27 декабри соли равон аз пирӯзии марҳалаи дуввуми инқилоби Савр дар Афғонистон 42 сол мегузарад

Автор: ИИПСАЕ

Расм

27 апрели соли 1978 дар Афғонистон инқилоб ё ба таври дигар агар гӯйем, табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт ва дар натиҷаи он дар кишвар ҳукумати соцалистии Шӯравигаро сари кор омад. Ҳамчунин, ҳамин тағйироти сиёсӣ дар мамлакат, боиси сар задании ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки то имрӯз идома дорад.
Ҳар як ҳодисаи таърихӣ,  хоҳ  ҷанг бошад, ҳоҳ  инқилоб бошад, хоҳ табаддулот ё тағйиротҳои бузурги дигари сиёсиву иҷтимоӣ, бе сабаб ва баҳона рух намедиҳад. Оид ба сабабҳо ва пешомадҳои инқилоби Савр узви Бюрои Сиёсии ҲХДА  (ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон) Солеҳ Муҳаммад  Зирай дар шумораи январии соли 1979 маҷаллаи «Проблемы мира и социализма» дар як мақола вазъияти пешазинқилобии Афғонистонро таҳлил намуда, чунин нигоштааст: «Оммаи мардум омодаи шӯриш буданд. Сатҳи зиндагии мардум хеле пойин рафта буд, Беш аз 1 миллион афғонҳо ба Эрон ҳиҷрат намуданд. Пояҳои ҳокимияти қонунӣ дар назари мардум бисёр заиф шуда, ба ларзиш даромада буд, фармонҳо  иҷро намешуданд. Омили аслӣ ва муҳим дар ин масъала боз он буд, ки мо аъзои ҲХДА тайи 13-14 сол боз дар миёни мардум кор мебурдем ва ба як ҳаракат табдил ёфта будем ва тавонистем, ки дар сафҳои ҳизб бештар аз 50 ҳазор аъзо ва ҷонибдоронро ҷалб намоем. Бешак, чунин қувваи бузург низоми мавҷударо ба тарсу ларз оварда буд».
Ғайр аз навиштаҳои Солеҳ Муҳаммад Зирай, боз яке аз сабабҳо ва омили аслии ба шӯриш даст задани мардум ва низомиён (албатта на хамаи низомиён) он буд, ки рӯзи 17 апрели соли 1978 яке аз Арбобони намоёни ҲХДА, аъзои ҷиноҳи «Парчам», собиқ сармуҳаррири рӯзномаи парчамиҳои ҲХДА Мир Акбар Хайбар парронида шуд. Маросими ҷанозаи ӯ, рӯзи 19 апрел  ба як ҳамоиш ва роҳпаймойии бузург табдил ёфт. Дар ин маросим бештар аз 20 000 нафар мардум ширкат доштанд. Дар миёни мардум хабаре  пахш шуда буд, ки тибқи он гӯё дар қатли М.А. Хайбар пулиси махфии Довуд даст доштааст. Аз ин рӯ, миёни тазоҳургарон ва пулис задухурд ба амал омад.
Ҳамин ҳодиса ва хавфи аз ҳизбиҳо доштаашро ба назар гирифта, шаби 26-уми декабр Довуд фармон дод, ки раҳбарони ҲХДА-ро боздошт ва ба ҳабс гиранд. Дар натиҷа Нур Муҳаммад Таракӣ, Бабрак Кормал, Ҳафизуло Амин, доктор Шоҳ Валӣ, Дастагир Панҷшерӣ, Абдул Ҳаким, Абдул Қодир, доктор Замар Сафӣ ба зиндон фиристода шуданд, Ҷустуҷӯи дигарон идома дошт.
Нависанда ва шоҳид А.А.Ляховский дар китоби хеш: «Трагедия и доблесть Афгана»  қайд мекунад, ки Инқилб ё табаддулоти ба амал омада, Намояндагии Шуравӣ (Сафорат) дар Кобул ва хадамоти махсуси моро ғофилгир намуд. Ин монанди «раъду барқ дар осмони соф» буд барои кормандони Сафорат. Агар сода карда гӯйем, кормандони сафорати Шӯравӣ дар «хобби ғафлат  монданд». Роҳбарони ҲХДА то охирин лаҳза  нақшаи сарнагун сохтани режимро аз шӯравиҳо пинҳон доштанд, ҳатто маслиҳатро бо онҳо раво надиданд, зеро онҳо боварӣ доштанд, ки шӯравиҳо муносибати хуби бо Довуд доштаашонро ба назар гирифта, ба ин кор розӣ нахоҳанд шуд.
Оид ба инқилоб ё табаддулоти ҳарбӣ будани тағйироти сиёсии дар Афғонистон ба амал омада, собиқ Сармушовири низомӣ дар Афғонистон дар солҳои 1975-1979 генерал Лев Горелов ин мавзӯро чунин баҳодеҳӣ менамояд: «Умуман, ин инқилоб набуд, беҳтар мебуд агар гӯем, ки табаддулот буд, ки тавассути як қатор афсарони артиш ба амал бароварда шуд».
Ҳафизулло Амин, ки дар ҳабси хонагӣ буд, қабл аз  дастгир шуданаш  тавонист ба воситаи писараш фармони ҳизб оид ба оғози шӯриши яроқнокро, ки ҳанӯз моҳи март омода шуда буд, ба қисмҳои ҳарбии тарафдори ҲХДА расонад. Дар ин қисмҳои ҳарбӣ, ҷавонони зиёде ва пеш аз ҳама, афсарон  узвияти ҳизбро доштанд.
Пас маълум мегардад, ки ташкили шӯриши яроқнок  дар пойтахти Афғонистон-шаҳри Кобул ва дигар манотиқи он дар нақшаи кори ҲХДА чанд моҳ пеш ворид карда шуда, ҳатто фармони оғози он омода ва ба имзо расида будааст. Роҳбарони ҳизб фақат интизори баҳона ва ё сабабе будаанд. Аз ин рӯ, кушта шудани Мир Акбари Хайбар, ҷанозаи пурнуфуси ӯ, задухурд миёни пулис ва мардуми ҷанозахон ва ҳабси роҳбарияти ҲХДА беҳтарин сабаб ва баҳона барои оғози шӯриши мардумӣ  ба ҳисоб мерафт.
Дар кишвари азизи мо-Тоҷикистон низ митингҳои баҳори соли 1992 бо ҳамин сенария огоз гардида буданд. Фақат баҳона ва сабабҳо фарқ мекарданд. Баҳона ва сабаби аслии оғози митингҳо ва майдоннишиниҳои мухолифини мо низ аз ҷониби Раиси вақти Шӯрои Олӣ марҳум С. Кенҷаев муҳокима ва баррасӣ намудани фаъолияти кории Вазири собиқи корҳои дохилӣ М.Навҷувонов дар ҷаласаи Раёсати ШО буд. Вагарна баровардани мардум ба кӯчаҳои шахри Душанбе ва ташкили беназмиҳо кайҳо боз дар нақшаи кории мухолифин ҷой дода шуда, интизори фурсат буданд. Дар ин бора далелҳои раднопазир мавҷуд ҳастанд.
Баробари расидани Фармон субҳи 27 апрел қатори тонкҳову зиреҳпӯшҳо аз чанд самт ба тарафи маркази пойтахт-шаҳри Кобул ҳаракат намуданд. Соати 10-и пагоҳӣ дар кӯчаҳои Кобул аввалин тонкҳо пайдо шуданд. Қатори тонку зиреҳпӯшҳо ба самти Арки Раиси ҷумҳур раҳсипор гардида, баъд аз чанд муддате ба майдони назди Арк расида Аркро аз чор тараф ба иҳота дароварданд. Тамоми роҳҳои даромаду баромад ба Арк ва роҳҳои аз шаҳр ба сӯйи Арк меомада зери назорат гирифта шуданд.
Дар ҳамин асно, дар дохили Қаср Довуд машғули гузаронидани маҷлис бо аъзои Кабинаи вазирон буд. Довудро аз пайдо шудани тонкҳо дар атроф, ба хусус дар даромадгоҳи аслии Арк огоҳ карданд. Довуд бехабар аз вазъи ба амал омада, ба Вазири дифоъ Расулӣ ва сардори муҳофизони Президент майор Зиё фармон медиҳад, ки вазъиятро фаҳмида биёянд ва гузориш диҳанд. Вақте, ки Зиё ба даромадгоҳи Арк мерасад ва аз командири қатори тонкҳо капитани калон Умар мепурсад, ки Шумо ин ҷо чӣ кор мекунед, ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки командири бригадаи чори зиреҳӣ моро фиристод, ки муҳофизати Қасрро пурзӯртар намоем. Зиё ба ӯ мегӯяд ки ҳоҷат ба ин кор нест ва баргардед ба ҷойи буду боши аслиятон. Умар хуб мегӯяд ва қатори тонкҳоро ба кӯчаи паҳлӯи мегузаронад ва ҳамонҷо интизор меистад.  Дар ин лаҳзаҳо гурӯҳи дигари тонкҳо ба маҳбаси Пули Чархӣ рафта роҳбарияти ҲХДА-ро аз он ҷо озод менамояд.  Баъди озод намудани роҳбарияти ҳизб аввалин шуда Аслам Ватанҷор (баъдҳо вазири алоқа) аз тонкҳои зери итоат доштааш аввалин снарядҳоро ба тарафи Қаср-маҳалли буду боши Довуд партоб када, аз оғози инқилоб хабар медиҳад.  Аз ҳаво бошад, ҳавопаймохои дар он солҳо сержант С.Гулобзой (баъди  пирӯзии  инқилоб Вазири корҳои дохила, генерал) ва чанде нагузашта ҳавопаймоҳои базаи авиатсионии Багром таҳти фармондеҳии А.Қодир (баъдҳо Вазири дифоъ, генерал-полковник) дар болои Қаср пайдо шуда зарба ворид менамоянд.
Дар ин лаҳза аз тарафи Сурубӣ дивизияи 7-ми пиёда, ки аз ҷонибдорони Довуд ва вазир Расулӣ буд, бо мақсади кӯмак ба Довуд ба тарафи Қаср ҳаракат менамояд. Тонкҳову БТР-ҳои бригадаи 4-и зиреҳӣ аз замин ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз ҳаво ба дивизия ҳамла намуда, онро пароканда менамоянд. Задухӯрд то шаб давом мекунад.  Бегоҳии рӯзи 27 апрел А.Қодир ва Аслам Ватанҷор аз тариқи радио баромад карда, пирӯзии инқилобро дар Афғонистон эълон медоранд ва ин пирӯзиро ба заҳматкашони Афғонистон табрик мегӯянд.
Дар ҷаласаи сарони ҳизб, ки ҳамин тӯз ба таври таъҷилӣ барпо шуда буд, Нур Муҳаммад Таракӣ  Сардори давлат-Раиси Шӯрои инқилобӣ ва Сарвазир, Бабрак қормал-муовин, Ҳафизулло Амин- муовини аввали Сарвазир ва вазири хориҷа таъйин мегарданд.
Баъди паст гардидани шиддати ҷанг, Шӯрои Инқилоб як гурӯҳро тахти роҳбарии капитан Имомуддин вазифадор менамояд, ки ба Қаср рафта ба Довуд аз номи Шӯрои Инқилоб пешниҳод намояд, ки бо Кобинааш  муқовиматро бас карда, таслим гардад.
Аз қавли  капитан дар моҳҳои авали инқилоб ва соли 1982 (замоне, ки нависандаи ин сатрҳо дар Вазорати дифоъи Афғонистон вазифаи сартарҷумони сиёсиро анҷом медод), полковник-Сардори Сарраёсати амалиётии Ситоди Генералии артиши Афғонистон Имомуддин: «Ман баробари ворид шудан ба Қаср сарбозони ҳамроҳамро дар атрофи солуне, ки онҳо ҷамъ омада буданд, ҳамчун  муҳофиз гузоштам ва таъкид кардам, ки дар ҳолати зарурӣ ба дохил ба кӯмаки ман худашонро расонанд. Ман ҳамроҳам танҳо як сарбозро гирифтам ва ӯ бо автомати Калашников  мусаллаҳ буд. Замоне, ки ворид гардидам, дидам, ки Довуд,  дар паҳлуяш духтараш   ва боз чанд нафари дигар аз аъзои Кобина онҷо нишастаанд. Салом додам ва ҳамчун низомӣ бо садои баланд фармони Шӯрои Инқилобро ба Довуд ва ҳамраҳонаш расонидам. Баробари расидан ба калимоти охири фармон дидам, ки Довуд таппончаашро аз ғилофаш гирифт ва ба сӯйи ман рост карда паррониданӣ шуд. Дар ҳамин лаҳза, бо дарки ҷиддияти вазъият бошад  ё тарс,  духтараш дасти ӯро зад. Тири таппонча ба ман расид вале зарари чиддие нарасонид. Ман ҳам тири дуввуми ӯро интизор нашуда бо як суръати фавқулодда ва ҳисси зинда мондан автоматро аз дасти сарбоз гирифтам ва шурӯъ аз Довуд ҳамаро паррондам. Садои тирпаррониро шунида ҳамаи сарбозони дар беруни дар буда зада ба дохил даромаданд, вале кайҳо кор аз кор гузашта буд.
