wrapper

Хабарҳо

Муқаддима

Граҳам Э. Фуллер санаи 28 ноябри 1937 дар Амрико таваллуд шуда, баъд аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳи Ҳорворд дохил шуда, соҳиби дипломи дараҷаи Бакалавр ва Магистратура дар риштаи омӯзиши Шарқи Миёна ва Россия гардидааст. Ӯ муаллифи чанд мақолаву китобҳо аз ҷумла “Ояндаи исломи сиёсӣ” (2003) ва “Туркия ва баҳори араб” (2014) мебошад.
Граҳам донанда забонҳои шарқ аз ҷумла арабӣ, русӣ ва чинӣ буда, зиёда аз 20 сол таҷрибаи кории дипломатӣ дар Олмон, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Яман, Афғонистон ва Ҳонг Конг дорад. Дар соли 1982 вай ба сифати корманди хадамоти амниятӣ барои минтақаи Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ интихоб гардид. Баъд аз 30 соли хадамоти давлатӣ Граҳам маркази таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ зери номи “RAND Corporation” таъсис дод, ки бештар ба масоили кишварҳои Шарқ, геополикаи ҷаҳони ислом ва терроризм вобастагии илмӣ дорад. Ӯ устоди таърих дар Донишгоҳи Симон Фразер буда, соли 2012 матбае ба номи “Bozorg Press” таъсис дод, ки ба забони тоҷикӣ “чопхонаи калон ё бузург” тарҷума мешавад.
Граҳам ҳоло дар маҳаллаи Ванкувери кишвари Канада зиндагӣ мекунад, бештар рӯи масоили иҷтимоӣ кор карда, муносибатҳои хоси инсонгароёна бо хирсҳо, уқобон ва моҳиҳо дорад. Сайру гашт бо дучарха дар кӯҳҳо аз шуғлҳои дӯстдошташ мебошад.
Китоби “Ояндаи исломи сиёсӣ” ба забони англисӣ “The Future of Political Islam” мебошад ва мундариҷаи он аз мавзӯъҳои зер иборатанд:
 
Мундариҷаи китоб
 
  1. Дарду доғи таърихи ислом
  2. Истифода аз исломи сиёсӣ - ислом дар амал
  3. Қутбҳои исломиҳо
  4. Ислом ва геополикитаи ҷаҳон
  5. Ислом ва терроризм
  6. Ислом дар сари қудрат - Ирон, Судон ва Афғонистон
  7. Ислом дар сиёсат
  8. Ислом дар ғарб
  9. Таъсири нерӯҳои ҷаҳонӣ болои исломи сиёсӣ
  10. Ояндаи исломи сиёсӣ-мушкилот ва гузинаҳои он
 
Дар муқаддимаи китоб чунин омадааст:

