Нусхаи чопи
Бахши дувум
Фиристода пайғоми шоҳи ҷаҳон
Бад-эшон бигуфт ошкору ниҳон
                                           Фирдавсӣ
Гирдоварӣ ва пардозиши иттилоот аз муҳимтарин самтҳои фаолияти дипломатӣ ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки аз сифатҳои барҷастаи дипломат кунҷковии ӯ дар касби иттилоот ва ахбори саҳеҳ ва пайгирии авзоъ ва аҳволи кишвари маҳалли маъмурият ва гузориши он ба давлати хеш аст. Конвенсияи Вена роҷеъ ба муносибатҳои дипломатии соли 1961 тайи моддаи 3 зимни шумориши вазифаҳои маъмурони дипломатӣ дар банди д) маълум намудани авзоъ ва сайри воқиаҳо дар кишвари пазиранда бо истифода аз тамоми василаҳои қонунӣ ва гузориши он ба ҳукумати кишвари фиристандаро зикр кардааст (Ascertaining by all lawful means conditions and developments in the receiving State, and reporting thereon to the Government of the sending State;).
Чизе ки дар Конвенсияи Вена касби иттилоот ва ахборро аз ҷосусӣ мутамоиз месозад, истифода аз “василаҳои қонунӣ” аст. Ин навъи фаолият барои сафирон ва фиристодагон аз замонҳои бисёр дур шинохта шуда буд. Хоҷа Низомулмулк, вазири донишманди тоҷик беш аз нуҳсад сол пеш дар китоби “Сиёсатнома” ё “Сияр-ул-мулук” касби иттилоотро аз вазифаҳои аслии сафирон дониста ва ба сароҳат мегӯяд, ки манзури подшоҳон аз эъзоми сафирон назди якдигар танҳо расондани нома ё паём нест, ки ошкоро анҷом диҳанд, балки садҳо мақсуди дигар доранд, аз ҷумла касби иттилоот дар бораи вазъи ҷуғрофиву дохилии кишвар, огоҳӣ аз теъдоди лашкар, вазъи таслиҳотӣ ва мавзӯъҳои бисёри дигар. Ба тавре ки метавон гуфт, тавсияҳои Низомулмулк ба аъмоли ҷосусӣ ба мафҳуми имрӯз бештар шабоҳат дорад ва аз ҳудуди вазифаҳои сафирон ва дипломатҳои имрӯз фаротар меравад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки пас аз гузашти тақрибан ҳазор сол ин тавсияҳо дар робитаҳои байналмилалӣ ҳанӯз эътибори худро аз даст надодаанд ва бисёре аз роҳнамоиҳои он замон ҳанӯз тозагӣ дорад.  
Дар фаолияти дипломатӣ касби иттилоот ва ахбор тавъам бо таҳқиқ ва пажӯҳиш аст. Таҳқиқ ва пажӯҳиши дипломатӣ аз се марҳилаи зерин иборат аст: ҷамъоварии мавод, таҳлили мавод ва таҳияи гузориш. Дар ҳар яке аз ин се марҳила ҷустани ҳақиқат аз байни фактҳо ва ҷудо кардани матолиби рост аз дурӯғ барои дипломатҳо зарурист. Таҳлили ҷиддӣ ва гузориши арзишманд наметавонад бар дурӯғ паҳлӯ занад. Мусаллам аст, ки иттихози қарори дуруст бар асоси доварии дуруст имконпазир аст ва барои доварии дуруст доштани маълумоти дуруст ҳатмист.
