wrapper

  Ховаршиноси маъруфи тоҷик шодравон академик А.М. Мирзоев яке аз нахустин ва машҳуртарин муҳаққиқони даврони шӯравии тоҷик дар соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва таърихи адабиёти форс-тоҷик буда, бо дарёфтҳои илмии муҳимму пурарзиши худ дар роҳи таҳқиқи таърих, тамаддун, фалсафа, забон, фолклор, маъхазшиносию матншиносии адабиёти форс-тоҷик, робитаҳои адабӣ ва тарғиб намудану дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани беҳтарин намунаҳои адабиёти форсизабони ҷаҳон саҳми бузург ва шоистаи таҳсин гузоштааст. Доираи фаъолияти ин донишманди пухтакору меҳнатдӯст бисёр васеъ ва доманадор буда, аз таълифи мақолаҳою очеркҳо, дастурҳои таълимию китобҳои дарсии мактаби миёна ва тасвири дастнависҳою таҳияи феҳристҳо то навиштани китобҳои мукаммали адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт ва робитаҳои адабиро фаро мегирад. Ӯ дар муддати фаъолияти чиҳилсолаи бобаракати худ доир ба анвои илмҳои ҷамъиятшиносии дар боло зикргардида ва дигар риштаҳои ба таърихи маданияти халқи тоҷик алоқаманд дар ҳудуди қариб 300 acapy мақолаҳо навишта, дар ҷодаи таҳқиқи таърихи тамаддуну фарҳанги халқи мо ва ривоҷу равнақи илмҳои ҷомеашиносии тоҷик хидмати арзишмандро анҷом додааст.
  Устод А.М. Мирзоев, ки зинаҳои касби камолоти ӯ бо ҷараёни ташаккулу инкишофи илму маърифати муосир ва ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни илми филология дар Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, то вақти ба мақоми баланду сазовори илмӣ расиданаш роҳи пурнишебу фарози ҷустуҷӯро тай намудааст.
  Абдулғанӣ Мирзоев 22 ноябри соли 1908 дар шаҳри Китоби РСС Ӯзбекистон дар оилаи мирзои касбӣ таваллуд ёфта, давраи ҷавонӣ ва таҳсили мактаби миёнаашро дар ҳамин ҷо мегузаронад. Фаъолияти мехнатии ӯ аз синни 16-солагӣ оғоз мегардад. Азбаски дар он айём мамлакати шӯравӣ ба одамони босаводу соҳибмаълумот эҳтиёҷи зиёд дошт, бинобар ин А.М. Мирзоев ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намуданаш ба кор дар ташкилотҳои маҳаллии Ҳокимияти Советӣ сафарбар карда мешавад. Ӯ дар солҳои 1926-28 дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ ва советӣ (котиби комиҷроияи кенти Ҷиндараи вилояти Қашкадарё, мудири шуъбаи умумии комиҷроияи райони Шаҳрисабз) кор карда, дар айни замон бо рӯзномаи ӯзбекии “Камбағал- деҳқон” ва нахустин рӯзномаи тоҷикии “Овози тоҷик” ҳамкорӣ менамояд ва оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзмарра як силсила хабару очеркҳо бо тахаллусҳои Шаҳдӣ, Гулханӣ ва Абдулғанӣ ба табъ мерасонад. Соли 1928 А. Мирзоев бо тавсияи идораи “Овози тоҷик” ба Тоҷикистон ба сифати намояндаи ин рӯзнома омада, дар котиботи Президиуми Комиҷроияи Марказии Тоҷикистон ва баъдтар дар идораи рӯзномаи “Бедории тоҷик” минбаъд (“Тоҷикистони Сурх”) ба сифати мудири шуъба кор мекунад.
  Соли 1933 Комиссариати халқии маорифи PCC Тоҷикистон лаёқату рағбати А. Мирзоевро ба фарогирии илму дониш ба эътибор гирифта, ӯро барои идомаи таҳсил ба Университети давлатии Ленинград мефиристад, ки ӯ онро дар соли 1939 бо ихтисоси филолог-эроншинос хатм намуда, ба Тоҷикистон бармегардад ва дар ягона мактаби олии онвақтаи ҷумҳурӣ - Институти омӯзгории ш. Душанбе аз таърихи забони тоҷикӣ ва забоншиносии умумӣ дарс медиҳад. Фаъолияти илмии А.М. Мирзоев ҳанӯз ҳангоми дар донишгоҳи фавқуззикр таҳсил намуданаш шурӯъ шуда буд. Ӯ дар он давра ба кори таҳқиқотӣ, махсусан забоншиносӣ иштиёқ зоҳир сохта, дар атрофи палеонтологияи забон “Фарқҳои семантикии суффикси “ак”, “Семантикаи функсиявии академик Марр ва “Духтархона чист?” ном тадқиқоту мақолаҳояшро таълиф ва нашр менамояд. Ҳарчанд ки ин пажӯҳишҳо маҳсули қалами донишҷӯи ҷавон буданд, вале онҳо аз тайёрии пухтаи назариявӣ, соҳибистеъдодӣ ва тозагию вусъати фикри муаллиф ва ба арсаи илми филологияи тоҷик қадам ниҳодани олими ҷавони умедбахш гувоҳӣ медоданд. Аз ин ҷост, ки ин таҳқиқотҳои шогирдонаи А. Мирзоев диққати эроншиносони номии шӯравӣ - А. А. Фрейман, Е. Э. Бертелс, махсусан таваҷҷуҳи донандаи машҳури забону адабиёти тоҷик устод С.Айниро ба худ ҷалб сохтаанд, ки баъзе аз онҳо аз ҷумла “Духтархона чист?” маҳз бо тавсия ва дар зери таҳрири ӯ ба табъ расидааст.
