wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Ҷомеаи башар таҷдиди назар дорад

Дар Панҷшер фоҷиаи башарӣ рух медиҳад. Дар ин бора хабарнигорони афғону хориҷӣ хабар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, вазъ дар ин вилоят бо ворид шудани ҷангиёни “Толибон” бениҳоят бад шудааст.  "Онҳо барои нест кардани ҳар гуна ҳаракат аз воситаҳои пешрафтаи низомӣ истифода мекунанд. Занҳо, кӯдакон ва пиронсолон дар кӯҳҳо ва водиҳо паноҳ бурдаанд. Гуруснагӣ ва хунукӣ ҳаёти ҳазорон нафарро таҳдид мекунад", - менигоранд  дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Рӯзноманигорон иддао доранд, ки идораҳои давлатӣ, беморхонаҳо ва мағозаҳо дар роҳи асосӣ таҳти назорати ҷангиён  қарор доранд. Дар ҳар як ноҳияи вилоят шумораи зиёди ҷангҷӯён мавҷуданд. Онҳо аллакай ба кофтукоби манзили сокинони маҳаллӣ шурӯъ кардаанд.

Муфассал ...

 Ҳуқуқи занон дар Афғонистон ҳамчун "хатти сурх" барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд

Вақте ки мо ба оинаи таърихи тамаддун назар меандозем, мо шоҳиди муборизаҳои занон барои истиқлол, демократия барои ба даст овардани ҳуқуқҳои хеш дар хонавода, сарфи назар аз он маҳдудияҳое, ки мардон барояшон эҷод кардаанд, мешавем. Вақте ки мо ба таърихи Афғонистон назар меандозем, амир Абдураҳмонхон солҳои 80 - уми қарни XIX аз ҳуқуқи занони Афғонистон хело дифоъ карда буд [1,c.278)]. Амсоли маҳдуд кардани никоҳи бармаҳал, дар доираи қонунгузорӣ ҳуқуқи меросгирӣ, инчунин ҳуқуқи занонро барои талоқ дар доираи қоидаи шариати ислом ҷорӣ намуд. Муфассал ...

Ҷаласаи Сарони давлатҳои Узви СААД

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 16 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи сатҳи олии кишварҳои аъзоёни Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо иштироки ҳузурии Роҳбарони давлатҳои узви СААД -Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас доир гардид. Владимир Путин Президенти Федератсияи Россия бошад, бинобар сабаби хатари сироят шудан аз коронавирус натавонист ташриф орад ва дар фазои маљозӣ  ширкат ва суханронӣ   намуд. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/