Зимни мукотибаи рӯзмарра дипломатҳо ба таҳияи матолиби иттилоотию маълумотӣ, номаҳои сиёсӣ, гузоришҳо, мукотиба дар масъалаҳои консулӣ, барқияҳои рамзӣ, сабти суҳбат, маълумотнома, тавсифномаҳои сиёсӣ, посух ба дархостҳои вазорати корҳои хориҷӣ ва ғайра машғуланд. Сафоратҳо, намояндагиҳои доимӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ, сарконсулиҳо, бахшҳои консулии сафоратҳо дар бораи фаолияти худ ба марказ гузоришҳои солона пешкаш мекунанд. Гузашта аз ин, муассисаҳои консулӣ гузоришҳои солонаи оморӣ мефиристанд. Аз рӯи аҳаммият дар байни санадҳои мазкур гузориши солонаи сиёсӣ, номаҳои сиёсӣ ва барқияҳои рамзиро месазад дар раъси феҳрист қарор дод. 

Гузориши солонаи сиёсӣ аз пеш дар асоси санадҳо, маълумотномаҳо, парвандаҳо дар бораи масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари маҳалли маъмурият, ки сафорат қаблан навиштааст, таҳия мегардад. Гузориши солонаи сиёсиро асосан дипломатҳои аршади сафорат дар асоси нақшае, ки сафир таъйид мекунад, менависанд. Дар гузориш масъалаҳои робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвари маҳалли иқомат бо кишвари фиристанда баён шуда, самту гироишҳои тавсеаи он робитаҳо таҳлил мегарданд. Гузориш бояд таҳлилӣ бошад: арзёбиҳои кӯтоҳ ва пешбинии таҳаввули вазъи сиёсӣ ва иқтисодии дохилӣ, сиёсати хориҷии кишвари маҳалли маъмурият ё фаолияти созмони байналмилалии дахлдор, вазъи робитаҳои кишвари фиристанда бо он ду, кори муассисаҳои хориҷии вазорати корҳои хориҷии кишвари фиристанда дар таъмини манфиатҳои кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар аз унсурҳои муҳимми гузориши солонаи сиёсӣ мебошанд. Дар гузориш метавон тавсифномаи нирӯҳои сиёсӣ ва роҳбарони кишварро овард. Сохтори тақрибии гузориши солонаи сиёсии сафорат ба шарҳи зер аст:

            - Муқаддима;
            - Сиёсати хориҷии кишвар;
            - Муносибатҳои дуҷониба (сиёсӣ ва иқтисодӣ);
            - Вазъи иқтисодии кишвар;
            - Сиёсати дохилии кишвар;
            - Нирӯҳои мусаллаҳи кишвар ва сиёсати ҳарбии он;
            - Вазъи илм, маориф ва фарҳанги кишвар;
            - Кори сафорат дар соли сипаришуда (кор бо шаҳрвандон ва ғайра);
            - Натиҷагириҳо ва пешниҳодҳо.

Бадеҳист, ки вобаста ба кишвар ва табиати муносибатҳо бо он нақшаи гузориш метавонад тағйир ё такмил ёбад.
Азбаски гузориши солонаро бисёрии дипломатҳои сафорат менависанд, ногузир масъалаи васли матолиб ва иҷтиноб аз такрор ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки гурӯҳи сиёсати дохилӣ бахши омодакардаи худро бо матолиби таҳиякардаи гурӯҳи иқтисодӣ ҳамоҳанг кунад. Аммо дипломатҳое, ки бахши сиёсати хориҷии давлатро таҳия мекунанд, бояд матолиби худро бо навиштаи гурӯҳи муносибатҳои дуҷониба пайванд диҳанд ва ҳоказо.
Дар гузориш бояд натиҷагириҳои асоснок ва пешниҳодҳои бодалел, аз ҷумла пешниҳодҳо дар бораи густариши робитаҳо бо кишвари маҳалли маъмурият ё созмони байналмилалии дахлдор дар соли ояндаи тақвимӣ ироа гарданд. Ба гузориши солона метавон рӯйхати пешниҳодҳоеро зам кард, ки онҳоро сафорат дар давоми соли гузоришӣ ироа намуда буд ва он пешниҳодҳо ҳанӯз аҳаммияти худро гум накардаанд. Дар гузориш инчунин додаҳои оморӣ дар бораи буҷаи кишвари маҳалли маъмурият, вазъи тиҷорати дуҷониба, нирӯҳои мусаллаҳи кишвар ва ғайра оварда мешаванд. Таваҷҷуҳи махсус бояд ба мубодилаи тиҷоратӣ байни ду кишвар ва роҳҳои афзоиши он зоҳир гардад.
