“ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ”: СОХТОРИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ, ФАЪОЛИЯТ ВА КОМЁБИҲО

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Ташкилоти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором соли 1989 бо мақсади ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис гардида, ҳамчун гурӯҳи ҳамгироии байниминтақавӣ дар ҳоли рушд мебошад. Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (eng. Asia-Pacific Economic Cooperation – APEC - АПЕК) ташкилоти байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ буда, дастгоҳи иҷроияи он котибот мебошад, ки дар шаҳри Сингапур ҷойгир аст, ҳамагӣ 23 дипломати намояндагии кишварҳои узви АПЕК ва ҳамчунин 20 корманди маҳаллиро дар бар мегирад.
  Мақомоти асосии кории АПЕК аз Шӯрои машваратии тиҷоратӣ, се кумитаи махсуси коршиносон (кумитаи савдо ва сармоягузорӣ, кумитаи иқтисодӣ, кумитаи маъмурӣ ва буҷетӣ) ва 11 гурӯҳи корӣ барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт иборат аст. Он механизми қарорқабулкунӣ надошта, аз бисёр ҷиҳат аломатҳои гурӯҳи консултативиро нигоҳ медорад. Раиси АПЕК, ки дар конфронсҳои форум интихоб мешавад, ҳамасола дар асоси ротатсия иваз мешавад. Вазифаҳои онро кишваре иҷро мекунад, ки дар он нишасти навбатӣ баргузор мешавад. Вазифаҳои маъмурию техникиро котибот, ки соли 1992 таъсис ёфтааст, иҷро мекунад. Котиботро мудир-иҷрочӣ роҳбарӣ менамояд. АПЕК оиннома надорад, аз ин рӯ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ онро созмон номидан мумкин нест ва ҳамчун мақоми байналмиллалии машваратӣ амал мекунад.
  Ташкилоти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором соли 1989 дар Каберри бо ташаббуси сарвазирони Австралия ва Зеландияи Нав ҳамчун эътирофи вобастагии ҳамдигар дар иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис ёфтааст [1]. Хусусияти ассотсиатсия аз мансубияти географии мамлакатҳои ба вай дохил буда, ки дар масофаҳои хеле дур аз ҳамдигар ҷойгиранду фақат бо баромадҳо ба уқёнуси ором муттаҳид мешаванд, иборат аст.
  Мақомоти машваратӣ - консенсус ҳаққи қабули қарорҳоро дорад. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии робитаҳои ҳамгирои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором ин баланд бардоштани рушди иқтисодӣ, тараққиёти минтақа ва мустаҳкам намудани ҷомеаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Яке аз хусусияти ин ташкилот, аз нигоҳи иқтисодӣ, аз он иборат аст, ки дар он ҳам мамлакатҳои калони тарақикардаи саноатӣ ва ҳам мамлакатҳои нисбатан сусттарақикарда дохил шудаанд. Дар иқтисодиёти давлатҳои ташкилоти мазкур қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон, бо 60%-и ММД, 44%-и тиҷорати ҷаҳонӣ ва 40%-и сармоягузории ҷаҳонӣ кору фаъолият менамоянд [2; 7]
  Дар вохӯриҳо дар ш. Сиэтли ИМА (с. 1993) ва шю Богори Индонезия (с. 1994) барномаи либераликунонии савдо (ноҳиявию глобалӣ) тартиб дода шуда, барои инвеститсияи хориҷӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи технология, чораҳои «беяроқкунии» гумрукӣ, таъсиси минтакаи савдои озод шароитҳои мусоид ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар вохӯрии соли 1995 дар шаҳри Осака арбобони 17 мамлакат оиди «нақшаи аксия»-и мушаххас дар хусуси ба амалбарории мақсадҳои (дар соли 1994 дар Богор) пеш гузошта созиш ба даст оварда натавонистанд. Дар ассотсиатсия байни мамлакатҳои «Осиёгию», «ғайриосиёгӣ» зиддиятҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.
