wrapper

  Ҷумҳурии Ҳиндустон стратегияи бисёрсамтаи сиёсию иқтисодии хориҷиро пайгирӣ менамояд, ки бо дарназардошти муносибатҳои судманд бо тамоми субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ роҳандозӣ мегардад. Ҳукумати Ҳиндустон диққати бештар барои густариши муносибатҳои бисёрсамта, пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои наздики худ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, бо минтақаҳои мамолики африкоию арабӣ, кишварҳои дуру наздик ва махсусан ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар заминаи созмонҳои байналхалқӣ, байниминтақавӣ ва минтақавӣ равона месозад.
  Стратегияи бузурги Ҳиндустон тамоми мамолики ҷаҳонро ба се доираи бузург ҷудо менамояд: доираи аввал, кишварҳои бевосита ҳамсарҳади Ҷумҳурии Ҳиндустонро фаро мегирад. Дар ин самт, кишвар талош меварзад, ки мудохилаи кишварҳои сеюмро дар минтақа коҳиш диҳад. Ба доираи дуюм, доираи васеъи ҳамсояҳои Осиё дохил мешаванд, ки дар соҳили уқёнуси Ҳинд ҷойгиранд. Дар ин самт, Ҳукумати Ҳиндустон талош бар он дорад, ки таъсири кишварҳои бузургро баробар намуда, имкони мудохиларо ба манфиатҳои он роҳ надиҳад. Ба доираи сеюм, қариб тамоми саҳнаи ҷаҳонӣ дохил гардидааст. Дар ин ҷода бошад, Ҳиндустон мекӯшад, то ба яке аз абарқудратони бузурги ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфта, бозингари калидии ҳалли масоили сулҳ ва амнияти байналмилалӣ гардад[1].
  Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳайати созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии мазкур фаъолона иштирок менамояд: Аъзои СММ (UN), ЮНКТАД – идораи комиссарияти олии СММ оид ба масъалаи муҳоҷирон, Иттиҳоди миллатҳо (Commonwealth of Nations), Бонки рушди африқоӣ, Бонки рушди осиёӣ, Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ, Интерпол, Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ – SCO), Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (АҲМОҶ – SAARC), Кишварҳои дорои иқтисоди зудтараққикунанда (BRICS), Аъзо – асосгузори Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ (NAM), Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу – Шарқӣ (АСЕАН), Созмони умумиҷаҳонии савдо (WTO) мебошад.
  Сиёсати хориҷии Ҳиндустон дар асоси принсипи ҳамроҳнашавӣ ва ҳалли сулҳонаи баҳсҳои байналхалқӣ фаъолият мекунад. Ҳиндустон солҳои пеш ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқи худмуайянкунии халқҳои мустамлика гардида, баромад мекард ва дар замони муосир бошад барои дастгирии давлатҳои рӯ ба инкишоф, пеш аз ҳама давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ баромад менамояд[2].
  Илова ба ин, принсипи ҳамроҳнашавии сиёсати хориҷии Ҳиндустон дар асоси консепсияи ҳамзистии осоишта бунёд ёфтааст. “Панҷа шила” ё “Панҷ принсип” маънии ҳаракати ҳамроҳнашавиро инъикос намуда, аз ҷанбаҳои зерин иборат мебошад:
  • Эҳтироми якпорчагии ҳудуд ва соҳибихтиёрӣ;
  • Ҳуҷум накардан ба ҳамдигар
  • Дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар;
  • Дастгирӣ кардани баробарӣ дар арсаи байналхалқӣ;
  • Эҳтироми манфиатҳои ҳамдигарӣ[3].
  Фаъолияти кишвар дар созмонҳои байналхалқӣ хеле назаррас ва самаранок буда, Ҳиндустон аъзои Ассотсиатсия оид ба ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC - South Asian Association of Regional Cooperation) мебошад, ки 8 декабри соли 1985 ташкил шудааст. Он дар натиҷаи вохӯрии сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои 7 кишвари Осиёи Ҷанубӣ – Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Малдив, Непал, Покистон ва Шри – Ланка, ки дар Дохаи Бангладеш доир гардид, ташкил гардидааст. Ин созмон дар назди худ як қатор ҳадафҳоро гузоштааст, ки инҳо аз қабили инкишоф ва мустаҳкам намудани «худтаъминнамоии дастаҷамъона» байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ҳамкории фаъолона ва ёрии ҳамдигарӣ дар самти иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ва илмӣ ва ғайра мебошад. Дар доираи ин созмон палатаи тиҷоратӣ – саноатии Ассотсиатсия оид ба ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ташкил гардид, ки қароргоҳи он дар Қарочии Покистон воқеъ аст. Аз моҳи декабри соли 1995 созишнома оид ба имтиёзҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои – аъзои Ассотсиатсия оид ба ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва як қатор созишномаҳои дигар оид ба масъалаи амнияти озӯқаворӣ, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, табодули олимон ва донишҷӯён, бекор кардани монеаҳои раводидӣ (визавӣ) ва ғайра фаъол гардиданд. Дар соли 2004 Ассотсиатсия оид ба ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ як қатор барномаҳои ҳамкориро коркард кард, ки соҳаҳои зеринро фаро мегиранд: хоҷагии қишлоқ, коммуникатсия, маориф ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, вазъи демографӣ, метеорологӣ (бодуҳавосанҷӣ), мубориза ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳо.
