Ҳадафҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

    Аннотатсия. Мақола ба ҳадафҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Раванди ҷаҳонишавӣ имрўз масъалаҳоеро пеш овард, ки Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли ин масоил фаъолияти якҷоя доранд. Иттиҳоди Аврупо ҳамчун бозингари геополитикӣ ҳадафҳои худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳимоя менамояд. Зеро, мавқеи георгафии минтақаи Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва ҳадафи геополитикӣ барои Иттиҳоди Аврупо муҳим ба шумор меравад. Яке аз манфиати асосии геополитикии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ тақвияти фазои демократӣ ва иқтисоди бозоргонӣ буда, заминаи асосии манфиатҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар қаламрави минтақа бахши энергетика ба ҳисоб меравад.

   Ҳадафи дигари стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои ҳамкории фаъол бо давлатҳои Осиёи Марказӣ равона шуда дар заминаи ин мусоидат ба ҳифзи сулҳу субот дар кишварҳои ин минтақа мебошад. Таваҷҷуҳи асосӣ дар мақола ба омўзиши манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо дар шароити нави сиёсати ҷаҳони имрўза дар Осиёи Марказӣ равона гардидааст.

    Имрӯз, минтақаи Осиёи Марказӣ, бидуни истиснои давлатҳои абарқудрат тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад. Аввалан, дар ин минтақа захираҳои бойи нафту газ мавҷуд буда дуввум бо минтақаи Авруосиё мавқеи муҳими стратегӣ дорад. То имрӯз, бозингарони фаъол ва таъсирбахш дар Осиёи Марказӣ Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин мебошанд, аммо дербоз Иттиҳоди Аврупо низ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

   Дар ибтидои асри XX, дар шароити ҷаҳонишавӣ, барои шарикии сифатан нави Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ фурсати муносиб даст дод. Ҳадафи муштараки шарикони аврупоӣ дар Осиёи Марказӣ барои рушди ҳамкорӣ нигаронида шудааст.

   Мушкилоте, ки олами имрўз дар раванди ҷаҳонишавӣ рӯ ба рӯ аст, ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсири баробар доранд ва ҳалли муштаракро талаб мекунанд. Масъалаҳои амниятӣ ва рушди иқтисодии минтақавӣ талаб менамоянд, ки Иттиҳоди Аврупо бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофиашон ҳамкории зичро ба роҳ монад. Илова бар ин, он ба рушди марзҳои сарҳадӣ, муҳоҷират, мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризми байналмилалӣ, инчунин, хариду фурӯши одамон, маводи мухаддир ва силоҳ алоқаманд аст.

   Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун бозингари геополитикӣ ҳадафҳои худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳимоя менамояд.

   Манфиати геополитикии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ бештар ба тақвияти фазои демократӣ ва иқтисоди бозоргонӣ равона гардидааст [1, с.27]. Барои расидан ба ин ҳадаф, ташкилоти аврупоӣ воситаҳои гуногунро истифода мебаранд: Барномаҳои кўмаки техникӣ амсоли TACIS ва TEMPUS, ки барои дастгирии ислоҳоти сохторӣ ва институтсионалии иқтисодиёти бозоргонӣ ва қонунгузорӣ, сохторҳои ҳукуматӣ ва системаҳои маориф дар Осиёи Марказӣ барномаи навсозии инфрасохтори нақлиёт дар минтақаи TRACECA ва INOGATE дастгирии асосии созмонҳои ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо.

   Пояи асосии манфиати иқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар қаламрави минтақа бахши энергетика ба ҳисоб меравад.

   Рушди шабакаи қубурҳо ва инфрасохтори нақлиёт, ҳамгироӣ кардани системаҳои энергетикии Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди умумии системаи алоқаи Авруосиё таъсири мусбӣ мерасонад.

   Иттиҳоди Аврупо яке аз бузургтарин истеъмолкунандагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хориҷи ИДМ мебошад, ки бо муттаҳид намудани системаҳои энергетикӣ, содиргардонии энергетикаи минтақа дар бозори миёнаи моли хурд маҳсулоти худро кафолат медиҳад.

   Ҳадафҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ ба марҳилаҳои зерин тақсимбандӣ кардан мумкин аст.

   Дар марҳилаи аввал (1990-1994) стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар ин солҳо ноил шудан ба мақсадҳои сиёсӣ-тактикӣ, ба эътидол овардани фазои пасошўравӣ, расонидани кўмаки иқтисодии фавқуллода, мусоидат ба гуногунандешӣ, демократия ва иқтисоди бозоргонӣ равона карда шуда буд. Ин мақсадҳо тавассути кўмаки бевоситаи иқтисодӣ ва созмонҳои байналмилалӣ (САҲА, Шўрои Аврупо, Вакилони парлумони Аврупо, Комиссияи Аврупо, Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷирон ва ғ.) амалӣ мегардиданд.

   Моҳияти асосии сиёсати Иттиҳоди Аврупоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба имзо расидани “Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ бо давлатҳои собиқ Шўравӣ” ташкил медод, ки ин барои ба расмият даровардани муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ин минтақа замина гузошт.

   Дар марҳилаи дуввум (1994-1998) маълум шуд, ки давлатҳои пасошўравӣ аз меъёрҳои демократия ва иқтисоди бозор дур мондаанд. Дар ин марҳила манфиатҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бо суботи геополитикии он дар Осиёи Марказӣ равона гардид ба вуҷуд омад. [3, с.166]. Дар охири қарни XX ва аввали асри XXI доираҳои сиёсӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва пеш аз ҳама дар Олмон тамоюли васеъ кардани таъсири геополитикии Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ ба миён омад. Дар асл Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчўбаи манфиатҳои геополитикии худ дар доираи ваколати САҲА то сарҳади Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, Чин ва Эрон мавқеъ пайдо кард.

   Дар марҳилаи сеюм, равобит миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зери се омили асосӣ инкишоф меёбад: васеъшавии нуфузи Иттиҳоди Аврупо дар Шарқ, густариши таъсири Итиҳоди Аврупо ба фазои кишварҳои собиқ Шўравӣ ва Аврупои Шарқӣ, хусусан тарғиби сиёсати Аврупо дар самти амният дар минтақа [5, с.155]. Бинобар ин сабаб, дар солҳои наздик нуфузёбии сиёсати фаъолонаи Аврупоро дар Қафқоз, баҳри Каспий ва Осиёи Марказӣ интизор шудан мумкин буд. Бояд дар назар дошт, ки минбаъд низ бо фаъолияти омилҳои дигари геополитикӣ ва мубориза барои нуфуз дар ин минтақа миёни дигар бозингарони асосӣ ба монанди ИМА, Россия, Чин ва ҷаҳони Ислом идома хоҳад кард.

   Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, сиёсати хориҷии давлатҳои нави мустақил ба ташкили муносибатҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо тамоми давлатҳои ҷаҳон нигаронида шуда буд. Аз ин ҷониб, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо  дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Мушкилоти иқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба имконияти дастрасӣ ба захираҳои зарурии энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ асос ёфт. Барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати таҳияи заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории нав барои Иттиҳоди Аврупо ба амал омад.

   Бинобар ин, ҳадафи стратегияи Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондани ҳамкории фаъол бо давлатҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, дар заминаи ин, мусоидат ба ҳифзи сулҳу субот дар кишварҳои ин минтақаро дар бар мегирифт.

   Стратегия, то соли 2013 ро фаро гирифта сатҳи байнидавлатӣ ва минтақавии ҳамкориро таъмин мекунад. Умуман, ҳуҷҷати мазкур самтҳои зеринро дар бар мегирад:

   Самти аввал ҳамкориро дар соҳаи амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин ҳифзи сулҳу суботи минтақавиро дар бар мегирад.

   Дуввум – ислоҳоти иқтисодӣ, ки имконияти истифодаи маблағҳои Бонки сармоягузории Аврупо ва фонди сармоягузориро барои татбиқи лоиҳаҳо дар Осиёи Марказӣ таъмин менамояд.

   Сеюм – рушди ҳамкориҳои энергетикӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави интиқоли энергия ба Иттиҳоди Аврупо.

   Чаҳорум – бахши муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои марбут ба баҳри Каспӣ ва Арал.

   Панҷум  таҳияи мавзӯъҳои ҳассостарини муносиботи кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ, ба монанди эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, бунёди давлати ҳуқуқиву демократӣ.

   Шашум – ислоҳоти стандартҳои системаи сеҷонибаи маориф ва ворид намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар системаи Болонӣ (Болонская система) мебошад [7, с.123].

   Ҳамин тариқ, “Стратегияи шарикии нав дар байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ” ҳадафи Иттиҳоди Аврупоро оид ба тақвияти мавқеи он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, нишон дод [6, с.200].

   Барои таҳкими ҳамкориҳои муштарак, Иттиҳоди Аврупо бо барнома ва лоиҳаҳои  бузурги минтақавӣ дар шаш соҳаи асосӣ амал мекунад:

   Самти аввал ҳалли масъалаҳои энергетикӣ ва захираҳои обиро фаро мегирад. Масъалаи захираҳои обӣ ба рӯйхати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дохил карда шудааст. Аз ин рў, қобили зикр аст, ки яке аз олимаҳои шинохтаи Олмон И. Дойчланд, тадқиқоти хешро дар солҳои 1994 ва 1995 дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, чунин натиҷагирӣ кардааст: Тоҷикистон дорои захираи зиёди об ва боигарии сохтмонӣ - барқӣ мебошад. Агар дар ин самт коргузорӣ дуруст ба роҳ монда шавад, некўаҳволии мардуми Тоҷикистон хело беҳтар мегардад [9, с.39]. Дигар олими маъруфи олмонӣ таърихнигор ва тоҷикшинос Клаус Ландер қайд кардааст, ки агар Тоҷикистон об ва барқи хешро ба низом дароварда тавонад, симои ин кишвар куллан дигаргун шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз кишварҳои абарқудрат мубаддал мешавад [10, с.46].

   Самти дуюм соҳаи нақлиёт мебошад. Мавқеи геополитикии Осиёи Марказӣ нишон медиҳад , ки он пули калонтарини Аврупо ва Осиё ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, Иттиҳоди Аврупо барномаи Тиҷорати Аврупо-Қафқоз-Осиё (TRACECA) -ро, ки дар соҳаи нақлиёт ва тиҷорат мусоидат мекунад, таҳия намуд. Ин ба соҳаи савдо, ҳамгироӣ кардани роҳи автомобилгарди байналхалқӣ байни Аврупо, Қафқоз ва Осиё, инчунин ҳалли мушкилот дар системаи нақлиёт ва тиҷорати минтақа мусоидат мекунад.

   Самти сеюм дар рушди тиҷорати хурд ва миёна мебошад. Яке аз ташаббусҳои муҳим - барномаи минтақавии "Осиёи Марказӣ-Инвест" мебошад, ки ҳадафи он мусоидат намудан ба рушди тиҷорати хурд ва миёна тавассути лоиҳаҳо мебошад.

   Самти чорум  ҳифзи сарҳад ва мубориза бар зидди маводи мухаддир аст. Аз охири соли 2001, Иттиҳоди Аврупо татбиқи лоиҳаи CADAP  -ро оғоз намуд. Вазифаҳои асосии ин лоиҳа: беҳтар намудани кори хадамоти назорат дар фурудгоҳҳои калон дар минтақа, таҳкими ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мебошад [1, с.30].

   Барномаи ояндаи Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният БОМКА мебошад. Он аз соли 2003 фаъолиятро оғоз намуда, барномаи кӯмаки муштараки Иттиҳоди Аврупо ва БРСММ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад [7, с.150]. То имрӯз 6 марҳилаи барнома анҷом дода шудаанд, ки дар он чорабиниҳо барои омӯхтани имкониятҳои умумии ҳифзи сарҳад дар кишварҳои минтақа ва омодасозии мунтазами кормандони сарҳад ва алоқаҳои марбута ташкил карда шуданд.

   Самти панҷум ҳамкорӣ бо соҳаи илм ва маориф мебошад. Дар робита ба ин, қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин соҳаҳо дар сатҳи дуҷониба ва минтақавӣ мустаҳкам карда шудааст. Дар сатҳи минтақавӣ барномаҳои Tempus, Erasmus Mundus, ETF ва ғайра [7, с.155] амал менамоянд, ки самти ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар минтақа бо Иттиҳоди Аврупо инъикос менамоянд.

   Самти шашум Ҳифзи муҳити зист буда, ҳимояи захираҳои табиӣ ва биологӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи экологии Осиёи Марказӣ зикр ёфтааст. Ин барнома ба ду марҳила тақсим карда мешавад. Марҳилаи якум бо захираҳои об вобаста буда, марҳилаи дуввум рушд аст, аммо он бояд аввалинро рушд диҳад ва то соли 2013 амал намудааст.

   Ҳамин тариқ, солҳои 90-уми асри гузашта муносибатҳои гуногунпаҳлў миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна густариш ёфтанд. Дар аввали солҳои 90- ум ин муносибатҳо дар шароити нави раванди геополитикӣ ба вуҷуд омаданд. Мавқеи Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи бузурги геополитикӣ имкониятҳои бештарро барои таҳкими ҳамкориҳо ба дигар марказҳои асосии иқтисодӣ ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷониб, Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчўбаи иқтидори хеш мавқеи намоёнро касб менамояд. Қабули ҳуҷҷатҳои мухталифи консептуалӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва татбиқи барномаҳои гуногуни минтақавӣ имкон медиҳанд, ки дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд тақвият ёбад.

   Манифиатҳои асосии геополитикии Иттиҳоди Аврупоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ метавон чунин ишора кард:

  • таъмини амният ва оромӣ дар кишварҳои минтақа;
  • кўмаки молиявӣ барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум дар минтақа;
  • ҳамкорӣ хусусан дар бахши энергетика, нақлиёт, таълимот ва самти экология;
  • тақвияти фазои демократӣ дар минтақа;
  • пешгирии хатарҳои номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм;
  • гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа;
  • сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар Осиёи Марказӣ;
  • тақвияти иқтисоди бозоргонӣ;
  • истифодаи захираҳои табиӣ ва ғ.

   Махсусан баяд қайд кард, ки пешгўиҳои олимони олмонизабони Аврупо оид ба ҳифз ва аз худ кардани захираҳои обии Тоҷикистон тавассути сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба қалам кашида буданд, имрўз дар комёбиҳои ин соҳа собит шуда истодаанд. Ин падидаи бузурги Тоҷикистони муосир таконе барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар қатори дигар кишварҳои минтақа ба вуҷуд оварда, ҷумҳуриро дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун содиркунандаи пурқтидори нерўи барқ муаррифӣ хоҳад кард.

     Калидвожаҳо:

TACIS – Кўмаки техникӣ ба кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил

TEMPUS–Барномаи байнидонишгоҳии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо, ки аз соли 1990 раванди ҷамъиятӣ -  иқтисодӣ ва ҳамчунин рушди системаи таълимро берун аз Иттиҳоди Аврупо таъмин менамояд.

TRACECA –Роҳравӣ (коридор) нақлиёти Осиёи Марказӣ – Қафқоз – Аврупо.

INOGATE –  Барномаи байниҳукуматии интиқоли нафту газ дар Аврупо мебошад. 

ИДМ – Иттиҳоди давлатҳои мустақил.

БОМКА – Барномаи кӯмаки сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ.

БРСММ – Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ташкилоте, ки қисман лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупоро маблағгузорӣ менамояд.

ETF – Барномаи сармоягузории бозори хориҷӣ.

Системаи таҳсилоти олии аврупоӣ.

Созмони амнияти ҳамкории Аврупо.

 

Рўихати адабиёти истифодашуда:

 1. Байзакова К.И. Политико-правовые основы сотрудничества Европейского Союза с государствами Центральной Азии, - с. 27-30 //Analytic 3, 2003. – 244с.

 2. Белокриницкий В. Генезис и основные характеристики региона.// Центральная Азия. Пути интеграции в мировое сообщество. М., 1995. 360 с.

 3. Воҳидова С. Развитие иранистики и таджиковедения в историографии Европы (XV-начало XXI в.в.) «Эр-граф», Душанбе,-2015.504с.

 4. Дусчанов Р. О возможности использования опыта интеграции стран Западной Европы государствами ЦА. Центральная Азия и Кавказ, 2003.- 244 с.

  5. Евразийская интеграция Таджикистана: дорожная карта для экспертного сообщества. Проектно-аналитический доклад. (руководитель проекта – Г. Майтдинова. Участники: Каюмов Н. К, Саидов Х. С, Умаров Х. У., Царик Ю. Ю., Шарипов Б. – Душанбе, 2014.

 6. Изменяющаяся Центральная Азия и региональное сотрудничество. Материалы научной региональной конференции. – Душанбе, 2003. 345 с.

 7. Парамонов В. Формирование геополитической ситуации в Центральной Азии. – Внешние факторы. Центральная Азия и Кавказ, 2000. – 324 с.

 8. Rahr. A. Europe in the New Central Asia // The New Central Asia: In Search of Stability: A Report to the Trilateral Commission. – New York, 2000.

 9. Deutschland Jrina: Die Zentralasiatische Gus-Republiken, Kirgistan, Usbekistan, Turkmenistan, Tadshikistan//Ausgangssituation und Ansatzpunete fuer die Entwichlungs zumammenarbeit,- Berlin, 1993,- S. 39.

 10. Pander K. Zentralasien Usbekistan, Kirgistan, Tadshikistan, Turkmenistan, Kasachstan // Kunst Reisefuhrer, Dumont, 1996. S.46.

 11. Майтдинова Г.М. Состояние и перспективы сотрудничества Евросоюза и Республики Таджикистан. Европейский Союз и Таджикистан – состояние и перспективы сотрудничества. Материалы конференции. 2008. – 288 с.

 Санавбарбону Воҳидова,

мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт,

доктори илмҳои таърих,

Ардамеҳр Ашўров,

ходими хурди илмии шуъбаи

Аврупо ва Амрикои Институт

 

НАЗАД