Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай

Автор: ИИПСАЕ

Расм

26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад, ки ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта  шуд.
Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои “Панҷгонаи Шанхай” - Руссия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо бургузор мегардид. Тавре қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав, маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24-26 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид.
Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи “Панҷгонаи Шанхай” густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию-иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе баргузор шуд.
15 июли соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ба “Панҷгонаи  Шанхай” қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеъи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохти сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад.
Масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) то соли 2014 тахминан 30 млн 189 ҳазор км мураббаъ аз ҷамъи аҳолиии онҳо зиёда аз 1,5 млрд нафар ё ¼ аҳолии умумии курраи заминро ташкил мекард. Баъди ҳамроҳ гардидани Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии  Покистон (соли 2017) ба узвияти СҲШ, масоҳати умумии он зиёда аз 34 млн км, яъне 60% қаламрави АвруОсиёро дар бар гирифтааст ва ҷамъи аҳолии он зиёда аз 3 млрд 40 млн танро ташкил медиҳад (2015), зиёда аз ними аҳолии саёра.
Созмони ҳамкории Шанхай-Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимиамалкунанда ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон-Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, фаъолият мебарад.
Яке аз самти муҳимми СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ - ситодӣ “Норак – зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ ”Мирная миссия”-2012 08-14 июни соли 2012 дар машқгоҳи “Чорух - Дайрон” вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир – террозм мебошад. Фаъолияти СҲШ на танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир - терроризм мебошад. Фаъолияти СҲШ на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф илм ва техника. Кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ба тадриҷ ривоҷ меёбанд.
Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ шомил мебошанд. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба изо расиданд. Дар ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев, сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ли Кетсян, Раиси ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ  иштирок намуданд.
Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони муҳимми минтақавию ҷаҳонӣ буда, аз лиҳози вусъати қаламрав ва гуногунии забону фарҳанг ва тамаддун яке аз созмонҳои нодир ба шумор меравад ва айни замон дар минтақа ва ҷаҳон нуфузу эътибори бузурге дорад.
15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай аз ҷониби сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид, ки ин сана то ба имрӯз Рӯзи таъсиси СҲШ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорони механизми “Панҷгонаи Шанхай” ва яке аз таъсисдиҳандагони СҲШ ба ҳисоб меравад. Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар СҲШ ба хотири таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозир, инчунин таъмини амнияту оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мебошад. 12 сентябри соли 2014 бо баргузор намудани Ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дуюми раисии худро дар СҲШ, таҳти шиори “Ҳамкорӣ, рушд ва рифоҳи муштарак” ба анҷом расонд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии раисии Тоҷикистон, дар сатҳҳои олӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сатҳҳо зиёда аз панҷоҳ чорабинии самтҳои гуногуни ҳамкорӣ баргузор карда шуданд, ки дар рушди батадриҷи Созмон саҳми сазовори худро гузоштанд.
Қобили қайд аст, ки дар солҳои мавҷудияти СҲШ дар давраи раисии Тоҷикистон бори нахуст ташхиси заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии  ҳамкориҳо гузаронида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиди.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ муроҷиатҳо дар бораи гирифтани мақоми давлатии аъзои СҲШ пешниҳод шудаанд. Дар давраи раисии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамкориҳо бо давлатҳои нозири СҲШ низ фаъол гардиданд. Моҳи ноябри соли 2014 дар Котиботи СҲШ бори нахуст вохӯрии ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ бо намояндагони ваколатдори давлатҳои нозири СҲШ бо формаи 6+5 ва дар Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ конфронси якум бо иштироки мақомоти зиддитеррористии давлатҳои нозири СҲШ доир гардид. Таъкид кардан бамаврид аст, ки бо кӯшишҳои муштарак давлатҳои аъзои СҲШ ба комёбиҳои зиёде ноил гардидаанд, вале ҷаҳони доимо тағйирёбанда, таҳдиду чолишҳои нав қабули тасмиму иқдомҳои босамареро тақозо менамояд, ки бояд барои нигоҳдории сулҳу субот дар минтақа ва таъмини шароит ҷиҳати рушди устувор ва беҳтаргардонии некуаҳволиии иҷтимоии мардумон мусоидат кунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба монанди дигар кишварҳои аъзо мушкилиҳо ва чолишҳои муосирро воқеӣ арзёбӣ менамояд. Бинобар ин яке аз авлавиятҳои Тоҷикистон дар СҲШ дар ояндаи наздик фаъолияти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ мебошад. Гузаронидани машқҳои зиддитеррористӣ, ки мунтазам дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла дар Тоҷикистон сурат мегиранд, аҳамияти зиёд доранд.
Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак- зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ “ Рисолати сулҳҷуёна-2012”  08-14 июни соли 2012 дар машқгоҳи “Чорух-Дайрон” (вилояти Суғд) бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Ғайр аз ин, сохторҳои дахлдори мақомоти ваколатдори кишварҳо дар машқҳои барпошаванда дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ низ фаъолона ширкат меварзанд.
Ба чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, инчунин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шомил аст, ки бо он Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзои СҲШ мубориза бурда истодааст. Ба назари Тоҷикистон,  ба ҳар як кишварҳои аъзоро зарур аст, ки ба таъсиси механизми таъсирбахш  оид ба муқовимат ба таҳдидҳои маводи мухаддир дар минтақа СҲШ ҷидду ҷаҳд намояд. Бо ин мақсад Тоҷикистон аз соли 2005 борҳо бо ташаббуси дар ҳошияи СҲШ таъсис додани сохтори алоҳидаи доимоамалкунанда - Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ баромад дорад. Ин имконият медиҳад, ки ҳамкории мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои СҲШ мақсаднок ва ба таври низомӣ ба роҳ монда шавад,  қувваю  воситаҳо  ҷиҳати муқовимати самаранок ба истеҳсол ва муомилоти ягона сафарбар карда шаванд. Ҷалби кишварҳои нозири СҲШ ба ҳамкорӣ бо Марказ ҷиҳати таъсиси сипари зиддимухаддиротӣ дар минтақа имконияти иловагиро ба бор хоҳад овард. Бо назардошти вазъияти баамаломада дар минтақа ва коҳиш наёфтани ҳаҷми маводи мухаддир дар масири Шимол, инчунин бо назардошти он, ки Тоҷикистон аз ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ сарҳади дарозтарин бо Афғонистон дошта, ҳамчу сипар барои дигар кишварҳои минтақа мебошад, инчунин мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар фаъолияти худ таҷрибаи амалии ғанӣ доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Маркази зиддимухаддиротро дар шаҳри Душанбе мувофиқ медонад. Ҳоло дар ин иртибот Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи таъсиси Маркази зиддимухаддироти СҲШ-ро таҳия намудааст, ки он дар баррасии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ қарор дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба Созмон лозим аст, то раванди ҳамгироии минтақавиро, аз ҷумла дар ҳудуди ба минтақаи масъулияти СҲШ наздик дар шумораи авлавиятҳо метавонад Афғонистон бошад. Тоҷикистон ҷонибдори иштироки васеъ ва фаъоли Афғонистон дар ҳамкориҳои минтақавӣ буда, аз дидгоҳи Тоҷикистон, калиди таъмини сулҳи пойдор дар Афғонистон пеш аз ҳама эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, таҳкими минбаъдаи соҳаи иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Самти дигари муҳим барои ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ бехатар гардонидани зисту зиндагонии мардум мебошад. Дар ин росто, вазифаи аввалиндараҷа афзоиш додани имконияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравд. Вобаста ба ин, дар доираи СҲШ нақшаҳо ва барномаҳои пурмуҳтаво қабул шудаанд, ки иҷрои қатъии онҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Масъалаи дигари мубрам, ки дар доираи Созмон мавриди муҳокимаи фаъол қарор дорад, ин васеъшавии СҲШ аз ҳисоби давлатҳои аъзои нав мебошад. Дар ин самт, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои васеъ шудани сарҳадҳои ҷуғрофии Созмон дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва фоидаи мутақобила аз ҳисоби давлатҳое, ки ба мақсад ва принсипҳои СҲШ шарик мешаванд, меъёрҳо ва принсипҳои байналмилалии умумиэътирофшударо риоя мекунанд, бо давлатҳои аъзои СҲШ муносибатҳои фаъоли сиёсӣ, тиҷортӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ доранд, зид нест. Тоҷикистон ҳамчунин тарафдори таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои нозири СҲШ буда, афзоиш ёфтани теъдоди шарикони мусоҳибавии СҲШ-ро истиқбол дорад ва дар доираи Созмон, дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин дар рушди минтақа, аз ҷумла дар қатори давлатҳои аъзои СҲШ, давлатҳои нозири СҲШ ва шарикони мусоҳибавии СҲШ низ фаъолона иштирок менамояд.
 
Мирзоев Ҳабибҷон,
ходими илмии Институт,
Одинаев Аҳмад,
Достиева Дилафрӯз,
магистрони Институт

НАЗАД