Ҳаҷми гузоришҳои солонаи сиёсии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа одатан то 25 саҳифа буда, бояд ба Душанбе то оғози моҳи декабр пешниҳод шаванд. Гузоришҳо дар вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳангоми зарурат дар вазорату идораҳои дигар баррасӣ мешаванд. Вазорати корҳои хориҷӣ ба гузоришҳои сафоратҳо тақриз менависад. Тақризи гузориш бояд шомили аввалан, арзёбии кори намояндагии хориҷӣ; сониян, таҳлили натиҷагириҳо ва пешниҳодҳо; солисан, маълумот дар бораи тадбирҳое, ки вазорат ҷиҳати амалисозии он пешниҳодҳо меандешад, бошад. Тақризҳо дар сафоратҳо баррасӣ шуда, нақшаи амалҳои баъдӣ дар мавриди пешниҳодҳое, ки вазорат таъйид кардааст, тарҳрезӣ мегардад.

Номаҳои сиёсӣ ҳангоме таҳия мешаванд, ки зарурати огоҳ намудани вазорат ва роҳбарияти кишвар аз рӯйдодҳои муҳимми кишвари маҳалли маъмурият, таҳаввулот дар муносибатҳои байни ду кишвар, ки дар мавриди он кишвари моро салоҳ аст тадбирҳои изофӣ биандешад ё ибтикорҳоеро амалӣ созад, ба миён меояд. Ба номаҳои сиёсӣ унсурҳои зерин хоссанд: а) аҳаммияти мавзӯъ; б) бамаврид будани маълумот; в) таҳлили жарфи ҳамаҷониба; ва г) пешниҳод ё тавсияи сафорат ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои кишвари мо ва шаҳрвандони он (бидуни банди ахир ин санад номаи одии иттилоотӣ,  яъне санади рутбааш пасттар хоҳад буд). Номаҳои сиёсӣ инчунин замоне фиристода мешаванд, ки дар ҳаёти кишвари маҳалли маъмурият тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати дохилӣ ё хориҷӣ ва дигар шудани ҳокимият ва роҳбарияти кишвар дар ҳоли шаклгирӣ бошанд, натиҷаҳои интихобот дар парламент тавозуни нирӯҳоро дар он тағйир диҳанд, дар кишвари маҳалли маъмурият ҳамоишҳои муҳимми байналмилалӣ, ки дар он ин кишвар нақши муҳимро мебозад ё ният дорад бозад, баргузор гарданд.
Қоидаҳои муайян барои таҳия намудани номаҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Номаҳои сиёсиро доираи маҳдуди кормандон таҳия мекунад ва агар номаҳои сиёсӣ баррасӣ шаванд, онро одатан теъдоди хурди ширкаткунандагон баррасӣ мекунанд. Номаҳои сиёсиро сафир имзо мекунад. Тақризи номаҳои сиёсиро идораҳои кишварӣ ё коркардии вазорат (вобаста ба мавзӯъ) менависанд ва ба сафорат ирсол мекунанд. Номаи сиёсӣ одатан аз 4-6 саҳифа иборат мебошад.    
