wrapper

Кишваршиносӣ

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Малайзия ва Сингапур

   Минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар даҳсолаҳои наздик метавонад ба яке аз минтақаҳои мутарриқии дунё табдил ёфта, мавқеи пешоҳангиро ба дасти худ бигирад. Солҳои охир кишварҳои минтақа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки таъсири абарқудратҳо, ба вижа ИМА ва Чинро дар минтақа заиф гардонанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро ҳудудҳои аздастрафтаи худ мешуморад, ки ин ақида мамлакатҳои минтақаро то андозае нигарон кардааст. Аз ҳамин лиҳоз аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз зиёдшавии теъдоди чиниҳо дар бархе минтақаҳо хушбин нестанд.

Муфассал ...
Хондан 6119 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нигоҳи муқоисавӣ ба минтақаҳои сайёҳии Озорбойҷону Тоҷикистон

    Осиёи Миёна ва Қафқоз минтақаест, ки дорои фарҳанг ва тамаддуни бой аст. Он дар аксари навиштаҷот ва таълифоти муаррихони ғарбу шарқ зикр шудааст, ки то имрӯз дар санадҳои расмӣ маҳфуз аст. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон шомили ин минтақа буда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Ин имконият медиҳад, ки сайёҳон ва муаррихони ҷаҳон аз ин фарҳангу тамаддун боз ҳам бештару хубтар огоҳӣ пайдо кунанд. Барои бознигарӣ ва мурур аз ин осор ва ҳунарҳои мардумӣ таҳлили муқоисавие ба Тоҷикистон ва Озорбойҷон менамоем, то саҳифаи таърихро барои сайёҳон бозкӯшоӣ кунем.

Муфассал ...
Хондан 6404 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нигоҳе ба мавзеи сайёҳии тоҷикони Покистон

Ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Сайру сайёҳӣ яке аз манобеи рушд ва нумўи кишварҳо аст. Дар дунё бисёр мавзеҳоянд, ки тавассути он имконият ва шароит барои мардуми худ фоидаҳои зиёд меоваранд. Қабул шудани соли 2018 чун соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ  василаест, ки Тоҷикистон,  гардишгарон ва меҳмонони дохилию хориҷиро дар оғӯш бигирад. Барои тарғибу ташвиқи ин иқдоми наҷиб зарур аст, то нигоҳи сайёҳие ба яке аз манотиқи ба мо наздик ва монандтабиат дошта бошем.

Муфассал ...
Хондан 6198 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Яман ва саҳнаҳои ҷадиди ҷанг пас аз Алӣ Абдуллоҳ Салеҳ

Яман кишвари арабӣ буда, дорои таърихи кӯҳан мебошад. Он дар ҷануби шибҳи Чазираи араб ҷойгир аст. Шумораи аҳолии он қариб ба 27 млн нафар мерасад. Яманро аз тарафи шимол Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, аз ҷануб баҳри араб ва Халиҷи Адан ва аз шарқ Салтанати Уммон ва аз тарафи ғарб баҳри сурх иҳота намудаанд. Дар қисмати ҷанубу ғарбии Яман гулӯгоҳи Бобул Мандаб ҷойгир аст. Ҷумҳурии Яман дар баҳри Сурх зиёда аз 200 ҷазира дорад.

Муфассал ...
Хондан 6494 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 
http://www.zoofirma.ru/