wrapper

Кишваршиносӣ

Миянмар миёни ҳукми артиш ва норозигиҳои мардумӣ намунаи Ироқи навин

Маҳкумияти ҷаҳонӣ ба кудатои артиш ба хотири бозгашт ба қудрат дар кишвари Миянмар (собиқ Бирма) идома дорад, ки ин бозгашти дубораи артиш ба идораи кишвар мебошад. Сарфи назар аз он, ки артиш беш аз 50 сол қудратро дар Миянмар дар даст дошту кишварро назорат мекард. Иқдоми пешгирифтаи артиши Миянмар барои гузаштан ба марҳилаи демократия дар ин давлат монеъа эҷод намуд. Аммо артиш шурӯъи марҳилаи демократиякунониро дар асоси Конститутсияи кишвар ҳанӯз соли 2008 оғоз карда буд. Аз ин рӯ, ба артиш муяссар гардид, ки 25% курсиҳоро дар парлумон нигоҳ дорад. Аммо татбиқи тағйироти конститутсионӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, ки метавонанд таъсири артишро коҳиш диҳанд, манъ шудааст. Муфассал ...
Хондан 1336 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Сингапур: раванд ва дурнамо

Ҷумҳурии Сингапур дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамчун кишвари хурди минтақа буда, як давлати рушдкардаи  ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум табдил ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илму инноватсия рушд кардааст. Бояд зикр кард ки асосгузори рушди ” муъҷизаи иқтисодӣ” Сингапур ин сахми сарвазир Ли Куан Ю буда, дар тули 30 соли давлатдориаш кишвари худро бойю пешрафта кардааст. Аҳолиаш тибқи маълумоти соли 2021 тақрибан 6 058 739 [1] нафар буда  ва ҳудудаш-728,0 км² - ро дар бар мегирад. Пойтахташ шаҳри Сингапур ва забони давлатиаш англисӣ, чинӣ, малайзӣ ва тамилӣ мебошад. Ҷумҳурии Сингапур-ҷумҳурии парлумонӣ-президентӣ буда, аз 14-уми сентябри соли 2017  Президент- Ҳалима Яқуб ва сарвазир Ли Сянлун аз 12 августи 2004 мебошад.
Хондан 1541 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Муносибати Арабистони Саудӣ ва Афғонистон дар замони Толибон ва Ҳукумати муваққат

Муносибатҳои Афғонистон бо Арабистони Саудӣ таҳкурсии хеле амиқ дошта, бо таърихи дастгирии Риёз аз гурӯҳҳои ҳарбӣ-сиёсии гуногуне, ки дар Афғонистон фаъолият доранд, шурӯъ мешавад. Арабистони Саудӣ аз оғози ҷанги солҳои 1978-1989 дар Афғонистон, ҳаракати муҷоҳидинро кӯмак ва дастгирӣ намуда, пас аз хурӯҷи сарбозони Шӯравӣ на танҳо хоки ин кишварро тарк накард, балки ба кӯмак ва дастгирии гурӯҳҳои дигари сиёсию низомӣ, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» идома дод.[1] Муфассал ...
Хондан 1294 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Кишварҳои дунявии Шарқ ва аҳамияти таҷрибаи сиёсии онҳо

Давлати дунявӣ беҳтарин низоми давлатдорӣ дар замони муосир маҳсуб мешавад. Он имконият фароҳам меорад, ки ҷомеа ҳам арзишҳои миллӣ ва ҳам арзишҳои динии худро бе ягон монеа, дар доираи қонунгузории амалкунанда арҷгузорӣ намояд. Муфассал ...
Хондан 1205 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)