wrapper

Мақолаҳо

Борьба международных и региональных организаций против терроризма и  экстремизма

Противостояние транснациональным вызовам и угрозам остается общей задачей всех стран мира, международных и региональных организаций  на  современном этапе. Борьба с транснациональными проблемами, как терроризм и экстремизм, незаконный оборот наркотиков, торговля людьми, нелегальная миграция и риски кибербезопасности, остаются объединяющим элементом для всех стран. Муфассал ...
Хондан 378 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Мы ответственны за мир и спокойствие Центральной Азии

Одной из причин сохранения напряженности в отношениях между государствами и народами в современном мире заключается в том, что политические процессы, как и современный мир, меняются с ускоренными темпами, но правила поведения на международной арене остаются неизменными в течение второй половины ХХ и начале нынешнего века. В этом плане не являются исключением постсоветские государства, унаследовавшие огромные по объему экономические, социальные и политические проблемы. Одной из самых тяжелых проблем является проблема неурегулирования пограничных проблем, в частности демаркации границ между бывшими братскими республиками уже давно несуществующего государства. Муфассал ...
Хондан 138 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Истифодаи бемавриди пасванду пешвандҳо

 
         Пасвандҳо ҳарчанд дар алоҳидагӣ маънии хосе надоранд, вале бо калимаҳои дигар, ба хусус бо исму феълҳо омада, ба калимаҳо маъниву тобишҳои нав медиҳанд. Истифодаи бамавриди онҳо ба ғановати маънии вожаҳо мусоидат менамояд, вале бемавриду ноҷо ба кор бурдани онҳо боиси харобии нутқ мегардад. Мо қаблан  дар бораи  имкониятҳои васеи пасванди  -ак сухан ронда, зимнан ба истифодаи ноҷои баъзе  пасвандҳо ишора карда будем. Ҳоло мехоҳем чанд мавриди дигари истифодаи  ноҷову бемавқеи баъзе пасвандҳои дигарро аз назар гузаронем.
         Вақтҳои охир пасванди –иш зиёд истифода мешавад. Ин пасванд одатан бо феъли амр омада, номи амалро ифода мекунад: равиш, санҷиш, дониш, супориш, биниш, хониш, хоҳиш, созиш, озмоиш… Ахиран бар хилофи ин  қоида пасванди –иш бо калимаи  иҷро, ки худ номи амал аст, истифода мешавад. Масалан, ҳар рӯз дар  намоишҳои телевизион  менависанд: «иҷроиши зинда», ки тарҷумаи таҳтуллафз аз забони русист. Ин ибора  аз ҳар ҷиҳат хароб буда, аз назокату латофтат холӣ аст. Аввалан ба ҷои зинда калимаҳои «воқеӣ» ё «табиӣ»-ро истифода бурдан беҳтар аст. Сониян ба пасванди –иш дар ин маврид зарурат нест, зеро калимаи  иҷро номи амалро ифода менамояд.
         Пасванди дигаре, ки вақтҳои охир зиёд ба кор меравад,  мебошад, ки дар ҳар маврид истифода мешавад. Ин пасванд одатан бо исм ё феъл омада, исми нав месозад: чашма, даста, поя, гуфта, шунида, дида, навишта… Вале корбурди бемавқеъи ин пасванд дар мавридҳои дигар низ гоҳо ба назар мерасад. Масалан, дар ибораи маъмули адабиёти бачагона, боғчаи бачагона, бозии кӯдакона ба пасванди –а зарурате нест.  Вақтҳои охир  калимаҳои  хӯрока, либоса дар овезаи фурӯшгоҳҳо зиёд ба чашм мерасад, ки дуруст нест ва дар ин маврид пасванди –а  ҷои пасванди дигар  -ворӣ-ро гирифтааст, яъне хӯрокворӣ, либосворӣ. Агар ҳадаф кӯтоҳу ихчам ифода кардаи матлаб бошад, вожаҳои  хӯриш ва пӯшишро истифода кардан мумкин аст. Фирдавсӣ фармудааст:
