Аҳамияти Саммити МҲТБО дар густариши ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Чин

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   15-уми июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бургузор гардид.    Дар ин росто, Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки 4–январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатиашро барқарор намуд. Бо фарорасии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи робитаҳои Тоҷикистон ва Чин давраи наве оғоз мешавад, ки сатҳи сифатан ва моҳиятан нави муносибатҳои ду халқ ва ду давлатро ифода мекунад. Робитаҳои мо дар ин марҳала аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ оғоз гашта, зина ба зина рушд ёфта, дар ниҳоят, ба сатҳи беназири худ расиданд.
   Ҳамин тавр, имрӯз бо Ҷумҳурии Мардумии Чин на танҳо ҳамсояи наздик ва дӯсти минтақавӣ, балки шарики стратегии фарогир мебошем, ки ин болотарин сатҳи муносибатҳо дар робитаҳои байналмилалӣ аст. Дар давраи на чандон тӯлонии таърихӣ робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар тамоми самтҳо рушди беназир доштаанд. Дар ин миён инкишофи робитаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ ва барқарории муносибатҳои наздик байни муассисаҳои пажӯҳишии ду кишвар яке аз самтҳои муваффақи ин ҳамкориҳои судманд мебошад. Ҷумҳурии Халкии Чин, «бузургтарин ҳамсоя»-и Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нуфузи вай вобаста ба инкишофи босуръати иқтисодиаш, дар ҷаҳон  ва ҳамчунин минтақа (Осиёи Марказӣ) рӯз аз рӯз боло рафта истодааст. Зимни иштирок дар Саммит Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба ҳамзамон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат анҷом дода, оид ба сатҳи ҳамкории кунуни тарафайн, дурнамои ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор доданд. Муқовимат ба терроризму экстремизм, истеҳсол ва паҳншавии маводи мухаддир, таъмини сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ, кумаку дастгирии байни ҳамдигарии давлатҳо аз муҳимтарин мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни машварат аз тарафи роҳбарон ва намояндагони давлатҳои иштирокчӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Боиси ифитхори тоҷикон аст, ки  ҳангоми баргузории Саммити машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин оид ба сулҳу субот ва ҳамоҳангии байни давлатҳо андешаронӣ намуда, барои тақвияти гуфтаҳояш як шоҳбайти поягузори шеъру адаб, Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро иқтибос овард:
   Ҳама ниюшаи хоҷа ба некуию ба сулҳ аст,
   Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.
  Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ сурат гирифтанд, ба сатҳи бадастомадаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд. Дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ҳамчунин, мавзӯъҳои мубрами рӯзмарраи  байналмилалӣ ва минтақавиро, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қорор доранд, баррасӣ намуданд. Дар натиҷаи музокирот маҷмӯи нави санадҳо ба имзо расид, ки самтҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, инфрасохтор ва илму техника фаро мегиранд. Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, яксонӣ ё наздикии мавқеи ҷонибҳоро оид ба аксари мутлақи масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид гардиданд.
   Ҳамгоми вохурӣ зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ асоси бунёдии шарикии мо мебошад. Ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани доираҳои соҳибкории Чин ба хотири рушди инфрасохтори индустриалӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ изҳори сипос намуда, дар оянда оиди густариши ин ҳамкориҳо талош менамояд. Ҷонибҳо оид ба идома додани мутобиқсозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ум бо ташаббуси «Як камарманд-як роҳ» ва пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ изҳори азму омодагӣ карданд. Дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар ин зимн мо нақши Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва зеркомиссияро оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур чун василаҳои муҳимми доимоамалкунандаи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ шуморида шуд. Зикр гардид, ки ҳаҷми сармоягузории Чин ба Тоҷикистон, алалхусус, дар соҳаҳои саноати маъдан ва нассоҷӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мунтазам зиёд мегардад.
   Ҳаҷми умумии сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон алҳол зиёда аз 2,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва зерсохториро, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат мусоидат мекунанд. Ҷонибҳо  ба роҳандозии истеҳсолоти муштарак оид ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва истихроҷи маъдан, диққати махсус доданд.
   Ҳамзамон бо ин, ҷониби Тоҷикистон аҳамияти ҳарчи зудтар ба истифода додани навбати аввали Корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва оғози корҳои марбут ба татбиқи марҳалаҳои навбатии лоиҳаи маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ҳамчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони Маркази барқи ҳароратии 600-мегаваттаи «Фон-Яғноб» ва навсозии заводи алюминий «Талко»-ро таъкид кард. Мавзуи дигари баҳс ин масъалаи тавсеа додани ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармояҳо ба зерсохтори сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ҳамчунин таъкид гардид, ки омӯзиши соҳаи сайёҳии Чин ва татбиқи он дар шароити Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
   Мавриди зикр аст, ки ҷонибҳо ҳангоми вохӯрӣ  азм карданд, ки ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи нақлиёт ва иртиботот ба хотири эҷоди шароити мусоид барои боркашониҳои нақлиётиву транзитӣ, инчунин, бунёду азнавсозии роҳҳои оҳану мошингард ва дигар навъҳои зерсохтори нақлиётӣ идома хоҳанд дод. Дурнамои ҳамкориҳоро тарафайн  дар соҳаи гидроэнергетика низ баррасӣ гардид.
   Яке аз масъалаҳои баҳс миёни ҷонибҳо роҳҳои таъмиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла дар арсаи илму маориф муҳокима намуданд. Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи илм, инноватсия ва технологияҳо, ҳамчунин, тақвияти робитаҳо миёни муассисоти илмиву таҳқиқотӣ ва доираҳои академии ду кишвар, аз ҷумла доир ба тарбияву бозомӯзии мутахассисони ҷавон диққати махсус дода шуд.  Шоҳиди ин гуфтаҳо рӯзи 28-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Пекин маҳз дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин мо шоҳиди муаррифии шоҳасари Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" будем. Ин китоби арзишманд, ки бори аввал бо забони чинӣ ба чоп расид, ба муҳаққиқон ва хонандагони чинӣ равзанаи равшане барои шинохти фарҳангу тамаддуни бузург ва ҳувияту асолати миллии тоҷикон боз кард. Санаи 13 июн бошад, дар Тоҷикистон китоби Пешвои Чини бузург муҳтарам Си Ҷинпин муаррифӣ шуд, ки он моро ба як таҷрибаи нодир ва лоиҳаи азим ошно месозад. Маҷмӯаи осор ва афкори Си Ҷинпин, ки дар ин китоб ҷамъ омадаанд, ҳам аҳамияти бузурги илмию назариявӣ ва ҳам хусусияти хоси таҷрибавию амалӣ дорад. Бинобар ин, нашри ин китоб ба забони тоҷикӣ барои муҳаққиқон ва хонандагони тоҷик асрори таҷриба ва хусусияти бузурги зеҳнию моддии тамаддуни азими чиниро арзёбӣ мекунад.
   Ҳангоми баҳс ҳамкориҳои амниятиро яке аз самтҳои афзалятноки ҷонибҳо  шуморида ва дар ин арса ҷониби Чинро шарики боэътимод дар ин самт меҳисобад. Байни Тоҷикисон ва Чин ҳамкорӣ ба хотири мубориза бо «се шар (бадӣ)»-терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ, ҳамчунин, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо густариш меёбад. Тоҷикистону Чин дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Тоҷикистон ҳамчун яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай ба тавсеаву такмили механизми фаъолияти ин созмон манфиатдор мебошад. Дар охир ҷонибҳо  минбаъд низ дар ҳамаи сатҳҳо тамосҳои зич хоҳем дошт ва оид ба масъалаҳои муносиботи дуҷониба ва мавзӯъҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкорро дар ҳамкориҳои худ идома хоҳанд дод.
   Хулоса, ҳамаи  авомил ва суханҳои дар боло овардашуда гувоҳи онанд, ки аз ин гуна алоқаҳои бисёрсамта ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Чин манфиатдоранд. Аз ҳамин лиҳоз, барои Тоҷикистон бо Чин доштани муносибатҳои дипломатии устувор, алоқаҳои зиччи тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, низомӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба манфиати тарафайн, бахусус Тоҷикистон буда, садди роҳи ҳар гуна хавфу хатари эҳтимолиро хоҳад гирифт ва Тоҷикистон метавонад дар оянда ба расидан ба аҳдофи стратегии худ умед бандад.
Ҳабибҷон МИРЗОЕВ
ходими илмии Институт

НАЗАД