Китоб маҳсули солҳои зиёди хадамот дар ҷаҳон ислом буда, аз мушоҳидаҳо, афкор оиди феноменаи исломи сиёсӣ таълиф гардидааст. Исломи сиёсӣ чист? Он чи тавр дар ҷаҳон амал мекунад? Ба ҷаҳон чӣ чолишҳо меоварад ва ба чӣ мушкилот рӯ ба рӯ гардидааст? Он аз куҷо сарчашма мегирад? Аз масоили умдаи бахши ин китоб мебошанд. Ин ҳама масоил замоне мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтанд, ки ҳодисаи 11-уми сентябр санаи 2001 дар Амрико рӯх дод, ки дар натиҷаи он ҳамаи ҷаҳон хусусан мамолики Шарқ таассурпазир гардиданд. Ғарбиҳо таваҷҷуҳи худро ба ислом бештар бахшида, таҳаввулоти ислом дар ҷаҳон ва мамолики исломӣ бо фишорҳои нав рӯ ба рӯ гардид. Бо ин восита исломи сиёсӣ рушд ёфта, рӯз то рӯз таҳаввул ва дигаргуниҳо пайдо карда истодааст. Терроризми исломӣ худ як бахше аз исломи сиёсӣ буда, аммо он тавони фароҳамсозии барномаҳои васеъро миёни “Ислом ва Ғарб” читавреки Усома Ибни Лодин ва эълони ҷанги Амрико алайҳи терроризм нишон дод. Бояд дониста бошем, ки ислом як мазҳаб мебошад, ки истифодаи калимаи ислом бештар ба масоили худи он вобастагӣ дорад. Мо наметавонем бигӯем, ки “ислом дар роҳпаймоӣ ё ислом зидди ғарб” мебошад, вале он амалкарди худи мусалмонҳо аст, ки нишон медиҳанд. Ман инҷо ибораи “исломи сиёсӣ ё исломизмро” истифода кардам, зеро ман бештар аз дигарон маънои онро дарк кардаам. Зеро ба назари ман мусалмон касест, ки боварӣ ба он дорад, ки ислом як ҷузви имондории муҳиммест, ки дар бораи чи тавр сиёсат ва ҷомеа бояд дар ҷомеа мусалмонии муосир роҳандозӣ шаванд ва ки бояд ин идеаҳоро дар амал татбиқ созад. Ибораи “исломи сиёсӣ” дар рафтор маънии муоидилро дошта, таҳқиромез набуда, ҳадафҳояш ҳамеша мавриди танқид қарор мегиранд. Ман ин таърифро меписандам, зеро он васеътар буда, исломи радикалӣ, хушунатовар, авториатерӣ ва анаъанавиро арзёбӣ карда, мусулмонро ба самти исломи орому муосир даъват мекунад. Ман инҷо ибораи исломи фундаменталистиро низ истифода кардам, ки он ба касоне рабт дорад, ки фақат ба адабиёт ва доири хурди фаҳми Қуръон ва Ҳадис такя мекунанд. Бунёдгароёни ислом монанд ба мусалмонони анъанвӣ намебошанд. Ҳамаи бунёдгароён мусалмон гуфта мешаванд, аммо ҳамаи мусалмонон бунёдгаро буда наметавонанд. Нуктаи муҳимми китоб вобастагӣ ба исломи сиёсӣ дорад, ки он чун як феномениест, ки ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии замони муосир пайвастагии амиқ дорад.
Мазҳаб падиадест, ки ба фарҳанг ва раванди равони иснсонҳо вобастагӣ дошта, аз зиндагии рӯзмарраи инсонҳо таъсирпазир мебошад. Ҳамаи таҳаввулоти рӯзмарраи инсонҳо дар амрико ба мисли ҳаққи зиндагӣ кардан, оиладоршавӣ, омӯзиши умури заношуӣ, талоқ ва ғайра масоили мазҳабӣ буда, исломи сиёсӣ бо онҳо бештар, ошкортар ва огоҳтар муносибат менамояд. Китоб дорои даҳ боби алоҳида буда, бештар аз таҷрибаҳо ва мушкилоти мамолики мусалмонӣ маълумот меоварад ва барои омӯзиш ва баррасии масоили муҳимми ҷаҳони шарқу ғарб тавсияҳои муфид ироа гардидааст.
Дилемма (ду лемма, юнонӣ) як баҳои ҷадалиест, ки дорои ду мавзӯи ба ҳам мухолиф аст ва имкони интихоби сеюмиро намедиҳад. Дар гуфтори рӯзмарра вақте аз ҳарду гузинаи номатлуб истифода мешавад, интихоб бар асли “шарри камтар” аст.
Тақрибан новобаста аз нуфӯзи баробари ҳамаи онҳо имрӯз дар ҷаҳони ислом, исломгароён бо як суоли асосӣ рӯ ба рӯ ҳастанд: Оё онҳо метавонанд ба чолишҳои афзояндаи пеши рӯи роҳбарони ноком ё нокоромади имрӯз ва роҳбарони билқувваи оянда истодагарӣ кунанд? Исломгароён дар шиносоӣ ва баёни шикоятҳои хуб ҳастанд, аммо барои муваффақияти онҳо дар тамоюли иртибот бо ниёзҳои ҷомеаҳо, фаротар аз нақшаҳои феълии имрӯзи худ бояд бошанд.
 
