Нусхаи чопи
  Ҷумҳурии  Индонезия дар минтақаи ОҶШ яке аз гиганти минтақа ба шумор меравад. Зеро кишвар аз рӯи ҳудуд 1. 919. 440 км2 буда, кишвари калонтарин дар минтақа аст ва аз рӯи аҳолӣ 266 357 297 соли (2018) миллион нафар аст. Дар ҷаҳон сераҳолитарин кишвар пас аз Хитой, Ҳиндустон ва ИМА мебошад. Аз рӯи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи чорумро ишғол менамояд. Индонезия кишвари бузурги иқтисодии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. 17 августи соли 1945 аз мустамликаи Нидерландия истиқлолият ба даст овард. Пойтахти кишвар шаҳри Ҷакарта ва сохти давлатдори унитарӣ-презиентӣ буда, аз 20 октябри соли 2014 то имрӯз мансаби президентиро Ҷоко Видодо роҳбари мекунад.
  Индонезия зиёда аз 300 сол зери мустамликаи Голандия буд. Дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ соли 1942 ҷопониҳо ба Индонезия ҳамла намуда, мустамликаҳои ҳоландиро дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ махсусан Индонезияро аз мустамликаи Голандия озод намуданд. Дар он ҷо тартиботи навро ҷорӣ намуданд, ки аз мустамликавӣ боз ҳам сахттар буд. Дар натиҷа, ҳаракати миллӣ-озодихоҳии ҳизби миллии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият мубориза бурданд, ки роҳбарии онро Сукарно дар соли 1928 таъсис дода буд. Бо шарофати Япония мубориза барои таъсиси давлати соҳибистиқлоли Индонезия осон гардид. Голандия бошад ба баргардонидани мустамликаи худ муваффақ нашуд. Ҷумҳурии Индонезия баъди муборизаҳои тӯлонӣ 17-уми августи соли 1945 соҳибистиқлолияти худро эълон намуда, конститутсияашро қабул кард. Мутобиқи он Индонезия ҷумҳурии унитарӣ ва президентӣ эълон гардид. Аввалин президенти кишвар ва асосгузори давлати Индонезия Сукарно интихоб шуда, ваколатҳои зиёдро соҳиб гардид. Консепсияи демократияи “самти” сохта шуданд.
  Нависанда Прамоедия Ананта Тоер дар бораи Сукарно чунин ишора мекунад: "Сукарно ягона роҳбари осиёӣ дар даврони муосир буд, ки тавонист ақвом, маданият ва динҳои гуногунро бидуни рехтани хун бо ҳам муттаҳид сохта, зери сояи як парчам муттаҳид созад".
  Бояд кайд кард, ки Индонезия барои ба даст овардани истиқлолияти миллӣ мушкилот ва муборизаи дуру дарозро аз сар гузаронидааст. Дар моҳи марти соли 1947 Голандия ҳокимияти ҷумҳуриро ҳамчун де-факто эътироф намуд. Ҳизбҳои асосии сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Индонезия ниҳоятан барои ташкили давлати ягона, дар натиҷаи ҳаракати умумихалқӣ 17-уми августи соли 1950 ҷумҳурии унитариро таъсис дод. Соли 1945 ҳизби асосии тарафи рост, ҳизби Машуми ва Шӯрои мусулмонони индонезӣ таъсис ёфт.[1]
  Дар давоми солҳои 50-ум кишвар майдони рақобати шадиди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ барои ҳокимият гардид. Интихоботи парлумонӣ дар соли 1955 ҳизби миллии Аҳмад Сукарноро ғолиб шуморид. Дар натиҷа буҳрони парлумонӣ ба амал омад. Дар ин вазъияти шадид президент Сукарно барномаеро интишор намуд, ки ба самти устувории вазъият дар кишвар равона шуда ва номи “консепсияи президент”-ро гирифт. Мундариҷаи аслии он ташкил намудани ҳамкории ҳамаи табақа ва гурӯҳҳои ҷомеаи индонезӣ буд. Дар пешрафти барномаи худ Сукарно ғояи “иқтисоди самти”-ро пешниҳод намуд. Бояд гуфт, ки дар барномаи мазкур вазъи иқтисодию иҷтимоиро ба назар гирифта, Сукарно “иқтисоди самти”-ро пешниҳод намуд. Барномаи “иқтисоди самти” чунин самтҳои рушди иқтисодӣ буданд:
  -сиёсат таъсиси давлати бо қудрат;
  -сармояи хориҷӣ;
  -гузаронидани ислоҳоти аграрӣ.
