Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё Ҷануби Осиё аз минтақаи муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки бо кишварҳои бо иқтидори минтақавӣ, ташаббускору созандаи худ ба мисли Ҳиндустону Покистон дар ҳалли масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон нақш мебозад. Минтақа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муштаракона бо ҳам ҳамкорӣ доранд.
Коршиноси Ӯзбекистон Илдар Ёқубов дар мақолаи махсус барои сомонаи CABAR мавзӯъро таҳлил карда, роҳи пурзӯр кардани ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва монеаҳои онро баён кардааст.
Мавриди зикр аст, ки минтақаи Осиёи Ҷанубӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таърихан ба мисли Русия, Чин, Ховари Миёна аҳамияти хоса дорад. Зеро дар замонҳои қадим як шохаи Роҳи бузурги абрешим ба Осиёи Ҷанубӣ мерафт. Мавриди зикр аст, ки роҳҳои қадим аҳамияти стратегии худро дар тӯли таърих нигоҳ дошта, нақш бозиданд. Тибқи овардаи таърихнигорон, Бобур дар ибтидои асри 16 тавассути Осиёи Марказӣ аз дарёи Ҳинд убур карда, аз назди лашкари Искандар гузашт ва дар он ҷо аспи афсонавии ӯ Букефал дафн шудааст.
Дар ин зимн, робитаҳои байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар асри XIX замони бозии бузурги Русия ва Британияи Кабир, қатъ карда шуд. Ҳамин тавр, Афғонистон ба давлате табдил ёфт, ки ду империя ва ду минтақаро аз ҳам ҷудо мекард. Ислоҳоти Империяи Русия ба Иттиҳоди Шӯравӣ боиси барқарор шудани робитаҳо нагардид, балки боиси тақсимоти геополитикии Осиёи Ҷанубӣ гашт. Муноқиша дар Афғонистон, ки беш аз 40 сол пеш оғоз шуд, то андозае мақоми буферии ин кишварро барқарор кард ва он ҳамчун монеаи ҷудогонаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ боқӣ монд.
Дар ҳамин ҳол, таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ боиси эҳёи манфиатҳои тарафайн ва кӯшишҳои барқарор намудани робитаҳои байниминтақавӣ гардид. Кишварҳои Осиёи Миёна худро аз уқёнусҳо ҷудо карда, самти ҷанубӣ роҳи географии кутоҳтарин ба бандарҳои баҳрӣ гардид.
Бояд қайд кард, ки Осиёи Ҷанубӣ як бозори бузургест, ки дорои беш аз 1,7 миллиард нафар аст. Танҳо Покистон, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба Осиёи Марказӣ наздиктарин кишвар аст, беш аз 200 миллион аҳолӣ дорад.
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки бо эҷод ва таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ онҳо метавонанд якдигарро аз ҷиҳати энергия пурра таъмин кунанд. Бесабаб нест, ки дар давоми даврони истиқлолият тавассути лоиҳаҳои содироти газ ва иқтидори энергетикӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон ва Ҳиндустон корҳое ба нақша гирифта шуданд.
Дар ин зимн, кишвари Покистон аз ташаккули давлатҳои нави Осиёи Марказӣ истиқбол кард. Ҳамин тавр, ин кишвар шарикони эҳтимолии геострагиашро дар панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар самти бозорҳои нави фурӯш ва манбаъҳои ашёи хом ва инчунин дастрасии умедбахш ба фазои Евразия роҳандозӣ кард. Аммо минтақа барои Ҳиндустон чун як минтақаи канорӣ боқӣ мондааст. Вале бо эҷоди консепсияи «Ба Осиёи Марказӣ пайваст шавед» ва шомилшавии минтақа ба «Ҳамсоягии васеъ» қисман тавонмандиҳои афзояндаи марказии ин кишварро инъикос мекунад.
Кӯшишҳо барои татбиқи иқтидори мавҷуда, пас аз таъсиси давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтанд. Афзалияти анъанавии геополитика барои Покистон бо бартариҳои ҷойгиршавии стратегии он дар сиёсати Осиёи Марказӣ комилан зоҳир шуда, баъзе коршиносони покистонӣ иқтидори имкониятҳои бозори Осиёи Марказиро 80 миллиард доллари амрикоӣ тахмин мезанад, ки дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми назаррас дошта, барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти бузург дорад.
Бо тағйири вазъ дар минтақа, хусусан ноамнӣ дар Афғонистон кишвари Покистон барои таъмини амният аз ин давлат соли 1994 ҳимоят кард, ки дар ҳамин давра идеяи интиқоли гази трансафғонӣ аз Туркманистон ба Покистон ва Ҳиндустон пайдо шуд.
