wrapper

Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оѓози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд.

Тоҷикони Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ “порс” номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи “тоҷик”-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаву фурӯ пошидаанд.

Сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсии кишварҳо дар низоми байналмилалӣ ба шумор меравад ва бақою ҳаёти як кишвар ба он вобастагӣ дорад ва тасмимоту ҷиҳатгириҳои кишварҳо дар заминаи сиёсати хориҷӣ мустақиман ба зиндагии мардум, беҳбудӣ ва амнияти онҳо сару кор дорад.

Ба назари бисёре аз коршиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳон, манфиатҳои миллӣ чароѓи роҳнамои кишварҳо ва давлатҳо дар раванди ҳаракати онҳо дар масири пешрафту тараққӣ аст. Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар равандҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир баромад менамояд, истифодаи тамоми василаҳо дар ин самт метавонанд ба раванди татбиқи сиёсати хориҷии давлат мусоидат намояд.

Дар бораи муносибати байналхалқии Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки робитаҳои хориҷии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аъзои чандин созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Тоҷикистон “сиёсати дарҳои кушода”-ро пеша намудааст. Дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ аз мавқеи манфиатҳои миллӣ ва алоқаҳои мутақобилан судманд бо он мамлакатҳо муносибатро ба роҳ мемонад.

Сарвари давлат аз рӯзҳои аввал ҷонибдори “сиёсати дарҳои кушода” буданд ва дарк мекарданд, ки маҳз дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ аз мавқеи манфиатҳои миллӣ ва алоқаҳои мутақобилан судманд бо он мамлакатҳо метавон кишварро аз муҳосираи иқтисодӣ бароварда, ҷиҳати дар оянда амалӣ намудани ҳадафҳои ҳаётан муҳим барои давлату миллат заминаи мусоид фароҳам овард. Ин нуқтаро дар паёми навбатии худ Пешвои миллат чунин кайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем. Бо баёни ин матлаб Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид ба он намудаанд, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёна ва эҳтироми арзишҳои милливу умумибашариро дар солҳои минбаъда низ идома медиҳад. Махсусан қайд гардид, ки дар оянда низ масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Дар ин росто мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳад бахшид. Матлаб аз ин ҳарфҳо дар он аст, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои қораи Осиё махсусан кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ Ҳиндустон ва Покистон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ки дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи “Бабрҳои Осиёгӣ” машҳуранд ва бархе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони ислом буда аз таҷрибаи иқтисодиву иқтимоӣ, сайёҳиву - саноатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва гуманитариву техникии онҳо истифода намуда, дар шароити кишвар онро татбиқ ва созгор ба манфиатҳои милли мутобиқ мегардонад. Ҳамчунин дар оянда дар доираи лоиҳаҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ҳамкориро бо ин кишварҳо тақвият бахшида, барои пешгирии амалҳои номатлуби замон саҳмгузор ва ташаббускор боқӣ мемонад.

Масъалаи дигаре, ки дар Паём дарҷ гардид ин аст, ки низоми рафтуомади шаҳрвандон буд. Чунончи маълум гардид, Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст, ки ин ҳам бошад аз сиёсати гуманистии кишвар дарак медиҳад. Дар навбати худ ин амал барои ҷалби сайёҳон, сармоягузорони хориҷӣ бад ин васила муаррифии таърих ва фарҳанги ғании тоҷикон, мавзеъҳои истироҳативу табобатӣ дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Худи Пешвои миллаи низ чунин қайд намуданд, ки зарур аст, ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ин раванд боз ҳам такмил дода шавад. Зеро Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудааст.