  Устод М.А. Мирзоев дар солҳои 1939-1942, ки ин айёмро дар фаъолияти илмии ӯ як давраи ҷустуҷӯ ҳисобидан мумкин аст, дар баробари ба кори таълиму тарбия шуғл варзидан оид ба масъалаҳои гуногуни забон, фолклор ва таърихи адабиёти тоҷик як силсила мақолаҳою пажӯҳишҳои муҳим чоп карда, барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мактабҳои миёна ба таълифи китобҳои дарсии забону адабиёти тоҷик мепардозад ва дар роҳи бо дастурҳои таълимӣ таъмин намудани мактабҳо хидмати шоистаи тақдирро анҷом медиҳад. Мутолиаи тадқиқҳои дар ин давра таълифнамудаи А. Мирзоев аз такомулу вусъати дониш ва ҷустуҷӯҳои пайвастаи ӯ дар соҳаҳои гуногуни филологияи тоҷик ва саъйи вай дар муайян намудани роҳи хоси хеш дар ин соҳаи васею то кунун ниҳоят камомӯхташуда дарак медиҳад. Баъди омӯзишу пажӯҳишҳои зиëд олими ҷавони закӣ ва дурандеш пайраҳаи фаъолияти худро дар илм ёфт ва қарор дод, ки фаъолият ва ҷидду ҷаҳди худро асосан, ба таҳқиқи яке аз давраҳои омӯхтанашудаи таърихи адабиёти тоҷик адабиёти асрҳои ХVI- XIX равона созад. Зеро ки то айёми ба ҷодаи илм қадам ниҳодани ӯ адабиёти ин давра на ин ки мавриди таваҷҷуҳу омӯзиши ховаршиносони ҷаҳон қарор нагирифта буд, балки бештари онҳо бидуни пажӯҳишу тадқиқ дар пайравии шарқшиноси маъруфи немис Ҳ.Эте адабиëти асрҳои ХVI-XIX-ро асосан тақлид ва такрори хушку холии адабиёти қарнҳои пешин шуморида, ин давраро дар таърихи адабиёти форсизабон айёми таназзул ва орӣ аз ҳама гуна арзиши бадеию навигарӣ медонистанд ва ба ҳамин восита зарурати омӯхтани онро зери шубҳа мегузоштанд.
  Аз лиҳози муайян намудани нақшаю самти фаъолияти илмии оянда ва нияти наҷиби А. Мирзоев нахустин мақолаҳои ба тадқиқи адабиёти давраҳои охир ва ҳаёту эҷодиёти намояндагони баргузидаи он бахшидашудаи ӯ – “Муҳимтарин сарчашмаи таърихи адабиëти асри ХVII” (соли 1940, оид ба “Музаккиру-л-асхоб”- и Малеҳо), “Шоири шеърҳои оташин” ва “Сарояндаи шеърҳои оташин” (соли 1941, оид ба Сайидои Насафӣ) дорои аҳамияти калон мебошанд. Чунки ӯ аввалин бор дар ин мақолаҳо, ки онҳо ибтидои пажӯҳишу таҳқиқотҳои мукаммали муҳимму чандинсолаи муаллиф доир ба адабиёти давраи мазкур мебошанд, зарурати омӯзишу аҳамияти адабиёти баъди асри ХV-ро бо далелҳо нишон медиҳад ва дар ин давра ҳам зуҳур кардани як идда адибони барҷастаи навоварро таъкид менамояд. Албатта, бояд қайд намуд, ки ҳанӯз дар “Намунаи адабиёти точик” (1926), устод С. Айнӣ номи як гурӯҳ намояндагони адабиёти асрҳои охирро зикр карда, дар асоси маъхазҳои дастрас лаҳзаҳои ҳаёт ва осори онҳоро каму беш муаррифӣ намуда буд ва бешубҳа А. Мирзоев ҳангоми ба таҳқиқи адабиёти қарнҳои мазкур машғул гардиданаш аз ин асари устод С. Айнӣ илҳом гирифта ва истифода бурдааст. Аммо дар айни замон набояд фаромӯш кард, ки устод С. Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро бо матлаби дифои ҳаққу ҳуқуқи мардуми тоҷик ҳамчун яке аз қадимтарин бошандагони Моваpoyннaҳpy Typкистон ва дорои мероси адабии ҳазорсола будани ин мардум навишта, то ҳадди имкон кӯшиш кардааст, ки адибони давраҳои гуногуни тоҷики аз ин сарзамин зуҳуркарда ё худ бо ин сарзамин муносибатдоштаро аз тазкираҳо бештар оварад. А. Мирзоев бошад, ҳамчун муҳаққиқ бо истифодаи комёбиҳо ва усулҳои нави илми адабиётшиносии муосир ҳангоми таҳқиқи адабиёти асрҳои охир ва осори намояндагони он саъй менамояд, ки адабиёти давраи мазкурро дар алоқамандӣ бо ҳаёти сиёсию иқтисодии замон ва анъанаҳои адабиёти асрҳои пешин тадқиқ намуда, равия ва қонуниятҳои инкишофи онро муайян кунад. Дар ҳар сурат, ба назари мо, таҳқиқҳои роҷеъ ба адабиёти асрҳои ХVI-XIX анҷомдодаи устод А.Мирзоев давоми мантиқии асари ниҳоят пурарзиши устод С. Айнӣ - “Намунаи адабиёти тоҷик” буданд ва дар онҳо нуктаҳою андешаҳои устод С. Айнӣ ҳаматарафа такмилу тавсиа дода шуда, хусусиятҳои характерноки адабиёти давраи мазкур ба таври сареҳу хеле моҳирона муайян карда мешаванд. Барои тасдиқи дурустии фикри боло овардани сухани устод С. Айниро зарур донистем. Устод С. Айнӣ дар хотимаи “Намунаи адабиёти тоҷик” кори бисёр муҳимму меҳнатталаби анҷомдодаи худро ҷамъбаст намуда, чунин натиҷагирӣ менамояд: “Баъд аз татаббӯъ ва заҳмати бепоён... ин маҷмӯа ба поён расид. Лекин бо ин ҳама саъю кӯшиши нигоранда ва сарфи авқот, ин китоб ғайр аз маҷмӯаи намунаҳои адабии ҳазорсола будан дигар мазият надорад. Дар ин мавзуъ лозим буд, ки аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар асру замон зикру баён ёфта, муносибату таьсири он аҳвол ба адабиёти он замон ба усули марксистӣ тасвир карда мешуд. Оре, бояд ҳамин гуна мешуд! Лекин ба ин тарз китоби мукаммале тартиб додан аз илм ва иқтидори ин ҷомеаи оҷиз берун буд... Ҳар чӣ бошад, осон буд ё мушкил, нек шуд ё бад, мотериëлу матолиби муҳим якҷо ғун шуд... Ин мавзуъро чунон ки бояду шояд тадвину такмил намудан (чунон ки дар муқаддима арз карда шуд), хидмати ҷавонони фаъолро мунтазир аст. Мо гӯшт, равған, биринҷ, сабзӣ, пиёз ва соири моялзуми ошро омода кардем, акнун ҷавони қобиле даркор аст, то ки қобилипазӣ кунад” (саҳ. 616-617).
