Автор: ИИПСАЕ
Кореяи Ҷанубӣ дар Осиёи шарқӣ-шимолӣ, дар нимҷазираи Кория ҷойгир аст. Пойтахти он Сеул буда, шакли давлатдориаш президентӣ аст. Баъди садсолаҳо дар тасарруфи Чину Ҷопон қарор доштан, саранҷом 15-уми августи соли 1945, баъди шикасти Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Корея истиқлолият ба даст овард. То соли 1953 дар нимҷазираи Корея як давлат вуҷуд дошт, вале бар асари ҷанги дохилӣ он ба ду кишвар – Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея ва Кореяи Ҷанубӣ, тақсим шуд. ҶХДК ё Кореяи Шимолӣ роҳи сотсиализмро интихоб карда, бо блоки кишварҳои сотсиалистӣ ҳамроҳ гардид. Кореяи Ҷанубӣ бошад низоми демократӣ ва иқтисоди бозориро пеш гирифта, ҳамкориашро бо кишварҳои демократӣ ва низомҳои сармоядорӣ устувор намуд. Муҳаққиқон бар ин андешаанд, ки гузашти вақт дурустии интихоби Куриёи Ҷанубиро исбот намуд.
Кореягиҳо кишвари худро Деҳанмингук ном мебаранд. Забони давлатӣ дар ин кишвар кореягӣ буда, забони дуюми муошираташон англисӣ аст. Асъори давлатиашон вон мебошад. Сеул, Пусан, Инҷхон, Кванҷу, Тэгу, Тэҷон ва Улса шаҳрҳои калонтарини Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб мераванд. Масоҳати умумии он 100210 км² ва аҳолиаш 51 732 586 нафар мебошад. Динҳои асосӣ дар ин кишвар буддоӣ ва насронӣ буда, эътиқод ва риояи қонунҳои динӣ ихтиёрӣ аст. Аҳолии Кореяи Ҷанубӣ ҳаёти шаҳриро пеша намуда, нисфи аҳолӣ дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд.
Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои саноатии пешрафтаи дунё ба шумор меравад. Иқтисодиёти кишвар дар муддати 30 соли охир зиёда аз 10 фоиз (солона) боло рафт. Тибқи маълумотҳо дар ин давлат соҳаи маориф ва техникаю технология рӯз то рӯз тараққӣ меёбад. Вақте шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба 100 ҳазор расид, Вазорати маориф барои зиёд намудани теъдоди ин гуна донишҷӯён стипендияи махсус ҷудо намуд ва шароити хуби омӯзишро низ муҳайё кард. Барои боз ҳам мустаҳкам намудани системаи таълим аз ҷониби Вазорати маориф барномаҳои гуногуни омӯзишӣ ба монанди «Ҷоҳуан ҳаксен», «Деҳагвон», «Сокса» таҳия гардиданд, ки ҳадафи онҳо ҷалби донишҷӯён ба донишгоҳҳои бузурги ин мамлакат ба таври буҷавӣ ва бо идрорпулиҳои давлатӣ мебошад. Дар ин кишвар донишҷӯёни тоҷик низ дар донишгоҳҳои гуногун таҳсил доранд. Кореяи Ҷанубӣ аъзои СММ буда, бо 188 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ҳамкории дипломатӣ дорад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ моҳи апрели соли 1992 шуруъ гардида, самтҳои иқтисод, сиёсат ва фарҳангро дар бар гирифта, рӯз то рӯз тараққӣ ёфта истодааст. Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон – Йом Ги Ёнг, дар мавриди Тоҷикистон чунин ибрози андеша намудааст: “Тоҷикистон барои мо ҳоло ҳам кишвари пурра шинохтанашудаи Осиёи Марказӣ аст, ки бо табиати дилрабою нотакрор, куҳсори зебо ва Боми ҷаҳон, яъне Помир машҳури ҷаҳон гардидааст”.
Аввалин бор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо мақсади иштирок дар «Шашумин Форуми ҷаҳонӣ оид ба иноватсия» сафар намуданд. Моҳи апрели соли 2015 Сарвари давлат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм ба Кореяи Ҷанубӣ сафар намуданд. Пешвои миллат ин дафъа дар Конфронси «Умумиҷаҳонии Об» ширкат варзиданд. Дар доираи ин сафар сарони ду кишвар бо ҳам вохӯрданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ соли 2015 ба фаъолият шуруъ намуд, аммо сафорати он аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Ин кишвар дар Тоҷикистон дар доираи якчанд лоиҳа низ фаъолият мебарад. Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии Корея оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат солҳои 2018-2020 лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои энергетикӣ ва такмили тандурустӣ дар минтақаи Ромити ҶТ»-ро амалӣ карда истодаанд. Ҳаҷми маблағи лоиҳаи мазкур 6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва он кӯмаки молиявии бебозгашти Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Ҳангоме, ки 13-уми апрели соли 2015 дар Сеул бинои зебову замонавии сафоратхонаи Тоҷикистон бо иштироки сарони ҳар ду давлат кушода шуд, Президенти Кореяи Ҷанубӣ – Пак Кин Хе, эълон кард, ки ифтитоҳи ин сафоратхона ба марҳалаи нави муносибатҳои ду кишвар дар самту соҳаҳои гуногун оғоз бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомали Раҳмон низ дар навбати худ қайд намуданд, ки Тоҷикистон барои ҳамкориҳои устувору бардавом дар самти иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва ғайра бо ин кишвар таваҷҷуҳи хосса дорад.
Ҳарчанд, айни замон, ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ин ду кишвар на он қадар қонеъкунандаанд, вале мутахассисон бар ин ақидаанд, ки дар ояндаи наздик ин муносибатҳо босуръат тараққӣ намуда, боиси бештар шудани манфиатҳои дуҷонибаи миллати тоҷику кореягї хоҳанд гашт. Барои рушд ёфтани муносибатҳои дӯстонаву хайрхоҳона, аллакай, заминаҳо гузошта шуда, барои тақвияти онҳо чораҷӯиҳо дар самту сатҳҳои гуногун идома дорад. Аз ҷумла, ба имзо расидани панҷ қарордод аз тарафи сарварони ин ду кишвар рўзи 12-уми апрели соли 2015 масъулият ва ҳавасмандии тарафҳоро дар ривоҷи самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ миёни ҳар ду кишвар зиёд намуд.
28-уми сентябри соли 2017 дар Театри академии опера ва балети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба шарофати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дӯстии Корея ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки онро метавон натиҷагирӣ аз марҳалаи ибтидоии муносибатҳои ин ду кишвар номид. Дар чорабинӣ нафарони зиёде иштирок намуданд, ки ин аз майлу рағбати намояндагони ҳар ду кишвар ба ҳамкориҳои минбаъда дарак медиҳад.
Нигора Файзуллозода,
ходими хурди
илмии Институт