    
Номаҳои иттилоотӣ ё маълумотномаҳои мавзӯӣ дар бораи мавзӯъҳои гуногун, ки мавриди эҳтимоми вазорати корҳои хориҷии кишвар мебошанд, таҳия мегарданд. Қоидаҳои муқарраргардида барои таҳияи санадҳои мазкур низ вуҷуд надоранд. Дар ҳар ҳолати мушаххас мундариҷаи номаҳои иттилоотиро мавзӯъ, аҳаммияти он, вуҷуди манбаъҳо (зимнан на танҳо матолиби расонаҳои гурӯҳӣ, балки маълумоте, ки дар мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони доираҳои гуногуни кишвар дарёфт шудаанд) муайян мекунанд. Номаҳои иттилоотӣ набояд тасодуфӣ бошанд. Ин гуна номаҳо бояд ба фактҳои дақиқ ва санҷида такя кунанд, ҳангоми нақли қавли шахсиятҳои сиёсии кишвар ва овардани додаҳои оморӣ бояд манбаъҳо зикр шаванд. Вале муҳимтар аз ҳама ин навъи санадҳо бояд ҷанбаи таҳлилӣ дошта бошанд. Дар асоси он таҳлил фаолияти вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорат натиҷагирӣ шуда, аз рӯи имкон пешниҳодҳо ироа мегарданд.
Холӣ аз манфиат нахоҳад буд, агар ин маълумотномаҳо пеш аз вироиши ниҳоӣ дар машварати дипломатҳо баррасӣ гарданд. Ин кор ҳам ба беҳбуди худи маълумотнома ва ҳам ба боло рафтани малакаи ҳирфавии дипломатҳо мусоидат мекунад. Дар сурати боздиди ҳайати давлатӣ (ҳукуматӣ) аз кишвар сафорат аз пеш матолиби иттилоотии дахлдорро таҳия карда, ба марказ, чун қоида, як моҳ пеш аз омадани ҳайат ба кишвар мефиристад. Забони маълумотномаҳо бояд сода ва возеҳ бошад. Зимнан набояд ба дунболи теъдоди саҳифаҳо рафт. Ҳаҷми маълумотномаҳо, чун қоида, набояд аз 5-10 саҳифа бештар шавад. Маълумотномаҳо бояд унвони дақиқ дошта бошанд, бо имзои иҷрокунанда, зикри вазифаи ӯ ва қайди таърих ба итмом расанд. Маълумотномаҳои иттилоотӣ амалан маҳсули асосии хаттии сафоратро дар кишвари маҳалли иқомат (ба ҷуз барқияҳо) ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои маълумотномаҳои иттилоотӣ аз пеш ба муддати се моҳ ё ним сол таҳия гардида, ба қадри таҳаввули рӯйдодҳо такмил мешаванд.  

Баррасии матбуот санади махсусест, ки қаблан бисёр роиҷ буд. Бо мурури замон ва густариши матбуоти рақамӣ аҳаммияти он рӯ ба коҳиш ниҳод. Баррасии матбуот одатан дар мавридҳои зерин сурат мегирад: а) омадани ҳайати баландрутба аз пойтахт, ки аксари аъзои он забони кишварро намедонад ва аз ин рӯ дархост мекунад, ки баррасии матбуот сурат гирад; б) дар сафоратҳои ғайримуқим, то ки сафири ғайримуқим ва вазорати корҳои хориҷӣ аз рӯйдодҳои асосӣ дар кишваре, ки сафорат дар он ҷо нест, огоҳӣ дошта бошанд; в) дар ҷое ки сафир забони кишвари маҳалли иқоматро надонад; г) бо супоришҳои алоҳидаи вазорати корҳои хориҷӣ ё аз рӯи мавзӯи муайян ва барои муддати муайян.
Дар баррасии матбуот бояд ба рӯзномаву маҷаллаҳои умда ва муътабари кишвар такя кард. Матбуоти зард дар баррасӣ набояд истифода гардад. Ҳатман бояд гироиши сиёсии рӯзнома, рӯзноманигорон ва воқеъбинии онҳо зикр шавад. Дар баррасии матбуот барномаҳои садо ва симо, ба вежа барномаҳое, ки дар он шахсиятҳои сиёсӣ ва шореҳони машҳур суханронӣ мекунанд, аҳаммияти зиёд доранд. Ба баррасии матбуот одатан дипломатҳои тозакор машғул мешаванд. Бо ин кор онҳо дар таҳияи санадҳои дипломатӣ ва шинохтани кишвар таҷрибаи муфид хоҳанд андӯхт.

