ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Ҷопон як кишвари шарқӣ дар Осиёи Шарқӣ буда, дар байни уқёнуси Ором ва баҳри Ҷопон, дар шарқи нимҷазираи Корея ҷойгир аст. Калимаи “Ҷопон” бо забони ҷопонӣ (日本- Nihon, Nippon, ба маънои «Ҷои тулӯи офтоб») буда, давлати Ҷопон бошад бо забони ҷопонӣ  (日本国 “Nihon Koku”, “Nippon Koku”- Ниппон) гуфта мешавад. Ба хотири ҷойгиршавии ин кишвар дар шарқи Осиё, хитоиҳо ин кишварро сарзамини дурахшон - сарчашмаи офтоб меномиданд[1], ки ягона кишваре нисбат ба осиёиҳо ҳамчун сарзамини тулӯи офтоб мебошад.

  Ҷопон - давлати ҷазиравӣ буда, аз бисёр  ҷазираҳо  (тақрибан се ҳазор ҷазира) иборат мебошад, ки чортои ин ҷазира аз ҳама муҳимтарин ва калонтарин шуморида мешавад. Он чор ҷазира аз ҷануб ба тарафи шимол Кюсю (九州), Сикоку (四国), Хоншу (本州) ва Хоккайдо (北海道) мебошанд.

  Чи тавре ки зикр шуд, Ҷопон  дар уқёнуси Ором дар шарқи баҳри Ҷопон, Чин, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ва Русия ҷойгир аст. Ҳудуди он аз баҳри Охотск дар шимол то баҳри Шарқии Чин ва ҷануб мебошад. Пойтахти Ҷопон, Токио буда, шаҳрҳои калонтарини он баъди Токио, Йокогама, Осака, Нагоя, Саппоро, Кобе, Фукуока, Киото, Кавасаки ва Сайтама  мебошад.

  Рӯзи миллии ҷопониҳо 11-уми феврали соли 660 пеш аз милод таъсис ёфтааст. Забони расмии ҷопониҳо ба асрҳои III-IV баргашта ва онро забони ҷопонӣ меноманд. Тавре аз таърихи забони ҷопонӣ  бармеояд, пайдоиши ин хат аз хати забони чинӣ сарчашма мегирад. Пас аз қабул кардани хат, бо мурури замон тарзи навишти онро тағйир доданд, аз қисмҳои алоҳида ва шаклҳои тағйирёфтаи иероглифҳо боз ду алифбо - ひらがな(ҳирагана)ва カタカナ(катакана)-ро, ки ҳарду аз 46 ҳарф иборатанд, тартиб доданд. Алифбои ひらがな (ҳирагана)  барои калимаҳои забони ҷопонӣ истифода шуда, алифбоиカタカナ(катакана)бошад, барои он калимаҳое, ки аз дигар забонҳо ба забони ҷопонӣ иқтибос шудаанд, истифода мешаванд. Аммо ҳолатҳое низ дида мешаванд, ки новобаста аз он ки вожаҳои аслии ҷопонӣ ҳастанд, бо алифбоиカタカナ(катакана)навишта мешаванд.     

   Шакли ҳукумати Япония  Монархияи конститутсионӣ  Император-вазир Фумио Кишида мебошад ва  масоҳаташ  ҳамагӣ 377 944 км² (61-ум  давлат дар ҷаҳон)•% буда,  аҳолиаш   тахминан дар  соли  (2021)  125 552 000 нафаро ташкил медиҳад.   Зичии аҳолияш  332,20 нафар / км² ро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ (2019) 5.451 триллион  доллари ИМА  ба ҳар сари аҳолии Япония 43 194 доллари ИМА  мерасад. Пули Япония  ҷопонӣ буда,  yen мебошад. Интернеташ “ Internet domain.jp буда, ISO codeJP IOC codeJPN”, рамзи минтақааш + 81 мебошад.

     Аз лиҳози шакли ҳукумат Ҷопон давлати унитарии ғайримарказонидашуда ва аз ҷиҳати режими ҳукуматӣ давлати демократӣ мебошад.   Ҷопон ҳамчун як қудрати бузурги иқтисодӣ, аз рӯи ҳаҷми ММД номиналӣ дар ҷаҳон ҷои сеюм ва аз рӯи ММД, ки аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ ҳисоб карда мешавад, ҷои  чорумро ишғол мекунад.  Ҷопон чорумин бузургтарин содиркунанда ва шашумин бузургтарин воридкунанда  дар ҷаҳон мебошад.

         Ҷопон як кишвари пешрафтаест, ки сатҳи зиндагии хеле баланд дорад. Дар Ҷопон  яке аз баландтарин давомнокии умри  инсон  (дар соли 2017 ба  85,3 сол буд, ба қайд гирифта шуда  ва яке аз пасттарин сатҳи фавти кӯдакон [14  сол] мебошад.

           Пас аз қабули конститутсия дар соли 1947 системаи идоракунии Ҷопон ба низоми подшоҳии конститутсионӣ бо император ва парламенти интихобшуда табдил ёфт[2]. Чунине, ки зикр карда шуд,  Ҷопон як кишвари пешрафтаест, ки сатҳи зиндагии хеле баланд дорад.

  Ҷопон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 декабри соли 1991 эътироф намуд. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 2 феврали соли 1992 барқарор гардиданд.[3]

  Хусусиятҳои геосиёсиву геоиқтисодии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза тақозо мекунад, ки ин афзалиятҳо пайваста мавриди бозбинӣ қарор дода шаванд. Онҳо бо дарназардошти сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ё гурӯҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин бино ба ниёзҳои манфиатҳои милливу давлатӣ метавонанд тағйир пазиранд.[4] Дар ин самт баъди истиқрори муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҷопон Тоҷикистон пайваста сайъ менамояд, ки муносибатҳояшро бо ин кишвар боло бурда, онҳоро ба сатҳи нав ба нав расонанд.

  Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз замони ташаккулёбӣ аз соли 1992 то айни ҳол дар ҳолати рушди пойдор қарор дорад. Асоси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 63 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳад. Дар тӯли муносибатҳои дуҷониба, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд, сафарҳои муштараки ҳайатҳои сатҳи баланд ва олӣ барпо гардидааст. Ҷиҳати таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, алалхусус ба даст овардани сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ ва ҷоннок намудани муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ Ҷопон иқдоми таъсиси ташкилоти нави ҳамкориро дар шакли Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» пеш гирифт.

  Дар доираи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ моҳи августи соли 2006 намояндагии Агентии JICA дар Душанбе таъсис дода шуд. Дар чорчӯби барномаҳои JICA мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҳсил дар соҳаҳои мухталиф дар Ҷопон фароҳам овардааст. Аз 22 сентябри соли 2011 нахустин Корхонаи дорувории муштараки Тоҷикистону Ҷопон «Аввалин» дар ноҳияи Қубодиёни вилоятии Хатлон фаъолияти худро оғоз намуд. Мубодилаи мол байни кишварҳо дар соли 2012 7 млн. 757, 3 ҳазор дол. ИМА-ро ташкил дод, ки яке аз мисоли назарраси рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвар мебошад. ($ 3 008,3 млн. дол. ИМА дар соли 2011). Дар нимсолаи аввали соли 2013 мубодилаи мол миёни кишварҳо 1 482,4 млн.дол.ИМА-ро ташкил дод. 14 январи соли 2009 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маросими ба имзо расидани табодули ёддоштҳо вобаста ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Дўстӣ – Панҷи Поён» сурат гирифт.[5]

  Роҳбарони ду кишвар ба баланд бардоштани сатҳи шарикӣ миёни Ҷопон ва Тоҷикистон бар асоси дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба изҳори умед карданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни ду кишвар 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

  1. Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон;
  2. Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон (даври 2)».
  3. Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон (даври 2)».
  4. Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ.
  5. Изҳороти ҳамкорӣ миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази кашшофии молиявии комиссияи миллии бехатарии ҷамъиятии Ҷопон;
  6. Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо миёни Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Ҳукумати Ҷопон оид ба лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон;
  7. Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оид ба татбиқи лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах;
  8. Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ миёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон;

  Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвар баҳои баланд доданд.

  Аз рӯзи истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои мо муносибатҳо ниҳоят хуб рушд мекунанд. 

       Ин кишвари Осиёи Шарқӣ муносибатҳои худро бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда робитаи хубу дӯстӣ дорад. Аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Ҷопон бо ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои худро аз даврони истиқлолият устувортар намуда ва тавсеаи ҳамкориҳо ба сатҳи баланд расонидааст. Густариши ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дар қитъаи Осиё мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар мулоқоти масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон изҳор намуданд [6].   

         Ҳамкориҳои Ҷопон барои Тоҷикистон дар асоси лоиҳаҳои бисёрпаҳлу рушди илму маърифат, ҷиҳати беҳдошти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, рушди деҳот, обрасонӣ,  бозомӯзию такмили ихтисоси мутахассисон амалӣ гардидаанд ва то имрӯз ин лоиҳа идома дорад. Аз ҷумла кишвари Ҷопон дар ин асно зиёда аз 1200 коршиносу мутахассиси тоҷикро ба хотири баланд бардоштани ихтисосу малакаи касбии онҳо дар зимни ин лоиҳа фаро гирифта, татқиқи онро агентии “Ҷайка”JICA -и Ҷопон дар Тоҷикистон такмилу сайқал намуд. Бинобар сабаби пешрафту натиҷаҳои хуби ҳамкориҳои тарафайн Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бараи ҳамкории пурсамар  ба ҷониби Ҷопон арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.

       14 апрели соли 2017 дар Токио ҷаласаи нахустини “Кумитаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, фанноварӣ ва илмии Ҷопон ва Тоҷикистон” миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардид.

  Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" заминаи муҳими ҳамкорӣ буда, дар чаҳорчӯби ин муколама аз 16 то 17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе 7-умин нишасти вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид.

  Аз соли 1993 ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи маориф бемайлона инкишоф меёбанд. Аз оғози ҳамкорӣ то имрӯз беш аз 2200 нафар намояндагони Тоҷикистон дар курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Ҷопон ширкат кардаанд. Аз соли 2009 инҷониб ба Лоиҳаи стипендияи JDS (барномаҳои магистрӣ ва докторӣ) дар асоси Барномаи Грант-дар Кӯмак барои Грантҳои Ҷопон саҳми фаъол гузошта шудааст.

  Ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақл аз соли 1999 идома доранд. Намунаи чунин ҳамкориҳо аз навсозии шоҳроҳҳои Душанбе-Пианзӣ ва Бохтар-Дӯстӣ дар чаҳорчӯби тарҳи беҳбуди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва бунёди терминали нави боркаш мебошад.

    Ҳукумати Ҷопон дар бозсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон пайваста саҳм мегузорад. "Нақшаи беҳбуди обтаъминкунӣ дар вилояти Пианзи вилояти Хатлони Тоҷикистон" аз ҷониби Ҷамъияти муҳандисони сохтмонии Ҷопон (JSCE) ҳамчун беҳтарин лоиҳа дар соҳаи сохтмони муҳандисии шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои ҷопонӣ дар хориҷа амалӣ карда мешавад, қадрдонӣ шуд.

                 Тоҷикистон, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 соҳибистиқлол шуд, аз соли 1991 то соли 1997 ҷанги шадиди шаҳрвандиро паси сар карда, бисёре аз зерсохторҳои иҷтимоии марбут ба зиндагии мардумро тахриб кард. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вазъияти маорифи умумӣ ҳам печида буд.

            Дар ин шароит таълими забони ҷопонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дошт. Моҳи сентябри соли 2002 дар Донишкадаи  забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи Сотим Улуғзода  кафедраи забони ҷопонӣ, курси махсуси забони ҷопонӣ таъсис дода шуд. Дар замони таъсиси он омӯзгорони ҷопонӣ вуҷуд надоштанд ва таълими забони ҷопонӣ танҳо аз ҷониби муаллимони маҳаллӣ гузаронида мешуд, аммо аз сентябри соли 2004 чанд омӯзгори ихтиёри ҷопонӣ  бо навбат тақрибан як сол ба таълими забони ҷопонӣ ҷалб шудаанд. Моҳи июни соли 2007 пас аз таъсиси кафедра аввалин хатмкунандагон забони ҷопониро хатм карданд.

