wrapper

  Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне рӯзи Парчам қарор дорем.
  Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи Шӯрои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
  Боиси таъкид аст, ки мувофиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Аз ин лиҳоз, Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамо месозад. Инчунин Парчами давлатӣ – ин рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад.
  Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
  Қайд кардан зарур аст, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
  Хулоса, метавон зикр кард, ки дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат аз даст ба даст мегузашт.
  Имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон ва ҳатто ба кӯдакон фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.
  Бо ин назардошт, дар охир аз фурсати бароям муяссар шуда, ҳамаи Шуморо ва мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси умумимиллӣ табрику муборакбод намуда, осмони софу беғуборро таманно дорам.
 
Юсуфӣ Фарзонаи Шуҳрат
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
http://www.zoofirma.ru/