wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

ТЕРОРИЗМ – ХАТАРИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Терроризм ва эстремизм яке аз мушкилотҳои ҷаҳони мусосир ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи ҷаҳониёнро бо таҳдиду хатарҳои зиддиинсонияш ба ташвиш овардааст. Гарчанде ки мафҳуми тероризм ва экстеримизм танҳо ба Ислом ва мазҳабҳои он рабт дода шавад ҳам, дар асл терроризм ва экстеримизм дину мазҳаб надорад. Зеро ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гурӯҳи одамоне ҳамроҳ мешаванд, ки дониши кофӣ надоранд. Сардорони гурӯҳҳои террористӣ бошанд, бо истифода аз ҳар гуна таблиғотҳои ифродгароӣ барои ноором кардани манотиқҳои гуногуни сайёраи олам одамонро бо роҳи фиреб ба сафи худ ҳамроҳ намуда, гурӯҳҳои калони террористиро ташкил медиҳанд, ки имрӯзҳо мутаассифона шумораи онҳо зиёд шуда истода, илова бар ин, қариб дар ҳамаи минтақаҳои олам ба чашм мерасанд. Муфассал ...

Баррасии диссертатсияи Кушо Фаҳим дар мавзӯи “Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар рушди маорифи Афғонистон (солҳои 2001-2016)

  Санаи 26-уми апрели соли 2022 баррасии диссертатсияи Кушо Фаҳим дар мавзӯи “Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар рушди маорифи Афғонистон (солҳои 2001-2016) барои дарёфти дараҷаи илмии доктор фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D.020302 – Таърихи умумӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гардид.

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ МАНФИАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) мавқеи муҳим ва калидӣ дорад. Яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи равиши хосаи геополитикии ҶМЧ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамсоягии он бо Афғонистон асос меёбад, зеро Тоҷикистон бо назардошти чунин марзи ҷуғрофӣ аз таҳдидҳои террористӣ холӣ буда наметавонад. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/