Дар таърихи шарқшиносии ҷаҳон академик Василий Владимирович Бартолд мақоми намоён дошта, таҳқиқоту осораш дар илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Академик В.В. Бартолд падари маънавии шарқшиносони ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Самтҳои асосии фаъолияти илмии академик В.В. Бартолдро таҳқиқ ва пажӯҳиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, равобити фарҳангии Шарқу Ғарб ва таърихи ислом ташкил менамояд. Маҳсули эҷодиёти академик В.В. Бартолд ба омӯзиш ва таҳқиқи шоҳигариҳои Юнон, Бохтар, Кушон, ҳоқони турк ва кишварҳои дигар, аз ҷумла забон ва дастхатҳои суғдӣ, тохарӣ, туркӣ, эфталитӣ, этногенези тоҷикон, қирғизҳо, қазоқҳо, туркменҳо, узбекҳо, уйғурҳо ва ғайра, илова бар ин доир ба ҳаёту фаъолияти Чингизхон ва аҳди Темуриён бахшида шудаанд. Ба қалами академик В.В. Бартолд очеркҳо роҷеъ ба таърихи иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҷуғрофӣ, ва бостоншиносии Осиёи Миёна тааллуқ доранд. Академик В.В. Бартолд соли 1925 очерки “Тоҷикон”-ро рӯи чоп овардааст. Академик В.В. Бартолд дар ҳақиқат тараннумгари таърих ва фарҳанги тоҷикон мебошад. Ӯ махсус қайд намудааст, ки тоҷикон худ соҳибтамаддун буда, таъсири хешро ба таърих ва фарҳанги дигар қавму миллатҳо амсоли узбекон, қазоқҳо, қирғизҳо ва туркменҳо гузоштааст.
Бояд зикр кард, ки академик В.В. Бартолд махзани пурғановати илмиро доир ба омӯзишу таҳқиқоти таърих ва фарҳанги мардуми сарзамини Осиёи Миёна ба вуҷуд овард. Илова бар ин, акдемик В.В. Бартолд барои бунёди ниҳоди илмӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна, аз ҷумла ташкил намудани китобхонаи илмӣ, созмон додани маъхазҳои осори хаттӣ ва ҷамъовариву омӯзиши онҳо саҳми пурарзиш гузоштааст. Аз тарафи академик В.В. Бартолд зиёда аз 500 осори хаттӣ таълиф шудааст. У ба ҳайси Раиси осорхонаи антропологӣ ва мардумшиносӣ дар Санк-Петербург кору фаъолият кардааст.
Мавриди зикр аст, ки академик В.В. Бартолд дар бузургтарин китобхонаҳои дунё, аз ҷумла дар китобхонаҳои Англия, Олмон, Фаронса, Туркия ва дигар кишварҳои Ғарб, китобхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Санк-Петербург, Маскав, Тошкент, Боку низ фаъолияти пурсамари илмӣ анҷом додааст. Мақсади асосии сафарҳои академик В.В. Бартолд ба хориҷ ва кишварҳои Шӯравӣ омӯзиш ва таҳқиқи маҷмӯаи дастхатҳои шарқӣ буд.
Дар тули фаъолияти илмӣ–эҷодии хеш академик В.В. Бартолд дар чандин донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон доир ба муҳимтарин самтҳои таҳқиқоти худ лексия хондааст. Академик В.В. Бартолд чанд муддат дар Боку низ қарор доштааст. Дар ин ҷо ӯ дар ҷамъомади профессорон аз донишгоҳҳои Петербург, Қазон, шарқшиносони донишгоҳи Озарбойҷон иштирок намуда, махсусан барои донишҷуёни ин донишгоҳ доир ба мавзӯҳоии “Таърихи Озарбойҷон”, “Оид ба ҷойгоҳи минтақаҳои назди Қафқоз дар таърихи мусулмонҳои ҷаҳон”, ки ин ҷо бавижа таҳлилҳо роҷеъ ба шаҳрҳои алоҳидаи Озарбойҷон, хусусан Боку сухан меравад, лексия хондааст. Дар шаҳри Боку академик В.В. Бартолд бо як қатор олимон, омӯзгорон, инчунин бо маконҳои таърихӣ, осорхонаҳо, масҷидҳо, қасрҳои шоҳнишин, қаълаҳо, мазорҳо ва ғайраҳо шинос шудааст.
