ҲАМГИРОИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЗАМИНАГУЗОРИ СУЛҲУ СОЗАНДАГӢ БО МИНТАҚАИ ОСИЁИ ҶАНУБӢ

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

(Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, 4-5 августи 2025)

       Тоҷикистону  Туркманистон дорои сарвату захираҳои фаровони табии буда, ҳар ду кишвар ба мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ миёни ҳам робитаҳои ҳасанаи дипломатӣ дошта, дар тавсеаи пайвандҳои муштарак бо манотиқи Осиёи Ҷанубӣ  бо чунин иқтидору ташаббусҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ дар ҳалли масоили гуногун нақш мебозанд. Ҳар ду кишвари дӯст бо кишварҳои минтақа ва  ҷаҳон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷорату  саноату  сайёҳат  ҳамкорӣ доранд.

       Робитаҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» замина пайдо карда,  моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият оғоз карданд.   

       Бо тавсеа  ва тақвиятёбии тамосҳои сиёсӣ ҳусни эътимод миёни ҳар ду кишвар таҳким ёфта,  роҳбарони кишварҳо борҳо сафарҳоро ба давлатҳои ҳамдигар анҷом додаанд. Санаи 19-20 августи 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом дод ва 2-3 ноябри 2017 зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Дар заминаи он 20 июни 2018 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба мақсади ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 августи 2018 дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза"-и шаҳри Туркманбошӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал иштирок кард.

       Тоҷикистону Туркманистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ, TRACECA, С5+1, ИА+Осиёи Марказӣ, Ҷопон+Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ-Чин, инчунин дар масъалаҳои вобаста бо Афғонистон бо мавқеи ягона дар ҳалли бештари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок  мекунанд.  

       Ибтикори Туркманистон дар мавриди эълони соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод” баёнгари рӯшани эътирофи сиёсати хориҷии Туркманистон буда, пешниҳоди Сарвари давлати  Тоҷикистон вобаста ба эълон доштани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»  баҳри ҳифзи мардумони сайёра бисёр муҳиму саривақтӣ  маҳсуб  меёбад, ки аз  мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон  маншаъ мегирад.                  

       Нахустин нишасти муколамаи Тирмиз оид ба робитаҳои мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар шаҳри Тирмиз таҳти унвони «Ташаккули фазои муштараки сулҳу осоиш, дӯстӣ ва шукуфоӣ» санаи 19-21 май соли 2025 дар шаҳри Тирмизи Узбекистон дар мавзуи «Эъмори фазои умумии сулҳ, дӯстӣ ва шукуфоӣ» доир гардид, ки дар он намояндагон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Уқёнуси Ором, Амрико ва Ховари Миёна иштирок намуданд. Бояд эътироф кард, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо Осиёи Марказӣ ба фазои эътимоду ҳамкориҳои судманд табдил ёфта, минтақа бо сулҳу суботу созандагӣ пеш  рафта, чолишҳо ва таҳдидҳои ба вуҷудомадаро мустақилона бартараф намуда, ба масири рушди прогрессивӣ ворид шуда, ба маркази фаъолияти иқтисодию сармоягузорӣ табдил ёфт. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи чунин ҳамгироиҳои минтақавӣ роҳҳоро барои рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ боз карда,  ҳамкорӣ  хоҳад кард.

       Бояд  ишора  кард, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ  бо доштани беш аз 1,7 миллиард аҳолӣ  рушду  нумуъ  карда, кишварҳои  калидии  он аз  ҷумла  Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ  ва дигар  форуму  ташкилотҳо  нақши  калидӣ  мебозанд. Миёни кишварҳои  Осиёи Ҷанубӣ Покистон   бо Тоҷикистону Афғонистону Эрон  дар масофаи хело наздик қарор дошта, аз шарикони тиҷоративу иқтисодии  минтақавӣ  маҳсуб  меёбад. Кишвари  Ҳиндустон бо роҳандозии  рушди саноти дорусозиву  табобату  сайёҳат  низ нақши муҳим  мебозад.

