wrapper

Мақолаҳо

Арабистони Саудӣ ва Чин. Маҳдудиятҳо ва дурнамои шарикӣ

  Тайи солҳои ахир равобити Арабистони Саудӣ ва Чин шоҳиди тавсеъаи бесобиқа гардида, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангӣ шудааст. Ҳам Арабистони Саудӣ ва ҳам Чин хостори таҳкими равобити дуҷониба шудаанд. Муносибатҳо ба афзоиши нишондиҳандаҳои мубодилаи тиҷорӣ, кушодани бонкҳои чинӣ дар Арабистони Саудӣ, муомилоти аслиҳа ва қабули таълими забони чинӣ дар баъзе мактабҳо ва донишгоҳҳо аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар як мисоли беназири арабӣ зоҳир шудааст. Муфассал ...
Хондан 193 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир баён шудаанд, таҳия гардидааст. Муфассал ...
Хондан 138 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ба муносибати рӯзи озод шудани Нимҷазираи Корея аз мустамликаи Япония “광복절”

  Таърих шаҳодат аз он медиҳад, ки замоне Нимҷазираи Корея дар зери мустамликаи Япония қарор дошт. Билохира 15 уми августи соли 1945 нимҷазираи Корея озодии сиёсиро ба даст овард ва ин рӯзро광복절яъне рӯзи озодӣ эълон намуданд. Ҳамасола санаи 15 уми август дар нимҷазираи Корея ҳам дар Кореяи Ҷанубӣ ва ҳам дар Кореяи Шимолӣ ин рӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Маънои аслии калимаи Квангбокчол (광복절) “Фестивали бозгашти нур” мебошад. Барои ҳар фарди нимҷазираи Корея махсусан шахсони калонсол ин рӯз дар ҳақиқат дурахшонтарин рӯз дар таърих мебошад. Муфассал ...
Хондан 120 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУМҲУРИИ СОТСИАЛИСТИИ ВЕТНАМ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

  Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бунёди давлати миллӣ, ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Дар ин муддати кӯтоҳ ҷумҳурии мо бо 181 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси ором дар давоми солҳои 1992-1999 барқарор карда шудаанд. Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар умум зиёда аз 40 санад ва ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, маориф ва фарҳанг ба имзо расонидааст. Муфассал ...
Хондан 138 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)