                   Бараҳна  чу зояд зи модар касе,
                   Набояд, ки нозад ба пӯшиш басе.
         Фахриддини Гургонӣ навиштааст:
                   Хӯришҳо поку ҷонафзову нӯшин
                   Чу пӯшишҳои нағзу хубу рангин.
         Чунин ҳолат дар истифодаи пасванди ӣ низ  мушоҳида мешавад.  Дар ибораҳои майдони варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ…  ҳам матлаб бидуни  пасванд равшан аст. Устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳанӯз дар солҳои шасти асри гузашта  дар бораи  истифодаи нодурусти  калимаи «кӯҳӣ» дар ибораҳои одами кӯҳӣ, мусиқии кӯҳӣ, таронаи кӯҳӣ,  оҳанги кӯҳӣ, районҳои кӯҳӣ, институти кӯҳӣ, инженери  кӯҳӣ сухан ронда буданд. Вале ҳоло ҳам ин ибораҳои гӯшхарош мисли ноҳияҳои кӯҳӣ, роҳҳои кӯҳӣ  аз тариқи радиову телевизион  ба гӯш мерасанд. Ҳамин ҳолат дар калимаи боварӣ низ ба назар мерасад. Устод М. Шакурӣ дар бораи  истифодаи нодурусти пасванди –ӣ баҳси густурда намуда, мавридҳои гуногуни бе зарурат ба кор бурдани онро бо мисолҳо нишон дода буданд. Мутаассифона, он хатоҳо имрӯз ҳам дар матбуоту расонаҳои умумӣ ба назар мерасанд. Ибораҳои  кинотеатрҳои шаҳрӣ, мактаби қишлоқӣ, интизоми меҳнатӣ, комиссияи тафтишотӣ, биноҳои мактабӣ, дарси такрорӣ, дарси ҷамъбастӣ, аризаи шикоятӣ, илми иқтисодӣ, илми биологӣ, институти тиббӣ, бозори китобфурӯшӣ, либоси корӣ,рӯзи корӣ, вақти корӣ,   кабинети корӣ, учаткаи наздиҳавлигӣ, эҷодиёти давраиҷангӣ, сафари беруназшаҳрӣ, корҳои беруназмактабӣ имрӯз ҳам гоҳо мушоҳиида мешавад. Сабаби асосии сар задании чунин иштибоҳҳо низ  тарҷумаи таҳтуллафзии ибораҳои русист. Яке аз хатоҳои машҳур ибораи «фермаи ширӣ» аст, ки мавриди баҳс қарор гирифта буд. Вале имрӯз ҳам ин ибора дар шакли корхонаи ширӣ истифода мешавад.
         Пасванди –гар бо исм омада, исми фоил ё худ исми касбу ҳирфароро ифода менамояд: оҳангар, сӯзангар, мисгар, заргар, коргар, пажӯҳишгар… Ба тақлиди калимаҳои мазкур  калимаи  кулолгарро сохтаанд, ки ҳоло вирди забон аст. Вале калимаи кулол худ маънии шахсро ифода мекунад ва эҳтиёҷ ба  пасванди –гарро надорад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» омадааст: «Кулол – кӯзагар, косагар.
                   Ҳар косае, ки сохт, надонам чаро шикаст
                   Гарданда осмон, ки чу чархи  кулол гашт.
                                                             Хусрави Деҳлавӣ».
         Дар фарҳанги мазкур  калимаи  «кӯзагар» чунин шарҳ ёфтааст: «Кӯзагар – кӯзасоз, кулол».
         Вақтҳои охир  баъзан ба ҷои  «гар»  «кор»-ро истифода мебаранд ва  ҳар дуро муродиф мешуморанд: исёнкор, бунёдкор, харобкор… Дар  ҳоле ки  гар  на ба кор, балки ба вар ҳамреша аст. Дар забонҳои  ҳинду аврупоӣ ба г табдил ёфтани ҳарфи в маълум аст. Масалан, волк – гург. Аз  эҳтимол  дур нест, ки  пасванди гар ҳам табдилёфтаи  вар бошад
         Пасвандҳои  -зор ва –сор бо исмҳои ашё омада, маънии маҳал ва фаровонии чизҳоро медиҳад: гулзор, кӯҳсор, лолазор, сабзазор, чашмасор, пахтазор. Вале вақтҳои охир калимаи  хандазор пайдо шудааст, ки ба қолаби мазкур намегунҷад, зеро ханда аз ашё нест.