Дар натиҷаи оғози амалиёти байналмилалӣ аз ҷониби ИМА ва иттифоҷчиёнаш дар Афғонистон дар минтақа такони нав пайдо шуд, ки ин кишвар ҳамчун як маркази сиёсати минтақавӣ ва ҷалб ё ҳамгироии кишварҳо ва минтақаҳои ҳамсоя ва ё барқарор кардани робитаҳо миёни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар эҷоди оромӣ дар кишвар бори гарони давлатҳо арзёбӣ шуд, ки ҳамаи онҳо масъулияти давлатдории нави Афгонистонро ба дӯши худ гирифтаанд.
Ҳамин тавр, консепсияи «Осиёи Бузурги Марказӣ», ки соли 2005 ба миён гузошта шуда, дар натиҷа ба идеяи минтақаи ягонаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ва лоиҳа «Роҳи нави абрешим» табдил ёфт.
Тибқи овардаи коршиносон лоиҳаи “Роҳи нави абрешим”, ба Афғонистон мутамаркиз буда, рушди коммуникатсияҳои транзитӣ ва роҳҳои нави тиҷоратро дар бар мегирад ва Иёлоти Муттаҳида бо такя ба ҳузури низомиву иқтисодӣ ва инчунин лоиҳаҳои рушди институтсионалӣ дар самтҳои зерин саҳм гузорад:
- энергетика: содироти захираҳои энергетикӣ аз Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон аз роҳи татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 – рушди саноати барқ дар Афғонистон ва таъсиси шабакаи минтақавии энергетикӣ бо иштироки Покистон ва дар оянда – Ҳиндустон, Туркманистон -Лӯлаи гази Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (TAPI).
- савдо ва наклиёт: инкишофи роҳҳои коммуникатсионӣ ё нақлиёт.
- ҳамкориҳои гумрукӣ ва сарҳадӣ: осон кардани расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар гузаргоҳҳои асосии сарҳадӣ.
- ҳамкориҳои башардӯстона: тавсеаи имкониятҳо барои мубодила, афзоиши имкониятҳо барои ҷавонон, занон ва ақаллиятҳо.
Аммо бо пайдо шудани вазъи носуботӣ ва низоъҳо дар Афғонистон Вашингтон натавонист иҷрои тарҳҳои мазкурро амалӣ созад ва лиҳозо амалишавии лоиҳаи “Роҳи нави абрешим” танҳо ноумедкунанда боқӣ монд.
Дар ин асно, долонҳои нақлиётие, ки аз Афғонистон гузар мекунанд, инкишоф ёфтанд. Яке аз онҳо "Шимол-Ҷануб" моҳи ноябри соли 2018 бо ширкати Русия, Ҳиндустон ва Эрон ифтитоҳ шуд. Масири Мумбай ба Санкт-Петербург аз баҳри Хазар мегузарад, ки бо инфрасохтори нақлиётии Осиёи Марказӣ ҳамшафат буда, метавонад барои рушди ҳамкорӣ бо Ҳиндустон истифода шавад.
Созишномаи Ашқобод, ки соли 2011 аз ҷониби Эрон, Уммон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ҳадафи иҷрои тарҳи як долони нақлиётӣ мебошад, ки метавонад Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам бипайвандад. Дар ин тарҳҳо Эрон ва бандари Чобаҳор, ки бо сармояи Ҳинд бозсозӣ шудааст, нақши асосиро мебозанд, ки роҳро ба Ҳинд боз мекунад.
Тибқи овардаи коршиносони минтақа, самти дигари расидан ба Афғонистон тавассути Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки роҳи асосии нақлиёти шоҳроҳи Қарақорум аст, ки қаламравҳои Чин ва Покистонро бо ҳам мепайвандад. Ҳанӯз дар соли 2004 созишнома дар бораи таъсиси долони нақлиётии Карочӣ – Қошғар – Бишкек – Алмаато аст, ки аз соли 2008 ба кор шурӯъ карда, ОМ-ро ба Осиёи Ҷанубӣ пайваст менамояд.
Мавриди зикр аст, ки масири Транс-Эрон минтақаи Осиёи Марказиро танҳо бо Ҳиндустон ва масири Транс-Чинї бо Покистон мепайвандад. Суботу сулҳи Афғонистон барои ба роҳ мондани ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, махсусан пешрафт дар рушди робитаҳои байниминтақавӣ зарур аст.
Дар соли 2021 низоъи печида ва мубрами Афғонистон, ки дар он ҳам ҷонибҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ зарурати сулҳ эълон мекунанд, аммо дар бораи он ки сулҳ ба шартҳои худ матлуб аст, хомӯшанд. Дар натиҷа, дар сурати мавҷуд набудани созишҳои қобили қабул, тарҳҳо дар соҳаи нақлиёт ё энергекӣ ҳанӯз аз амалӣ шудан дур хоҳанд буд.
Бо вуҷуди идомаи муноқишаи Афғонистон, Тошканд саъй дорад тарҳҳои нақлиётиро дар ҷануб анҷом диҳад. Дар ин росто метавон талошҳои ба даст овардани созиш бо Покистон дар мавриди бунёди роҳҳои иртиботӣ, бо омадани раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тавсеа ва таҳким ёфт, ки оғози татбиқи амали он моҳи сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд. Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Трансафғонистонӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар аз ҷониби собиқ Сарвазири Покистон Имрон Хон тасдиқ карда шуд.