  Ин сиёсат таъсиси давлати бо қудрат, сармояи хориҷӣ, гузаронидани ислоҳоти аграриро ба роҳ монд. “Демократияи самтӣ ва иқтисоди самтӣ” дар нутқи президент дар моҳи августи соли 1959 номи “манифести сиёсии Ҷумҳурии Индонезия”-ро гирифт. Аз соли 1963 Аҳмад Сукарно якумра президент эълон гардид. Ӯ барномаҳои навро баҳри ворид намудани тағйирот дар кишвар ҷорӣ мекард. Ташкилотҳои сиёсӣ таҳти назорати ӯ қарор дошт. Дар солҳои 50-ум мубориза барои мавқеи сармояи ҳоландӣ васеъ гардид. Дар соли 1958 қонун дар бораи миллигардонӣ намудани корхона ва заминҳои ба ҳоландиҳо тааллуқ дошта қабул гардид. Дар натиҷа зиёда аз 700 корхонаҳои ҳоландӣ миллӣ гардонида шуданд.[2] Ҳукумат кӯшиш менамуд, ки иқтисоди худро баланд бардорад. Норасоии кадрҳои баландихтисос натавонист ба рушди иқтисодӣ оварда расонад. Дар охири солҳои 60-ум ҳукумат кӯшиш намуд қонунҳои аграриро қабул намуда, ҳама қонунҳои марҳилаи истисморгариро рад намояд. Бозсозии сотсиализми индонезӣ Сукарноро бо иттиҳод ва равобит бо ИҶШС водор намуд. Дар моҳи феврали соли 1960 бо Индонезия Никита Хурушев ташриф овард. Созишномае, ки дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ имзо шуд. ИҶШС ба Индонезия қарзҳо пешниҳод намуда, дар коркарди корхонаҳои металургаи сиёҳ ва ранга ва саноати химиявӣ иштирок меварзид. Мушкилоти иқтисодӣ ва вазъи ноумедкунандаи дохилӣ боиси он гардид, ки дар соли 1965 ба табадулот рух дод ва дар натиҷаи он генерал Сухарто президент шуд. Сукарно (1901-1970) 3 сол дар ҳабси хонагӣ монда, 21-уми июни соли 1970 дар беморхонаи Ҷакарта фавтид.
  Тартиботи нави генерал Сухарто (1921-2008) бо ташаккули сохтори нави сиёсии давлат оғоз гардид. Меъёри нави дигар дар кишвар сиёсати дарҳои кушод дар робита ба сармояи Ғарб гардид. Дар соли 1967 қонун дар бораи сармоягузории хориҷӣ қабул гардида, ба хориҷиён имтиёзҳои зиёдро пешниҳод мекард. Ширкатҳои хориҷӣ ба тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар сар дароварда, Сухарто (1921-2008) маҷбур шуд, ки музокирот бо ширкатҳои хориҷиро пеш гузорад. Маҳз дар натиҷаи ин, даромади Индонезия 20% зиёд гардид. Раванди устуворшавии иқтисодӣ аз солҳои 70 ва 80-ум оғоз ёфта, то солҳои 90-ум идома кард. Индонезия вобаста ба коркарди канданиҳои фоиданок дар ҷаҳон нақши пешбарро иҷро менамуд. Дар охири солҳои 70 ва аввали солҳои 80 марҳилаи нави рушди иқтисодӣ оғоз гардид. Индонезия мувофиқи нишондиҳандаҳои рушди худ ба кишварҳое, ки “чор аждаҳо” (Сингапур, Ганконг, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ) ном мебаранд, наздик шуд. Сиёсати кишвар ба иқтисоди миллӣ бештар майл менамуд. Президент Сухарто баъди буҳрони молиявӣ дар Осиё солҳои 1997-1998 дар соли 1998 аз вазифааш даст кашид ва вазифаи Президентиро Сусило Бамбанг Юдхоёно пеш мебурд. Дар кишвар ҳизбҳои зиёди сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Ва ин ба интихоботи ҳизбӣ оварда расонид. Ҳизби демократии Индонезия бо роҳбарии Мегавати Сукарнопутри ҷойи аввалро ишғол намуд. Вале иттиҳоди муваққатии ҳизби сиёсии мусалмонон дар вазифаи президент Абдураҳмон Воҳидро интихоб намуданд. Абдураҳмон Воҳид тавонист каме буҳрони иқтисодии кишварро боло барад, вале вазъи ноороми сиёссии кишвар нагузошт, ки ба хубӣ аз идораи кишвар барояд. Президенти 5-уми ҷумҳурии Индонезия дар соли 2001 Мегавати Сукарнопутри гардид. Ӯ аз синни хурдсолиаш бо сиёсати давлатдорӣ ошно буд.