Нуқтаи дигар ин ҳамкории босамари Тоҷикистон бо созмонҳову ниҳодҳои хислати гуногундоштаи минтақавию байналхалқӣ ва ҳамчунин узви онҳо буд. Пас аз касби истиқлолият дар баробари аъзогӣ Тоҷикистон ташаббускор ва муассиси якчанд созмонҳои минтақавист. Дар ин робита, чун ҳамеша Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун ташаббускор эътироф ва шинохтааст ки силсила ташаббусҳои обӣ дар доираи Созмони Милали Мутаҳид, ташаббусҳои экологиву пешгирии амалҳои номатлуби замон аз қабили терроризу экстремизм, кочоқи маводи мухаддир пешниҳоди тарҳи сулҳ ва дастаҷамъона барои барқарор гардидани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Афғонистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ далели ин гуфтаҳоянд. Тайи солҳои охир бо ташаббусҳои шабонарӯзии шаҳрдорӣ, пойтахти азизи мо Душанбешаҳр ободу зебо ва сабзпуш гардида, макони баргузории ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ гардидааст. Чандин маротиба аз ҷониби иштирокчиён, ташрифоварандагон ва таҳлилгарони соҳавӣ барои дар сатҳи баланду осуда ва хотирмону бо нишон додани фарҳангӣ болои урфу одатҳои меҳмоннавозиву меҳмондорӣ, баргузор гардидани ин ҳамоишҳо ба Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. Пас аз натиҷагирии ин ҳамоишҳо чандин маротиба аз ҷониби чандин сиёсатмадорони ҷаҳон аз қабили Президенти ФР Владимер Путин, Роҳбари давлати Хитой СИНҶИН ПИН, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Белоруссия Александр Лукашенко, Пешвои Қазоқистон Нурсултон Назарбоевич барои дар сатҳи олӣ ва хотирмон баргузор гардидан, садо додаанд, ки барои ҳар як тоҷику тоҷикистони боиси фахр аст. Имсол низ барои Тоҷикистон соли фаромӯшнашуданист, зеро Душанбе соли ҷорӣ мизбони баргузории ҳамоиши бонуфузи созмонҳои минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мебошад. Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст. Дар Душанбе баргузор гардидани 20-солаи таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки бонуфузтарин созмони минтақавист, аз мавқеи намоёнро ишғол намудани Тоҷикистон ва нақши калидӣ доштани онро дар фаъолияти созмон шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ низ ин навбат дар Душанбе баргузор мегардад. Дар навбати худ ин созмон ягона созмони ҳарбиву амниятиест, ки дар фазои пасошӯравӣ фаъолият намуда, дар таъмини амнияти кишварҳои минтақа нақши босазое дорад.

Тоҷикистон ҳамчун сипар байни Афғонистон ва кишварҳои узви ин созмон барои пешгирии амалҳои террористиву экстреместӣ ва гардиши маводи мухаддир нақши калидӣ дорад. Ҳанӯз пешниҳоди Пешвои миллат дар соли 1998 дар атрофи Афғонистон барқарор намудани камарбанди амниятӣ ва минбаъда дар чандин ҳамоишҳои байналхалқиву минтақавӣ даъват намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумаку дастгирии ҳукумати Афғонистон барои расидан ба сулҳ худ шаҳодати он аст, ки нисбат ба тақдири амнияти минтақаву ҷаҳон Тоҷикистон бетараф набуда, ҳамеша талош менамояд амнияти минтақа таъмин ва раванди ҳамгироии минтақавӣ густариш ёбад.

Ин нуқта низ дар паёми навбати чунин таъкид гардид, ки мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад. Зеро амният дар Афғонистон барои кишварҳои минтақа метавонад як заминаи рушдеро фароҳам орад. Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре ки борҳо таъкид карда будам, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон қарор дорад, қайд гардид дар Паём. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

Аз ҷумла қайд гардид ки, идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир, аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Ба ин манзур, мо дар оянда низ фаъолияти байналмилалии худро мутобиқ ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии давлатамон бо саъю талоши бештар идома хоҳем дод.

Имсол воқеан барои мардуми Тоҷикистон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, аз нигоҳи мо, бо назардошти тамоми он таҳаввулотҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон рӯй дода истодааст, корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро тақвият бахшидан лозим аст.

 

   Ниёзӣ Ё.Б. – директори Институт

   Ҳабибҷон Мирзоев – ходими илмии Институт

 

 
http://www.zoofirma.ru/