  Соли 1996 дар шаҳри Манилаи Филиппин иштирокчиёни ассотсиатсия оид ба мутобиқгардонии нақшаҳои инфиродии якҷояи озодгардонии бозорҳои молу хадамот созиш ба даст оварда, кӯшиши то соли 2020 ташкил намудани минтақаҳои озодро баҳри таъмини ҳаракати молу сармоя, нигоҳдории мораторӣ оид ба қабули аъзоёни нав то охири садсола тасдиқ намуданд.
  Фаъолияти АПЕК ба як қатор ҳуҷҷатҳои сиёсӣ асос ёфтааст, ки яке аз онҳо Эъломияи Богор мебошад, ки дар нишасти 2-юми АПЕК дар моҳи ноябри соли 1994 дар шаҳри Богори Индонезия қабул шудааст. Пас аз буҳрони молиявии Осиё дар соли 1997, АПЕК амнияти молиявиро ҳамчун яке аз мавзуъҳои асосии муҳокима баррасӣ кард [4].
  Аз соли 2001 ба рӯзномаи ҳамоишҳо мавзуи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо роҳҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ворид шудааст. Вақтҳои охир ба ҷанбаҳои дигари амният, аз ҷумла дар соҳаҳои савдо, молия, энергетика, тандурустӣ ва нақлиёт, ки бо истилоҳи умумии «амнияти шахсӣ» муттаҳид гардидаанд, бештар таваҷҷуҳ дода мешавад [4].
  Ҳадафҳои асосии ташкилот чунин аст:
  • Тавсеаи ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақа.
  • Таҳкими рушди иқтисодии кишварҳои узв;
  • Тавқият намудани низоми кушодаи бисёрҷонибаи тиҷорати байналхалқӣ;
  • Баланд бардоштани раванди соддагардонии тиҷорат ва сармоя дар минтақа;
  • Мусоидат ба сектори ғайридавлатии иқтисодиёт ва ғайра.
  Кишварҳои аъзои ташкилоти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором: Австралия, Бруней, Канада, Индонезия, Япония, Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Зеландияи Нав, Филиппин, Сингапур, Таиланд, США (аз соли 1989), Ҷумҳурии Чинии Тайван, Гонконг, Чин, Чин (аз соли 1991), Мексика, Папуа – Гвинеяи Нав      (аз соли 1993), Чили (аз соли 1994), Перу, Россия, Ветнам (аз соли 1998) мебошанд. Аз миёни онҳо ИМА, Чин, Ҷопон ва Федератсияи Россия кишварҳои калидӣ ва абарқудрати ҷаҳонӣ ҳисобида мешаванд, ки дар тамоми равандҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором нақши асосиро мебозанд. Ташкилоти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дорои аҳамияти стратегӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад [7].
  Ҳамкориҳои мазкур ба меъёрҳои пазируфташудаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мухолифат мекунанд, аммо онҳо дар назди худ се вазифаи муҳимро гузоштаанд, ки татбиқи онҳо барои ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзо мусоидат менамояд. Масалан, робитаҳои мазкур чунин ҳадафҳоро дорад:
  • Эҷоди тиҷорати озод ва муҳити муносиби сармоягузориҳо;
  • Дастрасӣ ба тиҷорат ва сармояҳо;
  • Дар суръат бахшидани рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои аъзо.
  Унсурҳои сохтории ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки ҳоло ҳам дар марҳилаи ташаккулёбӣ мебошанд, инҳоянд:
  • вохӯриҳои ҳарсолаи ашхоси боломақом;
  • ташкили форумҳои корӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором;
  • ташкили кумитаи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодӣ;
  • гурӯҳҳои корӣ ва Котибот.
  Гурӯҳҳои кории мазкур дар бораи самтҳои робитаҳои иқтисодӣ хабару гузориш медиҳанд, ки фаъолияти он чунин аст:
  -ташкили ҳамкории энергетикии минтақавӣ;
  -рушди захираҳои инсонӣ;
  -илм ва технологияи саноатӣ;
  -саёҳат ва ҷаҳонгардӣ;
  -телекоммуникатсияҳо;
  -шарҳи омори тиҷорату сармоя;
  -мусоидат ба тиҷорат;
  -ташкили роҳҳои нақлиётӣ;
  -ҳифзи захираҳои баҳрӣ.
  Таъсиси минтақаҳои озод бо мақсади рушди кишварҳои пешрафта (аз соли 2010) ва бо кишварҳои суст инкишофёфта (аз соли 2020) таъсис дода шуд. Аз соли 1993 вохӯриҳои роҳбарони кишварҳо дар ин самт гузаронда мешаванд, ки дар он натиҷаи фаъолияти солонаи форум ва пешниҳоди фаъолияти минбаъда дар эъломияҳо таъкид мешаванд, густариш дода мешаванд [5].
  Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором як иттиҳодияе аст, ки 21 аъзо дорад. Аъзои иттиҳодия рушди иқтисод ва ба даст овардани ободии минтақаро ҳадафи худ медонанд, аз ҷумла таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ. Тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва 44% тиҷорати ҷаҳонӣ ба он рост меояд.
  Аз ин рӯ, таъсиси робитаҳои иқтисодии минатақавӣ барои муттаҳидшавии робитаҳои иқтисодии кишварҳои минтақа махсусан Осиёи Марказӣ зарурат дорад. Истифодаи таҷрибаи ҳамгирои иқтисодие, ки таҷрибаи беҳтарин доранд, масоили таҳлили он саривақтӣ буда, ба манфиатҳои кишварҳо мебошад.
  Аз рӯзҳои аввали таъсис то ба имрӯз Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором зиёда аз 30 саммит бо иштироки сарвазирон ва сарони давлатҳои аъзо ва ғайри аъзо гузаронида аст. Саммитҳои Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором: соли 1989 дар Канберра, Австралия, соли 1993 дар Блок-Айленд, США, соли 1994 дар Богор, Индонезия, соли 1995 дар Осака, Япония, соли 1996 дар Манила, Филиппин, соли 1997 дар Ванкувер, Канада, соли 1998 дар Куала-Лумпур, Малайзия, соли 1999 дар Окленд, Зеландияи Нав, Соли 2000 дар Бандар-Сери-Бегаван, Бруней-Даруссалам, соли 2001 дар Шанхай, Ҷумҳурии Мардумии Чин, соли 2002 дар Лос-Кабос, Мексика, соли 2003 дар Бангкок, Таиланд, соли 2004 дар Сантяго, Чили, соли 2005 дар Пусан, Корея, соли 2006 дар Ханой, Ветнам, соли 2007 дар Сидней, Австралия, соли 2008 дар Лима, Перу, соли 2009 дар Сингапур, соли 2011 дар Гонолулу, США, соли 2012 дар Владивосток, Россия, соли 2013 дар Бали, Индонезия, соли 2014 дар Пекин, Чин, соли 2015 дар Манила, Филиппин, соли 2016 дар Лима, Перу, соли 2017 дар Дананг, Ветнам, соли 2018 дар Папуа- Гвинеяи Нав ва соли 2019 дар Чили гузаронида шудаанд [3].
  Дар саммити АПЕК, ки 20 ноябри соли 2020 (дар Малайзия) баргузор шуд, ҳуҷҷати нави барномаи форуми "Роҳнамои рушди Путрадҷая то соли 2040" қабул карда шуд, ки тибқи он ба се нерӯи пешбарандаи рушди иқтисодӣ - тиҷорат ва сармоягузорӣ, инноватсия ва рақамисозӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст, рушди боэътимод, мутавозин, бехатар, устувор ва фарогир. Дар нишасти навбатии APEC 12 ноябри соли 2021 (дар Зеландияи Нав) Нақшаи амали Аотеароан оид ба татбиқи Дастурҳои рушди АПЕК Путрадҷая то соли 2040 тасдиқ карда шуд [8].
  Дар соли 2022 дар форуми APEC-ро Таиланд раисӣ мекунад. Шиори APEC дар соли 2022 “Дарҳои кушод. Ҳамгироӣ. Мувозинат.", ки кушодагии ҳама имкониятҳо, ҳамгироӣ дар ҳама андозаҳо ва мувозинат дар ҳама ҷанбаҳоро дар назар дорад.
  Афзалиятҳои фаъолияти АПЕК дар соли 2022 аз масъалаҳои барқарорсозии иқтисодиёти пас аз пандемия, либерализатсияи минбаъдаи фаъолияти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, таҳкими робитаи минтақавӣ, таъмини ҳаракати бехатари шахсони воқеӣ, ки эҷоди механизми эътирофи мутақобилаи сертификатҳои ваксинаҳоро дар бар мегирад ва рушди иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим ва ҷорӣ намудани модели биосеркулярӣ низ дар меҳвари масъалаҳои асосии он ҷой доранд.
  АПЕК барои пешбурди созишномаҳои тиҷоратӣ ва нодида гирифтани қонунҳои миллӣ ва маҳаллӣ баъзан мавриди танқид қарор мегирад. Аз нигоҳи худи ин ташкилот ҳадафи он баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии минтақа мебошад ва дар фаъолияти худ ба дастовардҳои хуб ва нишондодҳои назаррас низ ноил гардидааст [6].
  Умуман, ассотсиатсия ҳамчун гурӯҳи «иқтисодиёти кушодаи ҳамгироии иқтисодӣ» дониста шуда, зиёда аз даҳ кишвари Осиё ва Амрикои Лотинӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, Колумбия, Коста-Рика, Муғулистон ва Покистон барои узвият дар АПЕК аризаи расмӣ пешниҳод кардаанд [6].
  Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мамлакатхои АСЕАН ва элитахои сиёсии онҳо комилан оқилона амал карда, аз АПЕК баромадан намехоҳанд. АПЕК муҳимтарин платформаест, ки дар он раҳбарони аршади кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором мунтазам мулоқот мекунанд. Дар ҷаҳони рӯзафзуни устувори имрӯза танҳо ҳамин далел мавҷудияти АПЕК-ро на танҳо пурмазмун, балки муҳим мегардонад. Вай, дар ҳақиқат давраи ҷамъияти иктисодӣ буданашро аз сар гузаронида ба ташкилоте, ки мушкилоти муҳимтаринеро, ки ба минтақа дахл доранд, ба таври умум ҳал мекунад табдил ёфтааст. Ин вазъият имрӯз ба ҳама мувофиқ аст ва он ба ин ташкилот имкони нав медиҳад, ки дар меъмории Осиё ва Уқёнуси Ором мавқеи худро нигоҳ дорад.
  Дар ташкилоти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором бисёр кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ҳастанд, ба монанди Чин, Корея, Ҷопон ва як қатор кишварҳои дигари афзалиятнок барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Минтақаи АПЕК дорои потенсиали баланди рушди иқтисодӣ ва манбаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад, аз имкониятҳои марбут кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд аз даст дода шаванд. Бо дарки он ки “Шарқ” самти асосии иқтисод ва тиҷорати ҷаҳонӣ гардидааст, мо бояд ба равандҳое, ки дар АТЭС ҷараён доранд, ҳамчун яке аз платформаҳои муҳими минтақавӣ диққати ҷиддӣ дода, дар таҳияи стратегияҳои нав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифада барем.
 
                                                                          АДАБИЁТ
  1. Погадаев В.А. Проблемы становления АТЭС // Восток и Россия: взгляд из Сибири. Материалы и тезисы докладов к научно-практической конференции. Иркутск, 1996, с. 136—139
  2. What is Asia-Pacific Economic Cooperation? http://www.apec.org/content/apec/about_apec.html
  3. About APEC > History // APEC Secretariat. http://www.apec.org/About-Us/About-APEC/History.aspx
  4. Межправительственный форум АТЭС // ТАСС http://tass.ru/info/1557274
  5. Азиатско-Тихоокеанское экономическое сотрудничество // 2006-2013 Геополитика http://www.geopolitics.ru/2012/08/aziatsko-tixookeanskoe-ekonomicheskoe-sotrudnichestvo/
  6. What is Asia-Pacific Economic Cooperation? // APEC Secretariat. http://www.apec.org/About-Us/About-APEC.aspx
  7. Азиатско-Тихоокеанское экономическое сотрудничество // Большая российская энциклопедия https://bigenc.ru/political_science/text/1803596
  8. Форум «Азиатско-тихоокеанское экономическое сотрудничество» (АТЭС) // Официальный Интернет-ресурс Министерства транспорта Российской Федерации https://mintrans.gov.ru/activities/69/91
Қудратзода Комрон,
н.и.т., мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

НАЗАД