wrapper

Хабарҳо

Қисми - 7
Динҳо метавонанд якдигарро аз ду тариқи комилан мутафовит бубинанд: онҳо метавонанд ба мушорикат ё мухолифати худ нигоҳ кунанд. Ҳар интихоб дорои паёмадҳои азиме аст. Таъкид бар мушорикат, ба маънои талош барои ҳамзистӣ ва ба тафоҳум расидан ва ғалаба бар ихтилофоти фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама пайвастан ба арзиши ҳамбастагӣ ва таҳаммул ба унвони бахше аз як дидгоҳи динӣ аст. Таъкид бар мухолифат ё тафовут, ҷустуҷӯи онҳо барои арзёбӣ ва муомила ё рафтор кардани ортодокси динӣ ва ҷудоихоҳӣ ба таври як арзиши олӣ.
Ихтилофоти амиқ дар равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ба асоси интихоб аст. Равоншиносӣ, ки бар тафовутҳои беш аз ҳад муштарак таъкид мекунад, бар набудани амнияти ҳуввияти мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва осебпазирии ҷомеа бастагӣ дорад: ин таҳриқ медиҳад болои фарқиятҳо таваҷҷуҳ кунем - барои шиносоӣ, таъкид ва ҳимоят, ки чӣ вижагии мунҳасир ба худи ман аст, мавриди таҳдид он чи дар Шумост мегардад. Барои он ки дар муштаракот таъкид кунем, дар сатҳи муаян аз амнияти иҷтимоию ҷамъиятӣ ва боварӣ бархурдор буд, ки шахс ягон таҳдид аз тарафи “дигаре” ки он қудратманд бошад эҳсос накунад. Бо ин ҳол ҷунбишҳои исломгароёна рӯ ба рӯ ба мушкилоти бузург барои аз байн бурдани набуди ҳуввияти амниятие ҳастанд, то ҷасурона бо тағйироти мавриди ниёз истодагарӣ кунанд, барои асолат ба маънои ҷустуҷӯи чизе аст, ки мунҳасир ба ислом аст ва чи чизе онро дар ақидаҳои дигар ҷудо мекунад бошад, исломгароён наметавонанд дар муддати тулонӣ шукуфо шавад. Ин ихтилоф мумкин аст марбут ба ҳифзи суннати ҷомеа бошад, аммо ба моҳияти як мазҳаби ҷаҳонӣ набошад.
Дар оянда исломгароён аз назари сиёсӣ ҳамон вақт пешравӣ мекунанд, ки ақидаҳои муштарак бо дигар ақидаҳо дошта бошанд. Ин як маънои касратгароӣ ва аввалин гом барои эҷоди баданае аз арзишҳои ҷаҳонӣ мешавад, ки метавонад ҳизбҳо ва гурӯҳҳои дигарро низ шарик сохт, агарчӣ барои барқарории иттиҳоди сиёсӣ он кофӣ нест.
Доктор Алии Мазруъӣ аз ҳизби исломгароии Кеняӣ суҳбат мекунад, ки узвияти ҳар муъдақидони мазҳабӣ, то замоне, ки муштарак бошанд, на барои ислом, балки барои бархе аз арзишҳои аслии мусулмонон, ки тавассути ин ҳизб ба унвони нақши аслии он шинохта шудаанд, боз аст. (6) Наҳзати Нур дар Туркия мекушад, то арзишҳои муштаракро бо соири динҳо мушаххас кунад, тақрибан дар ин гуфтугӯҳо “Ислом бидуни ислом” натиҷа мегирад-ин як падидаи мазҳабӣ аст, ки ба маънои ҷаҳонӣ барои афроде, ки ба таври хос аз василаҳои фарҳангии мусулмонон истифода намекунанд баён шудааст. Як тарзи арзишгузорию ҷиҳатдор ба истиҳкоми васеъ ҳаракат мебахшад ва онро барои як афроди бегона камтар хатарноктар аз як рӯйкарди асос бар анъана таҳдид мекунад.
Имрӯз бисёре аз ҷамъиятҳо ва масҷидҳои мусулмонон дар Амрико бо аъзои ғайри мусулмони ин ҷомеа барои ёфтани посухҳои рӯзмарра дар мавриди мушкилоти муштарак ба таври мушобеҳ даст меёбанд.
Имрӯз бисёре аз ғарбиён аз бархе масоиле, ки ҷомеаи ғарбӣ дар назар гирифтааст норозӣ ҳастанд, ки ба назарашон носолим аст. Бисёре тааҷҷуб мекунанд, ки чи гуна ҷомеаи ғарбӣ метавонад чолишҳои даврони пасомадернро бо хурд кардани густурдаи ҷомеа, озодсозии фардгароии бемонеа, коҳиши шуури иҷтимоӣ ва тааҳҳудоти (масъулияти) иҷтимоӣ, густариши гуногуннавъӣ, агар хаос (хараҷу мараҷ) дар миёни идеяҳои рақобатпазир, арзишҳо, хоҳишҳо ва робитаҳои мутақобил ба вуҷуд меояд густариши шикофи (рахнаи) даромадҳо бар бозор ба унвони қудратмандтарин тасаллут бар ҷомеа мебошад. Ҷунбишҳои зиёде дар ҷустуҷӯи иқдомҳои ислоҳӣ барои осебҳои ошкорои иҷтимоӣ фаровон мебошанд. Дар ин маъно, ҳеҷ кас наметавонад бовар дошта бошад, ки оё мумкин аст саранҷом навъе ҳамгироии ниҳоӣ байни ҷаҳони мудерни ғарбӣ ва суннати динӣ, аз ҷумла Ислом бар сари мавзӯъҳои муштараке, ки нигаронӣ аз асосҳои ахлоқии як ҷомеаи солим доранд эҷод мешавад ё не. Ман дар бораи иттиҳоди байни мусулмон ва масеҳиёни бунёдгаро суҳбат намекунам, балки ба як дидгоҳи бештар дорои мушкилоти ахлоқии муштарак ва чолишҳое, ки ҳамаи ҷомеаҳо рӯ ба рӯянд.
Ҳар гуна чунин ҳамгироӣ метавонад ақибнишиниро нишон диҳад, аз ҷумла, аз баъзе хусусиятҳои паҳнгаштаи индивидуализми Ғарб ба номи ҳамбастагии бештари иҷтимоӣ, манфиати дарозмуддати иҷтимоии бешумор олимон, аз ҷумла ҳаракати коммунистии Амрико.

Давом дорад...

Аз китоби “The Future of Political Islam”-и
Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,
 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ
(санаи тав. 28 ноябри 1937).
Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,
Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.
 
http://www.zoofirma.ru/