Тавсифномаи сиёсӣ. Тавсифномаи шахсияти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, дипломат, соҳибкор ва шахсияти фарҳангӣ санади муҳимми мукотибаи дохилӣ мебошад. Он барои вазорати корҳои хориҷӣ лозим буда, онро ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ, бисёрии вазоратҳо талаб мекунанд. Ҳадафи он додани маълумоти комил дар бораи шахсони муайян, дидгоҳҳои сиёсӣ, хислатҳо, робитаҳо ва дилбастагиҳои онҳо мебошад. Маводи зерин ба сифати манбаъ барои таҳияи ин гуна тавсифномаҳо хидмат мекунанд: маълумотномаҳои тарҷумаҳолӣ (ба монанди “Who is Who”), адабиёти дигари маълумотӣ, суханрониҳо ва изҳороти шахси мавриди тавсиф, мақолаҳо дар бораи ӯ дар матбуот, мақолаҳо ва китобҳои ӯ, корномаи ӯ, сабтҳои суҳбат бо ӯ, агар дар сафорат ва вазорат вуҷуд дошта бошанд. Тавсифнома пурсишнома нест, вале маълумоти асосии тарҷумаҳолӣ дар бораи сиёсатмадор (сол ва ҷои таваллуд, шуғли волидайн, маълумот ва марҳилаҳои асосии фаолияти ӯ) бояд ҳатман зикр гарданд. Қисмати асосии тавсифнома ба фаолияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, дидгоҳҳо ва нақши сиёсии ӯ дар кишвар ихтисос дода мешавад. Тавсифнома бояд танҳо шомили фактҳо ва маълумоти санҷида, инчунин арзёбии асосноки фаолияти ӯ бошад.

Барқияҳои рамзӣ. Дар таҳияи санадҳои мукотибаи хидматӣ, ки зикрашон дар боло рафт, чун қоида тақрибан ҳамаи кормандони сафорат иштирок карда, санадҳои фавқуззикр (ба истиснои гузориши солонаи сиёсӣ) одатан ба марказ моҳе як бор фиристода мешаванд. Аммо барқияи рамзӣ ҳар рӯз ирсол мегардад ва дар навиштани он танҳо доираи маҳдуди кормандон аз ҷумлаи дипломатҳои аршад ширкат меварзанд. Зимнан бояд бо таассуф зикр кард, ки ин навъи муҳимми мукотибаи дохилии дипломатӣ дар кишвари мо ҳанӯз таъсис дода нашудааст.
Шакли барқия бисёр сода аст. Он бо унвон оғоз меёбад, ки муҳтавои барқияро бозтоб мекунад ва ба вазорат кумак мекунад, ки онро ба бахши дахлдор расонад. Барқияро сафир ва ё кордор, дар набудани сафир, имзо мекунад. Барқия бояд ба масъалаи муҳим ва оҷил ихтисос дода шавад. Барқияи рамзӣ бояд ба манбаъҳои ҷиддӣ такя кунад ва набояд матолиби расонаҳои гурӯҳиро такрор намояд. Барқия бояд маълумоти дақиқ ва муҳимро дарбар гирад, фишурда ва бидуни вожаҳои зиёдатӣ бошад, таҳлили масъалаи баёншударо дошта бошад ва агар зарурат бошад, пешниҳодҳо дошта бошад. Худи номи барқия ба услуби хосси он ишора мекунад, яъне матни он бояд сода, кӯтоҳ, муътамад, бидуни тафсилоти зиёдатӣ ва комилан возеҳ бошад. Дар айни замон корбурди ташбеҳҳои бориз ва истиораомез бар ҳусни барқия меафзояд, онро хотирмон ва муассир мекунад. Барқия бояд назари сафоратро дар мавриди масъала бозтоб кунад ва набояд паси назари ҳукумат ва вазир пинҳон шавад. Муаллифони барқия бояд арзёбии воқеъбинонаи рӯйдоҳо, баёни дақиқи фактҳо ва пешниҳодҳоро ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои кишвар, на доираҳову шахсҳои алоҳидаи он ба раҳбарӣ гиранд. Ҳаҷми барқияи одӣ 1-2 саҳифа аст.