[3] Тақдири сиёсии худро Сукарнопутрӣ бо ташкилоти сиёсии падари худ алоқаманд намуд. Ҷаҳонбинии умумии сиёсии ӯ дар миёнаи солҳои 90-ум ҳангоме ки пешвои сиёсии ҳизби демократӣ мегардад, оғоз шуд. Ӯ дарк намуд, ки мардум режимҳои авторитарии идоранамои низомиро қабул накарда, ба идоранамоии шаҳрвандӣ майл доранд. Сиёсати дохилии кишвар ба устувории назаррасе ноил гардид. Аз соли 2004 президент бевосита дар таҳти овоздиҳии аҳолӣ интихоб мегардад. Мероси вазнин барои ҳукумати Сукарнопутри мушкилоти низоъҳои байнидинӣ ва ҷудоихоҳӣ гардид. Низоъҳо дар байни мусалмонон ва насрониён сар мезаданд.
  Дар соли 2004 аввалин интихоботи парлумонӣ ба таври демократӣ баргузор гардид, ки дар он 24 ҳизб ширкат варзиданд. Мавқеи пешсафро Голкар – эътилоф ба ном гурӯҳҳои функсионалӣ (муаллимон, хизматчиёни идораҳои гуногун, низомиени мустаъфӣ ва ғайра) ишғол намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки дар ҳамон сол мегузашт, тибқи қонунгузории нав, интихоби президент тариқи хоҳиши интихобкунандагон баргузор мешуд, генерали мустаъфӣ С. Б. Юдхойоно роҳбари ҳизби демократҳо интихоб шуд.
  Дар натиҷаи кашмакашҳои қавмӣ дар Индонезия соли 1999 интихоботи озод баргузор шуд ва мардум Абдураҳмон Воҳидро президенти кишвар интихоб намуданд. Аммо дар ҳамин солҳо мардуми минтақаи Тимори Шарқӣ тавассути як раъйпурсӣ аз Индонезия ҷудо гаштанд. Дертар соли 2001 парлумони ин кишвар раиси ҷумҳурро барои фасоди молӣ аз вазифа барканор кард ва ба ҷойяш Мегавати Сукарнолутри президент интихоб шуд. Моҳи декабри соли 2001 ҳукумат бо гурӯҳи ҷудоихоҳи кишвар дар минтақаи Асеҳ баъд аз 26 соли мубориза созишномаи сулҳ баст.[4] Вале ин дер давом накард ва соли 2002 дубора ҷанг сар зад ва дар натиҷа, ҳукумати низомӣ барқарор шуд. Соли 2004 интихобот доир шуд ва собиқ генерали артиш Сусило Бамбанг Юдхойоно раиси кишвар интихоб гашт. Соли 2009 тавассути интихоботи нав раиси ҷумҳур Сусило Бамбанг Юдхойоно дубора пирузӣ ба даст овард. Соли 2014 дар интихоботи нави кишвар мардум Ҷого Видодоро раиси ҷумҳур эълон намуданд, ки то имрӯз ҳукуматро идора мекунад.

Соҳиби Баҳруло,
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 
[1] Демин Л. М., Другов А. Ю, Чуфрин Г. И. Индонезия. Закономерности, тенденции, перспективы развития. — М., 1987.
[2] Другов А. Ю. Индонезия: Курс страноведения.— М.: Восточный Университет, 2005
[3] Пахомова, Людмила Фёдоровна. Модели процветания. (Сингапур, Малайзия, Таиланд, Индонезия). — М., 2007
[4] Погадаев, Виктор Александрович. Индонезия: Краткий справочник. — М.: Ключ-С, 2013. — 248 с. — ISBN 978-5-93136-203-8.