( Марти соли 1982, баъд аз ду моҳи омаданам ба Афғонистон ва кор дар шуъбаи тарҷимонхои Вазорати мудофиа, маро барои идомаи кору хидмат ба ихтиёри генерал-полковник Н.Ф. Кизюн-муовини Сармушовири  низомӣ- Сардори кумитаи ҳизбии дастгоҳи мушовирин  ва  мутахассисини ҳарбии Вазорати мудофиа доданд. Дар ҳамин вазифа банда тайи чор соли фаъолият бо ҳамаи роҳбарони Вазорат, Ситоди Генералӣ, командири ҷузъу томхои артиши Афғонистон, роҳбарияти Сиёсии кишвар, аксари аъзои Ҳукумат, фармондеҳии Артиши 40, кормандони олирутбаи Вазорати мудофиаи Шуравӣ, аз ҷумла маршал Л.СОКОЛОВ, генерали артиш Варенников ва дигарон  шинос шуда ҳамкорӣ намудам.  Дар миёни ҳамаи инҳо генерал-полковник Н.Кизюн хам дар инсоният, ҳам дар дониши касбӣ, ҳам дар шуҷоату нотарсӣ ва ҳам дар принсипнокӣ як сару гардан боло меистод. Ҳама эҳтиромаш мекарданд.  Ана дар ҳамин ҳолат, Н.Кизюн бо мақсади навиштани кори илмӣ оид ба таърихи инқилоби Савр аз чандин иштирокдорони бевоситаи инқилоб ва маҳз аз низомиён хоҳиш карда буд, ки ёддоштхояшонро навишта ба ихтиёраш гузоранд. Бисёре аз ин навиштаҳоро мо ҳамон замон ба русӣ тарҷима карда ба ӯ пешиҳод намуда будем, аз ҷумла ёддоштҳои полковник Имомуддинро).
 Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Инқилоби Савр ба пирӯзӣ расид ва он як солу ҳашт моҳ давом кард. Тайи як солу ҳашт моҳи сипарӣ шуда, дар кишвар чандин ҳодисаҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ, аз қабили оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани он дар тамоми Афғонистон, ба хориҷи мамлакат рафтан  ё фарори миқдори зиёди аҳолии доро ва рӯҳониён, ташкили 7 ҳизби сиёсии мӯҳтавои динӣ доштаи муҷоҳидин ва мухолифини ҳукумат, таъсиси Созмони террористии Ал-Қоида, кушта шудани Раиси Шурои инқилобӣ Нур Муҳаммад Таракӣ тавассути Ҳ.Амин, сари қудрат омадани ӯ, ҳабси чандин нафар аз роҳбарони ҳизб ва ё ба хорича фиристодани қисме аз онҳо ҳамчун сафир, ташкили коалитсияи зиддишӯравӣ ва ғайра рух доданд.
Дар охирин моҳи соли 1979-декабр ва ба хусус, охирин рӯзхои он, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Афғонистон якбора чанд ҳодисаи бузурги таърихӣ рух дод, ки онҳо аз оғози марҳилаи дуввуми инқилоби Савр шаҳодат медоданд. Ин ҳодисаҳо иборат буданд аз: кушта шудани Амин, ба сари қудрат омадани пешво ё лидерони нав, аз маҳбаси Пули Чархӣ озод шудани роҳбарони инқилоб ва аз ҳама охир, воридшавии қувваҳои низомии Шӯравӣ ба хоки Афғонистон.
Дар ин маврид рӯзномаи «Правда» аз 06.01.1980 менависад: «Вазири корҳои хориҷии ҶДА Шоҳ Муҳаммад Дӯст изҳор доштааст, ки «27 декабри соли 1979 дар Афғонистон ҳокимият иваз шуд. Барои роҳбарӣ дар кишвар давлати ҷадид таҳти сарварии Бабрак Кормал сари кор омад. Баёнияи давлатҳои империалистӣ ва Хитой дар бораи дар ин ҳодисаҳо даст доштани Иттиҳоди Шӯравӣ-ин дурғи маҳз аст. Ман ҳамчун Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ин ақидаро қатъиян рад мекунам. Тағйироти дар роҳбарии давлат ба амал омада ин кори худи афғонҳост.
Баъд аз пирӯзии Инқилоби апрелӣ соли 1978, ҳукумати кишвари мо чандин бор ба Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба расонидани кӯмакҳо, аз ҷумла кӯмакҳои низомӣ муроҷиат кардааст. Ман бояд қайд намоям, ки ин кӯмакҳо танҳо барои пуштибонӣ аз муборизаи халқи мо бар зидди фитнаи душманони беруна, муқобили дахолатҳои афзоянда ва иғвогариҳо аз хориҷ ба корҳои дохилии мо мебошад.
 Бо дар назар дошти вазъи мавҷуд, мо 28 декабр бо мақсади пуштибонӣ ва ҳимоя аз дастовардҳои инқилоби апрелӣ, тамомияти марзиву ҳудудӣ, истиқлоли миллӣ, таъмини сулҳу амният ба Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба расонидани кӯмакҳои таъҷилии сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ҳарбӣ муроҷиат намудем. Дар айёми сипаришуда, ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ аз равшан сохтани ин масъалаи барои Афғонистон ҳаётан муҳим ҳамаҷониба канор мерафт». 
 Ҳамин гуфтаҳо бар он шаҳодат медиҳанд, ки масъала масъалаи саҳлу сода нест. Изҳороти ҷаноби Вазир низ комилан мувофиқи вазъи он замон набуд ва чизхое зиёде ин ҷо нухуфтааст, ки як канду кови амиқу таҳлили гуногунҷабҳаеро мехоҳад. Он чӣ аён аст, ин аст, ки дар ҳақиқат тавассути баталони «мусалмонӣ»-и Шӯравӣ, ки мебоист Амин ва хонаводаи ӯро муҳофизат намояд ва ин масъаларо худи Амин чандин маротиба аз шӯравиҳо хоста буд, Ҳафизулло Амин дар мақари хеш аз байн бурда шуда ҳукумати ӯ пароканда карда шуд.
 Дар ҳақиқат, Ҳ.Амин чандин маротиба аз роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳиш карда буд, ки бо мақсади муҳофизати мақарри нави ӯ-Қасри Тоҷбек як батальони Шӯравиро ба ихтиёраш гузоранд, зеро ӯ ба вафодории муҳофизони афғонияш эътимод  надорад. Қасри мазкур ба Ҳ.Амин бисёр хуш омада буд ва ӯ мехост, ки аз баландии теппаи хушобу ҳавое дар канори шаҳр, ки Қаср дар болои он бино ёфта буд, кишварашро идора намояд. 
Рӯзи 11 декабри 1979 бо ба инобат гирифтани хоҳиши Ҳ.Амин, отряди 154 таъйиноти махсус, ки дар сӯҳбатҳо ва гуфтугӯҳо номи баталийони «мусалмонӣ»-ро гирифта буд, таҳти фармондеҳии майор Холбоев Ҳабибҷон Тоҷибоевич,  миллаташ ӯзбек, ҷойи будубоши доимии  хеш-шаҳри Чирчиқи ӯзбекистонро тарк карда, сарҳади давлатии Афғонистони ба мо дӯстро убур намуд. (Дар ҳақиқат, тамоми ҳайати шахсии ин баталийони алоҳида аз миллатҳои мусалмони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказии пойбанди Шӯравӣ ва пеш аз ҳама, тоҷикон, узбекҳо, қазоқу қирғизҳо ва туркманҳо иборат ёфта буд, ба ғайр аз як нафар).
 Отряди мазкур дар асоси Директиваи Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи  Иттиҳоди  Шӯравӣ  № 313/02402 аз 28 апрели 1979 ва            № 314/2/ 0061 аз 24 июни 1979 дар базаи бригадаи 15 алоҳидаи таъйиноти махсуси Округи ҳарбии Туркистон дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканди ҷумҳурии ӯзбекистон ташкил ёфта буд. Отряд 27 декабри 1979 дар амалиёти «Шторм-313» оид ба забти Қасри Тоҷбек ширкати фаъол дошта,  нақши асосиро бозидааст. Пас аз анҷоми бомуваффақияти амалиёт, роҳбари бевоситаи майор Холбоев Ҳ.Т.-полковник Василий Колесник бо навиштани пешниҳод ӯро барои унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешбарӣ намуд. Натиҷа ҳамин шуд, ки ба Холбоев Ҳ.Т ордени Ленин доданд.
Ҳайати шахсӣ бо ҳавопаймо ва техникаи ҷангӣ бо роҳи заминӣ ба самти Кобул ҳаракат намуд, вале на бо мақсади муҳофизати Қаср ва хӯҷаини пурқудрати он, балки барои аз байн бурдани ӯ ва ҳукуматаш.
 Тибқи маълумотҳои дар он замон комилан махфӣ, як рӯз баъд, яъне 12 декабри 1979  ҷаласаи Бюрои Сиёсии ҲКИШ таҳти Раёсати Л.И.Брежнев доир гашта буд, ки дар он аз ҷумлаи аъзои Бюро ашхоси зерин ширкат доштанд: Суслов М.А., Гришин В.В., КириленкоА.П., Пельше А. Я., Устинов Д.Ф., Черненко К.У., Андропов Ю.В., Громыко А.А., Тихонов Н.А., Пономарев Б.Н.  Дар ҷаласа рафиқон: Андропов Ю.В. (Раиси кумитаи Бехатарӣ), Устинов Д.Ф. (Вазири мудофиа) ва Громыко А.А. (Вазири корҳои хориҷӣ) маърӯза карда, фикру ақида ва нақшаи чорабиниҳои дар пеш истодаро баён намуданд. Ҷаласа дар бораи «Вазъият дар «А» (А-Афғонистон) дар шакли зер  қарор қабул намуд:
1.Фикру ақида ва нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби рафиқон Андропов Ю.В., Устинов Д.Ф. ва Громыко А.А. баён гардида маъқул дониста шавад.
2.Ба рафиқони номбурда иҷозат дода шавад, ки дар ҷараёни иҷрои ин чорабиниҳо, дар ҳолатҳои зарурӣ, ба онҳо  ислоҳоти характери ҷузъӣдошта ворид намоянд.
  1. Масъалаҳое, ки қарори КМ ҲКИШ-ро талаб менамоянд, саривақт барои дида баромадан ба Бюрои Сиёсӣ пешниҳод карда шаванд.
4.Иҷрои ҳамаи ин чорабиниҳо ба уҳдаи рафиқон Андропов Ю. В., Устинов Д.Ф. ва Громыко А.А. гузошта шаванд.
5.Ба рафиқони дар боло зикр гардида  супорида шавад, ки ба Бюрои Сиёсии КМ оид ба иҷрои чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ахборот диҳанд.
                   Котиби КМ Л.Брежнев.
                   №997- /як варақ/
                   П176/125 аз 12.XII.79
Баталиони  мазкур баъди расидан ба Кобул дар минтақаи Қаср ҷо ба ҷо гардида, ба машқу тамрин пардохт. Тамоми  роҳҳои рафту омад ба Қаср, даромад ба ҳудуд ва дохили Қаср, умуман, нақшаи Қаср, ҷойгиршавии утоқҳои он ва минтақаи ҷойгиршавии он пурра омӯхта шуда, роҳҳо ва тарзи ҳамла ба Қасрро пинҳонӣ аз афғонхо машқ мекарданд. Ҳ.Амин аз дунё бехабар, аз баландӣ, аз дохили Қаср ин манзараро дида, хушнуд мегашт ва бо камоли орзуву ният барои ҷашнгирии соли Нави масеҳии 1980 омодагӣ медид.
Рӯзи 27 декабри 1979. Қабл аз ҳамла ба Қаср, дар Кобул ҷаласаи командирони дар амалиёт иштироккунанда таҳти роҳбарии сармушовири ҳарбӣ генерал-лейтенант Лев Горелов, ки масъули гузаронидани амалиёт, дақиқтараш табаддулоти давлатӣ  таъйин гардида буд,  идома дошт. Дар ин ҷаласа командирони баталиони таъйиноти махсус ва гурӯҳи махсуси «Зенит»-и  КГБ бори дигар вазифаи дар пешистодаро муайяну мушаххас намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҷузъу томи таъйиноти махсус Қасрро аз берун дар иҳота мегирад ва вазифааш аз он иборат аст, ки ягон нафарро на аз дохил ба берун ва на аз берун ба дохил роҳ надиҳад. Ҳатто ягон «муш» на даромада ва на баромада натавонад. Генерал баъди фаҳмонидани вазифаи воҳиди  таъйиноти махсус, ба командири он фармонеро дароз карда супориш дод, ки пеш аз ишғоли мавқеи ҷангӣ фармонро ба самъи ҳайати шахсӣ расонида, баъд аз он онро  нобуд созад. Дар фармон қайд шуда буд, ки тибқи маълумотҳои махфии агентурии ба даст омада, Амин ва атрофиёни наздики ӯ манфиати халқи афғон ва инқилоби Апрелиро фурӯхта,  ба таври  пинҳонӣ бо доираҳои империалистӣ забон як карда, барои анҷоми табаддулоти яроқнок дар мамлакат омодагӣ дида истодаанд. Қарзи интернационалии мо аз он иборат аст, ки қасди бад ва маккоронаи онҳоро барбод диҳем.
 Вазифаи гурӯҳи махсуси «Зенит» сода ва равшан аст, яъне  қотеъона дар дохили Қаср фаъолият намуда, муҳофизонро аз байн бурда, хоини халқи афғонро безарар гардонад. Генерал боз илова намуд, ки муҳофизони дохили Қаср ва муҳофизини шахсии Амин на онқадар машқдида ва таҷрибадор ҳастанд ва муқобилияти лозим анҷом дода наметавонанд. Ба ҳар ҳол, дар сурати пайдо шудани мушкилот ротаи таъйиноти махсус ба кӯмаки Шумо хоҳад расид.
Шурӯъи амалиёт соати 18.30 бо вақти маҳаллӣ таъйин гардид. Қарор дода шуд, ки дигар ягон хел супориши иловагӣ дода намешавад. Ҳар воҳид мустақил тибқи нақша фаъолият намояд. Соатҳоро мувофиқ намоед. Баъди мувофиқ намудани соатҳо Сармушовири низомӣ хабар дод, ки расо баъд аз ним соати оғози амалиёт, яъне соати 19.00 десантникҳои дивизияи Витебск дар пойтахт фаъолият оид ба зери назорат даровардани муассисаҳои асосии давлатиро оғоз менамоянд.
Баъди оғози амалиёт дар Қаср маълум гардид, ки муҳофизони дохили Қаср ва муҳофизони шахсии Амин бисёр вафодор буда, аз худ шуҷоату мардонагии беназир нишон дода, монеъи пешравии гурӯҳи «Зенит» гаштаанд ва чанд нафари онҳоро куштаву захмӣ кардаанд. Аз ин рӯ, ротаи таъйиноти махсус, ки дар эҳтиёт қарор дошт, ба ҷанг ворид шуда, муқовимати афғонҳоро шикаста, ҳамаи касон ва ашёҳои аз пеш баромадаро тавассути тиру гранатаҳо аз байн бурда, ба ҳарами  шахсии Амин ворид гардиданд. Дар миёни кушташудагон ҷасади Аминро, ки дар даст автомати Калашникови барои тӯҳфа ба тариқи донагӣ сохта шуда ва дар тан либосҳои  қиматбаҳои гражданӣ дошт, шиносоӣ карда, ба гилеми қолини пурнақшу нигоре, ки дар девор овеҳта шуда буд, печонида дар БТР бор карда, таҳти муроқибати мошинҳои зиреҳӣ оҷилона ба Багром оварданд, то ба Б.Кормал нишон бидиҳанд.
Яку якбора дар саҳнаи сиёсати Афғонистон пайдо шудани ҳукумати нав бо сарварии Бабрак Кормал ва тасмими ногаҳонӣ ва таъҷилии кӯмаки низомӣ ба Афғонистон шубҳанок буда, саволҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд.
Маълум аст, ки Бабрак Кормал баъд аз сабукдӯш гардидан аз вазифаи сафирӣ дар Чехословакия ва бозхости ӯ ба ватан ба Афғонистон барнагашта ҳамчун эмигрант ҳамонҷо монда буд. ӯ муддати яку ним сол  ба таври шубҳанок ва муаммодор нопайдо гардида, дар  ҳеҷ куҷои кишвар набуд. Боз маълум аст, ки Б.Кормал аз Шӯравӣ ба пойгоҳи низомии Багром интиқол дода шуд ва зери ҳимояи десантникҳои Шӯравӣ чанд рӯзе, яъне  то ба қатл расидани Ҳ.Амин ва овардани ҷасади ӯ аз Кобул ба Багром дар он ҷо интизорӣ мекашид. Дар ҳамин ҷо ғайр аз Б.Кормал боз панҷ вазири дигари ҳукумати ӯ, ки аз тарафи Москва таъйин гардида буданд, низ интизори фурсат буданд.
