wrapper

Хабарҳо

Дар муаррифӣ ва шинохти ин ё он мавзӯъ ё кори муҳим васоилу воситаҳое ҳастанд, ки нақши асосиро мебозанд. Яке аз инҳо рӯзнома мебошад, ки инъикоскунандаи асосии хабари рӯз буда, чун санади таърихӣ дар ҷомеа боқӣ мемонад. Инҷо хостем назаре ба яке аз рӯзномаҳои аглисзабони кишварҳои Ховар ё Шарқи Миёна бипардозем, ки чун манбаи аслии инъикоскунандаи масоили муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши асосиро то имрӯз нишон дода истодааст. Тибқи сарчашмаҳо Ховари Миёна минтақаест, ки аз тангаи “бобул мандиб” то тангаи “дори донил” ва то риштаи куҳҳои Ҳимолой ва бандари Карочӣ воқеъ гардида, чун минтақаи стратегӣ аз назари ҷуғрофӣ ва энергетикӣ буда, дорои 56,6 % нафти курраи замин мебошад. Инҷо дар худ қавмиятҳои гуногунро аз ҷумла эрониҳо, озарбойҷониҳо, туркҳо, курдҳо, балучҳо, арабҳо ва барбариҳоро дар худ ҷой додааст. Баъзе муаррихон дар вожаи Ховари Миёна кишварҳои Афғонистон, Покистон, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Африқои Шимолиро низ шомил мекунанд.
Аммо дар асл он дар китобҳои таърихӣ ба ноҳияе ишорат шудааст, ки дарбаргирандаи кишварҳои байни Эрон ва Мисрро муаррафӣ мекунанд, ки ба он кишварҳои Африқои Шимолӣ низ шомиланд. Муҳим минтақа аз лиҳозо геополитикӣ хело нақши боризеро мебозад ва дигаргуниҳо ва тағйирот дар он ба дигар минтақаҳои олам таъсир мерасонад. Он аз ҳассостарин минтақаи имрӯзи ҷаҳон буда, чун маркази адён дар олам шинохта шудааст.
Дар аввал бояд зикр кард, ки рӯзномаи “ArabNews “ санаи 20 апрели соли 1975 дар Арабистони Саудӣ бо ташаббуси Ҳишом Ҳафиз ва бародараш Муҳаммад Ҳафиз таъсис дода шуда, аз аввлин рӯзномаи англисзабон дар Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад. Он аз ҷумлаи 29 нашрияи Арабистон аст, ки аз ҷониби Ширкати таҳқиқот ва нашри Саъудӣ зери роҳбарии Турки бин Салмон-Ал-Сауд муназзам чоп мегардад. Рӯзнома шиори собиқаи худро, ки зери унвони “барҷастатарин рӯзномаи англисзабони минтақаи Шарқ” дар санаи 4 апрели 2018 ба шиори нав зери унвони “Садо аз минтақаи тағйирёбанда” иваз кард, ки то имрӯз масоили ҷаҳон ва хусусан Шарқи Миёнаро рӯзмарра инъикос мекунад. Дафтари он аз шаҳри Ҷидда ба пойтахти Арабистони Саъудӣ шаҳри Риёз интиқол ёфт, ки то тавонад масоилро хубтару беҳтар инъикос намояд.
Инҷо кӯшиш менамоем, то мурури кутоҳи таърихӣ ба хабарҳои муҳимми ин рӯзнома бикунем, ки дар даврони 45 солагии худ чун манбаи асосии хабарӣ дар минтақа инъикос намудааст. Гузоришҳои нашршуда хело муҳим буда, чун санади таърихӣ то имрӯз барои муҳаққиқон боқӣ монданд, ки зери номи “45 соли фаъолият бо 45 лаҳзаи хотиротӣ” дар минтақаи Шарқи Миёна ба таври муфассал нашр ва баён гардидаанд. Инҷо хостем муруре ба ин 45 хабари чопшудаи рӯзнома дошта, хонандаро аз воқеаҳои муҳимми рӯхдодаи минтақаи Шарқи Миёна огаҳ созем. Зеро санаҳои таърихӣ бо воқеаҳояшон чун санадҳо боқӣ монда, зикри онҳо барои муаррихон ва донишмандон ҳамчун санад ё ҳуҷҷат муҳим арзёбӣ мешавад.
  1. Хабари муфассал оиди сафари Анвар Содот раиси Ҷумҳури Мисри Араб аввалин роҳбари кишварҳои арабӣ ба Исроил (19 ноябри соли 1977);
  2. Ҷойгоҳ ва нақши созишномаи “Камп Давид” дар барқарори сулҳ дар минтақа (17 сентябри соли 1978);
  3. Инқилобе, ки душмании Эронро оташ зад (11 феврали 1979);
  4. Муҳосираи шаҳри Маккаи Мукаррама (20 ноябри соли 1979);
  5. Вуруди неруҳои собиқ Шуравӣ ба Афғонистон (24 декабри соли 1979);
  6. Пазироии ширкати амрикоии АРАМКО аз ҷониби Арабистони Саудӣ (1970);
  7. Оғози ҷанги Ироқу Эрон (22 сентябри соли 1980);
