Автор: ИИПСАЕ
Инчунин, кишвари Чин бо илова аз кумакҳояш, бо коршиносони арабӣ барои ҳамкориҳои тарафҳо ҷиҳати мубориза алайҳи короновирус мулоқоту машваратҳо анҷом додааст. Дар муқобил кишварҳои арабӣ ҷиҳати таъмини ҳимояти беҳдошти шаҳрвандонашон кумакҳои худро дареғ надошта, тарафҳо барои даст ёфтан ба ваксинаи короновирус ҳамкории густарда менамоянд [6].
Ҷаҳони араб, аввалин ҳодисаҳои сирояти короновирусро дар баъзе кишварҳои арабӣ таъкид намуданд. Ҳамзамон шумораи афзояндаи талафот дар ҷаҳони араб ва минтақаи Шарқи Миёна ба қайд гирифта шуда буд, ки ҳоло ин раванд рӯ ба таназзул мебошад [4].
Агар ба таърихи гузаштаи интиқоли короновирус аз тариқи дуввум ва севвум ба кишварҳои арабӣ назар афканем таъсироти гуногуни онро мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумла вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ рӯзи душанбе 2-юми март аввалин ҳолати сирояти короновирусии як шаҳрванди Саудиро, ки аз Эрон тавассути Баҳрайн омадааст, эълон карда буд.
Дар Тунис вазири тандурустӣ Абдуллатиф ал-Маккӣ сабти номи нахустин ҳолати сироятии шаҳрванди тунисиро, ки аз Италия бармегардад, эълон карда буд.
Аммо дар Урдун вазорати тандурустӣ сабти аввали сирояти як урдуниро, ки аз Итолиё омада буд, эълон кард. Дар ҳоле, ки мақомот шахси дигарро нигоҳ дошта, ӯро дар карантин ҷойгир карда буданд.
Ва мақомоти Марокаш сабти номи нахустин ҳолати тасдиқшудаи вирусро эълон карданд. Вазорати тандурустии Марокаш изҳор дошт, ки шахси сироятшуда шаҳрванди Марокаш аст, ки дар Италия зиндагӣ мекунад ва вазъи саломатии ӯ муътадил аст ва айни замон ӯ дар шаҳри ад-Дору-л-байзо дар карантин қарор дорад.
Тибқи гузориши хабаргузории расмии Қатар, дар Қатар озмоишҳо ошкор карданд, ки рӯзи сешанбе 3-юми марти соли ҷорӣ сирояти нав ба қайд гирифта шудааст.
Таъсири короновирус ба соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳон ҳам таъсири манфии худро гузоштааст. Зеро хонанишинӣ, бастани марказҳои тиҷоратию савдо, ки боиси боздоштани ҷалби коргарон ва рухсатиҳои дарозмуддат ба зиндагии ҳамагон бетаъсир намонд. Кишварҳои арабӣ, ки табиати гармо ва равобити бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон доранд аз таъсири манфии короновирус низ дар эмин намонданд. Аз ҷумла дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки бо бузургтарин бозори меҳнат дар минтақаи арабӣ машҳур аст, дар натиҷаи паҳншавии короновирус фаъолияти шуғл 50% коҳиш ёфта буд, аммо ҳоло тибқи як гузориши навини ширкат ҷалби коргарон дар Ховари Миёна ”Gulf Talent” қисман барқарор шуд. Ин гузориш ба натиҷаҳои фаъолияти шуғл дар Амороти Муттаҳидаи Араб аз моҳи январ то 15 июни соли 2020 асос ёфтааст [2].
Ҳоло натиҷаи таҳқиқот таъсири короновирусро дар қишварҳои араб рӯ ба таназзул баён менамояд. Зеро кишварҳои араб ҷиҳати мубориза алайҳи ин пандемия роҳҳои фаҳмондиҳиро пурзур намуданд. Ва аз таҷрибаи дигар кишварҳои ҷаҳон истифодаи васеъ намуда, табодули таҷрибаҳои байналмилалиро ба кор бурданд. Аз ҷумла дар Аморати Муттаҳидаи Араб аз тамоми расонаҳои хабарӣ истифода бурда мардумро ба тамоми ҷузъиёти марбут ба ин беморӣ огоҳ намуданд[5].
