wrapper

Дар ҳама давру замон инсоният маҳз тавассути ҳамфикриву ҳамдигарфаҳмии муштарак муҳиту андешаи солими миллӣ бунёд намудааст. Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар кунем, миллати тоҷик ҳамеша миллати сулҳҷӯвӯ сулҳхоҳ, ватандӯсту некбин ва нексиришту покдил ҳувайдост. Фарзандони фарзонаи ин миллат тӯли қарнҳо барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва таъмини осоиштагии миллати худ мубориза бурдаанд.
Мусаллам аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, кишварҳои тобеъ истиқлолияти давлатии худро ба даст оварданд. Аммо чи гуна сулҳу ваҳдат ба даст овардани миллати тоҷик воқеан касро ба андеша водор месозад.
Аз сар задани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ то ҳалокату парешонии миллат ва рӯзгори сангину рӯзҳои фаромушнопазири вазнини мардум имрӯз тоҷикистониён ва ҳатто мардуми олам воқифу огаҳанд.
Магар дар он вақту замон касе итминон дошт, ки чунин мухолифату ҷанги пуршиддат хотима меёбад? Магар мардум барои зиндагии минбаъда умед доштанд? Магар касе мегуфт, ки боз тоҷикон рӯзгори осоишта меёбанд? Магар дар фаҳму идроки мардуми тоҷик калимаҳои сулҳу ваҳдат ҷараён дошт? Албатта не! Зеро, давлатро ба гунаи тирагиву тундии ҷанг харобу заиф сохта буд, ки эҳёи он дар идроки мардуми хориҷу халқи тоҷик тасаввурнопазир буд.
Дар он шабу рӯз миллати тоҷик барои сарҷамъ шудан ва ба атрофи як ақидаи солим гирд омадан ба роҳбаре эҳтиёҷ дошт, ки илоҷи давои ин дарди ҷонкоҳро пайдо намояд. Оре, мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои фаъолияти фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дарк медоданд, ки зери сиёсати некбинонаву хирадмандонаи Роҳбари худ онҳо ба ояндаи дурахшон мерасанд. Мардуми тоҷик дар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон инсонеро дарёфт, ки воқеан фарогири меҳру шавқат, мардонагиву шуҷоат, некбиниву покдилӣ, қавииродагиву ҷасурӣ буду, ҳамеша аз бародариву ватандӯстӣ ва ватанхоҳиву сулҳу ваҳдат сухан мекард.
Мусаллам аст, ки Эмомалӣ Раҳмон - чун роҳбари муборакқадаму покдил дар қатори дигар муборизону ватанхоҳону ватанпарастон ва миллатдӯстдорони миллати тоҷик, ки дар тӯли таърихи башарият борҳо номуси ватандориро нишон додаанд, то чи андоза барои барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон заҳмат кашидаасту талош варзидааст. Равшан аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба ӯхда гирифт ва дар назди Парчам қасам ёд карда, иброз намуд, ки “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳочири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам”. Воқеан, Пешвои муаззами мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастааш ин гуфтаҳои худро содиқона ва собитқадамона исбот намуд ва имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои воқеии миллати тоҷик аст ва қабули ин қонун дар шароити имрӯза муҳим ва зарурати таърихӣ ба шумор меравад.
 Аз тарҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бе шак дар ин раванд ва оғозу ибтикори он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузурги Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.
Билохира, чигуна раҳоӣ ёфтан аз вартаи номатлуби ҷанги шарвандӣ ва ба сулҳу ваҳдат расидани тоҷикон дар як муддати кӯтоҳи таърих диққати ҳазорон коршиносону аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намудаасту имрӯзҳо ин таҷрибаи ибратомези таърихӣ мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Ашурзода Ардамеҳр,
ходими калони илмии шуъбаи
Аврупо ва Амрико
 
 
http://www.zoofirma.ru/