wrapper

Хабарҳо

Рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2020 дар бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, бо ташаббуси Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Саҳми Пешвоёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мустаҳкам намудани дӯстӣ, некҳамсоягиву боварӣ, кушодани саҳфаҳои нав дар муносибатҳои шарикии стратегӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.
Конфронсро Президенти Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон, муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ бо нутқи табрикӣ кушода эълон намуд. Дар маросими кушодашавии форум, ҷонишини аввали спикери палатаи Қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов, сафири фавқулодда ва мухтори Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва академикҳо М. Илолов, К. Олимов ва дигарон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Баъдан иштирокчиёни форум тибқи мазмуну мантиқи маърӯзаҳои илмӣ ба чаҳор шуъба (сексия) тақсим шуда дар толорҳои алоҳида ба кор шурӯъ намуданд:
1) «Ҳолати муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва истиқболи рушди он».
2) «Муносибатҳои иқтисодӣ ва истиқболҳои рушди он».
3) «Ҳолат ва истиқболи муносибатҳои маданӣ».
4) «Муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи илм».
Ба ҳар як зершуъба (сексия)-и конфронс аз ду ҷониб (Тоҷикистону Ӯзбекистон) як нафарӣ баранда тайин шуданд.
Маърӯзаҳои илмӣ масъалаҳои мубрами рӯзро тақозо мекард. Мисол: «Илм ва технология сарҳад намедонад» (М. Илолов, академик, Тоҷикистон); «Ҳамкориҳо дар соҳаи транспорт ва энергетика ва роҳҳои рушди он» (профессор Б. Эргашев, Ӯзбекистон); «Дӯстии халқҳо – калиди ҳама муаммоҳост» (дотсент Ф.Х. Қурбонов, Тоҷикистон); «Муаммоҳои замонавии сейсмология ва роҳҳои ҳалли он» (В. Рафиқов, Ӯзбекистон); «Робитаҳои маданӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар давраи истиқлолият» (д.и.т. Б.Т. Қобилова, Тоҷикистон); «Технологияи ядровӣ ва истифодаи он дар тиббиёт, хоҷагии қишлоқ ва индустрияи саноат» (М. Ташметов, Ӯзбекистон); «Муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар давраи истиқлолият» (дотсент, А.М. Гафуров, Тоҷикистон) ва ғайра манзури иштирокчиён гардидаанд.
 Дар форум ҳамагӣ 57 маърӯза шунида ва муҳокима карда шуд. Ғайр аз маърӯзачиён зиёда аз 200 нафар шунавандагон иштирок намудаанд. Дар чеҳраҳои иштирокчиёни форум кайфияти баланди дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат ба ҳамдигар ҷилвагар буд. Хазинаи дӯстии ҳар ду тараф боз ҳам ғанитар гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар арафаи конфронси илмӣ дар доираи форум байни Институти давлатии маданият ва санъати Ӯзбекистон ва Институти давлатии санъат ва маданияти Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода «Дар бораи муносибатҳои мутақобила ва ҳамкорӣ» созишнома имзо карда шуд. Ректори Институти номбурдаи Ӯзбекистон, профессор Йӯлдошев Иброҳим Ҷӯраевич ба суоли ман посух дода созишномаро чунин шарҳ дод: «Мувофиқи шартномаи мазкур толибилмони тоҷик бо миқдори маълум (20 нафар дар муддати 2 моҳ ҳар сол ба институти мо омада таълиму таҷриба меомӯзанд ва дар навбати худ донишҷӯёни мо ба Институти санъат ва маданияти Тоҷикистон – ш. Душанбе меоянд. Амалиёти мазкур аз ду ҷониб дар як вақт гузаронида мешавад. Ҳамаи хароҷот ҳарсола дар давоми ду моҳ ба зимаи мо гузошта мешаванд. Ҷуз аз таълиму тарбия, мақсади асосии мо ҷавононро ба ҳамдигар наздик ошно намудан, дар байни онҳо риштаҳои дӯстиву рафоқат ва меҳрубониро пойдор сохтан аст».
Баъди анҷоми конфронс меҳмонони Ӯзбекистонӣ мавзеҳои ҷолиби таъби дили шаҳри ҳуснорои Душанберо сайру гашт намуда хайру хуш намудаанд.

Сарчашма: рӯзномаи «Халқ овози» № 37 (201970) аз 17.09.2020

Қ
урбонов Ф.Х.,
н.и.т., дотсент,
корманди калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои
Академияи Миллии илм
ҳои Тоҷикистон,
иштирокчии форум.
 
http://www.zoofirma.ru/