  Дар солҳои 1942-1945 ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ муваққатан фаъолияти илмӣ ва педагогии А.М. Мирзоев қатъ мегардад. Ӯ дар ин давра бо амри Ватан дар сафоратхонаи СССР дар Эрон ва Вазорати корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон кор мекунад. Пас аз анҷоми ҷанг А.Мирзоев ба Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии АИ СССР ба кор даромада, тамоми фаъолияти минбаъдаи худро (дар роҳбарии муассисаю шуъбаҳои илмӣ) ба кори дӯстдоштааш, яъне корҳои илмию ташкилӣ ва тарбияи ҷавонон мебахшад.
  Солҳои 1945-1955 дар натиҷаи муттасил омӯхтани асарҳои назариявӣ ва маъхазҳои таърихию адабӣ доираи дониш ва ҷаҳонбинии устод А. Мирзоев васеътару амиқтар гардида, маҳорати муҳаққиқиаш ҳамаҷониба такмил меёбад ва ӯ ҳамчун олими бо методологияи пешқадами илмии муосир мусаллаҳ ба камол мерасад ва аз тарафи аҳли таҳқиқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чун муҳаққиқи дараҷаи аввали адабиёти тоҷик эътироф карда мешавад. Аз ин ҷост, ки ӯ дар ин давра ҳар чӣ бештар ба таҳрири таҳқиқотҳои таърихӣ, адабиëтшиносӣ, таърихи мусиқӣ, фолклор ва афкори ҷамъиятии халқи тоҷик, ки дар Тоҷикистон, Маскав ва Ленинград анҷом дода мешуданд, ҷалб карда мешавад. Аз ҷумла, “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”-и Б. Ғафуров, “Шаш мақом ҷ.1,2), Мирзо Абдулқодири Бедил -и С.Айнӣ, “Зайниддин Восифӣ”-и А.Н. Болдирев, “Эҷодиёти даҳонакии аҷолии Кӯлоб”-и А. Амонов, якчанд асари З.Ш. Раҷабов ва ғайраҳо дар таҳти таҳрири ӯ ба табъ мерасанд. Устод А. Мирзоев маҳз дар ҳамин айём баъди ҷустуҷӯҳои зиёд дар роҳи пайдо намудану омӯхтани маъхазҳои таърихию адабӣ ва осори боқимондаи намояндагони адабиёти асрҳои ХVI-ХІХ бевосита ба навиштани асарҳои мукаммали адабиётшиносӣ доир ба адибони намоёни ин давра гузашта, дар зимни онҳо хусусиятҳои характерноки ҳаёти адабӣ, вазъияти илму адабиëту моҳияти ҷараёнҳои адабии асрҳои мазкур ва заминаҳои таърихию ғоявии онҳоро баён намуда, дар таърихи адабиёти тоҷик чӣ гуна мақом доштани ҳар яке аз адибони тадқиқкардаашро муайян мекунад ва ба ин восита хатоиҳои шарқшиносони Ғарб ва шубҳаҳои муҳаққиқони шаккоки Шӯравиро рафъ намуда, барои ҳаматарафа омӯхтани адабиёти давраҳои зикршуда роҳ мекушояд. Аз ин нуқтаи назар махсусан “Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик” (1947, 1954), “Мулҳами Бухороӣ”, “Адабиёт”, ёрӣ барои дарси адабиёти асрҳои ХVI ХVII, ХVIII ва XIX-и тоҷик” (1948), “Биноӣ” (1957) ном асарҳои А.М. Мирзоев ва як силсила мақолаҳои доир ба Малеҳои Самарқандию тазкираи ӯ, Сайфии Бухороӣ, Биноӣ ва Аҳмади Дониш таълиф намудаи вай дорои аҳамияти калони илмӣ мебошанд.
  Дар ҳақиқат, ҷустуҷӯҳои бардавом ва заҳматҳои фидокоронаи А.М. Мирзоев дар роҳи аз зери гарди фаромӯшӣ баровардани таърихи адабиёти тоҷики қарнҳои мазкур ва таҳқиқу муайян намудани хусусиятҳои асосӣ, ғоя ва ҷараёнҳои адабию сабкҳои адабиёти ин давра корномаи барҷастаи тамоми ҳаёту фаъолияти садоқатмандонаи ӯ мебошад. Зеро то вақти ба иҷрои чунин кори мушкилу масъулиятнок машғул гардидани донишманди дақиқназару дурандеш фақат доир ба адибони ҷудогонаи давраи ёдшуда маълумоти кӯтоҳу сатҳӣ, пароканда ва ихтилофнок мавҷуд буда, бештари муҳаққиқон нисбат ба адабиёти ин давра дар мақоми муқоиса бо адабиёти оламшумули қарнҳои пешин бо назари манфӣ менигаристанд. Агар мо бар замми ин то айёми ба кор шурӯъ кардани устод А.М. Мирзоев маълум набудани маъхазҳои асосӣ ва осори аксари адибони асрҳои мазкурро ба эътибор гирем, он гоҳ қимат ва арзиши пажӯҳишҳои анҷомдодаи ӯ барҷастатар намудор мегардад. Бесабаб нест, ки шарқшиноси маъруфи қарни ХХ Чехословакия Я. Рипка баъди ошно гардидан бо пажӯҳишҳои доир ба адабиёти асрҳои ХVI -XIX тоҷик анҷомдодаи устод А.М. Мирзоев чунин изҳори ақида кардааст, ки ӯ бо тадқиқотҳои худ “дар таърихи адабиёти форсӣ як давраи пурраи ба таври нодуруст фаромӯшшударо аз нав зинда гардонид”.
  Китоби устод А.М. Мирзоев оид ба Сайидо ва осори ӯ, ки нахустин асари калонҳаҷму муҳимми таҳқиқотии аз рӯи риояи тамоми талаботҳои адабиётшиносии муосир навишташудаи муаллиф ва умуман адабиётшиносии тоҷики он айём ҳисоб меёбад, аз ҳар ҷиҳат қобили диққат мебошад. А.М. Мирзоев аввалин дафъа дар ин асари худ дар асоси таҳлили амиқи осори Сайидои Насафӣ нодурустии ақидаи шарқшиносони Ғарбро дар хусуси адабиёти асрҳои ХVI-ХІХ тоҷик исбот намуда, бо далелҳои қатъӣ нишон медиҳад, ки адабиёти тоҷики ин давра анъанаҳои пешқадами адабиёти асрҳои пешини форсу тоҷикро идома дода, мутобиқи тақозои замон чи дар шакл ва чи дар мазмун хусусиятҳои нави ҳаётӣ ва демократӣ пайдо намудааст. А.М. Мирзоев маҳз дар ҳамин асари ба Сайидо бахшидааш нахустин бор ақидаи худро оид ба характери адабиёти баъди асри ХV бо далелҳои муътамади таърихӣ ва адабӣ асоснок намуда, пешниҳод мекунад, ки вай дар асарҳои минбаъдаи таълифкардаи ӯ бештар тақвият пайдо менамояд.
