Автор: ИИПСАЕ
Абдурраҳмони Ҷомӣ аз чеҳраҳои тобони адабу фарҳанги асри XV форс-тоҷик буда, дар баробари забони модарӣ ба забони арабӣ низ таълифоти зиёде дорад. Ба ин маънӣ, дар мақола асосан доир ба таъсири забони арабӣ ба эҷодиёти Ҷомӣ мулоҳизаҳои илмӣ баён ёфтаанду аз ҷониби муаллиф сабабҳои он баршумурда шудаанд. Муҳит во медошт, ки Ҷомӣ ба забони арабӣ шеър нависад, асарҳои илмӣ офарад. Агар «Баҳористон»-и адиб мутолеа шавад, мебинем, ки дар он васфи шуарою донишмандон ва зикри шоҳони араб зиёд аст. Ва ё «Нафаҳот ал-унс» пурра дар зикри суфиёни араб аст. Бо ба инобат гирифтани ин ҳама метавонем Ҷомиро то ҳадде шоири зулисонайн муаррифӣ намоем.
Аз аҳли адаби форс-тоҷик, ки осори бадеӣ ва илмиашон аз забони арабӣ холӣ бошад (хусусан дар асрҳои XII, XIII, XIV, XV), бароямон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар қироати осори адабии Саноии Ғазнавӣ, Мавлоно Ҷалолиддин Балхии Румӣ, «Девон»-и Ҳофиз, асарҳои Саъдии Шерозӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ аёну ноаён бо таркибу иборае, оёту аҳодисе, байту рубоие, қитъа шеъре ё ғазале арабӣ рӯ ба рӯ меоем, ки идае барои чанд тан мутахассиси забондон аз нигоҳи маънӣ равшан шуда истад ҳам, барои бештари тоҷикон торику номафҳум буд ва имрӯз ҳам ин ҳолат равшантар ба мушоҳида мерасад. Дар ин иддао осори манзуму мансури Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492) низ барканор нест, ки дар мақола аз ин боб суҳбат оростанием.
Абдурраҳмони Ҷомӣ аз адибону мутафаккирони барҷастаи асри XV маҳсуб ёфта, вобаста ба тақозои давру замон сарфу наҳви забони арабиро хеле ва хеле хуб медонист. Тибқи маълумотҳо, ӯ ҳатто баъзе асарҳое дорад, ки ба забони арабӣ навиштаву таълиф гардида, ба таълими сарфу наҳви забони арабӣ бахшида шудааст. Мисоли ин гуфтаҳо рисолаи «Фавоиди Зиёия» мебошад, ки муаллиф онро барои забони арабиро ба фарзандаш Зиёуддин Юсуф таълим додан навишта будааст. Рисола соли 1432 навишта шуда, худи Ҷомӣ дар муқаддимаи асар сабаби таълифи онро интавр маънидод кардааст: «… ин китобест барои ҳалли мушкилоти «Қофия»-и алломаи машҳур – Ибни Ҳоҷиб. Ин китобро бо ҳамон роҳу равише чун риштаи марворид барои фарзандам Зиёуддин Юсуфалӣ, Худо ӯро аз бадиҳо нигоҳ дорад, шарҳ додам ва номи онро «Фавоиди Зиёия» ниҳодам. Худованд Зиёуддин Юсуф ва толибилмони дигари ин китобро аз дарки он баҳравар гардонад» [1].
Аз шиносоӣ бо рисола маълум мешавад, ки Ҷомӣ, ки худ аз устодони номии замонаш буд, мебинад фарзандаш ва толибилмони дигар аз омӯхтани нозукиҳои граматикаи забони арабӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯянд. Вай мақсад мегузорад, ки ин мушкилотро аз байн барад ва ин китобро менависад. Мусанниф дар он асосан масоили мушкилфаҳми «Қофия»-и Ибни Ҳоҷибро бо ашъори арабию аҳодису оёти қуръонӣ шарҳу тавзеҳ додаст.
Бале, Абдурраҳмони Ҷомӣ арабиро хеле хуб медонист. Дар ин бора Асомуддин Насриддинов – муҳаққиқи ҷомишиноси тоҷик навишта буд: «Вай (яъне, Ҷомӣ- З.С.) сарфу наҳви забони арабӣ, қавоиди шеър-аруз, санъати бадеия, қофия, илми калом, фиқҳ, тафсир, илми маонӣ, баён, иншои наср, китобат, маҳозирот, мусиқӣ, муаммо ва ҳоказоро ба хубӣ меомӯзад ва қобилияти фавқуллодаи худро нишон медиҳад» [2,9].
Устоди зиндаёд Аълохон Афсаҳзод, ки таҳиягари матн, муаллифи сарсухан ва шореҳи луғоту тавзеҳоти «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, дар муқаддимаи он забони арабидонии Мавлоноро ин тавр таъкид кардааст: «Панҷсад сол пеш аз ин, баҳори соли 1487, шоиру олими номдор Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1487), ки он вақт 73 сола буд, дар канори шаҳри Ҳирот, дар маҳаллаи Хиёбон ба фарзанди ягонаи даҳсолааш Зиёуддин Юсуф аз забони арабӣ ва қоидаҳои он дарс медод» [3,5].
Ин муҳаққиқи асили осори Ҷомӣ бар он аст, ки Мавлоно дар эҷоди «Ҳафт авранг»-и худ, бахусус дар навиштани маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Юсуф ва Зулайхо» аз адабу фарҳанги арабҳо бебаҳра набудааст.
Арабидонии Малвоно Ҷомиро метавон дар тамоми осори ба мо меросмондаи ин адибу мутафаккир пайваста мушоҳида намоем, ҳатто дар осори манзуми форсӣ-тоҷикии ӯ. Муламмаънависи адиб ин манзараро бароямон боз ҳам равшантар менамояд. Муламмаотро устод Иброҳим Наққош ин тавр шарҳ додааст: «Муламмаот дар истилои адабиётшиносӣ абётест, ки бо ду забон назм шудааст» [4,134]. Ҷойи таъкид аст, ки муламмаот назмест хоси адабиёти форс-тоҷик буда, ба адабиёти турк низ бетаъсир набудааст. Муламмаънависӣ аз санъати бисёр мураккаб аст, зеро шоири муламмаъкӯй бояд забони ғайрро дар баробари забони модарии худ донад ва бо тамоми талаботи қавоиди манзуму мансури он бархурдор бошад. Вақте ба осори Абдурраҳмони Ҷомӣ таваҷҷӯҳ меравад, мебинем, ки вай низ ба қатори шоирони муламмаъгӯйи адабиёти форс-тоҷик дохил аст, чунки агар ба офаридаҳои сеҳри қалами шоир нигоҳи амиқ равад, бо абёте дучор меоем, ки як мисраи он тоҷикӣ ва мисраи дуввумаш арабӣ мебошад. Дар ин маврид доир ба шеъри шоирони араб, ки дар давраи ба ислом гаравидани форситаборон низ равнақ дошт, мо бо муламмаот дучор намеоем. Сабаби асосии ин бешубҳа забони дигарро надонистан ё камтар донистанашон аст. Дигар ин ки бо паҳнотар шудану доман густурдани дини ислом забони арабӣ ҳам дар мамолики нав ба ислом гаравида ҳар чӣ бештар доман паҳн мекард. Аз ин рӯ, муламмаънависӣ асосан хоси адабиёти форситаборон буда тавре ишора рафт, пас ба адибони туркигӯй сироят намуд.
Мавлоно Ҷомӣ дар ин ҷода аз худ намунаҳои зиёдеро ба мерос мондааст, монанди:
Таҷаллар-рӯҳу мин каъсин, тусаффир-рӯҳа фақбалҳо,
Ки мебахшад сафои май, фурӯғи хилвати дилҳо.
Дар ин мисол маънии байти аввал таври зайл аст:
-Майи рахшанда аз ҷоме, кунад ҷон тоза, гир онро
Намунаи дигар аз ҳамин ғазал:
Анилнӣ ҷуръатан минҳо, ареҳнӣ соатан аннӣ,
Ки монд аз зулмати бистар, даруни парда мушкилҳо
Маънии мисраи аввал:
Бидеҳ як ҷуръае аз он, бикун як соатам роҳат….
Ин ғазали Ҷомӣ то ба охир дар санъати муламмаъ офарида шудааст, ки мисраи аввал ба забони арабӣ буда, мисраи дуввуми ҳар байт ба забони модарии шоир омадааст.
Муҳаққиқони зиёди адабиётшинос, ки номбар намуданашон ин ҷо аз имкон берун аст, ин санъати муламмаотро минбаъд бо таркиби «ширу шакар» низ ёд кардаанд.
Алишери Навоӣ, ки аз шогирдони Мавлоно Ҷомӣ буд, ҳатто муламмаоте ба забонҳои арабӣ-туркӣ менавиштааст. Мисол:
Ашрақат мин акси шамсил-каъси анвору-л-ҳудо
Ёр аксин майда кӯр, деб, жомдин чиқти садо
Ташналаб ӯмда Навоӣ, чун азал соқийсидан
«Ишрабу ё айюҳал-атшон» келур ҳардам нидо.
То Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ муламмаъгӯӣ дар адабиёти мо роиҷ буда, ки намунаи беҳтарини онҳо дар ғазали аввали «Девон»-и Хоҷа Ҳофиз дучор меоем:
Ало ё айюуҳа-с-соқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо
Инчунин ду мисраи охири ҳамин ғазал:
Ҳузуре гар ҳаме хоҳӣ аз ӯ ғоиб машав Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳво даъи-д-дунё ва аҳмилҳо [5,1].
«Баҳористон», ки аз асарҳои машҳури Мавлоно Ҷомист, ки соли 1487 таълиф гардидааст. Дар аксар сатрҳои ин асар метавонем ба вожаҳои арабию нақли шоирони араб, подшоҳу ҳокимон ва нависандагони араб дучор оем. Вай аз шоир Асмаъии араб (вафот 828), ки монанди Мушфиқӣ қаҳрамони ҳикояю латифаҳои зиёди арабӣ гаштааст, дар равзаи чаҳоруми «Баҳористон» «Дар васфи мевабахшии дарахтони боғистони ҷуду карам ва шукуфарезиашон ба базли динору дирам» ҳикоёте ҷой дода, намунае аз шеъри Асмаъиро иқтибос кардааст [3,56]. Ҳикояти доир ба Асмаъии шоири араб овардаи Мавлоно Ҷомӣ ин аст:
«Асмаъӣ гӯяд:
Бо кариме ошноӣ доштам, ки ҳамвора ба таваққӯъи караму эҳсон ба дари хонаи вай мерафтам. Як бор ба дари хонаи вай расидам. Дарбоне шинонда буд. Маро манъ кард аз он ки бар вай дароям.
Баъд аз он гуфт:
- Э, Асмаъӣ! Ин сабаби манъ кардани ман аз даромадан бар вай тангдастию нодорист, ки вайро пеш омадааст.
Ман ин байтро навиштам:
Изо кона-л-кариму лаҳу ҳиҷобун,
Фа мо фазлу-л-кариму ала-л-лаим
Тарҷума:
(Чун сахӣ парданишин гардад,
Фазли ӯ ҳам ба лаъин бар гардад)
ва ба он дарбон додам, ки инро ба вай расон. Замоне барнаёмаду руқъаро овард. Бар пушти вай набишта, ки
Изо кона-л-кариму қалила мол,
Тастара би-л-ҳиҷоби ани-л-азим
Тарҷума:
(Чун сахӣ камбизоат шудааст,
Худро ба пардаи бузург ниҳон намудааст)
ва ҳамроҳи руқъа суррае понсад динор дар вай. Бо худ гуфтам: «Ҳаргиз қиссае аз ин ғарибтар бар ман нагузаштааст. Инро тӯҳфаи маҷлиси Маъмун хоҳам сохт!» Пеши вай рафтам.
Гуфт: -
Аз куҷо мерасӣ, э Асмаъӣ?
Гуфтам:
Аз пеши каримтарин касе аз аҳёи араб.
Пурсид, ки кист?
Гуфтам, ки марде, ки маро аз илму моли худ баҳравар сохтааст. Ва он руқъаву сурраро пеши вай бар замин ниҳодам. Чун сурраро дид, ранги вай баромаду гуфт:
-Ин муҳри хазонаи ман аст.
Мехоҳам, ки он касро талаб дорам.
Гуфтам:
-Эй амиралмуъминин!
Валлоҳ, шарм медорам, ки ба ҷиҳати баъзе гумоштагони ту хавфе ба хотири вай роҳ ёбад.
Маъмун яке аз хавоси худро гуфт, ки ҳамроҳи Асмаъӣ бирав. Чун он мард бибинӣ, бигӯй: амиралмуъминин туро металабад, бе он ки тафриқае ба хотири вай расад.
Чун он мард ҳозир омад, Маъмун ба вай гуфт:
-Ту он шахсе нестӣ, ки дирӯз пеши мо омадӣ ва изҳори фақру фоқа кардӣ, ин сурраро ба ту додем, то сарфи маоши худ кунӣ, ки ба як байт шеър, ки Асмаъӣ пеши ту фиристод, онро ба вай додӣ?
Гуфт:
-Валлоҳ, ки дар изҳори фақру фоқа, ки дӣ кардам, дурӯғ нагуфтам. Валекин нахостам, ки қосиди вайро боз гардонам, магар чунон ки амиралмӯъминин маро боз гардонида.
Пас бифармуд, то ҳазор динор ба вай доданд. Асмаъӣ гуфт:
-Э амиралмӯминин! Маро низ дар ин ато ба вай мулҳақ гардон!
Фармуд, то ҳазор вайро низ такмил карданд. Ва он мардро аз зумраи надимони худ гардонид:
Кафи соҳибкарам чун бедирам монд
Зи нодорӣ шумар, гар дар бибандад.
Вале дар бастани мудхил чунон аст,
Ки ҳамёни дирамро сар бибандад. »[3,56-57].
Инҷо Абдурраҳмони Ҷомӣ перомуни қадру қимати шоири араб ва маънии волои шеъри ӯ сухан рондааст. Асмаъӣ, яке аз шоирони шинохтае буд, ки бо ҳикоёту латоифи баландмазмунаш мардуми ғайриараб низ ӯро мешинохтанд ва бо шуҳрат ва маънии баланди ашъораш аз қаҳрамонони ҳикоёти Мавлавӣ Ҷомӣ гардида будааст.
Дар «Нафаҳот ал-унс мин ҳазарот ал-қудс» -и Ҷомӣ, ки дар он зикри 618 сӯфии адибу шоир дарҷ гардидаасту бештарашон аз манотиқи арабнишини Бағдоду Шом, Ҳиҷозу Басра ва Яману Мисранд, пайдост, ки ӯ бо фарҳанги исломии мардуми араб ошноии тамом доштааст. Мусаннифи «Нафаҳот ал-унс» на танҳо дар асари худ шаммае аз рӯзгору фаъолият офаридаи қалами онҳо ҳадс мезанад, ҳатто дар зарурат пораи ашъори арабии онҳоро ба сифати мисол иқтибос менамояд.
Масалан, Абӯҳомид ас-Сӯфӣ, ки кӯфиюласл буда, дар Шом ба ҳайси шайх вазифаи масъул дошт, шеър ҳам мегуфт, ки намунаҳои онро ба забони асли арабӣ дар «Нафаҳот ал-унс» дучор меоем. Намунае аз он:
Хайру дорин ҳалла фиҳо хайру арбоб ад-диёри
Ва қадиман ваффақа-л-Лоҳу хиёран лихиёри.[6, 56-57]
Тарҷума:
(Беҳтарин хонае, ки беҳтарин асҳоби диёр фаро омадаанд,
Ва дар гузашта Худо хубонро бо хубон ба ҳам меоварад)
Ба монанди ин шоири суфимашраб зикри чандини дигар аз шоирони суфия дар ин китоб оварда шудааст. Мо метавонем бо дарназардошти зикри якояки ин шайхони бузург Абдурраҳмони Ҷомиро аз арабдонони машҳур дониста бошем.
Аз гуфтаҳои фавқ бар меояд, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар баробари донандаи асили забони модарии худ будан, аз забони арабӣ огоҳии тамом дошта, дар осори бадеӣ ва илмии худ аз захираи адабу фарҳанги арабҳо ба таври боиставу шоиста кор гирифтааст. Муламмаоти арабӣ-форсии Мавлоно Ҷомӣ равон, ширин ва намакин буда ба онҳое низ, ки забони арабиро ба таври зарурӣ намедонанд, фаҳмову гушнавоз аст. Ва ин далолат бар он мекунад, ки мавсуф бо осори гаронмояи худ ва забондонӣ барои таҳкими дӯстию равобити илмию адабии форситаборону арабҳо саҳми назаррасе гузоштааст.
Субҳиддин Зиёев,
ходими калони илмии Институт
Адабиёт:
1. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Шарҳ ал-Ҷомӣ. Пешовар, Покистон, чопи сангӣ, 1917.
2. Насриддинов, Асомуддин. Ҷомӣ – шоир ва мутафаккири бузург.-Душанбе: Ирфон, 1964.-59с.
3. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Баҳористон. Таҳия ва муаллифи сарсухан ва шореҳи тавзеҳоту луғот Аълохон Афсаҳзод. – Душанбе: Адиб, 1987.-157с.
4. Ҳ.И. ал-Наққош. Муламмаоти Ҷомӣ // Ҷашнномаи Ҷомӣ: Душанбе: Ирфон, 1966.-150с.
5. Ҳофизи Шерозӣ.-Теҳрон: Ҳунар, 1388.-389с.