wrapper

  Нахустин Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пандемияи ковид, ба вазъи хеле мураккаби геосиёсиву иқтисодии ҷаҳон нигоҳ накарда рӯҳбаландкунанда (оптимистӣ) буд.
  Бинобар ин мо ин Паёмро - Паёми рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол номидем.
  Чи тавре ки дар Паём таъкид гардид: «… сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охири рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».
  Бояд қайд намуд, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон (то с. 2030), ки моҳи декабри соли 2016 қабул гардида се сенарияи рушди иқтисодии миллӣ пешбинӣ шуда буд: (1) инертсионӣ (бо 4-5% рушди ММД), (2) индустриалӣ (6-7%) ва (3) индустриалию инноватсионӣ (8-10%).
  Рушди ҳамасолаи иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар Паёми мазкур алоҳида таъкид гардид, дар 5 соли охир ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоизи ММД таъмин гардидаст, ки он аз сенарияи «хуб»-и (индустриалӣ) стратегияи мазкур боло рафта ба сенарияи «аъло»-и (индустриалию инноватсионӣ) наздик  гардидааст. Бинобар ин, Пешвои миллат дар назди Ҳукумати кишвар нигоҳ доштани ин нишондоди соли ҷориро дар солҳои оянда (рушди 8% ММД) супоришҳои мушаххас гузошт. Ин нишондоди хеле муҳим ба ҳалли вазифаи иҷтимои асосии кишвар – коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 оварда расонид, ки он бояд дар оянда низ идома дода шавад.
  Чун анъана буҷети давлатии мо характери иҷтимоӣ дошта, «ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 - 62% зиёд гардид».
  Бояд алоҳида қайд намуд, ки теъдоди муассисаҳои нави таълимӣ (3430) дар 30 соли истиқлолият  аз теъдоди умумии он дар 70 соли шӯравӣ (3229) зиёд гардид. Дар онҳо 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон (ё 23% аҳолӣ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Чунин нишондод дар соҳаи тандурустӣ низ мушоҳида карда мешавад.
  Дар соҳаи моливу қарздиҳӣ ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ алоҳида таъкид карда шуд, ки он барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ такон хоҳад дод.
  Дигар хусусияти хоси Паёми мазкур дар он аст, ки ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд. Дар натиҷаи соли ҷорӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад. Соҳибкорон дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузоштанд ва умеду боварӣ аст, ки он вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд. Инчунин қайд гардид, ки «танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст».
  Ба ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.
  Бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ ва «энергияи сабз» ва дигарон раванди саноатикунонии босуръат ва бахусус, нишондиҳандаҳои содироти мамлакат дар Паём ҳанӯз нокифоя хонда шуд. Бинобар ин, Роҳбари давлат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар якҷо бо вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда супориши мушаххас дод.
  Дар Паём боз алоҳида таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқ аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Имрӯзҳо 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқӣ обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Барои ҳамин аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
  Лекин Роҳбари давлат аз он қаноатманд нагардида, барои коҳиш додани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷи кишвар, ба ин васила мусоидат намудан ба беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дод, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
  Ба яке аз чор стратегияи умумимиллӣ-баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Паёми мазкур низ таваҷҷуҳи хосса дода шуд. Барои ноил гардидан ба он чун дар Паём таъкид гардид: «дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд». Дар маҷмуъ кишвари азизамон тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор ишғол кардааст.
  Боиси хушнудист, ки рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ дар Паёми мазкур алоҳида қайд карда шуд. Тирамоҳи соли ҷорӣ ба ҳамагон баръало маълум гашт, ки сифати интернет дар кишвар хеле ташвишовар аст, чунки зиёда аз 25 ҳазор мутахассиси рус, ки ба кишвари мо омаданд, аз он ҳолати ногувори интернети кишвар қаноатманд нагардида, ба дигар кишварҳои дорои интернети рушдёфта рафтанд. Дар оқибат мо даҳҳо миллион асъори хориҷиро, сайёҳҳони иқтидори молиявии хубдоштаро аз даст додем. Барои ҳамин масъули асосии вазъияти ба миёномада – Хадамоти алоқа якҷо бо ширкатҳои дар ин соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет инчунин дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудан супориши қатъӣ гирифт.
  Чун дар Паём таъкид гардид, дар расидан ба чорумин стратегияи умумимиллӣ-амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор гузошта шуд: «… дар соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд. Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт». Дар ин самт ба гардиш ворид карда шудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ нақши ҳалкунанда доштанд.
  Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ дода шуда, дар натиҷа дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон (дар соли ҷорӣ 1 миллион нафар) ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд. Барои расидан ба ин шумораи назаррас танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Инчунин аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ва барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст. Ба Кумитаи рушди сайёҳӣ барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳа супориш дода шуд, ки корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.
  Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат табдил ёфта истодаст, барои ҳамин ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки аз як тараф лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд, аз тарафи дигар барои зиёд намудани музди меҳнати соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ (20%) ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ (25%) чораҷӯӣ намояд.
  Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва ҷавонон тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст, ки он боз як бор дар Паём алоҳида таъкид гардид.
  Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд, ки он пеш аз ҳама маҳсули консепсияи сиёсати хориҷии кишвар «бисёрсамтӣ ва дарҳои боз» ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар Паём қайд гардид, ки «идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем. Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод».
  Боиси қаноатмандист, ки кишвари соҳибистиқлоламон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
  Ба ақидаи мо, нишондодҳои хуби омории Паёми мазкур дар панҷ соли охир аз як тараф ва аз тарафи дигар супориши саривақтиву мушаххаси Пешвои миллат ба Ҳукумати кишвар, Парламенти миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус, соҳибкорону олимони кишвар омили асосии ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаву барномаҳои он мегардад.
 
Абдуғанӣ Мамадазимов,
дотсенти ДМТ
 
http://www.zoofirma.ru/