Ислом ба унвони идеалогия
 
Таҷзия ва таҳлили ин китоб, исбот мекунад, ки Исломи сиёсӣ ба дурустӣ наметавонад ба унвони ҷойгузине барои тамоми идеологияҳо монанди демократӣ, фашизм, сотсиализм, меберализм ва комунизм нишон дода шавад. Наметавон онро ошкоро дар як спектери идеологӣ қарор дод. Исломизмро ба унвони як навъ фарҳанг, ҳамчун вожаи ҷойгузин ё алтернативие, ки тамоми ин самтҳо ё равандҳои идеологияро пушиш медиҳад, дидан бисёр муфидтар аст. Сахт аст, ки тасдиқ кунем, ки исломгарӣ ба худии худ барномаи мушаххасе аст дар ҳоле, ки мо метавонем баъзе пешбиниҳое хосеро аз ҷумла барномаи иҷтимоии муҳофизакори рӯзмарра даъват барои тағйироти сиёсӣ, майли дифоъи фарҳангӣ – натсионалистӣ ва дархости риторикӣ (балоғӣ) барои қабули қонунҳои исломиро муайян кард, ки ин чизҳои гуногуни бисёреро дар амал маъно (нишон) медиҳад. Ин як ҷунбиши сиёсие аст, ки исломро меҳвари фарҳанги сиёсии хеш табдил карда ва сипас идома медиҳад, маънои онро дар матни сиёсии маҳаллӣ бипардозад. Бинобар ин исломгароӣ як идеология нест, балки як чаҳорчӯби мазҳабӣ – фарҳангӣ – сиёсӣ барои мушорикат дар мавзӯҳоест, ки бештар марбут ба мусулмонони машғул ба сиёсат ҳастанд дониста мешавад.
 
Исломе, ки намегӯяд
 
Исломгароён бояд як барономаи мушаххас, мусбат, хос ва созанда барои ҷомеа ва давлат бисозанд. Агар талош барои “асолат” дар ислом, ки дар тақобул бо вазъи мавҷуди (статус-кво) иқтидоргароёнаи тибқи ғарб бошад, ҳадафи ғолиб аҳзоби исломгаро меистад. Ба эҳтимоли зиёд шонси хуб аст, ки шикояти онҳо дар як ҷустуҷӯи мубҳам ё ормонгароёна бимонанд, ки онҳоро доимо ба як нақши негативӣ (манфӣ) ҳамчун нигаҳбони худ дифоии дарвозаҳои фарҳангие, ки дурнамои онҳо таъмин нест. Аҳзоб фақат муаррифкунандаи исломе, ки “не мегӯяд” негативӣ мебошад ва як рӯйкарди манфӣ ва шодиовар ба таври васвос бар он чи манъ ва ғалат аст тамаркуз ё таваҷҷуҳ мекунанд. Дастурамали бисёр андаке ба вижа дар байни усулгароён (фундаментализм) вуҷуд дорад, ки илҳомбахш, шодиовар, созанда ё оянданигар аст. Бо вуҷуди ин, яке аз вазифаҳои калидӣ барои ҳамаи динҳо, кам-кам фаҳмонидан, илҳом бахшидан ва маъно бахшидан ба зиндагӣ мебошад. “Исломе, ки мегӯяд, на” ба таври комил дар ин ширкат (иқдоми муҳим) ноком аст. Ин рӯйкард (подход)–и тангназарона ва вокунишӣ (реаксионӣ) бо тамаркуз ба таҳдидҳое бар алайҳи ислом аз ҷаҳони хориҷ афзоиш ва шиддат мегиранд, ки мавқеияти дифоие асос бар зидди ҷаҳони хориҷӣ доранд, на ҳадафи мусбат барои беҳбуд бахшидани ҳукумат ва ҷомеа дар ҷаҳони ислом. Дар поён танҳо бо тақвият ва беҳбуди воқеии ҳукумати исломӣ, ҷавомеъи мусулмонон метавонанд дар баробари султаи ғарб муқовимат кунанд ва рӯйкардҳои ҷойгузини (алтернативии) пойдорро пеш гиранд.
Исломгароёни усулгаро гароиши хоси содда кардани ислом ҳамҷун намодгароии (символи) ҳуқуқи шариат муаррифӣ карданд ва баъзан ҳатто шариатро ба ҳуқуқи хонавода ва кодекси муҷозот (ҳудуд) мутеъ кардан ба гунае, ки ислом намояндагари муътабартарин ё аслитарин шакл аст. Ин вазъияти исломгароёнро ба сатҳи фаротар аз арзиши ҷомеаи худ коҳиш медиҳад.
Бинобар ин онҳо масъулияти муқобила бо масоили воқеан душвор сохтани арзишҳои исломиро бо таваҷҷуҳ ба масоили печидаи иҷтимоӣ ва иқтисодии имрӯз канор мекунанд. Оливер Рой изҳор мекунад, ки нотавонии бисёр исломгароёни фаъоли сиёсӣ дар баробари муқовимат ба қудрати саркубгаронаи давлат теъдоди зиёде аз онҳоро самти дидгоҳи ғайри сиёсӣ ва бунёдгароёнатар афзоиши бе рабти бурдааст.

Идома дорад...



 

Аз китоби “The Future of Political Islam”-и

Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,

 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ

(санаи тав. 28 ноябри 1937).

Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи

Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,

Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.

 

 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/