         Дар корбурди  пасвандҳои ҷамъбандӣ низ нуқсонҳо зиёданд, ки дар ин бора низ устод М. Шакурӣ изҳори назар намуда, мавридҳои зиёди  истифодаи  нодурусти онҳоро нишон дода буданд. Аз ҷумла  дар корбурди ҷамъбандии калимаҳои арабӣ ҷой доштани иштибоҳро таъкид карда буданд. Ба калимаҳои тадқиқот, таҳқиқот, ташкилот, таблиғот, маълумот, талабот, ки бо пасванди от ҷамъбандӣ шудаанд, пасванди – ҳо  илова мекунунд: тадқиқотҳо, ташкилотҳо маълумотҳо ва ғайра. Ҳатто  ба калимаи ахборот, ки  ҷамъи дукаратаи хабар аст, пасванди –ҳоро ҳамроҳ мекунанд. Дар бораи  ҷамъбандии арабӣ Уктами Холиқназар  дар  китоби «Ғалат менависем» баҳс намуда, аз ҷумла 27  навъи ҷамъи шикастаи арабиро нишон додааст. Аксари  он навъҳо дар забони тоҷикӣ ҳам, ба хусус дар матни классикӣ маъмуланд. Калимаҳое, ки дар вазнҳои фиъал( милал, ҳикам, қисас), фуъул(кутуб, туруқ), фиъол(риҷол,ҷибол, киром, кибор), фуъъол(куттоб,ҳукком), фуъул(қулуб,ҳуқуқ, мулук), афъол(ашхос, атфол, авқот, алвон,авлод, атроф, арвоҳ, ақвом, асҳоб, ашроф, ахбор), фуъало (фуқаро,умаро, шуаро,уламо, вузаро, руасо), фаъоил(расоил,ҷазоир,шароит), фавоъил (ҳаводис, тавобеъ), мафоъил (мадорис, маҷолис, макотиб, масоҷид), фаъолил (салотин, давовин), мафоъил (маҷомиъ, маҷонин, масокин), афоъил (асолиб, аносир) … Аксари калимаҳои  бо ҷамъбандии шикастаи арабӣ сохташуда, имрӯз ҳам истифода мешаванд. Бинобар ин ба онҳо илова кардани пасвандҳои  -ҳо ва  -он, ки гоҳо дучор меояд, зарур нест. Масалан, вақтҳои охир калимаи  маводҳо, атрофҳо, шароитҳо, авлодон, аҷдодон дар матбуот зиёд ба назар мерасанд.
 Пасванди –от-и арабӣ дар баъзе калимаҳои тоҷикӣ  ҳам  ба назар мерасад, мисли деҳот, сабзавот, боғот  гузоришот, пешниҳодот, навиштаҷот, баҳориёт, корхонаҷот ва ғайра, ки  ба онҳо низ илова кардани  пасвандҳои  -ҳо ва –он зарур нест.
Устод Муҳамадҷон Шакурӣ  дар бораи истифодаи нодурусти   дар шакли ҷамъ овардани исмҳо пас аз шумора   изҳори назар намуда, бо таассуф таъкид карда буданд, ки  вақтҳои охир ин хато идома дорад. «Дар натиҷа  кор ба ҷое расидааст, ки  бисёр одамон пас аз шумора ҷамъ шудани  исмро қоида гумон кардаанд ва дар нутқи расмӣ – дар маҷлисҳо аз рӯи ин «қоида амал мекунанд».  Мутаассифона, ин хато имрӯз ҳам дар матбуоти мо  ва гуфтору намоишҳои радиову телевизион  зиёд ба назар мерасад. Ҳоло ҳам  50 клубҳои ҷавонон, 150 китобҳо, сад ҷавонон барин ибораҳо  ба чашм мерасанд, ки гӯшхарошанд.  Омили асосии пайдоиш ва густариши ин хато тарҷумаи таҳтуллафзи ибораҳои русист. Зеро дар забони русӣ мутобиқати  шумораву исм  зарур аст, ки ин ба забони тоҷикӣ хос нест.
Дар забони тоҷикӣ чанд пешванде  ҳастанд, ки хеле кам истифода мешаванд. Яке аз чунин пешвандҳо  фур аст, ки аслан  аз калимаи  фуруд ба вуҷуд омадааст. Калимаи фуруд исмест, ки маънии  зер, паст, поинро дорад.Фирдавсӣ ба ин маънӣ навиштааст:
         Даромад дар он  ҷои некон фуруд,
Фиристод  наздики эшон дуруд.
                        ***
Он зан зи дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст андарниҳод.
                      Рӯдакӣ
 