  Устод А.М. Мирзоев дар баробари таҳлили хусусиятҳои эҷодиёти ин шоири ҳунарманд дар ин асараш боз ба таҳқиқи баъзе масъалаҳои муҳимми дигари адабиёти асри ХVІІ ҳам пардохтааст. Аз ҷумла, ӯ алоқамандона ба таҳлили “Шаҳрошӯб”-и Сайидо ва сабки шоирии вай дар бораи пайдоиш, ташаккул ва хусусиятҳои махсуси жанри “Шахрошӯб” ва услуби адабии “Сабки ҳиндӣ” барин масъалаҳои назариявӣ ба таври ҷудогона таваққуф намуда, доир ба онҳо маълумотҳои муҳим ва ҷамъбасткунанда медиҳад, ки онҳо то имрӯз аҳамияти калони илмии худро нигоҳ дошта меоянд.
  Зикр кардан зарӯр аст, ки чи то вақти ба табъ расидани тадқиқоти А.М. Мирзоев ва чи баъди нашр гардидани он дар собиқ Иттифоқи Советӣ ва кишварҳои хориҷӣ оид ба “Сабки ҳиндӣ” як қатор тадқиқоту мақолаҳо чоп шудаанд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо аз ҷиҳати усули дурусти тадқиқ, мукаммалӣ, дар бар гирифтани далелҳои шайъӣ ва хулосабарориҳои амиқ, ба дараҷаи таҳқиқоти устод А.М. Мирзоев расида наметавонад. Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби шарқшиноси маъруфи италиявӣ А.Баузанист, ки дар мақолаи ба тадқиқи “Сабки ҳиндӣ” дар назми форсӣ бахшидааш (1958) дар баробари зикр намудани корҳои роҷеъ ба “Сабки ҳиндӣ” анҷомдодаи дигар муҳаққиқони асри ХХ мазмуни тадқиқоти А.М. Мирзоевро ба таври муфассал баён намуда, таъкид менамояд, ки “бешубҳа аз миёни тамоми олимони шарқии ба тадқиқи “Сабки ҳиндӣ” иштиғол варзида саҳеҳфикртаринашон А.М. Мирзоев мебошад...”.
  Баъд аз мунташир гардидани таҳқиқот доир ба Сайидо ва “Девони мунтахаб”-и шоир дар соли 1948 тадқиқоти тозаи устод А. Мирзоев оид ба шоири дигари ҳунарманди тоҷик Мулҳами Бухороӣ чоп мешавад, ки то он вақт осори ӯ ҳам мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор нагирифта буд. Муаллиф дар ин асари худ, асосан, ҳамон фикру ақидаҳои доир ба хусусиятҳои адабиëти баъди асри ХХI дар бораи эҷодиёти Сайидо баён намудаашро идома ва тавсия медиҳад.
  Пас аз муайян намудани хусусиятҳои муҳимми адабиёти баъди асри ХVI ва тамоюлоту самти инкишофи он устод А.М. Мирзоев барои дарёфту таҳқиқ кардани маъхаз ва заминаҳои таърихию ғоявии адабиёти ин давраҳо саъй менамояд. Натиҷаҳои тамоми ин ҷустуҷӯҳои донишманди нуктасанҷу дурандеш дар калонтарин ва муҳимтарин асари ӯ “Биноӣ” (1957) ба таври илмӣ ҷамъбаст карда шудаанд. А.М. Мирзоев дар ин асари муфассалаш дар баробари ҳаматарафа тадқиқу таҳлил намудани ҳаёту эҷодиёт, услубу маҳорати адабии Биноӣ ва муайян кардани мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик ба чунин хулосаи воқеии муҳим меояд, ки ба адабиёти дарборӣ ва берун аз дарбор ва ё худ ба адибони “дарборӣ” ва “берун аз дарборӣ” ҷудо намудани адабиёт ва шоирону нависандагони гузашта комилан сохта ва нодуруст мебошад. Зеро аксарияти намояндагони пешқадами илму адаби давраҳои пешин мувофиқи тақозои замон ва муҳити зиндагиашон ба ин ё он восита ба дарбори ҳукмронони мамлакат каму беш муносибате доштаанд. Бинобар ин, ӯ таъкид менамояд, ки ҳангоми баҳо додан ба намояндагони маданияти гузашта ва муайян намудани арзиши мероси онҳо пеш аз ҳама, ба манфиати кадом табақаи ҷамъият нигаронида шудани маҳсули адабии онҳо ва ё худ дар осори онҳо таҷассум ёфтани ғоя ва мароми кадом табақаҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтан зарур аст.
  Дар ин асар ба ҳалли масъалаи муносибати байни ду намояндаи бузурги адабиёти ду халқи бародар Биноӣ ва Навоӣ, ки то вақти таълифи ин китоб дар ин хусус дар миёни баъзе нависандагон ва адабиётшиносони РСС Ӯзбекистон каҷфаҳмиҳо ҷой доштанд, диққати ҷиддӣ дода шуда, як боб махсус оварда мешавад. Чунон ки худи устод А.М. Мирзоев ҳам дар муқаддимаи ба ин асар навиштааш изҳор менамояд, сабаби асосии ба вуҷуд омадани ин китоби муфассал маҳз ҳамин нозукию ҳассосии масъалаи мазкур ва ҷустуҷӯи ҳақиқати муносибати байни ин ду адиб будааст.