Дар баробари ин барои дастёбӣ Осиёи Ҷанубӣ ва ба бозори Ҳиндустон ва дигар давлатҳои минтақаи шарқи Покистон вокеъ гардида, муноқишаҳои Ҳинду Покистон бояд бартараф шаванд, ки асоси он ба масоили минтақаи Кашмир вобастагӣ дорад. Радди мавқеъи суннатии он дар масъалаи Кашмир ҳамчунин ба маънои инкори ҳуввияти исломӣ ба унвони пояи идеологии ҳастии кишвар аст.
Ҳамин тавр, барои ҳар ду мамлакат масъалаи Кашмир ба андозаи муайян аҳамияти стартегӣ дорад. Покистон ва Ҳинд аз транзити ҳамдигар тавассути қаламрави худ худдорӣ мекунанд. Бесабаб нест, ки долонҳои нақлиётие, ки Афғонистонро давр зада, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро мепайвандад, танҳо ба яке аз ин давлатҳо оварда мерасонад.
Рақобат миёни Ҳинд ва Покистон дар Осиёи Марказӣ низ зоҳир мешавад, аммо ба далели моҳият перомуни ин масир ин рақобат ба андозае (ба мисли Афғонистон) фаъол нест. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон, муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҳиндустон дар соли буҳронии 2020 дар давраи аз январ то августи соли ҷорӣ ҳамагӣ 198,4 миллион долларро ташкил медод.
Ба назар мерасад густариш ва тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ ва таҳаққуқи потенсиалҳои бузурги табиӣ ва машрут ба таърих ва ормони мутақобили кишварҳои калидии минтақа муҳим арзёбӣ мешавад. Ба хамдигар мукаммал будани бозорҳо, иқтидори транзитӣ ва имконияти кӯтоҳтарин ба уқёнуси ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ шароити табиӣ фароҳам меоварад. Бесабаб нест, ки кӯшишҳои ҳамгирӣ аз солҳои аввали ташкил ёфтани давлатҳои мустақили Осиёи Миёна мушохида карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, ҳар яки онҳо ба монеаҳои геополитикӣ дучор шуданд. Вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ҳар як лоиҳаи рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба андозаи бештар танҳо як ният боқӣ мемонад, дар ҳоле ки муноқишаи Ҳинду Покистон имкони ҳамгироии пурраи байниминтақавӣ дар ниҳоятро маҳкам мекунад. Дар ин росто метавон ҳуҷҷатҳои давра ба давра ба имзорасидаи сохтмони ТАПИ-ро бо зикри муҳлатҳои мушаххаси татбиқи лоиҳа қайд кард, аммо мавҷуд набудани кафолатҳои амниятӣ зарурати такрор ба такрор навиштани нақшаҳоро ба миён меорад.
Ташаббусҳои кунунии Ӯзбекистон барои Осиёи Марказӣ дар самти ҷануб як рахнае мешавад ё на, ба вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад. Чунин ба назар мерасад, ки танҳо оғози раванди сулҳи воқеӣ ва тағйири таносуби нерӯҳо дар Афғонистон метавонад омили аслии таҳияи тарҳҳои калидии фароафғонӣ шавад. Тошканд бошад, имкони таъсиррасонӣ ба равандҳои ҳалли мусолиматомезро ниҳоят маҳдуд дорад. Аз ин лиҳоз, дар сурати мавҷуд набудани пешрафт дар низоъҳои Афғонистон ва Ҳиндустону Покистон, ибтикори Ӯзбекистонро метавон дар дигаргунсозии ояндаи робитаҳои байниминтақавӣ мубрам арзёбӣ кард.
Коршиносон ва таҳлилгарон арзишҳои Осиёи Ҷанубиро дар рушд ва суботи минтақавӣ дониста, пешниҳод менамоянд, ки давлатмардони кишварҳои минтақа аз стратегияи инсонгароии “афзоиши тиҷорат”, “коҳиши ҷангу ҷаҳолат”, “ҳамдиливу ҳамзабонию фароғат” кор гирифта, тавассути он поя ва сутуни рушди устувор ва амниятро дар минтақа фароҳам оваранд, то тавонанд муштаракона минтақаро ба як маркази нави тиҷоратӣ, саёҳативу саноатии Осиё ва ҷаҳон табдил диҳанд.
Хулоса, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодист ва ҳамкорию пайванди он бо давлатҳои Осиёи Миёна муҳим арзёбӣ шуда, омили рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, субот ва амният буда метавонад, зеро оромӣ ва ҳамкорӣ омили суботи равонӣ ва рӯҳии тамоми мардумони минтақа буда, барои рушду нумӯи иқтисоду фарҳанги минтақа заминаи устувор ба вуҷуд меоварад.
Таҳияи Мирсаид Раҳмонов,
таҳлилгари шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