wrapper

Хабарҳо

 
Қисми - 3

Мубоҳисаи калидии ин китоб набудани ҳузури ҳайратангез дар ин марҳила чапгароён дар спектри сиёсии бештари ҷаҳони ислом мебошад ва ин суол матраҳ мешавад, ки оё исломгароён аз ин хало истифода хоҳанд кард ё не? Коммунистҳо ва сотсиалистҳо, ки дар бештари давраи ҷанги сард равнақ пайдо карданд, акнун дар сиёсати мусулмонон муҳимиятро аз даст дода ва чеҳраи каме доранд. Ба ин ҳол “чап” наметавонад нопадид шавад; ин бахш ҷудонопазир аз спектри сиёсӣ дар ҳар маконе аст, ки таваҷҷуҳ ба мушкилот ва мавзӯҳои иҷтимоию иқтисодии доғ мекунад. Чи қадар ҷунбишҳои исломӣ то кунун радикал хоҳанд буд - на аз назари хушунат ё хунрезӣ, балки дар пешбурди як барномаи иҷтимоӣ ва иқтисодии пуё, ба вижа ба самти беҳбуд ё ҳалли мушкилоти мардум бошад? Таъкиди зиёди исломгароён бар адолат (адл) ба назар мерасад, ки ба таври табиӣ роҳ ба мавзеъгирии радикалтар дар мавриди масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мешавад.
Бо ин ҳол, ҷунбишҳои исломгароёна муҳофизакории иҷтимоӣ ва иқтисодии чашмгиреро нишон додаанд, ба вижа бо таваҷҷуҳ ба ниёзи мубрам ба ислоҳоти амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳони ислом реша доранд. Тарси онҳо то кунун як суоли ҷиддӣ роҷеъ ба ин ки азҳоби исломии “фурсатталаб” дар воқеъ чи қадар ҳастанд, дубора эҷод мекунад.
Дар Покистон ва Миср исломгароён мухолифи ислоҳоти ҷиддии замин ҳастанд, ки беҳад зарур аст. Дар Покистон онҳо инчунин зидди тамдиди андоз аз даромад ҳастанд дар ҳоле, ки сарватмандон пеш аз ҳама аз набудани он бештар нафъ ё бурд мекунанд. Дар Кувайт бештари исломгароён ба ҳаққи раъй ва ширкат дар интихоботи занон мухолифат кардаанд. Дар ҳоле, ки ислом мутмаинан як мазҳаби ифротӣ нест, аммо яке аз ҳадафҳои аслии он - назми одилонатари сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад. Дар асл исломгароёнро тарғиб кунанд, то сиёсатҳои бунёдитаре барои ислоҳот ва адолати иқтисодию иҷтимоӣ пеш гиранд ё қабул кунанд. Оғози муҳим шояд фарогиртарин вижагии исломгароён, мубориза бо фасод, чолиш ё мушкилоти бисёр бунёдии исломиён барои вазъи мавҷуд (статус - кво) бошад. Аммо суолҳои бузург дар бораи тақсимоти хашини нобаробарии иқтисодӣ ва нобаробарии зиёд дорад ва низоми феодалии моликияти замин ва контрол аз болои мардум, то ҳадде берун аз интиқодҳои исломгароён мондааст. Эрон дар ҳақиқат танҳо ҷоест, ки исломгароён барномаҳои бунёдитаре барои ҷомеа ва иқтисод дар пеш гирифтаанд. Оё исломгароён барои озмоиш сиёсатҳои бунёдии иҷтимоию иҷтисодиро барои оянда қабул мекунанд, махсусан вақте ки норизоиятиҳои иҷтимоӣ дар сатҳи болотар мерасад, ки шахтаи (маъдани) ғанӣ барои манфиати сиёсат мебошад? Жозеф Самаҳа яке аз масъулони нашрияи “ал - Ҳаёт” мепурсад, ки оё исломгароён дар ҳоло ҳозир машруияти кофӣ дар назми сиёсии бисёре аз кишварҳои мусулмонро ба даст овардаанд, акнун онҳо розӣ ҳастанд, ки талош барои “тағйири бузург”-ро канор бигузоранд ва оё ҳамаҷо ҳозир ҳастанд, ба соддагӣ қисме аз бозиҳои сиёсие, ки дар асоси мавзӯи мавҷуд ҳаст монанд.
 
