wrapper

Мақолаҳо

Заминаҳои рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

  То расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин нимфеодалӣ ва ниммустамликавӣ буд, ки бо суръати ниҳоят паст рушд мекард. Дар солҳои 1901—1950 суръати миёнаи солонаи афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд ММД) ҳамагӣ 0,6 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба сатҳи ҷаҳонӣ (2,2 дарсад) 3,7 маротиба паст буд[5]. Дар солҳои 50-уми асри гузашта, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дастгирии ИҶШС ва истифода аз модели иқтисодии он саноаткунонии босуръатро шуруъ намуда ба ин васила суръати афзоиши ММД-и мамлакат каме боло бурда шуд. Масалан, дар давоми панҷсолаи 1-ум (солҳои 1953—1957), дар як сол ба ҳисоби миёна 7,8 дарсад ММД-и кишвар афзуд. Аммо авантюраҳои минбаъдаи сиёсии «Ҷаҳиши бузург ва коммунаҳои халқӣ», «инқилоби маданӣ» боз ҳам динамикаи иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чинро хеле суст карданд: дар солҳои 60-ум он ба 0,6 ва дар солҳои 70-ум ба ҳисоби миёна дар як сол то 3,1 дарсад суръати рушди иқтисодиёт ба чашм мерасид, дар ҳоле, ки дар ҷаҳон ин нишондод ба 4,6 ва 3,5 дарсад баробар буд. Муфассал ...
Хондан 137 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Рақамикунонӣ дар соҳаи гумрук: таҷрибаи Сингапур

  Имрӯз раванди рақамикунонӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар самти гумрук мушоҳида мегардад. Ҳанӯз соли 2016 аз ҷониби Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Мекурио муҳимияти раванди рақамикунонии гумрукӣ таҳти шиори “Гумрукҳои рақамӣ: ҳамкории пешрафта” таъкид шуда буд. Созмони умумиҷаҳонии гумрук муайян кардааст, ки истилоҳи «гумруки рақамӣ» ба ҳама гуна фаъолияти худкор ё электронӣ дахл дорад ва ба самаранокӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукӣ мусоидат мекунад.[1] Бояд қайд кард, ки низоми автоматии барасмиятдарории гумрукӣ, мафҳуми “Равзанаи ягона” буда, ба воситаи табодули иттилооти электронӣ, вебсайтҳо барои интиқоли иттилоот, шаффофият ва истифода аз технологияҳои интеллектуалӣ мебошад. Муфассал ...
Хондан 97 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

БА МУНОСИБАТИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ИНДОНЕЗИЯ

  Ҷумҳурии  Индонезия дар минтақаи ОҶШ яке аз гиганти минтақа ба шумор меравад. Зеро кишвар аз рӯи ҳудуд 1. 919. 440 км2 буда, кишвари калонтарин дар минтақа аст ва аз рӯи аҳолӣ 266 357 297 соли (2018) миллион нафар аст. Дар ҷаҳон сераҳолитарин кишвар пас аз Хитой, Ҳиндустон ва ИМА мебошад. Аз рӯи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи чорумро ишғол менамояд. Индонезия кишвари бузурги иқтисодии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. 17 августи соли 1945 аз мустамликаи Нидерландия истиқлолият ба даст овард. Пойтахти кишвар шаҳри Ҷакарта ва сохти давлатдори унитарӣ-презиентӣ буда, аз 20 октябри соли 2014 то имрӯз мансаби президентиро Ҷоко Видодо роҳбари мекунад. Муфассал ...
Хондан 119 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ҲАДАФҲОИ ГЕОСИЁСӢ ВА ГЕОИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН НИСБАТ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ муносибатҳоро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳим ва афзалиятнок мешуморад. Аз ҷониби дигар, барои ҶМЧ нигоҳ доштани таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Муфассал ...
Хондан 110 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)