wrapper

Хабарҳо

Пандемияи коронавирус дар қатори соҳаҳои дигари муҳим ба туризм низ бетаъсир намонд.  Акнун эҳтимол аст, ки сайёҳон ба сафарҳои хориҷии дарозмуддат камтар таваҷҷуҳ намуда, ба сайёҳии дохилӣ бартарӣ хоҳанд дод.  Дар ин ҳол, албатта, намудҳои нави сайёҳӣ рушд карда, шаклҳои хизматрасонӣ низ дигар мешаванд. Аллакай, баъзе кишварҳо барои мувофиқ кардани хизматрасонӣ ва инфрасохтори соҳа тадбирҷӯӣ доранд, ки иддае аз онҳо қобили ибрату пайравист.
 
Тунис. Таҷрибае, ки бояд истифода кард

Аз 27 июн Тунис расман сарҳади худро боз намуда,  ҳамлу нақли байналмилалиро дубора оғоз мекунад. Ҳавопаймоҳо ба кишвар парвоз хоҳанд кард, хатсайрҳои баҳрӣ низ кушода мешаванд. Вазъи санитарии кишвар имкон медиҳад, ки сайёҳон бо риояи меъёрҳои бехатарӣ қабул карда шаванд. Дар ин бора ба васоити ахбори омма роҳбари дафтари сайёҳии Тунис дар Россия Нежи Гуидер хабар додааст.
Тибқи иттилои воситаҳои ахбори омма осоишгоҳҳои Тунис дар ҳолати хуб қарор доранд. Мисли дигар кишварҳои сайёҳӣ, мақомоти Тунис рӯйхати талаботро барои меҳмонхонаҳо таҳия кардаанд. Масъалаи ифтитоҳи иншооти гуногун аз омодагии онҳо ба татбиқи протоколҳои бехатарии санитарӣ вобаста аст. Дар марҳилаи аввал, меҳмонхонаҳо бояд  50 дарсади ҳуҷраҳоро ба меҳмонон пешниҳод намоянд. Ин кор ба он хотир анҷом дода мешавад, ки баъди рафтани меҳмон ҳуҷра пурра дезинфексия карда шавад.
Агар сайёҳ сироят ёбад, тамоми меҳмонхонаро карантин намекунанд ва меҳмонони дигар метавонанд озодона истироҳат намоянд. Аз ин тамоюл, аллакай, бештари меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои кишварҳои гуногун пайравӣ мекунанд
Ниқобҳо танҳо дар нақлиёт ва ҳангоми сайругашт лозиманд. Системаи буфет боқӣ хоҳад монд, онҳо менюи хӯрокҳоро  иваз накарданд. Ягона фарқият (аммо муҳим) дар он аст, ки таомҳо  зери шиша ҷойгир карда мешаванд. Дар мизи тарабхонаҳо на бештар аз 4 нафар метавонад нишинад. Автобусҳои сайёҳӣ низ наметавонанд аз нисф зиёди курсиҳои кабинаро пур кунанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин метавонад арзиши интиқолро аз фурудгоҳ афзоиш диҳад, зеро ду маротиба зиёдтар нақлиёт ва ронанда лозим мешавад.
Имрӯзҳо бисёре аз кишварҳо барои барқарор кардани соҳаи сайёҳии худ аз таҷрибаи ин кишвар истифода карда истодаанд. Мақомоти Тунис бовар доранд, ки бо риояи талаботи пешниҳодшуда, соҳаи сайёҳӣ дар муддати кӯтоҳтарин ба маҷрои муқаррарии худ бармегардад.
 
"Шиносномаи саломатӣ" чӣ гуна онро ба даст овардан мумкин аст?

Кай сарҳади кишварҳо пурра кушода мешавад дақиқ нест, вале, аллакай Юнон, Туркия, Тунис, Исроил ва якчанд давлати дигар ба мавсими истироҳати тобистона омодагӣ мегиранд. Осоишгоҳҳои Испания ва Италия бошанд, дар ҷустуҷӯи роҳҳои дастрас ва бехатар ҳастанд. Албатта дар навбати аввал  танҳо барои шаҳрвандони худ.
Бе санҷиши коронавирус, ба сайёҳон иҷозати сафар кардан дода намешавад. Масалан,  Ҳукумати Юнон ният дорад, ки барои сайёҳони хориҷӣ “шиносномаҳои тиббӣ” – ро ҷорӣ намояд.
Гари Каппелли, вазири сайёҳии Хорватия, ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки онҳо  ба шаҳрвандон ва сайёҳон ҳуҷҷате  (шиносномаи COVID-19 )  пешниҳод мекунанд, ки дар ҳама кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эътибор дорад.
Дар Россия санҷиши пулакии коронавирусро гузарондан мумкин аст, аммо на дар ҳамаи минтақаҳо. Лабораторияҳои хусусӣ низ ин корро ба анҷом мерасонанд. Ба наздикӣ чунин лаборатория дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва пайдо шуда, ба фаъолият оғоз кард. Натиҷаи ташхисро аз се то панҷ рӯз ба даст овардан мумкин аст. Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар нимаи апрел таҷриба оид ба санҷиши босуръат аз коронавирус гузаронда шуд. Мусофирони хатсайри Дубай – Тунис дар даҳ дақиқа санҷида шуданд.  Ширкати ҳавопаймоӣ, ки ин иқдомро оғоз кард, ният дорад дар дигар самтҳо низ ҳамин тавр амал кунад. Доштани «Шиносномаи саломатӣ»-ро мутахассисон яке аз роҳҳои асосии раҳоии соҳа аз буҳрон арзёбӣ мекунанд.  Иқдомҳо то чӣ андоза сабаби аз буҳрон растани сайёҳии байналмилалӣ мегардад, вақт нишон хоҳад дод.
 
Комрон Сафар,
«Ҷумҳурият»
 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/