ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИВУ АДАБИИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

09 октябри соли 2023 дар Институти Осиё ва Аврупои АМИТ бо директори Донишкадаи MUSLIM (Покистон) доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ мулоқоти судманд доир гардид.

Дар ҷараёни баргузории мулоқот бо доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ директори Донишкадаи MUSLIM д.и.ф. Ниёзӣ Ё.Б. - директори институт, н.и.т. Раҳмонзода А.Ш. - муовини диретор, мудирони шуъбаҳои институт н.и.т. Қудратов К.А., н.и.ф. Зиёев С., н.и.с. Дороншоева Н., д.и.т. Воҳидова С. ва дигар кормандону муҳаққиқон иштирок намуданд. Ниёзӣ Ё.Б. меҳмонро бо ҳайати донишмандону муҳаққиқони институт муаррифӣ намуда, идомаи суханро ба доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ директори Донишкадаи MUSLIM дод. Доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Донишкадаи MUSLIM ва талошҳои он барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилии пешрафтаи хориҷӣ, аз ҷумла марказҳои таҳлилии Осиёи Ҷанубӣ суханронӣ намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва минтақа мавриди баҳсу муҳокима кашида шуданд. Директори Донишкадаи MUSLIM андешаҳо ва арзёбии худро дар бораи инкишофи муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна баён кард ва дар рафти вохӯрӣ баҳсу мунозираҳои илмӣ ва табодули афкор сурат гирифт.

Донишкадаи MUSLIM-и Покистон як маркази таҳлилии ғайридавлатӣ, ғайрисиёсӣ мебошад, ки барои сулҳ, субот, шукуфоӣ ва роҳбарӣ дар ҷаҳони мусалмонон кору фаъолият мекунад. Донишакада ба тадқиқоти беғаразона ва баҳсу мунозираҳои судманд таваҷҷуҳ дорад. Натиҷаҳо ва ташаббусҳои созандаи он дар шакли гузоришҳо, мақолаҳо, филмҳо ва инчунин тавассути форумҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.

Донишкадаи мазкур чун ташкилоти зеҳнӣ (think tank) соли 1973 дар Британияи Кабир таъсис ёфтааст. Институт гуногунандешӣ, навоварӣ ва эҷодкориро тарғиб карда, ба баҳсу мубоҳисаҳои ошкоро оид ба масъалаҳои ислом, мусулмонон ва ҷомеаҳои ақаллиятҳои мусулмонӣ ибрози андеша менамояд. Дурнамои ҳамкорӣ бо ҷомеаҳо барои мусоидат ба ваҳдат, субот ва шукуфоии башарият, тарғиби ҳувият ва анъанаҳои бузурги таърих ва фарҳангӣ барои тавсеа ва таҳкими пайванди муштарак кӯмак менамояд. Тавассути тадқиқот, таҳлил ва муколама дар бораи зарурати таҳаммулпазирӣ, ҳамоҳангии байни динҳо, эҳтиром ба инсоният ва сулҳ низ мусоидат менамояд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳанд намуд. Тарафҳо таъкид намуданд, ки баҳри тақвияти муносибатҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо дар самти илм, таълим ва табодули муҳаққиқон дар ин самтҳо тақвият дода шаванд.

 

Раҳмонов Мирсаид,

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

НАЗАД