Хатарҳои вокунишии исломгароён дар асоси сиёсатҳо
 
Оё арзишҳои муфиди сиёсии ғарбӣ сирфан ба ин далел, ки маншаъи онҳо фосид фаҳмида мешаванд, рад мешаванд ва барномаи сиёсии ғарб шубҳаовар аст? Исломгароён ниёз доранд, то ончиро, ки воқеан рад мекунанд, манбаъ ва идеяҳои худро муаян кунанд. Ин масъала осон ҳал намешавад, то замоне ки барномаи арзишҳои худии Ғарб ба сиёсати хориҷӣ, борҳо интихобӣ, ноҳамвор, худхоҳона ва ба стандартҳои меъёрҳои дугона ва муносиб тавсиф мешаванд.
Паём тавассути хабаррасон хароб аст. Бо ин ҳол исломгароён доим дар ду доми омехта меафтанд. Яке аз намунаҳои муносибат ба Ироқ мебошад. Аксари мусулмонон ба хубӣ огоҳанд, ки Саддом Ҳусейн тақрибан тамоми аҳкоми исломии ҳокимияти одилонаро шикаст ва ба шиддат фишор овард ва ба қатл расонад ва садҳо ҳазор мусулмонон дар ҳамсоягии Эрон ва Кувайтро қурбон сохт.
Ба ин ҳол вақте Саддом бо артишҳои ғарбӣ рӯ ба рӯ мешавад, теъдоди зиёде аз исломгароён дар воқеъ бештари мусулмонҳо мудохилаи низомии ғарбиро ҳамчун таҳдиде бузургтар дарёфтанд. Саддом ҳамчун як қаҳрамон аст, зеро ӯ бар зидди Амрико муқобила кард.
Ба таври мушобеҳ ҷанги НАТО бар зидди поксозии қавми Сербистон дар соли 1999 дар Косово ба интиқоди шадиди бисёре аз исломгароён ва соири мусулмонон оварда расонд, ки нигаронии бештаре нисбат ба инъитофпазирии зурии НАТО дар як минтақаи ҷадидро нишон дод, ҳамзамон НАТО дар воқеъ дар мусулмонони Косово дар Аврупо бар муқобили зулми сербиҳои масеҳӣ муҳофизат мекард.
Ҳангоме, ки муовини раиси Ҷумҳурии Амрико Ал-Торӣ назди мардум Сарвазири Малайзӣ Маҳатир Муҳаммад барои туҳматаш дар соли 1999 интиқод кард ва раванди муҳокима зидди Анвар Иброҳим яке аз маҳбуб ва барҷастаи исломгароро нишон дод, шумори зиёде аз молоиҳо ранҷиданд, на ба ин сабаб ки онҳо розӣ нестанд, балки ба ин далел ба назар мерасад, ки дахолати беасоси ғарб дар пешниҳоди интиқод аз молоиҳоро нишон медиҳад. Дар соли 2001 ҳангоме, ки эътироф карданд, ки ҳамлаи 11 - сентябр ба маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ ҷинояте буд, тақрибан ҳамаи мусулмонон бо ҳамлаи низомии Амрико ба Афғонистон ва сарнагунии давлати Толибон дар ҷанги Амрико бар зидди терроризм мухолифат карданд.
Ба ин ҳол ҷаҳони ислом дар солҳои гузашта тақрибан ба иттифоқи ороъ (андешаҳо) ба режими толибон мухолифат кардааст, ки он намоёнгарӣ як шакли бадавӣ ва шармоварии ислом аст. Дар охир ҳамлаи дигари Амрико бар зидди як кишвари мусулмон, ҳамчун бадтар нисбат ба яки он ду режим ё суқути он фаҳмида мешуд. Ингуна вокунишҳои ба зону задан чизи нодурусту бадеро нишон медиҳад.
Хулоса ин ки, исломгароён бештар аз ҳамла ба иддаоҳои душманони ислом ҷунуну васвос нишон медиҳанд, нисбат ба рушди арзишҳои мустақили худ...

Давом дорад...


Аз китоби “The Future of Political Islam”-и

Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,

 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ

(санаи тав. 28 ноябри 1937).

Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи

Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,

Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.

 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/