wrapper

  Заминаҳои таърихии ниҳодҳои ҳамгироӣ боиси он гардид, ки созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар асри XXI пайдо ва ташаккул ёфтааст. Ташкилшавии ин созмонҳо бештар хислати тиҷоратиро дошт. Бояд қайд кард, ки созмонҳои байналхалқӣ асосан дар Аврупо ташкил шуда, аввалин иттиҳод, комиссия ва ташкилоту кумитаҳо вобаста ба соҳаҳои гуногун маҳз дар ин минтақа пайдо шуданд. Онҳо ҳамчун образҳои созмонҳои байналмилалӣ баромад карда истодаанд. Шуруъ аз ташкили Комиссияи марказӣ оид ба киштигардӣ дар дарёи Рейн соли 1815 созмонҳои байналхалқӣ соҳиби компитенсия ва салоҳият гаштанд. Дар соҳаи сиёсат бошад, аввалин созмонҳои байналхалқӣ баъди Конгреси Вена соли 1815 пайдо шуда, онро консерти Аврупоӣ ё панҷгонаи Аврупоӣ (пентархия) меноманд, ки аз 5 давлати абарқудрати Англия, Пруссия, Россия, Австрия ва Франсия иборат буданд. Панҷгонаи Аврупоӣ дар соҳаи амният, ки нақши идоракуниро оид ба корҳои Аврупоӣ иҷро мекард, яке аз заминаҳои созмони байналмилалӣ ба шумор мерафт. Ин панҷгона ҳалли масоили батанзимдарории буҳрон ва ҷанг ва дигар масоилро дар бар мегирифт. Принсипи асосии фаъолияти панҷгонаи Аврупоӣ тавозуни қувва ба ҳисоб мерафт.
  Дар нимаи дуюми асри XIX бо назардошти рушди ҳаматарафаи ҷомеа, созмонҳои байналхалқӣ хислати минтақавӣ доштанд. Масалан: соли 1815 Комиссияи марказӣ оид ба киштигардӣ дар дарёи Рейн; соли 1815 дар соҳаи сиёсат панҷгонаи Аврупо; соли 1863 Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх; соли 1864 Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ченкунии замин; соли 1865 Иттиҳоди умумиҷаҳонии Телеграф (Telegraph); соли 1874 Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта; соли 1875 Бюрои байналмилалии тарозу ва тадбирҳо; соли 1886 Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи моликияти адабӣ ва бадеӣ; соли 1890 Иттиҳоди байналмилалии роҳи оҳани боркашонӣ;  соли 1919 Лигаи Миллатҳо таъсис ва ташаккул ёфтанд. [4].
  Ҳамаи ин иттиҳодҳо мақомоти доимӣ, аъзои доимӣ ва штаб квартираи худро доштанд. Зуҳури созмонҳои байналхалқӣ дар охири асри Х1Х инъикос ва натиҷаи объективонаи таҳаввулотӣ ба фаромиллишавии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа боис гашт.
  Марҳилаи нав ва асосии ташаккулёбии созмонҳои байналхалқӣ баъд аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ шуруъ гашт, ки давлатҳо барои дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ созмонҳои байналхалқиро ташкил намуданд. Дар соли 1919 Лигаи Миллатҳо ташкил шуд, ки мақсади асосии он аз таъмини сулҳи умумиҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байни давлатҳои ҷаҳон иборат буд (Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1934 ба ин иттиҳод ҳамроҳ гашт). Лигаи Миллатҳо 18 апрели соли 1946 барҳам хурд, ки ба ҷойи он СММ таъсис ёфт. Мақомоти Лигаи Миллатҳо аз Ҷаласаи умумии аъзоён, Котибот ва шӯрои доимӣ иборат буд. Лигаи Миллатҳо дар маҷмуъ ба ҳамаи ҷангҳо дахл дошта, ҳамаи чораҳоро баҳри ҳифзи сулҳ равона карда буд. Ба ақидаи мутахассисон Лигаи Миллатҳо натавонист аз уҳдаи вазифаҳои дар оинномаи доштаи худ, ки ба танзими низоъҳои байни давлатӣ алоқамандӣ дошт, барояд. Он натавонист, ки Ҷанги дуюми ҷаҳонро пешгирӣ намояд, инчунин, ҳуҷуми Ҷопон ба Чин, Италия ба Эфиопия, Германия ба Австрия ва Чехославакия, Италия ба Испания ва ғайраҳо[1].
  Дар муносибатҳои байналмилалии муосир созмонҳои байналхалқӣ ҳамчун шакли ҳамкориҳои кишварҳо ва дипломатияи бисёрсамта нақш мебозад. Дар замони муосир зиёда аз 20 ҳазор созмонҳои байналхалқӣ мавҷуд мебошанд, ки қисми зиёди онро созмонҳои ғайридавлатӣ ташкил медиҳад. Барӯйхатгирии созмонҳои байналхалкӣ ба дӯши Иттиҳоди байналмилалии ассотсионӣ, ки соли 1909 таъсис ёфтааст ва марказаш ш. Брюссел мебошад, гузошта шудааст. Ин иттиҳод маълумотҳои асосиро дар бораи созмонҳои байналхалқӣ ҳар сол пешниҳод менамояд. То соли 1914 дар ҷаҳон зиёда аз 200 созмонҳои байналхалқии ғайридавлатӣ мавҷуд буд, дар соли 1977 бошад, аз 4500 созмонҳои байналхалқӣ зиёда аз 3500-тои онҳо созмонҳои хислати ғайридавлатидошта буданд, дар соли 1988 аллакай шумораи онҳо ба 5000 расид. Айни ҳол шумораи онҳо (СБҒД) ба 7000 адад расидааст (зиёда аз 700-тои он дар СММ мақоми машваратӣ дорад)[2].
  Хулоса, таърихи ҳамгироии созмонҳои байналмилалӣ дар марҳилаҳои ҷангҳо ташкил ёфта, дар натиҷа ҳуқуқи байналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун як низоми умумибашарӣ қабул гардид ва барои тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ институти муҳими ҳамгироиро ба вуҷуд овард.

                                                                                                                  Адабиёт:
  1. Мазурова Е.К. Глобализация и международные экономические организации / Е.К. Мазурова // Вестник Московского университета. Серия 6, Экономика. – 2009. - №1. – С. 64-81.
  2. Шифф, М и Уинтерс, Л.А. Региональная интеграция и развитие / Морис Шифф и Л. Алан Уинтерс; пер. с англ.; Всемирный банк. – М.: Издательство «Весь Мир», 2007. – 367 с.
  3. Шишков, Ю.В. Отечественная теория региональной интеграции: опыт прошлого и взгляд в будущее / Ю.В. Шишков // Мировая экономика и международные отношения. – 2008. - № 4. – C. 54_63.
  4. Шемятенков В.Г. Европейская интеграция: учебное для вузов. – М.: Международные отношения, 2003 – 399с.
Соҳиби Баҳруло, ходими илмӣ ва
Нарзиев Ҷаҳонгир, ходими хурди илмӣ
 ва докторанти )PhD) курси 2-юми
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 
http://www.zoofirma.ru/