Шоёни зикр аст, ки рамзгузории паёмҳо ҳангоми мукотиба байни шоҳон, вазирон ва аҳли дарбор дар гузаштаи дур низ корбурд дошт. Ин навъи номанигориро дар гузашта муаммо ё муаммонома мегуфтанд ва одамони махсусе дар дарбор ба ниҳодану кушодани муаммо гумошта шуда буданд. Дар ин бора метавон дар осори адабии ниёкони мо, ба вежа дар “дебои хусравонӣ”-и насри форсӣ “Таърихи Байҳақӣ” маълумоти ҷолибе пайдо кард (“Масъадиро гуфта ояд, то ҳамакнун муаммономае нависад бо қосиде аз они хеш ва яке ба аскудор[1], ки: “он чи пеш аз ин навишта шуда буд, ботил будааст...””; “Чун муамморо берун овардам[2] ва нусхате равшан набиштам, намози дигар Хоҷа Бунаср онро бихонд ва сахт шод шуд ва ба хидмат пеш рафт...”; “Он гоҳ банда пӯшидаи ӯро бигӯяд, то ба муаммо бинависад...”). Мусаллам аст, ки дар он замонҳои дур номаҳои муаммо бидуни дастгоҳҳои махсуси рамзгузорӣ, ки имрӯзҳо дар ихтиёри вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва сафоратҳои кишварҳои гуногун қарор доранд, навишта мешуданд.

Тезисҳо ё мавзӯъҳои суҳбат санади муҳиммест, ки бояд пеш аз мулоқот ё музокироти расмӣ бо ҳайатҳои хориҷӣ таҳия гардад. Дар ин санад шарҳи муфассали мавзӯъҳо ва масъалаҳое, ки қарор аст ҳангоми мулоқот ё музокироти расмӣ баррасӣ гарданд, оварда мешавад. Муҳим аст, ки дар ин санад нисбат ба ҳар мавзӯъ ва масъалаи мавриди баррасӣ мавқеъ ё назари кишвар баён гардад. Санади мазкур ба роҳбари ҳайат ҷиҳати истифода дар ҷараёни мулоқот ё музокироти расмӣ бо ҳамтои хориҷиаш пешакӣ пешниҳод мегардад. Ногуфта намонад, ки ҷараёни мулоқот ё музокироти расмӣ бояд хаттӣ сабт шавад. Сабти суҳбат ё гузориш аз мулоқот (музокирот) барои пайгирии баъдии масъалаҳои баррасишуда ва иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда лозим аст. Аз ин рӯ бадеҳист, ки барои баёни саҳеҳ ва комили мавзӯъҳое, ки аснои мулоқот ё музокирот баррасӣ шудаанд, диққат дар сабти суҳбат нақши калидӣ дорад.   
Акнун чанд сухан дар бораи вежагиҳои гирдоварӣ ва пардозиши маълумот ва гузориши он ба пойтахт бояд гуфт. Чунон ки дар боло арз шуд, огоҳ кардани мақомоти давлати худ аз хабарҳову воқеаҳое, ки донистани онҳо муфид ва муҳим аст, аз вазифаҳои аввалияи ҳар дипломат мебошад. Дар умури давлатӣ ахбор, иттилоот, натиҷагириҳо ва пешбиниҳои марбут ба кишвари маҳалли маъмурият бояд ба ҳар васила, чи маҳрамона ва чи ошкор бамавқеъ ба марказ гузориш дода шавад. Ҳусни ташхис ва дирояти дипломат дар баргузидан ва ирсоли ин ахбору воқиаҳо ва дар ҷараён гузоштани давлати худ аҳаммияти зиёд дорад. Дипломат бояд дар изҳори назар ва гузоришҳои худ воқеъбин ва ростгӯ бошад. Дипломатияи дуруст ва пойдор он аст, ки бар мабнои ростӣ ва воқеъбинӣ ва бо дар назар гирифтани манфиатҳои миллии кишвар ва наздикии миллатҳо поягузорӣ шуда бошад. Дипломатияе, ки бар асоси тазвир бошад ва танҳо бар манфиатҳои як давлат такя кунад, пойдор намемонад.