  Ҳиндустон барои дигар кишварҳои аъзоёни Созишномаи Ассотсиатсия оид ба ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ молҳои имтиёзнокро пешниҳод кардааст, ки он дар шакли бекор кардани монеаҳои ғайритарифӣ (ғайринақдӣ) барои 2284 номгӯи маҳсулот роҳандозӣ мегардад. Ҳиссаи Ҳиндустон дар содироти умумии кишварҳои аъзои Ассотсиатсия оид ба ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ тақрибан 68,9 % - ро ва ҳиссаи воридотии маҳсулотҳо аз тиҷорати муштараки кишварҳо – танҳо 14% - ро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин Ҳиндустон дорои фаъолияти назарраси тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ буда, даромади он 1,5 млрд. доллари амрикоиро ташкил менамояд.
  Дар миёнаи солҳои 1990 Ҳиндустон сиёсати “Рӯ ба сӯи Шарқ”-ро эълон карда буд, ки он ба самти кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равона гардида буд. Ин ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии Ҳиндустон бо кишварҳои ин минтақа як такони ҷиддӣ дод. Бо ин роҳ Ҳиндустон мехост аз иқтидор ва имконоти Ассотсиатсияи кишварҳои Ҷанубу Шарқӣ Осиё (Association of South-East Asian Nations – ASEAN), ки соли 1967 дар Бангкоки Тайланд ташкил шудааст, истифода барад. Ин созмон дар натиҷаи муттаҳид гаштани 5-кишвари ин минтақа – Индонезия, Малайзия, Филиппин, Сингҳапур ва Тайланд ташкил ёфтааст.
  Дар доираи сиёсати “Рӯ ба сӯи Шарқ” Ҳиндустон инчунин дар бунёди созмони минтақавии кишварҳои соҳилии халиҷи Банғол бо мақсади рушди ҳамкориҳои техникӣ ва иқтисодӣ миёнии онҳо иштирок кард. Дар ҳайати он кишварҳои – Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Мянма (Бирма), Непал, Тайланд ва Шри–Ланка шомиланд. Ин созмон 31 июли соли 2004 дар вохӯрии аввали сарони давлатҳои мазкур дар Банкоки Тайланд ташкил гардид, ки номи “Иқдоми кишварҳои халиҷи Банғол оид ба ҳамкориҳои бисёртарафаи техникӣ ва иқтисодӣ” (Bay of Bengal Initiative for Multisectoral Technical and Economic Cooperation – BIMSTEС) – ро гирифт.
  Созмони минтақавии мазкур дар асоси хусусиятҳои ҷуғрофӣ созмон дода шуд, аммо дар ҳайати он Бутан ва Непал низ шомил гардиданд, ки роҳи баромад ба халиҷи Банғолро надоранд, вале пайвастагии онҳо тавассути Ҳиндустон сурат мегирад. Хусусияти хоси дигари созмон дар он аст, ки дар ҳайати BIMSTEС ҳамаи кишварҳои – аъзои SAARC ба ғайр аз Покистон ва Малдив дохил мебошанд[4].
  Дар Эъломияи кишварҳои – аъзои BIMSTEС қайд шудааст, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои дар ҳайати ин созмон шомил буда, сарватҳои бойи табиӣ ва инсонӣ, имконияти фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳамкориҳои манфиатовар мусоидат намуда, инчунин оид ба истифодаи самараноки захираҳои халиҷи Банғол қайд гардидааст.
  Ташкили BIMSTЕС яке аз қисматҳои муҳими сиёсати иқтисоди хориҷии Ҳиндустон ба шумор рафта, самти асосии онро ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубӣ – Шарқӣ ташкил медиҳад. Дар аввалин вохурии вазирони тиҷорати давлатҳои иштироккунанда дар бораи табдили BIМSТЕС ба Созишнома оид ба тиҷорати озод миёни кишварҳо эълон гардид, ки ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирифт:
  • Дастгирии тиҷорати озод байни кишварҳои иштироккунанда;
  • Инкишофи ҳаҷми сармоягузорӣ;
  • Васеъ кардани ширкатҳои техникӣ
  Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавӣ бо кишварҳои Уқёнуси Ҳинд (Indian Ocean Rim Association for Regional Coorepation – IOR-ARC),  иштироки фаъолона дорад ва он соли 1997 ташкил гардида, дар он 15 кишвар иштирок менамоянд. Дар миёни онҳо – Ҳиндустон махсусан кишварҳои африқоиро ҷудо мекунад, ки яке аз самтҳои имконпазири содиротии молҳои Ҳиндустон мебошад.