         Калимаи мазкур дар шакли кӯтоҳшудаи  фурӯ низ истифода мешуд:
                   Аз  он кӯҳ  ғалтон  фурӯ ғоштанд,
                   Мар он хуфтаро кушта пиндоштанд.
                                                                          Фирдавсӣ
         Фурӯ дар калимаҳои  фурутан ва фурумоя  ҳам ба назар мерасад.
         Калимаи фурӯ ихтисор шуда,  дар шакли фур шояд ба  пешванд табдил ёфтааст ва дар гӯиши мардум дар  феъли  фуромадан корбаст мешавад. Вале вақтҳои охир ин феълро дар шакли фаромадан истифода мекунанд, ки дуруст нест.  Зеро дар забони мо пешванди фар ҳам  ҳаст, ки он  маънии муқобили  фурро дорад ва аз калимаи фароз пайдо шудааст. Фароз баръакси фуруд ба маънии баландӣ истифода мешуд  :
                   Ҳаметохт андар фарозу нишеб
Ҳамезад ба гурзу ба теғу рикеб.
                                                         Фирдавсӣ
                                                         ***
                            Чу Юсуфро фарози тахт биншонд,
Нисори  ҷону дил дар пояш афшонд.
                           Ҷомӣ
Дар гӯиши мардуми водии Зарафшон калимаи  бароз ба маънии баландӣ зиёд истифода мешавад, ки  ба назари мо ин ҳамон шакли гуфтории фароз аст. Шояд пешванди  бар аз ҳамин вожа ба вуҷуд омада бошад, ки феъли баромадан ба он гувоҳ аст. Дар феъли  баромадан  пешванди бар  маънии берун шудан, боло рафтанро медиҳад:   
Гар тухми  тараб кориву аз дида диҳӣ об,
Дар боғи муҳаббат  аламу дард барояд.
                           Махфӣ
Дар забони матбуот, мутаассифона, пешвандҳои фар ва фур  ҳамчун як пешванд истифода мешавад.
Тавре ки мебинем, пасванду пешвандҳо  ҳарчанд мисли вожаҳои дигар  маъниву мафҳуми  мустақил надоранд, вале дар таркиби ибораву ҷумлаҳо дар робита бо калимаҳои дигар тобишҳои гуногуни  маънавиро ифода намуда, барои баёни равшану возеҳи нутқ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ дар истифодаи онҳо низ бояд таваҷӯҳу эътибор  зоҳир гардад.
 
                                                                   Мирзо Муллоаҳмад
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Муфассал ...
Хондан 130 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Махфии Бадахшӣ

Махфӣ аз хонаводаи номдори мирони Бадахшон аст, ки сарсилаи онҳо Мирёрбег (1672-1740) буд. ӯ соли 1877 дар мавзеи Хулми Тошқурғон, замоне ки падараш дар он ҷо бадарға буд, ба дунё омад. Падараш Мирмуҳаммадшоҳи Оҷиз шоир ва нависанда буда, асари дастнависи манзуму мансури ӯ ба номи «Чорбоғи шоҳӣ» боқӣ мондааст. Модараш Бибӣ Ҷаҳоноро ном дошта, духтари Оқсақол Баҳори Қалуғ буд. Бародаронаш Мирмуҳаммадшоҳ ва Суҳробшоҳ ҳарду аҳли завқ буда, бо тахаллуси Ғамгин ва Савдо шеър мегуфтанд. Номи аслиаш Саидат ё Саидатуннисо буда, Махфӣ тахаллуси шоириаш мебошад. Муфассал ...
Хондан 124 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)
 
http://www.zoofirma.ru/