  Устод А.М. Мирзоев ҳанӯз соли 1952-ум ба муқобили хатоии романи Ойбек “Навоӣ”, ки дар он бар хилофи ҳақиқати таърихӣ шоири тоҷик Биноӣ ҳамчун душмани ашаддии забон ва адабиёти ӯзбек тасвир ёфта буд, бо мақолаҳо баромад карда, нодуруст ва зарарнокии ин ақидаи носолимро фош мекунад. Баъд аз ин ӯ ба масъалаи муносибати Биноӣ ва Навоӣ ва сабаби дар байни баъзе намояндагони аҳли илму адаб ба вуҷуд омадани чунин ақидаи комилан аз ҳақиқат дур боз бештар таваҷҷуҳ зоҳир сохта, аз маъхазҳо роҷеъ ба ин масъала маълумотҳои тозаи зиёд фароҳам меоварад ва дар китоби “Биноӣ” бори дигар дар асоси таҳлили мукаммалу дақиқи ин маълумотҳои нав муносибати ҳақиқии байни Биноӣ ва Навоиро ба таври объективӣ муайян менамояд ва ба ҳамин тариқ беасос будани ақидаи заррарноки Ойбек ва пайравонашро бо бурҳонҳои қотеъ исбот менамояд.
  Устод А.М. Мирзоев ҳангоми омӯзишу тадқиқи адабиёти асрҳои ХVI-XIX ва маъхазҳои он як қатор нусхаҳои дастнависи асарҳоеро дарёфт намудааст, ки онҳо бисёр нодир ва ё худ то он вақт номаълум буданд. “Музокир-ул-асҳоб”- и Малеҳо ва “Нусхаи зебои Ҷаҳонгир”-и Мутрибӣ ва нусхаи тозаи як маснавии Ҳилолӣ, “Номуси аъзам”-и Аҳмади Дониш, муайян намудани нусхаи аслии “Наводир-ул-вақоеъ”, “Зафарнома”- и Бадриддини Кашмирӣ, девони Сайфии Бухороӣ, нусхаҳои осори Сайидои Насафию Мулҳами Бухороӣ аз ҳамин қабил мебошанд, ки А.М. Мирзоев доир ба онҳо як силсила таҳқиқоту мақолаҳо таълиф намуда, аҳамияти калони онҳоро барои омӯхтани адабиёти форсизабони асрҳои ХVI- ХVIII нишон додаст.
  Нақши устод А.М. Мирзоев дар масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти бузургтарин намояндаи адабиёти маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш ва муайян намудани мероси адабии ӯ низ бузург аст. А.М. Мирзоев, ки яке аз нахустин муҳақиқони осори Аҳмади Дониш мебошад, дар силсилаи мақолаҳои ба тадқиқи мероси адабӣ ва илмии Аҳмади Дониш бахшидааш доир ба таърихи муносибатҳои мадании халқҳои тоҷику рус, мазмуну мундариҷа ва аҳамияти асарҳо ва инчунин афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии ӯ маълумотҳои пурқимат медиҳад. А.М. Мирзоев дар натиҷаи таҳлили адабиёти асрҳои ХVI-XIX ва мероси адабии Аҳмади Дониш ба чунин натиҷае меояд, ки ҷараёни маорифпарварӣ давоми таърихӣ ва бевоситаи майлҳои зиддифеодалӣ ва демократии адабиёти давраҳои гузаштаи тоҷик мебошад, ки дар замина ва шароити нави таърихӣ дар таҳти таъсири омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ зуҳур кардааст.
  Устод А. Мирзоев ҳамчун фарзанди содиқи халқи тоҷик ва фидоии илм аз омӯхта нашудани ин ё он давраи таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шахси бомасъулият изҳори ташвиш менамуд ва барои ҳалли он масъала чора меҷуст. Яке аз ҳамин гуна давраҳои то вақтҳои охир ба таври лозимӣ омӯхтанашудаи таърихи адабиёти тоҷикӣ-адабиёти асрҳои ХVІІІ ва ХIХ буд, ки то ҳатто то чӣ андоза маҳфуз мондани осори адибони ин давра ҳам равшан маълум набуд. Аз ин ҷост, устод А. Мирзоев кормандони илмии Институтро сафарбар намуд, ки дар китобхонаҳои шаҳрҳои Душанбею Тошканд маҳфуз будани осори адибони он давраро муайян ва инчунин аз тамоми баёзҳою чунгҳо ашъори парокандаи онҳоро рӯнавис карда ҷамъ намоянд. Баъд аз ин ӯ ба хаттотон супориш дод, ки тамоми ин ашъори парокандаро китобат карда, ба шакли китоб дароранд. Сонитар баъзе кормандони илмӣ ба омӯхтани осори боқимондаи адибони давраи мазкур ҷалб сохта шуданд, то ин ки арзиши осори онҳоро муайян намоянд. Натиҷаи ҳамин чораҷӯиҳои хирадмандонаи устод буд, ки дар солҳои охир оид ба адабиёти ин давра якчанд пажӯҳишҳои муҳим рӯи кор омаданд.
  Агарчи омӯзишу тадқиқи адабиёти асрҳои ХVI-XIX дар фаъолияти илмии А.Мирзоев мавқеи марказиро ишғол менамояд, вале доираи машғулияти ӯ танҳо бо ҳамин маҳдуд намегардад. Аз охирҳои солҳои 40-ум ва ибтидои солҳои 50-ум сар карда, дар баробари таҳқиқи адабиёти давраи мазкур ӯ ба омӯхтани масъалаҳои камомӯхташуда ё худ омӯхтанашудаи таърихи илму адаби давраҳои пешин низ шуғл меварзад. Аз ҷумла, А.М.Мирзоев дар ин давра доир ба Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ансорӣ, Амир Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Навоӣ, Ҳилолӣ, “Сайри таърихии Калила ва Димна”, “Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал”, таърихи фалсафаи халқи тоҷик, забони адабиёти классикӣ, орфографияи тоҷикӣ ва монанди инҳо як силсила мақолаҳою рисолаҳо таълиф менамояд, ки ҳар кадоми онҳо фикрҳои бикру тозаро дар бар гирифта, дорои қимат ва аҳамияти ба худ хос мебошанд. Қатъи назар аз ин, аз миёни ин пажӯҳишҳо аҳамияти илмии рисолаи “Рудакӣ ва инкишофи ғазал”, ки ба тадқиқи пайдоишу ташаккул ва такомули ғазал бахшида шудаст ва инчунин таҳқиқотҳои роҷеъ ба забони адабиёти классикӣ ва муносибати он бо забони имрӯзаи тоҷикӣ ва ҳаёту шахсияти Абӯалӣ ибни Сино навишташударо, ки нахустин кӯшишҳо дар роҳи таҳқиқи ин масъалаҳо мебошанд, ба таври махсус таъкид кардан зарур аст.
