wrapper

Аксарияти устураҳое, ки аз замони қадим бо қувваи тахайюл эҷод гардида буданд ва то ҳол идома доранд, ба хурофот табдил ёфта, ҷузъи ҷудонашавандаи инсониятро ташкил медиҳад. Инсон то андозае пойбанди он гардидааст, ки ҳатто онро ба як расму русум ва одати рӯзмарраи худ табдил додааст. Бехабар аз он ки зери ҳар як хурофоти сохтаву бофта, ки бо қувваи тахайюл эҷод шудааст, мақсад ё ҳадафи бузурге ниҳон аст.
Муассиртарини хурофотҳо он аст, ки бар пояи дин эҷод гардидааст. Зеро инсон дар баробари баъзе мушкилоти табиӣ, аз қабили марг тарсу ҳароси зиёд дорад. Чун бо роҳи ақл наметавонад тарсу ҳароси ба вуҷуд омадаро аз худ дур кунад, ба эҳсосот рӯ меорад ва аз ин роҳ мехоҳад, ки худро каме ҳам бошад, таскин диҳад. Ин аст, ки аксарияти ҷомеа назди рўњониёну фолбинон ва ё ба мазорҳо рафта, фармудаи онњоро бечуну чаро ва дар аксари ҳолат дучанд иҷро мекунанд.
Бо вуҷуди он, ки олимону шоирон зидди хурофот баромад карда, даъвоҳои беасос ва бардурӯғи онро мантиқан исбот карданд, вале то ҳол аксарияти ҷомеа ба хурофот боварӣ дошта, аз он пайравӣ намуда истодаанд. Чунки то ҳол тарсу ҳарос ва хавфе, ки аз қабл дар дили онҳо реша давонидааст, маҳв нагардидааст. Ин дар ҳолест, ки аксарияти шоирони гузаштаи мо, аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Убайди Зоконӣ ва ғайра то Шамсиддини Шоҳин бар зидди хурофот мубориза бурда, ашъори ноб эҷод карданд ва розҳои ниҳони хурофотро тавассути эҷодиёти худ ифшо намуданд.
Масалан, Абӯалӣ ибни Сино дар рубоиёти баландмазмуни худ ривоёти тахайюлии хурофотро мазаммат карда, пайравони онро ҷоҳилу нодон ва хар медонад. Аз ҷумла:

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Ҷои дигар хурофоти тавқи лаънати шайтон ва аз биҳишт ронда шудани одамро ба ҷуз афсонаи бетамизии олам чизи дигар намедонад:

Афсонаи бетамизии оламро
Фаҳме куну бигузор бешу камро.
Шайтон гардид қобили тавқи лаънат
Берун карданд аз биҳишт одамро.

Абӯалӣ ибни Сино қариб тамоми розҳои сарбастаи табиатро кашф кард ва дарк намуд, ки ҳар як ҳодиса ва воқеаи табиӣ аз ҷониби ягон қувваи бузурги ноаён идора намешавад, балки он сабабҳои ҷисмонӣ дорад ва ягон рабте ба қуввањои бузурги ноаён надорад. Аз ин рӯ, тамоми хурофоте, ки барои тарсонидани ҷомеа эҷод шудаанд, асоси илмї надоранд:

Дар парда сухан намонд, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифатат чу нек фикре кардам,
Маълум бишуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Яъне Абӯалӣ ибни Сино вақте илман ба хурофот наздик мегардад ва мехоҳад онро таҳлилу баррасӣ кунад, ба ӯ маълум мешавад, ки тамоми суханҳо дар мавриди маърифат сохтаву бофта ва пучу бемаънист. Зеро рӯҳониён ва мутаассибоне, ки дар байни љомеа ташвиқоту тарғибот мебурданд ва мардумро аз азоби оташи дузах метарсониданд ва ваъдаи биҳишт медоданд, худ заррае ба гуфтаи худ эътимод надоштанд ва чун ба хилват мерафтанд, ҳамаи он корҳоеро, ки мардумро аз он манъ мекарданд, анљом медоданд.
Аз ин ҷост, ки Ҳофизи Шерозӣ дар як байти худ онњоро мазаммат намуда, рӯирост сирри пинҳони онҳоро фош мекунад ва рӯ ба сӯи донишу хирад меорад:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Рӯҳониён тамоми осебу зарар, шодиву хурсандӣ ва фалокатҳои ба сари мардум омадаро ба тақдиру насиб ва қисмати онҳо ҳавола карда, мардумро ба сабру таҳаммул даъват мекарданд ва бо ин роҳ дар рӯҳияи мардум беҷуръатӣ, заифӣ ва нотавониро дар баробари қудрати тақдиру насиб иҷборан бор мекарданд. Бо ин роҳу равиш рӯҳониён инсони созанда ва эҷодкорро ба як инсони мутеъу фармонбардор ва ољизу нотавон табдил доданд. Вале Умари Хайём дар замоне, ки мутаассибони дин зидди равшанфикрон муборизаи шадид мебурданд, нотарсона, бебокона ва бољуръатона дурӯғи онҳоро рад мекунад:

Ҳар неку баде, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бар чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.

Намояндаи бузурги дигари адабиёт, ки бештар бо латифа ва ҳаҷвҳояш мутаассибони дин ва паҳнкунандаҳои хурофотро таҳқиру мазаммат кардааст, Убайди Зоконӣ мебошад. Убайди Зоконӣ бо латоифи пурмазмун зидди мутаассибон мубориза бурда, суханҳои дурӯғ ва пучу бемаънии онҳоро ҳаҷву масхара мекунад. Бо таълиф намудани рисолаи «Таърифот», «Садпанд» ва «Таълифоти мулло дупиёза» тамоми суханњои сохтаву бофтаи ин мутаассибон зери танқиду тамасхури шоир қарор гирифтааст.
Чуноне ки дар боло қайд гардид, тамоми рӯҳониён ва мутаассибони дин бо эҷод кардани хурофот дар байни ҷомеа хавфу хатар ва тарсро дар дили мардум ҷой карда, ҳадафу мақсад ва ғаразҳои нопоки худро амалӣ мекарданд. Ба эљод кардани хурофот, ҳатто хулафои бани Аббос низ машғул буданд. Онҳо ба хотири ҳифзи фармонравоии худ ва ҷамъ намудани молу хироӣ даъво мекарданд, ки хилофати онҳо аз ҷониби худост ва ба ноҳақ ба худ унвони амиралмуъминин ниҳоданд.
Хулоса, то замоне, ки тарсу хатар дар дили ҷомеа вуҷуд дорад, хурофот низ идома меёбад ва таъсири манфии худро дар байни ҷомеа мерасонад. Бо вуҷуди он ки донишу хирад зидди хурофот муборизаи беамон мебарад ва ҷомеаро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, вале ҳанӯз ҳам хурофот дар байни ҷомеа ба назар мерасад. Аз назари мо, роҳи наҷот ва аз байн бурдани хурофот пеш аз ҳама аз байн бурдани тарсу ҳарос аз дили мардум мебошад. Аз байн бурдани тарсу ҳарос тавассути меҳнат ва муттаҳид намудани ҷомеа амалӣ мешавад. Шукронаи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ айни замон ҷомеаи мо роҳи дурустро интихоб карда, муттаҳидона фаъолият мекунанд. Дар ояндаи наздик хурофот, ки ба як дарди бедаво табдил ёфтааст, маҳв гардида, аз байн меравад.
 
Зуҳуров Абдухолиқ, муҳаққиқ
 
 
http://www.zoofirma.ru/