       Ба андешаи таҳлилгарон ин кишварҳо  метавонанд  бо эҷод ва таҳкими ҳамкориву  ҳамгироии  минтақавӣ миёни ҳам захоири фаровони худро,  аз  ҷумла обу энергияро пурра  коркард  намуда, фараҳмандиро барои мардумони худ  фароҳам  оваранд. Бешак дар  даврони истиқлолият кишварҳо тавонистанд тавассути лоиҳаҳои содироти газ ва иқтидори энергетикӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон ва Ҳиндустон лоиҳаҳоро роҳандозӣ намоянд.

        Бо дигар шудани авзоъ дар минтақа,  кишварҳо ташаббусҳову мактаби  сулҳу  суботи Тоҷикистонро ҳимоят карда, бо имзои созишномаҳои  лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ  аз  қабили  CASA 1000   ва TAPI интиқоли барқу газ  аз Туркманистон ба Покистон ва Ҳиндустон руй  кор омад.

       Бо содироти захираҳои энергетикӣ аз Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон бо истифода аз лоиҳаҳои CASA-1000  аз Тоҷикистону Қирғистону Афғонистону Покистон баҳри рушди саноати барқ ва таъсиси шабакаи минтақавии энергетикӣ ва TAPI тариқи Туркманистону Афғонистону Покистону Ҳиндустон роҳандозтии лӯлаи газ, инкишофи роҳҳои коммуникатсионӣ ё нақлиёт,  осон кардани расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар гузаргоҳҳои асосии сарҳадӣ, тавсеаи имкониятҳо барои мубодила, афзоиши имкониятҳо заминаҳои хуб хоҳад  гузошт.

       Коршиносони минтақа самти дигари расидан ба минтақаро  тавассути  роҳи нақлиёти шоҳроҳи Қарақорум, ки қаламравҳои Чин ва Покистонро бо ҳам мепайвандад, медонанд.  Ҳамин тавр, роҳҳои Транс-Эрону Транс-Чин кишварҳои Осиёи Марказиро бо Ҳиндустон ва бо Покистон  пайваст намуда, таъмини амну сулҳу суботи Афғонистон ба хотири ҳамкориҳои байниминтақавӣ, хело муҳим шуморида  мешавад.

       Кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста ҳамгироиву ҳамсоягиву дӯстиро нигоҳ  дошта,саъй доранд тарҳҳои нақлиётиро бо Ҷануби Осиё  роҳандозӣ намоянд.  Барои дастёбӣ ба бозорҳои ҳамдигар тавсия дода  мешавад, ки муноқишаҳо ба хусус Покистону Ҳиндустон саривақт чун узви фаъоли СММ ва СҲШ   бартараф намуда, аз мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон ва дипломатияи  ҳамсоягиву ҳамҷаворӣ  баҳри осудагии мардумони худ  истифода  кард.

       Фақат танҳо бо оғози раванди сулҳи воқеӣ ва тағйири таносуби нерӯҳо метавон ба таҳияи тарҳҳои калидӣ муваффақият ба даст овард. Дар ниҳоят  бояд  таъкид кард, ки ҳамгироии кишварҳои минтақаи ОМ, аз ҷумла Тоҷикистону Туркманистон заминаро дар амалисозии лоиҳаҳои бузурги  CASA-1000   ва TAPI баҳри фароғу фараҳу фурузонии  давлатҳои минтақаи ОҶ фароҳам оварда, дар рушд ва суботи минтақавӣ кӯмак хоҳанд расонд.

       Ба назари нигорандаи сатрҳо  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Авазаи Туркманистон ва суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ заминаи хуб дар таҳкими  равобити ҳасанаи  ҳар ду  кишвар буда, роҳро баҳри ҳамкориву ҳамгироии  минтақавӣ  тақвият хоҳад  бахшид. Ба андешаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд. Ҳамин тариқ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ  дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ рушд карда, таҳкими сулҳу субот миёни кишварҳо тақвият хоҳад ёфт. Зеро ин кишварҳо  дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, ҳамкорию ҳамгироиву ҳамсоягии онҳо баҳри рушди иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, субот ва амният муҳим арзёбӣ мешавад.

Мирсаид Раҳмонов

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД