wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Намояндаи толибон гуфт, ки ин ҳаракат бо Чин, Русия муносибати хуб ва нияти рушди равобит бо ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро дорад

Ҳаракати радикалии «Толибон», ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст (як созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд кишварҳои дигар мамнӯъ аст), бо Чин ва Русия муносибатҳои хуб дорад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 24 август дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Al Mayadeen аз Бейрут намояндаи дафтари сиёсии радикалҳои Қатар Муҳаммад Наим сухан гуфт. Муфассал ...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд. Муфассал ...

Муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Украина

Ҷумҳурии Украина яке аз давлатҳое буд, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардиданд. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/