  BRICS – гурӯҳи аз панҷ давлати зуд тараққикунандаи ҷаҳон, ба монанди Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷунубӣ мебошад. Худи истилоҳи BRICS бошад аз ҳарфҳои аввали кишварҳои аъзои он гирифта шудааст.
  Пайдарпай омадани ҳарфҳои аввали кишварҳо дар ин калима на танҳо барои озод талаффӯз шудани он аст, балки худи калима - BRICS дар транскрипсия ба калимаи англисии brick - «хишт» хеле шабоҳат дорад. Аз ин рӯ, истилоҳи мазкур ба сифати инъикоскунандаи хислати гурӯҳи давлатҳои мазкур баён мегардад, ки онҳо сатҳи баланди тараққиро доро буда, метавонанд дар оянда рушди иқтисоди ҷаҳониро таъмин намоянд.  
  Шакли кутоҳшудаи BRIC (ҳоло ҶАҶ ба ин гурӯҳ шомил набуд) бори нахуст аз ҷониби Ҷим О’Нил, таҳлилгари Goldman Sachs (Голдман – Сакс) дар моҳи ноябри соли 2001 дар хатчаи таҳлилии бонк пешниҳод шуда буд. Дар натиҷаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) ба BRIC аз 18 феврали соли 2011, дар асоси пешниҳоди вазири молияи Ҳиндустон – аз ин давра гурӯҳи кишварҳо номи BRICS–ро гирифт. Дар пайравӣ аз нуқтаи назари худ оид ба имконоти «Чоргонаи бузург», мутахассис Ҷим О’Нил дар мақолаи худ аз 23 июни соли 2009 дар маҷаллаи “The Times” бетағйир будани назари худро оид ба он ки то соли 2027 ММД Чин метавонад ба ММД ИМА баробар гардад, тасдиқ намуд. Мувофиқи назари ӯ, то соли 2050 ҳаҷми иқтисоди гурӯҳи давлатҳо аз ҳаҷми иқтисоди кишварҳои бойтарини дунё (Ҳафтгонаи Бузург) хоҳад гузашт.
  Хислати асосии кишварҳои аъзои BRICS –ин ҳамчун кишварҳои бузурги зудтараққикунандаи ҷаҳон будани онҳо, маҳсуб мегардад. Мавқеи муфиди ин давлатҳо, имкони истифодаи самараноки захираҳоро фароҳам меорад, ки миёни кишварҳо дар чунин шакл тақсим шудаанд:
  • Бразилия – аз сарватҳои хоҷагии ҳалқ бой;
  • Россия – бузургтарин кишвари содиркунандаи сарватҳои менералӣ;
  • Ҳиндустон – сарватҳои арзони интеллектуалӣ;
  • Хитой – дорои сарватҳои қувваи кории арзон;
  • Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – дорандаи сарватҳои бузурги табиӣ.
  Инҳо сарватҳои асосие мебошанд, ки иқтисоди кишварҳо бештар ба онҳо такия менамоянд.
  Вазоифи муайяне, ки дар назди сиёсати хориҷии Ҳиндустон гузошта мешавад манфиатҳои он муайян гардида, хислати якхеларо касб менамояд, ки ҳаётан муҳим, асосӣ ва масоили мавҷудият мебошад. Боз ин тавр ҳам мешавад, ки ҳадафҳои элита метавонад самти манофеи миллии кишварро дар сиёсати хориҷӣ тағйир диҳад.
  Аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса кард, ки фаъолияти сиёсати хориҷии ҳар як давлатро мундариҷа ва хислати равобити он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ ва аъзоёни алоҳидаи ин ҷомеа ва самти мустаҳкамнамоии мавқеи байналмилалӣ бо роҳи таъмини шароитҳои мусоидтаре дар саҳнаи байналхалқӣ муайян менамояд.

Достиева Дилафрӯз,
лаборанти калони шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
[1]Cи Раджа Мохан. Индия и политическое равновесие. «Россия в глобальной политике», №4, 21.08.06, http://www.perspektivy.info/print.php?ID=36125
[2] Семячкин А.А. Индия в системе международных отношений: проблемы и перспективы. http://mir-politika.ru/3586-indiya-v-sisteme-mezhdunarodnyh-otnosheniy.html
[3]Индия / Участие в международных организациях и режимах, основные внешнеполитические контрагенты и партнёры, отношения с Россией. www.hyno.ru/tom2/352.html/
 
 
http://www.zoofirma.ru/