wrapper

  Дар воқеъ Истиқлол - рамзи хушбахтии насли ояндасози миллати тамаддунофари тоҷик аст.
  Истиқлол ҳадафи авлотару волотар нисбат ба ҳадафу манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ буда, барои мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун арзиши муқаддас маҳсуб меёбад.
  Бинобар ин, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нодиртарин, муқаддастарин неъмати бузургу бебаҳое мебошад, ки насиби мардуми куҳанбунёду фарҳангсолор ва пеш аз ҳама хуштолеъи тоҷику тоҷикистониён гардидааст.
  Бояд қайд намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи осону маҷонӣ насиби мо нагардидааст. Чунки мардуми шарифу соҳибхиради тоҷик, марҳилаи аввали истиқлоли давлатии хешро, ки мутаассифона, аз харобкорӣ, сӯхтан, шикастан, нобуд кардан ибтидо гирифта буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Дар воқеъ, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми мо давраи озмоиши сахту талх ва сангину нангини таърих буд, ки ин ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда намегардад.
  Хушбахтона, дар зарфи 31 - соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо шарофати заҳматҳои софдилонаи ҳалқи бонангу номуси мамалакат - дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас давра ба давра ноил гардида истодаем.
  Озодиву истиқлол ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин мамлакат мебошад.
  Дар баробари Истиқлоли давлатӣ вожаҳои Забон, Модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёди миллатамон - ҳалқаҳои васлеанд, ки моро ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамо менамоянд.
  Истиқлол ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намояд.
  Озодиву истиқлол дастовардҳои бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани ин арзишҳои нодир, то ҷон дар бадан дорем, талош намоем, ки ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намоем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
  Аз ин рӯ, ба шарафи ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар аз ҷониби поягузори Истиқлоли давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардидани китоби “Тоҷикон” - шиносномаи миллат ин худ ҳодисаи нодир, нишон аз ҳисси баландӣ худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад, чунки истиқлол аз худшиносӣ ва ватандӯстӣ ибтидо мегирад.
  Истиқлол ҷашни фархунда аст. Истиқбол аз Истиқлол мардуми моро зери парчами парафшони Ватан абадӣ муттаҳид месозад.
  Ниёгони бузурги миллат чунин васият кардаанд: ҳар кӣ ватанашро дӯст надорад, номус надорад ва ҳар касе ки номус надорад, бахт надорад.
  Ҷашни 31 - солагии Истиқлоли давлатии ватанро барои ҳаммеҳанон муборакбод мегӯям. Бигзор пойдевори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкамтар гардида, мардуми шарифи он дар ҷодаҳои зиндагӣ шарафманд гарданд.
 
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,
ходими пешбари илмии Институт
 
http://www.zoofirma.ru/