  Устод А. Мирзоев аз рӯзи нахустини таъсиси пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ (соли1958) то охири ҳаёташ (1976) дар вазифаи мудири шуъбаю директори Институт кор карда, дар баробари фаъолияти пурсамари илмӣ ба корҳои маъмурӣ, илмию ташкилӣ ва тарбияи ҷавонони шарқшинос машғул гардида, дар ин ҷода ҳам хидмати шоистаи таҳсинро анҷом додааст. Ӯ дар солҳои 1958-1960 вазифаи мудири кафедраи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро ҳам ба уҳда дошт.
  Дар солҳои 1958-1976, ки давраи авҷи камолоти эҷодии устод А. Мирзоев мебошад, мувофиқи талаботи айём доираи фаъолияти илмии ӯ боз ҳам васеътар мегардад ва пажӯҳишҳои вай то рафт бештар диққати ховаршиносони хориҷиро ба худ ҷалб сохта, ба мавқеи умумиҷаҳонӣ мебароянд.
  А. Мирзоев ба муносибати ҷашни 1100-солагии устод Рӯдакӣ, ки соли 1958 баргузор гадида буд, корҳои зиёдеро анҷом дода, оид ба замон, ҳаёту эҷодиёт ва муосирони ӯ як қатор таҳқиқоту мақолаҳо ва маҷмӯаҳои матнҳоро ба табъ мерасонад. Аз миёни таҳқиқоту мақолаҳои сершумори ба Рӯдакӣ ва адабиёти он давра бахшидашудаи А. Мирзоев муҳимтаринашон асари мукаммалу машҳури ӯ – “Абӯ Абдулло Рӯдакӣ” мебошад, ки дар он натиҷаи тамоми корҳои роҷеъ ба Рӯдакӣ анҷомдодаи муаллиф ва комёбиҳои то соли 1958 дар рӯдакишиносии ҷаҳон ба даст даровардашуда ба таври хеле устокорона ҷамъбаст карда шудаанд. Ҳарчанд ки пеш аз таълифи асари устод А.М.Мирзоев ва баъди нашр шудани он чи дар собиқ Иттифоқи Советӣ ва чи берун аз он оид ба Рӯдакӣ як силсила таҳқиқотҳои муфассал ба вуҷуд омада буданд, вале ин асари А. Мирзоев аз ҷиҳати усули тадқиқ, амиқии таҳлил, пуррагӣ, васеии доираи мавзуъ, пайдарпайии баёни фикр, муҳокимарониҳои мантиқӣ ва далелнокию боэътимодии хулосаҳо бар онҳо афзалият дорад. Мавриди таваҷҷуҳу эътирофи шарқшиносони ҷаҳон қарор гирифтани ин асар ва баҳои баланди ба он додаи як қатор муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ба дурустии ин суханони мо шаҳодат медиҳанд. Ин асар монанди як қатор китобҳои дигари А. Мирзоев ба забони русӣ тарҷума шуда, соли 1968 дар Маскав бо афзудани муқаддимаи тозае, ки он ҳам бо қалами худи муаллифи асар тааллуқ дошта, таҳлили адабиёти баъди соли ҷашни Рӯдакӣ чопшударо дар бар мегирад, нашр гардидааст.
  Хотиррасон сохтан лозим аст, ки устод А. Мирзоев то рӯзҳои охирини ҳаёташ борҳо ба мавзуи эҷодиёти Рӯдакӣ ва таъсиру нуфузи он дар адабиёти давраҳои минбаъда машғул гардида, натиҷаҳои омӯзиш ва ҷустуҷӯйҳояшро дар конференсияҳои “Солонаи Рӯдакӣ”, ки бо кӯшиши бевоситаи ӯ баргузор мегардиданд, ба арзи аҳли илму адаб мерасонид. Қариб ҳамаи ин маърӯзаҳои ӯ ба сифати мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаю маҷмуаҳо нашр шудаанд.
  Масъалаи муҳимми дигаре, ки А. Мирзоев дар роҳи омӯзиши он саҳми намоёне гузошта, барои муҳаққиқони минбаъда роҳи васеъ кушодааст, масъалаи робитаҳои адабӣ мебошад. Ӯ ҳанӯз ҳангоми таҳқиқ ва таълифи нахустин таҳқиқотҳои худ роҷеъ ба адабиёти асрхои XVI-XIX ба хулосае омада буд, ки бидуни ба эътибор гирифтани равияи таърихӣ (ҳудуди дар гузашта паҳн шудани адабиёти тоҷикзабон), робитаҳои байни марказҳои адабии гуногуни давраҳои мухталиф ва муносибатҳои адабиёти форсу тоҷик бо адабиëти дигар халқҳои ҳамсоя моҳияти як қатор ҳодисаҳои адабии адабиёти тоҷикро дуруст дарк намудан ва ба онҳо баҳои ҳақиқӣ додан имконнопазир аст. Аз ин ҷост, ки ӯ дар баробари таҳқиқи мавзуъҳои мухталифи адабиëти форсу тоҷик ба масъалаи омӯхтани робитаҳои адабӣ ҳам диққати махсус дода, доир ба алоқаҳои адабии Мовароуннаҳр бо Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон ва инчунин муносибати байни намояндагони адабиёти тоҷику ӯзбек як силсила таҳқиқоту рисолаҳои пурарзиш таълиф намудааст, ки муҳимтарини онҳо “Маъхази тоза оид ба адабиёти давраи Сафавияи Эрон” (1960), “Робитаҳои адабии Эрон ва Мовароуннаҳр дар садаҳои ХVI-ХVI” (1963), “Музокир-ул-асҳоб” ва адабиёти асри Сафавия” (1968), “Аз таърихи робитаҳои адабии Мовароуннаҳру Ҳиндустон дар асрҳои ХVI- ХVI” (1963), “Кашмир дар назми порсӣ ва мавқеи як манбаи адабӣ” (1970), “Бӯи ҷӯи Мулиён ва таъсири он” (1971), “Захмаи чанги Рӯдакӣ ва истиқбол аз он дар Покистон” (1975), “Равобити адабии байни Мовароуннаҳр, Афғонистон ва Синд дар заминаи густариши мактаби адабии Бедил” (1975), “Хусрави Деҳлавӣ”, “Нусхаи зебои Ҷаҳонгир” (1976), “Хотироти Мутрибӣ” (1977), “Фонӣ ва Ҳофиз” (1966), “Дар ҳаққи мероси тоҷикии Алишер Навоӣ”, “Навоӣ ва Ҷомӣ” (1968) ва ғайраҳо мебошанд.