Донистани забони англисӣ ё фаронсавӣ аз заруриёти зиндагии дипломатии имрӯз аст. Комёбтарин дипломатҳо касоне ҳастанд, ки ин забонҳоро ба наҳви комил чи дар гуфтугӯ ва чи дар хондан ва навиштан бидонанд ва беҳтар он ки ба ҳар ду забон мусаллат бошанд. Зимнан бояд ба аҳаммияти донистани забони кишвари маҳалли маъмурият низ таъкид кард. Вале сарфи назар аз забонҳои хориҷӣ, дипломат бояд бар забони расмии кишвари худ чира бошад ва онро хуб омӯхта бошад. Тасаллут бар забони модарӣ барои фаҳмидану фаҳмондани матолиб, тарҷумаи саҳеҳи изҳорот ва мукотибот, ки ба забони хориҷӣ аст, навиштани гузориш, барқияҳо ва ғайра зарурат дорад.
Вале тасаллут бар забон кофӣ нест, балки доштани иттилооти васеъ дар заминаҳои мухталиф зарурат дорад. Ин ҳамон чизест, ки ба англисӣ general knowledge гуфта мешавад. Барои доштани иттилооти васеъ хондани китобу маҷаллаву рӯзномаҳо ва муоширату ширкат дар мубоҳисаҳо зарурат дорад. Донишҳое, ки дипломат бояд бидонад, маҳдуд нест ва доманаи васеъ дорад ва шомили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷуғрофиёи ҷаҳон, таърихи умумӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва ғайра аст. Илова ба ин, дипломат бояд дорои иттилооте дар заминаи фарҳанг ва ҳунар бошад ва аз ҳамаи ҷиҳатҳо кишвари худ ва кишвари маҳалли маъмуриятро бишносад.
Бояд дар назар дошт, ки дар ҳар кишвар афроде муайян ва маҳдуд хатти машйи сиёсии давлатро таъйин мекунанд. Давлатҳо дар танзими сиёсати хориҷӣ бар дипломатҳо, яъне намояндагони кишвар, ки ба манзалаи чашму гӯши давлат дар хориҷ ҳастанд, такя мекунанд. Агар иттилоот, изҳори назарҳо ва гузоришҳое, ки аз онон мерасад, дуруст бошад, табъан сиёсати хориҷӣ ҳам дуруст танзим мешавад. Агар гузориши дипломатҳо рост ва воқеъбинона бошад ва дастгоҳҳои иттилоотӣ ҳам ахбор ва воқеаҳоро ончунон ки ҳаст, гузориш диҳанд, танзимкунандагони сиёсат беҳтар метавонанд хатти машйи сиёсиро дар дохил ва хориҷ аз кишвар тарсим кунанд.
            
                               Адабиёт
  1. Vienna Convention on Diplomatic Relations, 1961.
  2. В.И. Попов. Современная дипломатия. Теория и практика. Москва, Научная книга, 2000 г.
  3. Huang Jinqi. What is diplomacy. A bilingual course. - Foreign Affairs College, PRC.
  4. ابوالفیض بیهحقی. تاریخ بیهقی. تهران، سخن، سال 1388.
  5. جواجه نظام الملک. سیاست نامه. انتشارات اساطیر، سال 1369 هجری شمسی.
  6. دکتر پرویز ذوالعین. دپلماسی. خاطرات و آموزه ها. تهران، سال 1377.
ЭЗОҲ:
[1] аскудор – қосиде ё пайке, ки ба ҷиҳати вай дар ҳар манзил асп гузоранд.
[2] муаммо берун овардан – аз нома рамзкушоӣ кардан
 
Хусрав Нозирӣ,
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон