Ҳадафҳои нави стратегӣ дар доираи Саммити МҲТБО

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Рушди устувори кишварҳоро бе ҳамгироӣ тасаввур кардан имконнопазир буда, дар доираи он масъалаи бартараф намудани сатҳи иқтисодии кишварҳо, хатари ҷанги ядроӣ, низоъҳои иттилоотӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, масоили экологӣ ҳалли худро меёбанд. Осиё яке аз қитъаҳои калонтарин ба ҳисоб рафта, дар маркази омӯзиши геополитикӣ қарор дорад.    Маҳз дар ҳамин давраи афзоиши низоъҳои мухталифи сиёсию иқтисодии сатҳи глобалӣ раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба душ гирифтани Тоҷикистон кори бениҳоят масъулиятнок буда, ҳамзамон боиси ифтихор аст, зеро чунин иқдом далели қатъии он дониста мешавад, ки нуфузу обрӯи байналмилалии Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои Осиё, балки дар тамоми ҷаҳон густариш меёбад.
   Муқовимат ба терроризму экстремизм, истеҳсол ва паҳншавии маводи мухаддир, таъмини сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ, кӯмаку дастгирии байниҳамдигарии давлатҳо аз муҳимтарин мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни машварат аз тарафи роҳбарон ва намояндагони давлатҳои иштирокчии ҳамоиши сарони кишварҳои узви МҲТБО мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, ки дар заминаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё миёни кишварҳои аъзо сурат гирифт, имконияти расидан ба меъёрҳои ин форумро таҳким мебахшад.
   Дар тӯли фаъолияти худ Машварат ба ҳадафҳои асосии муайяншуда, хусусан дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизми хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ ноил гардидааст, зеро аксарияти кишварҳои узв ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ манфиатдоранд.
   Дар баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки қитъаи Осиё пур аз тазод ва мухолифатҳост. Дар ин минтақа тамаддуну миллатҳои мухталиф ва динҳои гуногун мавҷуданд. Танҳо зикр намудани зиддияту хушунатҳои байни Ҳиндустону Покистон, Исроилу Эрон, Фаластину Исроил, Озарбойҷону Арманистон кофист, то дарк намоем, ки вазъият чӣ гуна аст. Бешубҳа, имрӯз қитъаи Осиё вазъияти бисёр мушкилро паси сар карда истодааст. Аз як тараф, нооромии бардавом дар Афғонистон ва манотиқи Ироқу Сурия таҳримҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳдидҳо аз ҷониби баъзе абарқудратҳо нисбат ба кишварҳои алоҳидаи минтақа ва аз тарафи дигар, нобаробариҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мушкилоти экологӣ ва демографӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки зарурати ҳамоиши сарони давлатҳои минтақа ва тақвияти боварии ҳамдигариро беш аз пеш муҳим мегардонад.
   Дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов мулоқот намуд. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва сифати ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, савдо, саноат, инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сайёҳиро баррасӣ намудаанд.
   Озарбойҷон ба ҳадафҳо ва принсипҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мувофиқ буда, мунтазам барои мустаҳкам кардани сулҳ, амният ва ҳамкории ҳамаҷониба дар минтақаи Осиё баромад мекунад. Ба андешаи сарвазири Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Машварати ҳамкори ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамчун майдони муҳокимаи масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои тарафайни иқтисодию иҷтимоӣ тавассути дар ҳаёт ҷорӣ намудани ташаббусҳо ва лоиҳаҳои тарафайн дар чаҳорчӯбаи тадбирҳои амалкунандаи эътимод маъруф гаштааст.
   Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бояд ба воқеияти олами муосир ҷавобгӯ бошад. Дигаргунсозии он ва таҳияи фишангҳои нисбатан таъсирбахши ҳамкориҳо бояд ба минбаъд мустаҳкам намудани эътимод ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои баробарҳуқуқи барои тарафҳо манфиатнок мусоидат намоянд.
   Рушди долонҳои нақлиётӣ дар муҳити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё унсури системаофаре аст, ки Осиё ва Аврупоро ба ҳам пайваста, ба рушд ва мустаҳкам гардондани иқтидори иқтисодии ҳамкорӣ мусоидат менамояд. Озарбойҷон як қатор лоиҳаҳоеро амалӣ мегардонад, ки онҳо барои ба вуҷуд овардани шабакаҳои стратегии инфрасохтори минтақавии нақлиётӣ равона гардида, бунёди роҳи оҳани «Боку-Тбилиси-Карс» ва ба истифода додани бандари байналмилалии баҳрии Бокуро дар баҳри Хазар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Озарбойҷон ба ҳайси ҳамоҳангсози тадбирҳои эътимод дар соҳаи ҳамкорӣ барои рушди системаҳои амниятӣ ва босамари долонҳои нақлиётӣ, фаъолияташро дар ин самт идома дода истодааст.
   Тавре сарвазири Озарбойҷон, гуфт, ин кишвар ба мавқеи бетағйир ва мунтазами Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки терроризм, ҷудоиандозӣ ва экстремизм пайваста маҳкум менамояд, баҳои баланд медиҳад. Дар баробари он, аҳамияти калони ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои мазкур, инчунин, аз тарафи давлатҳои узв андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ кардани фаъолияти ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ашхоси ҷудогонаи ба муқобили истиқлолият ва дахлнопазирии марзии дигар давлатҳо равонагардидаро дар қаламрави худашон қайд мекунад.
   Хулоса, нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкориӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, барои расидан ба ҳадафҳои нави стратегӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи сулҳу субот ва шукуфоии устувор дар асоси муколамаи фарогир ва амиқ таккони ҷиддӣ бахшид.

   Адабиёти истифодашуда:
   Саммити Душанбе ҳамчун марҳиалаи нав ва тақдирсози низоми МҲТБО //http://office.mts.tj//
 Премьер-министра Азербайджана Новруз Исмаил оглу Мамедов Прибылв Душанбе на саммит СВМДА. //https://tj.sputniknews.ru//
   Совещание по взаимодействию и мерам доверия в Азии //https://ria.ru//
   Выступление Е.П. г-на Ильхама Алиева, Президента Азербайджанской Республи //http://www.s-cica.org//
Шуҳрат ШАМСУДДИНОВ,
корманди Институт

НАЗАД