  8. Ташкили созмони минтақавӣ зери номи “Gulf Cooperation Council (GCC)” шӯрои машваратии кишварҳои Халиҷ (санаи 25 майи соли 1981);
  9. Куштори ваҳшатнок дар минтақаи Сабра ва Шатилаи Лубнон (16 сентябри соли 1982);
  10. Бомборкунии Амрико минтақаи Бейрутро (23 октбяр соли 1983);
  11. Пирӯзии Наваал-Ал-Мутавакаллӣ аввалин зани араби мороккоӣ дар бозиҳои Олимпӣ (8 уми августи 1984);
  12. Насб ва ташкили аввалин моҳвораи ҷаҳони араб (8 феврали 1985);
  13. Сафари нахустин шоҳзодаи Саъудӣ ба Фазо (17 июни соли 1985);
  14. Аввалин худкушӣ дар Фаластин (8 декбари соли 1987);
  15. Дарёфти адиби мисрӣ Наҷиб Маҳфуз ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт (санаи 13 октябри соли 1988);
  16. Бомборкунии ҳавопаймои Pan-Am Flight 103, дар Скотландия ( санаи 21 декабри соли 1988);
  17. Тарҳи ва қарордоди Созишномаи сулҳи “Тоиф” барои мардуми Лубнон (22 окябри 1989);
  18. Суқути девори Берлин, ки соли 1961 сохта шуда буд (9 ноябри соли 1989);
  19. Муҳосира ва забти Кувайт аз ҷониби Ироқ (2 августи 1990);
  20. Қабул ва таъйин шудани Бетрус Ғолӣ сиёсатмадори мисрӣ аввалин арабзабон чун котиби генералии СММ (3 декабри соли 1991);
  21. Созишномаи “Осло” оиди сулҳ байни Исроил ва Фаластин (сенябри соли 1993);
  22. Бомбабории бинои “Хобар товер”-и Арабистони Саудӣ (25 июни соли 1996);
  23. Муноқиша ва ҷанг дар Косово (5 марти 1998);
  24. Ҳуҷум ба калонтарин бинои маркази тиҷоратии Амрико (9 сентябри 2001);
  25. Кушташудани 15 хонандаи мактаб дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ (марти 2002);
  26. Пирӯзии Раҷаб Тайб Урдуғон дар Туркия (14 августи 2001);
  27. Ҷанги Амрико бо Ироқ (20 марти 2003);
  28. Кушта шудани Рафиқ Ҳирарӣ президенти Лубнон (14 феврали 2005);
  29. Ихтирои барномаи iphone аз ҷониби Стев Ҷобс (санаи 9 январи соли 2007);
  30. Авҷ ва зиёдашвии буҳрони молии ҷаҳон (санаи 15 сентябри соли 2008);
  31. Аввалин мулоқоти Арабистони Саъудӣ бо роҳбарони “Гурӯҳи 20” (14 ноябри 2008);
  32. Бунёди калонтарин бурҷи дунё зери номи “Бурҷул Халифа” дар Дубай (4 январи соли 2010);
  33. Омадани “Баҳори араб”( 17 декабри 2010);
  34. Барканори Ҳусни Муборак (11 феврали 2011);
  35. Сарзадани аввалин муноқишаҳо дар Сурия (15 марти 2011);
  36. Кушта шудани Усома ибни Лодин (2 майи сол 2011);
  37. Пайдо шудани гурӯҳи “ДОИШ” ва фарозу нишебиҳои тактикаи ҷангии онҳо (30 июни 2014);
  38. Оғози ҷанги дохилӣ дар Яман (22 марти 2015);
  39. Ғарқ шудани кӯдаки сесолаи курдӣ бо аҳли хонаводааш дар соҳили баҳри Туркия (2 сентябри 2015);
  40. Ташкили барномаи рушди иҷтимоӣ зери унвони “визион 2030” аз ҷониби роҳбарияти Арабистони Саудӣ ( 25 апрели 2016);
  41. Таҳрими кишварҳои арабӣ кишвари Қатарро (5 июни 2017);
  42. Аввалин мошинсавории занон дар Арабистони Саудӣ (24 июни 2018);
  43. Суқути Умар Башир президенти Судон (11 апрели 2019);
  44. Корпартоӣ ва муборизаҳо барои кушташудани Қосим Сулаймонӣ роҳбари неруҳои махсуси Эрон (3 январи 2020);
  45. Пайдо шудани пандемия ё вабои асри зери номи “Ковид 2019” дар ҷаҳон (11 марти 2020).
Хулоса, шинохт ва донистани воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ барои коршиносони соҳа муҳим арзёбӣ шуда, баррасӣ ва таҳқиқоти ҷудогонаи ҳар яке аз онҳо барои муҳаққиқон лозиму малзум мебошад.

Манбаъ:

https://www.arabnews.com/45th anniversary( 22-07-2020);
https://fa.wikipedia.org/wiki/ (санаи истифода 20-07-2020).
 
Мирсаид Раҳмонов,
корманди Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/