Баъд аз он, ки ҷасади Ҳ.Аминро ба Багром оварда ба Б.Кормал ва вазирони ӯ нишон доданд ва онҳо бовар карданд, ки Амин дигар зинда нест ва рақиби сарсахту душмани ҷонии онҳо кушта шудааст, онҳо нафаси озод кашида, омода шуданд, ки ҳарчӣ зудтар худро ба Кобул бирасонанд ва соҳиби давлат гарданд.
Ба ҳукумати нав  киҳо дохил шуданд? Бабрак Кормал- Котиби генералии ҲХДА-и ягона ва Раиси Шӯрои инқилобӣ интихоб шуд. Ба ҳайати Шӯрои инқилобӣ Султон Алии Киштманд, ва Абдул Қодир дохил шуданд. Ба ҳайати Ҳукумат бошад, Султон Алии Киштманд-ҳамчун муовини Сарвазир ва вазири  ба нақшигирӣ ва чанде баъд Сарвазир, Муҳаммад Рафӣ –Вазири мудофиаи миллӣ таъйин гардиданд. Чанде  нагузашта, Рафӣ аз вазифаи Вазири мудофиа канор рафта ба ҷойи ӯ   генерал Абдул Қодир Вазири мудофиа таъйин гардид.
Бо ҳамин марҳилаи дуввуми инқилоби Савр ба пирӯзӣ расида, қувваҳои дар аввал 50 000 нафараи ҳарбии Шӯравӣ ба Афғонистон дохил шуданд ва теъдоди ин қувваҳо баъдан то 100 - 110 000 расонида шуд. Ҳамзамон, ҷанги шаҳрвандӣ дар тамоми Афғонистон доман паҳн карда, ҳазорҳо ҷавони Шӯравӣ дар ин ҷанг ҷонҳои ширини худро бохтанд ва даҳҳо ҳазор нафар захм бароштаву саломат баргаштаҳо солиёни дарозе ҳанӯз ҳам орому осуда хобида наметавонанд ва хобҳои даҳшатнок онҳоро домангир гаштаанд. Баъди тақрибан даҳ соли пуразобу пурхатар, додани талафоти сангини ҷонӣ ва расидан ба касодии иқтисодӣ, оқибат роҳбари сиёсии кишвари Шӯроҳо тасмим гирифт, ки қувваҳояшро аз ин кишвари ҷангзадаву маргбор ва хатарзо берун кашад.
 Инак, аз он рӯз 42 сол мегузарад. Ҳанӯз ҳам дар ин кишвар ҷанг идома дорад. Хар қуввае, ки баъди Шӯравиҳо низ ба ин кишвар бо мақсади соҳибдавлат шудан омад, хоҳ дохилӣ ва хоҳ хориҷӣ, коре барои мардуми афғон анҷом дода натавонист. Вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ сол то сол бадтару талафоти ҷонӣ бештар гардид. Афғонистон оҳиста-оҳиста ба як майдони озмоиши ҷангафзорҳои кишварҳои абарқудрат ва пойгоҳи қувваҳои террористӣ мубаддал гардид.
Иёлоти Муттаҳидаи Америка тайи 20 сол дар Афғонистон қувваҳои НАТО-ро сарварӣ мекард. Триллионҳо доллар дар роҳи таъмини амният  ва ба қавли худашон, таҳкими «демократия» сарф карда бошанд ҳам, ба ҷойе нарасиданд. Дар охир, кишварро бо тамоми имконоти мавҷудаи ҳарбиву гражданӣ ба Толибон бидуни муқовимат таҳвил доданд.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин ҷанг сиёсати хориҷии амрикоиҳо ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуда, онҳо дар ҳамаи соҳаҳо шикаст хӯрданд.  Танҳо кишваре, ки аз ин ҷанги бешар аз 40 солаи афғон бурд кард, Покистон мебошад ва Покистон бо ба қудрат расонидани ҳукумати дастнишондааш ҳеҷ гоҳ гиребони афғонҳоро сар доданӣ нест. Ҳукумати агнлис низ метавонад, ҳамчун  манфатҷӯйи дигар дар ин моҷаройи дурру дароз даст дошта бошад.
 
        
                                                       Н.Холназаров,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД