wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ФАРОНСА: МАНФИАТ ВА ҲАДАФҲО (ДАР МИСОЛИ ТОҶИКИСТОН)

  Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ тадриҷан бо аксарияти кишварҳои дунё робитаҳои дӯстона барқарор карда, оҳиста – оҳиста эътибори байналмилалӣ пайдо намуданд. Дар ин давра давлатҳои Осиёи Марказӣ бо бисёре аз кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо ва ғайра робитаҳои дуҷониба ба роҳ монданд. Дар байни кишварҳои аврупоӣ Ҷумҳурии Фаронса яке аз аввалинҳо шуда соҳибихтиёрии сиёсии давлатҳои Осиёи Марказиро эътироф кард ва бо ин кишварҳо робитаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.

ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ЯПОНИЯ БА ТОҶИКИСТоН ДАР САМТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

  Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз замони ташаккулёбӣ, аз соли 1992 то айни ҳол дар ҳолати рушд қарор дорад. Асоси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкориҳоро беш аз 63 созишномаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳад. Дар тӯли муносибатҳои дуҷониба, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд, сафарҳои муштараки ҳайатҳои сатҳи баланд ва олӣ барпо гардидааст. Ҷиҳати таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, алалхусус ба даст овардани сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ ҳамчунин ҷоннок намудани муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ Ҷопон иқдоми таъсиси шакли нави ҳамкориро дар қолаби Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» пеш гирифт.

СЕМИНАРИ ИЛМӢ АМАЛӢ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ИСТИҚРОРИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ФАРОНСА

  Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран баргузор гардид.
 
http://www.zoofirma.ru/