Ғайр аз фаъолияти илмӣ дар Боку академик В.В. Бартолд оид ба масоили ҳифзи мақбараҳои Низомӣ, Фирдавсӣ, Бобобузург Коркут ва ҳамчунин, тарҷумаи эпоси озарбойҷонии “Достонҳо дар бораи Бобобузург Коркут” машғул шудааст.
Дар давоми 1500 сол аз қарни VI то замони мо дар фазои муосири Туркистон ду мардуми дорои фарҳанги пурғановатро, ки эронитабор ҳастанд, номбар кардан мумкин аст, ки ин халқиятҳо суғдиҳо ва хоразмиён мебошанд. Фазои фарҳангии хоразмиёни онвақтаро академик В.В Бартолд дар асарҳояш инъикос намудааст. Ҷадвали Ал-Хоразмӣ ба забони лотинӣ соли 1126 тарҷума карда шуд. Ал-Хоразмӣ бо асари машҳури худ “Ҳисоб ал- ҷабр”, ки тавассути он ҳисоби системаи ҳиндӣ бо сифр ба Аврупо омадааст, тавонист шуҳрати ҷаҳониро касб намояд. Асари ӯ дар қарни XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, то қарни XVI дастури муҳими таълимӣ доир ба илми риёзиёт дар донишгоҳҳои Аврупо ба ҳисоб мерафт.
Ал-Берунӣ (973-1050) энсиклопедисти варзида буда, аввалин маротиба куррашакл будани заминро кашф намудааст. Дар ҳимин радиф риёзидони машҳури форс-тоҷик Умари Хайём (1038/42-1123\24) тақвимеро мураттаб намудааст, ки он афзалтар аз тақвими григорианӣ буд.
Аз ин лиҳоз, бахшида ба 150–солагии шарқшиноси машҳури рус Василий Владимирович Бартолд 28–уми июни соли 2019 бо ташаббуси Институти омӯзиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Саҳми академик В.В. Бартолд дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Флоров Игор Семенович, котиби якуми сафорат С. Н. Тутолмин ва сардори хадамоти ҳамкории Россия М.В. Вождаев, инчунин сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Ҳофер Визинг ширкат ва суханронӣ карданд.
Маърузаи нахустро раиси тадорукоти конфронс доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова дар мавзӯи “Бисёрқутбии осори академик В.В. Бартолд дар фазои фарҳангӣ” оғоз намуд, ки хело пурмуҳтаво ва ҷолиб буд. Дар конфронси мазкур намояндаи Донишгоҳи Рейнише Вилгелм, Бонн, доктор Ишая Ланда дар мавзӯи "Таҳқиқоти акдемик В.В Бартолд оид ба таърихи Муғулистон (асроҳои XIII-XIV)" суханронӣ намуд. Баъдан доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Авруосиё ба номи И.Н Гумилеви Қазоқистон дар мавзӯи “В.В Бартолд ва мероси анъанавии ховаршиносӣ дар Русия” маъруза намуд. Намояндаи дигар, доктори илмҳои сиёсӣ профессори Донишгоҳи байналмилалии технологияи иттилоотии Алмаато дар мавзӯи “Доираи таърихнигории асарҳои академик В.В Бартолд” суханронӣ кард. Котиби якуми сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, С.Н. Тутолмин дар мавзуи “Саҳифаҳои ҳаёти академик В.В Бартолд дар Петербург” баромад намуда, аксҳо олими тавоно В.В. Бартолдро ба маърази тамошо гузошт, ки ҷолиб ва пурмуҳтаво буд.
Дар конфронс 21 маърӯза шунида шуд, ки паҳлуҳои дигари зиндагинома ва тадқиқоти В.В Бартолдро боз аз нав рушантар намуданд. Дар ин ҳамоиши илмӣ намояндагони аҳли илм аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Олмон, Беларус ва ғайра ширкат доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни ҷаласа аз гӯшаву канори кишвар шарқшиносони тоҷик низ фаъолона ширкат варзиданд. Маърӯзаҳо хеле ҷолиб ироа гардида, нуқтаҳои назари илмӣ низ дорои афзалият ва навгониҳои ба худ хос буданд.
Санавбарбону Воҳидова,
мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои
Институт