  Академик А. Мирзоев ҳамеша ва дар ҳама ҷо барои нишон додани афзалияти илми ховаршиносии шӯравии тоҷик ва манзури шарқшиносони ҷаҳон гардонидани комёбиҳои дар ин соҳа ба даст даровардаи илми адабиётшиносии тоҷик саъю кӯшиш менамуд ва ба ин восита диққати аҳли таҳқиқро ба адабиёти тоҷик ҷалб месохт. Ӯ аз соли 1960 сар карда, дар аксарияти конгрессҳою конференсияҳои байналмилалии шарқшиносону эроншиносон ва ҷамъомадҳои гуногуни илмии ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Фаронса, Олмон, Эрон, Ҳиндустон ҳамчун намояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат меварзид ва бо маърӯзаҳои пурмазмуни худ шарафи илми тоҷикро баланд мебардошт.
  Таҳқиқотҳои доир ба адабиёти классики форсу тоҷик анҷомдодаи устод А. Мирзоев кайҳо боз аз тарафи шарқшиносони ҷаҳон эътироф гардида буданд. Бисёр муҳаққиқони Шарқу Ғарб ҳангоми оид ба адабиёти форсу тоҷик таҳқиқот навиштанашон аз асарҳои ӯ истифода бурда, ба онҳо баҳои баланд додаанд. Ба ғайр аз ин “Абӯ Абдулло Рӯдакӣ ва “Абӯисҳоқ” ном асарҳои устод А.М.Мирзоев дар Эрон ва “Нусхаи зебои Ҷаҳонгир” ва “Хотироти Мутрибӣ” ном китобҳои ӯ дар Покистон нашр шуда, дар маҷаллаҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Чехословакия як силсила мақолаҳои илмии ӯ ба табъ расидаанд. Аз ин ҷиҳат, бидуни муболиға метавон гуфт, ки илми ховаршиносии шӯравии тоҷик маҳз тавассути пажӯҳишҳои А.М. Мирзоев ба мавқеи ҷаҳонӣ баромадааст.
  А. Мирзоев дар соҳаи ба нашри илмӣ, илмию оммавӣ ҳозир сохтани мероси адабии бузургони адабиëти гузаштаи тоҷик ва дастраси доираи васеи хонандагон гардонидани онҳо ҳам кори наҷибу зиёде кардааст. Аз ҷумла, ӯ матни интиқодии “Таърихча”-и Аҳмади Дониш, ашъори мунтахаби Сайидо ва Биноиро ба чоп ҳозир сохта, дар кори ба чоп омода намудани намунаҳои ашъори Рӯдакӣ ва муосирони ӯ фаъолона ширкат варзидааст. Ба нашр ҳозир сохтани матни мукаммали “Шохнома”, осори Ҷомӣ, Амир Хусрав, Ҳофиз, Қассоб ва ғайраҳо бошанд, дар таҳти роҳбарии хирадмандонаи вай сурат гирифтаанд.
  Устод А. Мирзоев ҳамчун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик пайваста барои ғанӣ гардонидан, ба тартиб даровардан ва омӯхтани ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки яке аз марказҳои ба назар намоёни дастхатҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешуд, саъю кӯшиш менамуд. Шаш ҷилди чопгардидаи феҳристи ин ганҷина дар таҳти роҳбарӣ ва бо иштироки бевоситаи ӯ ба чоп омода сохта шудаанд. Бояд ёдоварӣ кард, ки ганҷинаи дастхатҳои мазкур бо вуҷуди нисбатан ҷавон буданаш яке аз омӯхташудатарин махзани дастнависҳои ҷаҳон буда, феҳристҳояш кайҳо дар машҳуртарин марказҳои шарқшиносии дунё паҳн шудаанд.
  А.Мирзоев дар баробари омӯзиши адабиёти давраҳои гузашта, ба омӯхтани адабиёти қарни ХХ тоҷик ва забони ҳозираи тоҷикӣ ҳам машғул гардида, роҷеъ ба онҳо низ баъзе мақолаҳо таълиф ва нашр намудааст.
Устод яке аз аввалин олимони тоҷик мебошад, ки дар баробари ба омӯзгорӣ ва муҳаққиқӣ пардохтанаш, ба таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмӣ низ машғул гардида, ин хизмати наҷибро то охири ҳаёташ идома додааст. Ӯ ҳанӯз аз соли 1941 сар карда ба кори тартиб додани китобҳои дарсии адабиёт, хрестоматияҳо, синтаксиси забони тоҷикӣ барои мактабҳои миёна ва дастурҳои ёрирасон барои муаллимони адабиëт машғул мегардад. Ногуфта намонад, ки баъзе китобҳои дарсии тартибдодаи вай то кунун дар мактабҳои миёна таълим дода мешаванд.
  Устод А. Мирзоев маънии зиндагиро дар кор ва хидмат кардан ба халқи худ дониста, то рӯзҳои охирини ҳаёташ машғули таълифу таҳқиқ буд. Таҳқиқотҳои дар солҳои охир анҷомдодаи ӯ “Тазкираи Малеҳо ва адабиëти нимаи дуюми асри XVII", “Адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри ХV”, “Котибӣ - шоири бузург”, “Ҳаёт ва эҷодиёти Ахмади Дониш”, “Маъхазҳои адабиёти асрҳои ХVI-XIX”, матни илмӣ-интиқолии “Синома”-и Котибӣ, як силсила мақолаҳо оид ба баъзе масоили муҳимми адабиёти тоҷику намояндагони ҷудогонаи он ва монанди инҳо мебошанд, ки онҳо то кунун нашр нагардидаанд. Бешубҳа, ин асарҳо монанди дигар таҳқиқотҳои пурарзиши ӯ як идда масоили то ҳол ноомӯхта ва ё кам омӯхташудаи адабиёти тоҷикро равшан хоҳанд гардонид.
  Ба ҳамин тариқ, устод А. Мирзоев роҷеъ ба соҳаҳои мухталифи тамаддун, таърих, фалсафа, таърихи адабиёти форсу тоҷик, назарияи адабиёт, нусхашиносӣ, матншиносӣ, фолклор, мусиқӣ ва робитаҳои адабии халқи тоҷик бо мардуми мамолики гуногуни ҳамсоя тақрибан 300 таҳқиқоту мақолаҳо таълиф намуда, ба ин восита дар роҳи омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни илми филологияи тоҷик ва таърихи маданияти халқи мо хидмати бузург ва шоистаи пайравию ситоишро анҷом додааст.
  Агар мо ба таҳқиқотҳои устод А. Мирзоев аз ҷиҳати таърихи ба вуҷуд омадани онҳо назар афканем, он гоҳ мушоҳида хоҳем кард, ки ҳар кадоми онҳо ба таҳқиқи ин ё он масъала ва ё мушкилоти таърихи адабиëту фарҳанги тоҷик бахшида шудааст, ки то он вақт вай ё мавриди омӯзиш қарор нагирифта буд ва ё худ хеле каму сатҳӣ омӯхта шуда, баҳснок буд. Устоди дақиқкору тозахаёл А. Мирзоев суханҳои мутантану тафсилҳои рангин, шитобкорӣ ва хомкориро бад медид ва кӯшиш менамуд, ки дар хурдтарин мақолаҳою гузоришҳо ва ҳатто хотираҳои мусофиратҳояш фикрҳои наву тозаро баён кунад ва ин ё он масъалаи ба таърихи адабиёт ва ё худ лаҳзаҳои ҳаёти адибони гузашта алоқамандро равшан созад. “Як ҳуҷҷати муҳим оид ба тахаллуси Бедил”, “Оид ба муаллифи Шоҳаншоҳнома”, “Як омили қотеъ”, “Ду соат бо Саид Нафисӣ”, “Соате чанд дар Исфаҳон”, “Бисту ду соат дар Шероз” ва мақолаҳои ба Соиби Табрезӣ ва Муҳаммад Иқбол бахшидаи ӯ аз ҳамин қабил мебошанд. Ҷиҳати ниҳоят муҳим ва қобили диққати таҳқиқотҳои А. Мирзоев ин характери ҳамаҷониба (комплексӣ) доштани онҳо мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои гуногун дар алоқамандӣ амиқ тадқиқ карда мешаванд. Ӯ ҳаёту эҷодиёти адибонро ҳамчун зодаю парваришëфтаи давраи муайян дар алоқамандӣ бо муҳити сиёсию иқтисодӣ ва адабии замон омӯхта, барои нишон додани мақому мавқеашон осори онҳоро дар вобастагӣ бо адабиёти давраҳои пешин ва минбаъда таҳлилу таҳқиқ менамояд ва ба хамин восита нисбат ба адибони гузашта чӣ гуна навигарию тағйирот даровардан ва ба адибони минбаъда то чӣ андоза таъсир кардани эҷодиёти онҳоро муайян менамояд. Албатта, анҷом додани ин навъ таҳқиқотҳои мукаммал аз муҳаққиқ меҳнати зиёд, донистану омӯхтани маъхазҳои сершумор, хусусиятҳои адабиёти давраҳои мухталиф ва соҳиби қувваи ҳофизаи қавӣ, қобилияти хуби таҳлилию ҷамъбасткунӣ буданро тақозо менамуд, ки хушбахтона ҳамаи ин хислатҳо (чунон ки асарҳояш нишон медиҳанд), дар устод А. Мирзоев ҷамъомада буданд. А.Мирзоев ба таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик, бо вуҷуди баландиву пастиҳо, тараққию таназзул, ба чун як ҷараёни муттасилу яклухт назар мекард ва барои ҳамаи ҳолатҳои вай қонуният меҷуст. Ба фикри мо, сабаби комёбию муваффақиятҳои ӯ маҳз дар ҳамин буд.
  Устоди шодравон асоси истеъдод ва комёбию дарёфтро дар меҳнати ҳалолу пайваста медид ва матлаби ҳаёти худ фаъолияти илмиро медонист. Ӯ ҳамеша таъкид менамуд, ки мутафаккирони гузаштаи мо дар тамоми давраҳои зиндагӣ касби илму донишро шуғли ҳатмӣ ва зарурӣ шуморидаанд ва шеъри ба ин матлаб бахшидаи Камолуддин Биноиро мисол меовард:

То бувад ҷон даруни тан зинҳор.
3-иқтисоби улум даст мадор.
Ба тани хаставу ба мӯи сафед,
3-иқтисоби улум машав навмед.
Пириву заъфро баҳона масоз,
Бош дар касби илм дар таку тоз.
То ба он дам, ки барнаёяд ҷон.
Тарки касби камол ҳаст зиён.

  Донишманди қавиирода ва меҳнатдӯст академик А. Мирзоев талаботи ҳамин сухани Биноӣ ва таълимоту андарзи дигар гузаштагонро сармашқи фаъолияти худ сохта, то охирин рӯзҳои ҳаёташ аз таҳқиқу ҷустуҷӯ даст накашид ва қаламро ҳеч гоҳ аз даст нагузошт. Ӯ дар охирин давраи зиндагиаш ба дарди тоқатфарсо нигоҳ накарда, доир ба Аҳмади Дониш таҳқиқоте менавишт, ки мутаассифона, барояш фақат таълифи чанд боби он муяссар гардидаасту халос.
  Чунон ки мушоҳида менамоем устод А. Мирзоев ҳаёти худро дар роҳи аз қаъри асрҳо ва аз зери гарди фаромӯшии қарнҳо берун овардану зинда гардонидани ному осори даҳҳо адибони даврони пешин нисор кардааст ва аз ин рӯ зиндаву ҷовид нигоҳ доштани номи ин фидоии роҳи илму маърифати халқи тоҷик вазифаи аҳли таҳқиқи имрӯзаву ояндаи мо меросхӯрони ин тамаддуну фарҳанг мебошад. Ногуфта намонад, ки Ҳукумати Шуравӣ хидматҳои пурарзиши доктори улуми филология, академик А.Мирзоевро ба эътибор гирифта, ӯро бо чандин ифтихорномаҳои Президиуми Советии Олии РСС Тоҷикистон, ду ордени “Нишони фахрӣ”, се ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва бо унвони ифтихории Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон ва РСС Ӯзбекистон сарафроз гардонидааст. Устоди зиндаёд А.Мирзоев чаҳор дафъа вакили мардумии Шӯрои Олии PCC Tоҷикистон интихоб шудааст. Чӣ некӯ гуфтанд: Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист.

Амиряздон Алимардонов
 
http://www.zoofirma.ru/