустон нисбат ба ин қабилаҳо ва аъзоёни онхо барои хондан ва хизматрасонии тиббӣ дар шаҳрҳои калон имкониятҳои иловагиро фароҳам меорад. Илова бар ин, барои намояндагии қабилаҳо дар ҳукумат квотаҳо вуҷуд доранд.
  Мурму аввалин духтаре буд, ки дар деҳааш ба коллеҷ рафт. Мурму бо нишон додани аттестати мактаби миёнааш бо баҳоҳои аъло як вакили маҳаллиро розӣ кард, ки барои идомаи таҳсилаш маблағ пардохт кунад. Ҳамин тариқ, вай коллеҷи занонаи Рама Девиро хатм кард. Пас аз хатми коллеҷ, Драупади бо оилааш ба шаҳри Раирангпур кӯчид, ва дар он ҷо ба ҳайси ассистенти профессори Институти таълим ва тадқиқоти интегралии Шри Ауробиндо ба кор шурӯъ намуд. Пас аз чанд сол, вай дар Идораи обёрии ҳукумати Одиша вазифа гирифт. Фаъолияти сиёсии ӯ соли 1997 аз замони интихоб шуданаш ба маҷлиси ноҳиявӣ оғоз шуд.
  Драупади Мурму ба Ҳизби халқии Ҳиндустон (BJP) аъзо шуд, аз соли 2000 то 2002 дар ҳукумати иёлоти зодгоҳаш вазири тиҷорат ва нақлиёт буд. Аз соли 2002 то 2004, Мурму ба ҳайси вазири рушди моҳидорӣ ва чорводорӣ кор кардааст.
  Ба ин комёбиҳо, на танҳо маҳорати ташкилотчигии ӯ, балки дастгирии Бҳаратия Ҷаната Парти, ки соли 2014 дар Ҳиндустон таҳти сарварии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба сари қудрат омад, мусоидат кард. Нарендра Модӣ зодаи иёлоти Гуҷарот, низ аз рӯи асл ба табақаҳои поёнии Ҳинд тааллуқ дорад, ки ба феҳристи "Дигар табақаҳои ақибмонда" шомил шудаанд.
  Расонаҳои Ҳиндустон таваҷҷуҳро ба он ҷалб мекунанд, ки Драупади Мурму аз як қатор фоҷеаҳои шахсӣ, ки аз соли 2009 то 2015 аз сар гузаронида, ду писар ва шавҳарашро аз даст дод, шикаст нахӯрд. "Мурма дард ва муборизаи зиёдеро аз сар гузаронд, аммо вай аз душвориҳо наметарсад" гуфт собиқ президенти BJP Манмоҳан Самал.
  Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки аз номзадии ӯ пуштибонӣ кард, изҳори итминон кард, ки Мурму "Президенти бузург" мешавад ва ба камбағалону мазлумон кӯмак хоҳад кард.
  "Драупади Мурму ҳаёти худро ба хидмат ба ҷомеа ва тавонмандсозии камбағалону мазлумон бахшидааст. Вай таҷрибаи бои корӣ дорад ва губернатори барҷаста буд. Фаҳмиши вай дар бораи масъалаҳои сиёсӣ ва дилсӯзии ӯ ба кишвари мо фоидаи калон хоҳад овард -" гуфт сарвазир Модӣ ва изҳори итминон кард, ки Мурму аз ҷониби тамоми бахшҳои ҷомеаи Ҳиндустон баҳои баланд хоҳад гирифт.

Душанбиева Нигина
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
 
http://www.zoofirma.ru/