wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Ислом ва шариат (қонуни ислом)

Қисми - 4
Оё воқеан шариат мавзӯи аслии тамаркузи исломгароён аст ё ҳадафи густурдатаре дорад? Исломгароёни бунёдгарона махсусан шариатро ҳамчун унсури асосӣ ва танҳо як шарти зарурӣ барои эҷоди давлат ва ҷомеаи воқеии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Ҳамаи инҳо баҳс дар бораи масъалаи воқеан чи ҳаст “шариат” - ро нодида мегиранд. Оё шариат фаҳмиши танге ҳаст, ки чизе беш аз қонуни исломӣ (фиқҳ), ки тавассути уламо дар тӯли замон сохта шудааст, дарк шавад? Модернистони исломгаро ин диди борик ва суннатиро рад мекунанд ё оё шариат ин мафҳуми бисёр густурдатари роҳи алтернативӣ ба Худо дар маънои аслиаш аст? Муфассал ...
Хондан 21 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Исломгароён ба самти чап ҳаракат мекунанд?

 
Қисми - 3

Мубоҳисаи калидии ин китоб набудани ҳузури ҳайратангез дар ин марҳила чапгароён дар спектри сиёсии бештари ҷаҳони ислом мебошад ва ин суол матраҳ мешавад, ки оё исломгароён аз ин хало истифода хоҳанд кард ё не? Коммунистҳо ва сотсиалистҳо, ки дар бештари давраи ҷанги сард равнақ пайдо карданд, акнун дар сиёсати мусулмонон муҳимиятро аз даст дода ва чеҳраи каме доранд. Ба ин ҳол “чап” наметавонад нопадид шавад; ин бахш ҷудонопазир аз спектри сиёсӣ дар ҳар маконе аст, ки таваҷҷуҳ ба мушкилот ва мавзӯҳои иҷтимоию иқтисодии доғ мекунад. Чи қадар ҷунбишҳои исломӣ то кунун радикал хоҳанд буд - на аз назари хушунат ё хунрезӣ, балки дар пешбурди як барномаи иҷтимоӣ ва иқтисодии пуё, ба вижа ба самти беҳбуд ё ҳалли мушкилоти мардум бошад? Таъкиди зиёди исломгароён бар адолат (адл) ба назар мерасад, ки ба таври табиӣ роҳ ба мавзеъгирии радикалтар дар мавриди масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мешавад.
Муфассал ...
Хондан 44 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дифоъ аз анъанаҳо (тразитсия) ё тағйир

Қисми - 2
Исломгароён бештар байни ду қутб гирифтор шудаанд: нигаҳбонӣ аз анъанаҳо ё суннатҳо ё пештози тағйир. Аксари онҳо тасдиқ мекунанд, ки таҳаввулот дар ҷомеаи исломӣ зарурӣ аст. Аммо кушиш ба нақши ислоҳотталабона онҳоро ба ҳамкорӣ ё ҳатто рақобат бо либералҳои дунявият талаб дорад. Аз назари фалсафӣ созиш комилан қобили дастёбӣ аст, аммо дар дунёи сиёсатҳои ноҳамвори амалӣ ҳар ҳизб барои бахше аз раъйдиҳандагон меҷангад. Исломгароён наметавонанд аз ҳаросат ба ҳавзаи интихобияи муҳофизакори иҷтимоӣ ғофил шаванд, аммо ба таври худкор мумкин аст, муҳокима кардани мавзеъҳои бисёр муҳофизакоронаи онҳо ва ҳатто ҳимоят аз вазъи мавҷуди иҷтимоӣ бошад. Ихвонулмуслимин дар Қувайт қаблан дар мавриди ҳимоят аз ҳаққи раъйи занон ихтилофи назар доштанд. Ин баҳс ниҳоятан ба ташкили ҳадди ақал ду ҷунбиши мухталиф дар байни исломгароён, яке усулгароён (Ваҳдатӣ) дигаре ихвонмеҳвар ва муътадилтар шудааст. Муфассал ...
Хондан 46 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ояндаи исломи сиёсӣ

Муқаддима

Граҳам Э. Фуллер санаи 28 ноябри 1937 дар Амрико таваллуд шуда, баъд аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳи Ҳорворд дохил шуда, соҳиби дипломи дараҷаи Бакалавр ва Магистратура дар риштаи омӯзиши Шарқи Миёна ва Россия гардидааст. Ӯ муаллифи чанд мақолаву китобҳо аз ҷумла “Ояндаи исломи сиёсӣ” (2003) ва “Туркия ва баҳори араб” (2014) мебошад. Муфассал ...
Хондан 43 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.