Созмони беҳдошти байналмилалӣ мегӯяд, ки дар баъзе кишварҳо афзоиши камшавии сироятҳоро мушоҳида намудааст, ки ин кишварҳо чораҳои пешгириро истифода бурдаанд. Ва ҳамзамон мардумро даъват кардааст, ки барои ҳифзи шахсӣ аз ҳимояи гигенаи шахсӣ истифода бурда шавад. Ин раванд то замоне идома меёбад, ки ваксинаи муассир бар зидди он тавлид хоҳад шуд ва он замон дунё метавонад нафаси раҳоӣ аз ин вирусро бигирад ва эълом кунад, ки дар мубориза бо душмани пинҳонӣ ба пирӯзӣ расад [5].
Мутахассисон ба натиҷа расиданд, ки тамдиди чорабиниҳо дар самти пешгирии короновирус, бастани фаъолиятҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ба коҳиши даромадҳо, зиёд шудани зарар ба буҷаи давлатҳо, хатарҳои марбут ба бекорӣ, коҳиш ёфтани рушди миллӣ ва ҷаҳонӣ таъсири амиқ дорад.
Пас Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бузургтарин кишвари иқтисодии араб, ки барои нигоҳ доштани короновирус чораҳои қатъӣ ва бодиққат андешида буд, чанде пеш тасмим гирифтааст, ки аз рӯзи якшанбеи 21.06.2020 сар карда, ҳолати карантинро бекор кунад. Зеро ин иқдом имкон медиҳед, ки тамоми фаъолияти тиҷоративу иқтисодиро идома диҳад ва дар ҳоле, ки баъзе парвозҳо ва убурҳои байналмилалиро аз марзҳои заминӣ ва баҳрӣ мамнуъ гардидааст, дубора ин хатсайрҳоро боз намояд. Ҳоло ин қарорҳо мантиқӣ буда ва мақсаднок мебошанд[5].
Пас кишварҳои араб, ҷиҳати пешгирии пандемияи ҷадид на фақат чораҳои мустақилонаро ба роҳ мондаанд, балки бо тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо Хитой замина гузошта, онро ба воқеият пайваста истодаанд.
Аввалин натиҷаи ҳамкориҳо байни Чин ва АМА бо имзои созишномаи миёни маҷмааи «Ҷи 42»-и аморатӣ ва маҷмааи дорусозии мардумии Чин «Синуформ» барқарор шуд, ки аввалин таҷрибаро дар 16-уми июл дар Абузабӣ зери унвони барнома “Барои инсоният” ном гузоштанд, шуруъ намуд [6].
Ҳоло ҳамкориҳо дар марҳилаи сеюм қарор дошта, шаш ҳазор доваталаби аз синни 18 то 60 соларо ба муддати 12 моҳ дар зери назари табибон барои омӯхтани таҷриба фаро гирифтаанд [6].
Бо тавсеа ёфтани ҳамкориҳо ва пайравӣ аз АМА ва Баҳрайн, Шоҳигарии Марокаш рӯзи 20 август бо ширкати миллии фармасевтии Чин «Sinopharm Group» ду созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид [4].
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҳама кишварҳои арабии осебзадаи короновирус мебошад, ки шумораи сироятёфтаҳо то 23 август ба 307479 нафар расида, 3649 қурбонӣ дорад. Расонаҳои расмӣ бо истинод ба санадҳои мақомоти танзими моликияти зеҳнии Чин гуфтанд, ки ширкати «CanSino Biology» барои ваксина алайҳи «Ковид-19» аз Пекин иҷозатнома гирифтааст[1]. Арабистони Саудӣ гуфта буд, ки ният дорад марҳилаи севуми озмоишҳои клиникии ваксинаҳои «CanSino BIO»-иро дар моҳи август оғоз кунад [1].
Инчунин ҳамкориҳои Чин бо Ҷумҳурии Мисри арабӣ ба иттифоқномае анҷомид, ки ҳадаф аз он Мисрро ба маркази истеҳсоли ваксинаҳои короновирус дар қитъаи Африка мубаддал мегадонад[6].
Ин ҳамкориҳо ҷиҳати мубориза алайҳи короновирус аз нишасти ҳаштуми ҳамкориҳои вазирон дар соли 2018 сарчашма гирифта, аз ҷониби тарафҳо пазируфта ба воқеият табдил ёфтааст. Ҳамкории Хитой ва кишварҳои араб барои истеҳсоли ваксина бар зидди короновирус, хидмате барои башарият хоҳад буд ва миллионҳо одамонро наҷот медиҳад. Ва муносибатҳои онҳоро мустаҳкамтар мекунад.
Зиёев С.Н., н.и.ф.,
мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ,
Одинаев А.С.,
ходими пешбари илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Барои маълумоти бештар: