wrapper

  Мавриди зикр аст, ки мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 20 ва 21-уми июли соли равон дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкули Қирғизистон баргузор шуд.
  Дар вохӯрӣ президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон - Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов, Қосимҷомарт Тоқаев, Сардор Бердимуҳаммадов ва Шавкат Мирзиёев иштирок карда, суханронӣ карданд.
  Мулоқоту машваратҳои ғайри расмӣ ва дӯстона роҳбарони ин кишварҳо нахустин бор бо машварат ва пешниҳоди Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми мулоқот ва суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ пешниҳод гардид. Ҳамин тавр, мулоқоти якуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон барпо шуда буд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани иқтидори фаровони табиӣ дар минтақа ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.
  Ҷанбаҳо ва самтҳои муҳими ҳамкориҳо байни ин ду минтақа аз ҷониби коршиносони минтақа алалхусус Илдар Ёқубов мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, ки нукоти муҳими онро пешкаши хонандагон менамоем.
  Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таърихан ба мисли Русия, Чин, Ховари Миёна аҳамияти хоса дорад. Зеро дар замонҳои қадим як шохаи Роҳи бузурги абрешим ба Осиёи Ҷанубӣ мерафт. Мавриди зикр аст, ки роҳҳои қадим аҳамияти стратегии худро дар тӯли таърих нигоҳ дошта, нақш бозиданд.
  Бояд қайд кард, ки робитаҳои байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар асри XIX замони бозиҳои геополитикии Русия ва Британия, қатъ гардида буд.
  Дар ҳамин ҳол, таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ боиси эҳёи манфиатҳои тарафайн ва кӯшишҳои барқарор намудани робитаҳои байниминтақавӣ гардид. Кишварҳои Осиёи Миёна худро аз уқёнусҳо ҷудо карда, самти ҷанубӣ роҳи географии кутоҳтарин ба бандарҳои баҳрӣ гардид.
  Бояд қайд кард, ки Осиёи Ҷанубӣ як бозори бузургест, ки дорои беш аз 1,7 миллиард нафар аст. Покистон, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба Осиёи Марказӣ наздиктарин кишвар аст, беш аз 200 миллион аҳолӣ дорад, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад.
  Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки бо эҷод ва таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ онҳо метавонанд якдигарро аз ҷиҳати энергия пурра таъмин кунанд. Бесабаб нест, ки дар давоми даврони истиқлолият тавассути лоиҳаҳои содироти газ ва иқтидори энергетикӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон ва Ҳиндустон корҳое ба нақша гирифта шуданд.
  Дар ин зимн, кишвари Покистон аз ташаккули давлатҳои нави Осиёи Марказӣ истиқбол кард. Ҳамин тавр, ин кишвар шарикони эҳтимолии геострагиашро дар панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар самти бозорҳои нави фурӯш ва манбаъҳои ашёи хом ва инчунин дастрасии умедбахш ба фазои Евразия роҳандозӣ кард.
  Кӯшишҳо барои татбиқи иқтидори мавҷуда, пас аз таъсиси давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтанд. Афзалияти анъанавии геополитика барои Покистон бо бартариҳои ҷойгиршавии стратегии он дар сиёсати Осиёи Марказӣ комилан зоҳир шуда, баъзе коршиносони покистонӣ иқтидори имкониятҳои бозори Осиёи Марказиро 80 миллиард доллари амрикоӣ тахмин мезананд, ки дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми назаррас дошта, барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти бузург дорад.
  Бо тағйири вазъ дар минтақа, хусусан ноамнӣ дар Афғонистон кишвари Покистон барои таъмини амният аз ин давлат соли 1994 ҳимоят кард, ки дар ҳамин давра идеяи интиқоли гази трансафғонӣ аз Туркманистон ба Покистон ва Ҳиндустон пайдо шуд.
  Ҳамин тавр, консепсияи «Осиёи Бузурги Марказӣ», ки соли 2005 ба миён гузошта шуда, дар натиҷа ба идеяи минтақаи ягонаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ва лоиҳа «Роҳи нави абрешим» табдил ёфт.
  Тибқи натиҷагирии коршиносон лоиҳаи “Роҳи нави абрешим” дар рушди коммуникатсияҳои транзитӣ ва роҳҳои нави тиҷоратро дар бар мегирад ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо такя ба ҳузури низомиву иқтисодӣ ва инчунин лоиҳаҳои рушди институтсионалӣ дар самтҳои энергетика-содироти захираҳои энергетикӣ аз Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон аз роҳи татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 – рушди саноати барқ дар Афғонистон ва таъсиси шабакаи минтақавии энергетикӣ бо иштироки Покистон ва Ҳиндустон, Туркманистон-лӯлаи гази Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (TAPI), савдо ва наклиёт-инкишофи роҳҳои коммуникатсионӣ ё нақлиёт, ҳамкориҳои гумрукӣ ва сарҳадӣ-осон кардани расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар гузаргоҳҳои асосии сарҳадӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона- тавсеаи имкониятҳо барои мубодила, афзоиши имкониятҳо барои ҷавонон, занон ва ақаллиятҳо омода буд, саҳм гузорад.
  Вале бо пайдо шудани вазъи носуботӣ ва низоъҳо дар Афғонистон Вашингтон натавонист иҷрои тарҳҳои мазкурро амалӣ созад, лиҳозо амалишавии лоиҳаи “Роҳи нави абрешим” танҳо ноумедкунанда боқӣ монд.
  Дар ин зимн, долонҳои нақлиётие, ки аз Афғонистон гузар мекунанд, инкишоф ёфтанд. Созишномаи Ашқобод, ки соли 2011 аз ҷониби Эрон, Уммон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ҳадафи иҷрои тарҳи як долони нақлиётӣ мебошад, ки метавонад Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам бипайвандад. Дар ин тарҳҳо Эрон ва бандари Чобаҳор, ки бо сармояи Ҳинд бозсозӣ шудааст, нақши асосиро мебозанд, ки роҳро ба Ҳинд боз мекунад.
  Тибқи овардаи коршиносони минтақа, самти дигари расидан ба Афғонистон тавассути Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки роҳи асосии нақлиёти шоҳроҳи Қарақорум аст, ки қаламравҳои Чин ва Покистонро бо ҳам мепайвандад. Ҳанӯз дар соли 2004 созишнома дар бораи таъсиси долони нақлиётии Карочӣ – Қошғар – Бишкек – Алмаато аст, ки аз соли 2008 ба кор шурӯъ карда, ОМ-ро ба Осиёи Ҷанубӣ пайваст менамояд.
  Мавриди зикр аст, ки масири Транс-Эрон минтақаи Осиёи Марказиро танҳо бо Ҳиндустон ва масири Транс-Чинӣ бо Покистон мепайвандад. Суботу сулҳи Афғонистон барои ба роҳ мондани ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, махсусан пешрафт дар рушди робитаҳои байниминтақавӣ зарур аст.
  Бо вуҷуди идомаи муноқишаи Афғонистон, Тошканд саъй дорад тарҳҳои нақлиётиро дар ҷануб анҷом диҳад. Дар ин росто метавон талошҳои ба даст овардани созиш бо Покистон дар мавриди бунёди роҳҳои иртиботӣ, бо боздиду мулоқоти роҳбарони кишварҳо тавсеа ва таҳким ёфт, ки оғози татбиқи амали он моҳи сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд.
  Дар баробари ин барои дастёбӣ Осиёи Ҷанубӣ ва ба бозори Ҳиндустон ва дигар давлатҳои минтақаи шарқи Покистон вокеъ гардида, муноқишаҳои Ҳинду Покистон бояд бартараф шаванд, ки асоси он ба масоили минтақаи Кашмир вобастагӣ дорад. Лизо кашфу эҷоди долонҳои нақлиётии Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро бо ҳам наздиктар сохта, мепайвандад.
  Ба назар мерасад густариш ва тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ ва таҳаққуқи потенсиалҳои бузурги табиӣ ва машрут ба таърих ва ормони мутақобили кишварҳои калидии минтақа муҳим арзёбӣ мешавад. Ба хамдигар мукаммал будани бозорҳо, иқтидори транзитӣ ва имконияти кӯтоҳтарин ба уқёнуси ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ шароити табиӣ фароҳам меоварад.
  Чунин ба назар мерасад, ки танҳо оғози раванди сулҳи воқеӣ ва тағйири таносуби нерӯҳо дар Афғонистон метавонад омили аслии таҳияи тарҳҳои калидии фароафғонӣ шавад.
  Хулоса, коршиносон ва таҳлилгарон арзишҳои Осиёи Ҷанубиро дар рушд ва суботи минтақавӣ дониста, пешниҳод менамоянд, ки давлатмардони кишварҳои минтақа аз стратегияи инсонгароии “афзоиши тиҷорат”, “коҳиши ҷангу ҷаҳолат”, “ҳамдиливу ҳамзабонию фароғат” кор гирифта, тавассути он поя ва сутуни рушди устувор ва амниятро дар минтақа фароҳам оваранд, то тавонанд муштаракона минтақаро ба як маркази нави тиҷоратӣ, саёҳативу саноатии Осиё ва ҷаҳон табдил диҳанд.
  Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодист ва ҳамкорию пайванди он бо давлатҳои Осиёи Миёна муҳим арзёбӣ шуда, омили рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, субот ва амният буда, ҷаласаи мазкури роҳбарони кишварҳо, суботи равонӣ ва рӯҳии тамоми мардумони минтақа дар рушду нумӯи иқтисоду фарҳангӣ заминаи устувор ба вуҷуд меоварад.

Таҳияи Мирсаид Раҳмонов,
таҳлилгари шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
http://www.zoofirma.ru/