            Пас аз он замоне буд, ки аз соли 2007 ба далели дар давоми ду сол наомадани муаллимони ҷопонӣ қабули нав ба ин кафедра муваққатан боздошта шуд. Аз сентябри соли 2009 боз як устоди ихтиёрии ҷопонӣ таъйин шуд, аммо дар моҳи июли соли 2010 дастурдиҳандаи  ҷопонӣ ба Ҷопон баргашт.            Аз феврали соли 2015 ихтиёрони калони JICA (SV) пайваста роҳнамоӣ ва дастгирӣ  мекунанд ва муаллимони ҷопонӣ муаллимони маҳаллиро таълим медиҳанд ва ба донишҷӯён роҳнамоӣ  медиҳанд. Моҳи сентябри соли 2006 дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон  курси забони ҷопонӣ ҳамчун забони дуюми хориҷӣ ифтитоҳ ёфт ва то моҳи июни соли 2014 ихтиёрии  кӯтоҳмуддати JICA (СВ) фосилавӣ фиристода мешуданд ва ягон ҳисоби харҷ  гирифта намешуд.   Аз феврали соли 2015, SV-ҳои кӯтоҳмуддати JICA пайваста фиристода мешаванд ва аз моҳи ноябри соли 2019 як омӯзгори ҷопонӣ (SV) бо кредитҳои муаллимони маҳаллӣ дарсҳо мегузаронад ва то имрӯз ҳам давом доранд.            Моҳи сентябри соли 2007 дар назди Маркази фарҳангии «Бохтар» курси омӯзиши забони ҷопонӣ, ки онро созмони ҷамъиятии байналмилалии Acted идора мекард, кушода шуд, аммо ба далели нарасидани доимии омӯзгорон курс дар соли 2008 баста шуд. Пас аз ин курс дар соли 2018 дубора баргузор мешавад ва муаллимони маҳаллӣ онро (номунтазам) меомӯзанд.            Дар соли 2012 дар мактаби миёнаи махсуси гимназияи тоҷикӣ ва русӣ курси омӯзиши забони ҷопонӣ ҳамчун синфи ройгони пас аз дарсӣ кушода шуд. Ҳоло дар ин мактаб зиёда аз 20  нафар хонандагон ҳафтае се маротиба бо роҳбарии омӯзгори маҳаллӣ забони ҷопонӣ меомӯзанд, аммо аз сабаби ковид 19 аз  ҷониби омӯзгорони ҷопонӣ дастгирӣ нашуда истодааст. Аммо дар мактаб аз огози курс нарасидани маводи таълимӣ барои кӯдакони ибтидоӣ, ки забони ҷопониро меомӯзанд, муназзам мушохида карда мешавад.              Моҳи сентябри соли 2015 дар Донишкадаи омӯзгории  Панҷакент шуъбаи забони ҷопонӣ кушода шуда, то моҳи ноябри соли 2019 як омӯзгори ҷопонӣ ба 12 донишҷӯ забони ҷопонӣ меомӯзад. Аммо аз норасоии устоди забони ҷопонӣ  ин шуъбаро соли 2020 пӯшида эълон мекунанд. Моҳи сентябри соли 2019 маркази забони ҷопонӣ бо номи  "Кокоро" ба сарпарастии муаллимони тоҷику ҷопон  оғоз шуд ва то имрӯз зиёда аз 50 нафар дар ин курси забони ҷопонӣ хониши худро сайқал дода истодааст.

         Робитаҳои мо бо ин кишвари пешрафтаи минтақаи Осиё дар ҳоли рушд қарор дошта, дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

 

[1]  - Ниг:.. Япония. https://ru.wikipedia.org/wiki.

[2]  - Ниг:.. Япония. https://ru.wikipedia.org/wiki.

[3] Зарифӣ Ҳ. “Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз” Душанбе «Ирфон» 2009,С-56.

[4] Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27январи соли 2015, №332.www.mfa.tj.

 [5] Зарифӣ Њ. “Дипломатияи Тољикистон: дирўз ва имрўз” Душанбе «Ирфон» 2009,С-56.

[6]  - Ниг:.. Сафарҳо. Эмомалӣ Раҳмон: дар марҳалаи нави фаъолияти СҲШ ҳамкории иқтисодӣ - тиҷоратӣ мақоми калидӣ дорад. Рӯзномаи Ҷумҳурият. (://www.jumhuriyat.tj/)


  СУРАЙЁИ АБДУҚОСИМ
 
ходими хурди илмии
  шуъбаи Осии Ҷанубӣ ва Шарқӣ

НАЗАД